Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми декабри соли 2025 садо дод, бо дарназардошти таҳлили рушди даҳсолаи фазои иқтисодӣ – иҷтимоии Тоҷикистон, мақом ва тамоюли рушди вазифавии ниҳодҳои давлатиро вобаста ба манфиатҳои миллату давлат барои соли 2026 ва солҳои оянда муқаррар ва муайян кард.
Паём бо факту рақамҳо нишон дод, ки чи тавр давлати Тоҷикистон бо вуҷуди ҳама мушкилоти ҷаҳонию минтақавӣ, дохилию хориҷӣ зина ба зина ба самти пеш, дар шоҳроҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ва дунявӣ ҳаракат карда, иқтисоди миллиро ҳамчун машинаи бузурги таъминоти моддии худкифои халқ ташаккул дода, асолат, ҳувият ва рисолати таърихии давлатдории миллатро бо масъулияти таърихии бунёди ҷомеаи адолатнок тадриҷан ба самти саодати халқи Тоҷикистон рушд дода истодааст.
Дар марҳалаи кунунии рушди давлатдории халқи тоҷик Президенти мамалакат самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатиро дар ислоҳи маънавии ҷомеа, дастгирӣ ва рушди ҷиддии соҳаи илму маориф, ташаккули мафкураи солими миллии ҷавонону бонувон маҳсуб дониста, мубориза бар зидди хурофот ва таассуби динӣ, бедории миллӣ ва ҳушёрии фикрӣ ва илмиро гарави наҷоти миллати соҳибдавлат эълон намуданд.
Дар самти иқтисодӣ идомаи рушди саноатикунонии босуръат, рақамикунонии иқтисодиётро вазифагузорӣ карда, ҳифзи рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ва дар умум суръати рушди иқтисоди миллиро дар соли 2026 дар сатҳи на камтар аз 8 фоиз нигоҳ доштанашро масъалагузорӣ намуданд. Ҳамчнунин, дар Паём ҷиҳати сафарбарии самараноки фаъолияти мақомоти давлат бо мақсади ба итмом расонидани ҳадафҳои марказии Тоҷикистони соҳибистиқлол-таъмини амният ва истиқлолияти комили озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Афзалияти сиёсати давлатӣ дар самти илму маориф
Дар самти ислоҳоти маънавии ҷомеа нуктаи калидӣ ва асосӣ ин эълони қатъии афзалияти сиёсати давлатӣ дар самти илму маориф буд.
Пешвои миллат садоқат ва боварии худро ба неруи илму маърифат қатъиян таъкид намуда, онро ҳамчун воситаи асосии ҳастии арзандаи миллат ва давлат эълон намуданд.“Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад.”
Дастгирии давлатии соҳаи маориф дар соли 2026 ба маблағи 14 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки он нисбат ба соли гузашта 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд карда шудааст.
Роҳбари давлат дар паёмашон ба падару модарон, омӯзгорон ва ба кулли шаҳрвандони мамлакат муроҷиат карда, таъкид намуданд, дар масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд. “Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.” Роҳбари давлат консепсияи машҳури дар паёми соли 2021 эълоншударо, ки «Маориф пояи миллат аст» расман бо факту рақам собит намуда, “ояндаи давлату миллатро дар умум ба сатҳу сифати маориф” васл намуданд.
Ташаккули худшиносии миллӣ
Дигар аз нуктаҳои муҳимми паёми имсола дар қатори ҳама дастовардҳои бузургу таърихии иқтисодию иҷтимоияш ин таваҷҷуҳ ба ислоҳоти ногузири фазои маънавии кишвар, ташаккули ҳувият ва худшиносии миллӣ буд.
Мо хуб медонем, ки дар шароити муосири рушди давлатҳои миллӣ вазифаи ҳимояи маънавии давлатҳо зери фишори таҳдиду хатарҳо ба вазифаи мубрами ҷомеаҳои давлатдор табдил ёфтааст. Дар шароити ноороми ҷаҳони муосир, таҳоҷуми иттилоотӣ, дар заминаи ҷаҳонишавии манфиатҳо ҳусну қубҳи арзишҳои миллии кишварҳои рӯ ба рушд бо омезишҳои беҷо, ба махлутшавии норавои арзишҳо сироят ёфта, ҳастии маънавии давлатҳои миллӣ осебпазир гашта, бунёди сиёсӣ ва ҳуқуқии соҳибихтиёрии халқҳо зери хатару таҳдидҳо мондааст. Ҷаҳонишавӣ дар заминаи инқилобҳои илмии биотехнологӣ ва иттилооти рақамӣ дар қатори ҳама дастовардҳояш ба рафторҳои мо, ба аслҳои ахлоқию ҳуқуқии мо, ба фарҳанг ва анъанаҳои миллиямон, ба сару либосамон, урфу одатамон ва забонамон фишор меорад. Дар чунин шароит таваҷҷуҳ ба аслҳои мафкуравии ҳимояи истиқлолияти сиёсии халқ ба масъалаҳои ҳалталаб ва мубрами рӯз табдил меёбад.
А. Ҳифзи унсурҳои миллӣ
Пешвои миллат ба маврид таъкид намуданд, ки бегонапарастӣ аввал “сару либосамонро, баъд забон ва сипас истиқлоли миллиамонро зери хатар мегузорад.” Маҳз ба ҳамин хотир ба модарону хоҳарон тавсия дода, умедворӣ намуданд: “Бо эътимоди комил иброз медорам, ки онҳо (яъне занону бонувони мамалакат А.Х.) дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд.”
Ин даъват даъвати одӣ не, балки иҷрои рисолати таърихии миллат аст, ки як рункни муҳиммаш ба дасти зан – модари тоҷик афтидааст.
Зан – модари тоҷик дар лаҳзаҳои вазнини бедавлатӣ, дар шароитҳои мушкили таърихӣ, дар ѓарибиҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ берун аз сарзаминҳои аҷдодӣ тайи тақрибан ҳазор сол на танҳо қаҳрамонҳо, абармардони илму фанро тавлиду тарбия карда, ба осиёби илми ҷаҳонӣ об рехта, ба бедавлатон далатдорӣ, ба бефарҳангон фарҳанг ва безабонон забон омўхт, инчунин онҳо сару либоси миллӣ ва забони модариро дар ҳалқаи оила то даргоҳҳои олии сиёсӣ ҳамчун забони илм, тарбия ва ахлоқи баланд ҳифз карданд ва бар дигарон намуна буданд. Вале имрўз чӣ шудааст, ки дар шароити давлати озод, демократӣ, ҳуқукбунёду дунявӣ занону бонувони мо муҳимтарин рукни фарҳанги миллӣ – либоси миллиро ҳифз карда наметавонанд? Ин даъвати Пешвои миллат даъвати сиёсӣ, ахлоқӣ ва миллатсозӣ аст. Фаҳм ва дарки дурусти он рисолати зани давлатдор ва ватаншинос аст. Модар на танҳо фарзандро, балки вай миллатро низ тарбият мекунад.
Дигар ин ки имрўз сару либос ин танҳо рамзи фарҳанг не, балки иттилоот аст, иттилооти сиёсӣ, рамзи мафкура ва тамоюли тафаккури халқ аст. Ин аст, ки вай, яъне сару либос чун воситаи таъсиррасонӣ ва фишороварӣ, мақсаднок дар раванди ҷаҳонишавии манфиатҳо истифода мешавад.
Дар ҷараёни манфиатхоҳии кишварҳои бузург ва алангаи ночаспониҳои фарҳангӣ забон, илм, санъат, тарзи ҳаёти иҷтимоӣ, сарулибос, симои зоҳирӣ ва ботинии миллати мо ҳамчун унсурҳои фарҳанги миллӣ, миллати эҷодгар таҳти зарбаи устувори маънавӣ қарор мегирад. Сиёсӣ сохтани эътиқод ва боварии мардум оташи ҷанги шаҳрвандиро аланга дод. Бегона кардани сару либос ва хароб кардани решаҳои фарҳангии миллат ҷанги мафкуравии миллати муосирро бедор карда олами ботинии миллати соҳибдавлатро хароб мекунад. Маҳз ба ҳамин хотир муроҷиати Президент ин муроҷиати таърихӣ ва ҳидояти тақдирсоз аст, ки ҳар зан – бонуи Тоҷикистон бояд ба он ҷиддӣ муносибат кунад.
Б. Ҳифзи фарҳангӣ миллӣ заминаи устувори ҳимояи пойдории давлати миллӣ дар шароити ҷаҳонишавии манфиатҳост.
Маҳз фарҳанги миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва рӯзгори пурғановати маънавии таърихи миллат аз воситаҳои асосии намои соҳибихтиёрии миллӣ, сарчашмаи нодири худшиносӣ ва кафили пойдории давлати мустақили миллист. Бо ин мақсад шинохтан, гиромӣ доштан ва эҳёи ақлонии сарчашмаҳои нодири ин ганҷинаи пурғановат вазифаи халқи соҳибдавлат аст.
Хотираи таърихӣ танҳо таърих ва ҳодисоти гузашта нест, балки як унсури ҳифзи асолати миллӣ ва яке аз манбаъҳои муҳимми ғизобахши тафаккури муосири миллӣ низ маҳсуб мегардад.
Масъалаи дигари муҳимми таърихӣ, ки дар паёми имсола садо дод ва он ҳам ҷанбаи сиёсӣ, ҳам маънавӣ ва ҳам аломати ҳифзи бардавомии таърихи сиёсии миллати моро ҳамчун халқи решабатаърихи давлатдор бар дўш дорад, ин рў овардан ба ҳифзи фарҳанги миллӣ, хотираи таърихӣ ва муносибати дурусту таҳаммулгароёна доштан бо таърихи халқ, эҳтиром гузоштан ба ёдгориҳои таърихӣ ва ҷаҳонӣ намудани онҳо буд.
Дар паём ишора шуд: “Ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода мешавад, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд.
Ҳамчунин, бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.”
Ин масъала аз се қутб аҳамияти таърихӣ ва фарҳангӣ дорад:
Якум, дар шароите, ки давлатҳои олам бо бознигарии раванди таърихомўзӣ машғул шуда, решаҳои таърихии худро дар вайронаҳои ниёгони миллати ориёиҳо дар девораҳои Турони Афросиёбу Эронвиҷи Эраҷ ҷустуҷў менамоянд ва барандагони асли ин тамаддун аксар ба моҷараҳои динию эътиқодӣ саргардонанд, бозкушоӣ намудани “Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ” дар шаҳри Душанбе аз ҷониби қишри нисбатан ҳушёр, зинда ва меросбари фарҳанги Ориёиҳои асл –тоҷикон рисолати асили таърихӣ ва фарҳангии меросбари аҷдодон аст, ки асолати таърихии беш аз шашҳазорсолаи тамаддунро бар дўш дорад;
дуюм, дар шароите, ки як қисмати хотираи таърихии миллат таҳти ҳуҷуми сахти мафкурасозии эътиқодии бегона, тамоюл ба урфу одатҳои мазҳаби бегона намуда, фаъолнокии сиёсӣ, ифротӣ ва тундравии худро афзоиш медиҳад (дар мисоли фарҳанги тундравонаи тамаддуни исломии ба мазҳабҳои ифротӣ тамоюлкарда-салафия), хатари ноаёни маҳрумшавии миллат аз қисматҳои дигари хотираи таърихӣ ва арзишу дастовардҳояш аз ботин зиёда мегардад. Аз ин хотир, Пешво бо ин ду амали таърихӣ бо ин ду маркази фарҳангӣ асолати ягонагии вуҷуди миллати сиёсии решаҳои таърихии беш аз шашҳазорсола доштаро, ҳифз намуда, осори тамаддуни ориёиро дар шохаи азими ҳиндуориёии Осиё, ки хатари азими нобудшавиро интизор аст, ҳифз карданд. Ин хизмат танҳо ба миллати тоҷик не, балки ба тамаддун, ба таърих, ба мардуми форсизабони олам аст;
сеюм, дар шароите, ки мафкураи як миллатро аз роҳи таассубу хурофот ва бедонишӣ таҳдиди тундравӣ, ифротишавӣ ва зиёдаравии мазҳабӣ таҳдид мекунад, бозкушоии гуногунии таърихии халқ, вуҷуди ҷаҳонбиниҳои гуногун ва зинда нигоҳ доштани он дар маърази мардум, решаҳои ин тундравиҳоро бо таҳаммул ва гуногунрангии тамаддуну ақидаҳо заиф менамояд. Гуногунии назарҳо ба фаҳму эътирофи гуногунии фикрҳо муосидат мекунад. Тааммулҳои мафкуравӣ мафкураи солимро тавлид месозад. Ин хизмати бузург дар роҳи ҳифзи тааммул, таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмии миллат аст. Ишора ва ёдрас аз интишору тақдими китобҳои муқаддаси Қуръон, Тоҷикон ва Шоҳнома, ки гўёи гуногунии хазинаи мафкуравии миллати мост, воситаи муассири гуногунрангию бузургии фарҳанги миллии мост.
Се аҳамияти бузурги сиёсии ин ду иқдом чунин аст:
-якум, решаҳои таърихии истиқлоли фикриро устувор мекунад;
-дуюм, ғизои дурусти илмӣ ва таърихӣ ба мафкураи миллӣ пешниҳод мекунад: “ПИНДОРИ НЕК, ГУФТОРИ НЕК ВА РАФТОРИ НЕК” аз формулаи аслии зиндагии некўкирдорон аст, ки Президент ёдрас шуданд;
-сеюм, соҳибихтиёрии давлати миллиро дар арсаи ҷаҳонӣ қавӣ менамояд.
В. Оид ба таҳияи мафкураи солими мухолиф ба ифрот, таассуб ва хурофот. Дигар андешаи ҳикматомӯзи маънавии Паёми Президент аз назари илмӣ он аст, ки дар ҳама қисматҳои он ҳидоят ба тавлиди мафкураи солими миллии муқобил ба ифрот, таассуб ва хурофот эҳсос мешуд. Бо ин мақсад воситаи асосии мубориза ба бесаводӣ ва хурофот илм ва маърифат такроран эълон гашт. Президент таъкид намуданд, ки «Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад».
Президенти мамлакат ҳанўз дар паёми соли 2021 гуфта буданд:
«Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад». Ҷомеаи донишманд, равшанфикр, озод аз хурофот буда, тафаккури он ҷиҳати коркарди мафкураи солиму созанда муосидат менамояд. Ин табиати рушд ва ҳамоҳангии мафкура, ақл ва талаботи ҷомеа дар ҳамбастагӣ бо манифтаҳои миллӣ ва давлатӣ дар табиати ҷомеаи зиндаи эҷодгар нуҳуфта шудааст.
Ҷомеа зотан ва фитран шакли таърихан ташаккулёфтаи иттиҳоди инсонҳо буда, ҳамчун организми зиндаи фикркунанда дар муносибат бо оламу атроф ва талаботи замону макон дорои низоми ғояҳо, принсипҳо, арзишҳо, хостаҳо ва ормонҳое мебошад, ки аслан мақулаи «мафкура»-ро дар кунгураи назару дидгоҳҳои барномавию ҳуқуқӣ ташкил медиҳад. Мафкура бояд ба озодии фикрҳои созандаю эҷодгар арҷ гузорад, дуруст аст, ки вай бояд анъанавиятро ба одату маросими манфиатовари иҷтимоӣ дар ҳадди муайян ҳифз намояд, вале ин ҳифзнамоӣ ба дараҷаи аз ҳад бештари ифрот ва тундравии ғайриақлона табдил наёбад.
Бо вуҷуди ҳама дастоварду созандагиҳо, ҳама навсозию бунёдкориҳо, ки дар арафаи ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ ба даст овардем, Пешвои миллат вазъи мафкуравии ҷомеа, таҳдиду фишорҳои моддию маънавии хориҷиро ба инобат гирифта, соли 2026 – умро «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карданд.
Дар ин тасмим се нуктаи муҳим ба ҳам васл шудаанд: созандагию ободкорӣ, ҳушёрию зиракӣ ва сеюм дарки гузариши замону макон ва талабу таҳдидҳои он барои миллати соҳибдавлат. Бидуни дарки дурусти ин се воқеият: «рушд, хурсандӣ ва ҳушёрӣ» миллати соҳибдавлатро душвор аст, ки истиқлоли фикрӣ, ҷисмонӣ ва ҳуқуқии худро дар ҷаҳони ноором ҳифз намояд.
Ин аст як ҷузъи бардоштҳои маънавӣ, таърихӣ ва сиёсӣ аз Паёми Президенти мамлакат аз 16 декабри соли 2025, ки ба бардавомии ҳастии давлатдории миллии тоҷикон хизматгузор аст.
А. Холиқзода Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон