18-уми декабри соли 2025 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Нақши мероси тамаддунҳои бостонӣ дар ташаккули давлатҳои муосири миллӣ”, баргузор гардид.
Дар кори конфронс директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.ҳ., профессор Холиқзода А.Ғ., директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода, инчунин намояндагони масъули вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Конфронсро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро баён дошт.
Ӯ таъкид кард, ки Пешвои миллат бо пешниҳоди ташаббусҳои муҳим дар самти эҳё ва муаррифии мероси тамаддунии ниёгон, аз ҷумла тавассути бунёди Маркази тамаддуни Ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз мавқеи давлати миллии моро ҳамчун вориси тамаддунҳои куҳан, аз ҷумла тамаддуни ориёӣ, равшан намуданд.
Дар идома директори Маркази исломшиносӣ д.и.ҳ., профессор Холиқзода Абдураҳим дар бораи “Методологияи илмии муносибати давлати миллии муосир ба хотираи таърихии ҳуқуқӣ ва сиёсии халқ” баромад намуда, таъкид намуданд, ки давлатсозӣ ва миллатсозӣ мафҳумҳое ҳастанд, ки дар ҳар ҷомеа аҳамияти хоси худро дошта, дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ бо умумиятҳо ва соҳибихтиёрии худ фарқ мекунанд.
Таъсис ва таҳкими ниҳодҳои давлатӣ, сохтори маъмурӣ, ҳуқуқӣ ва муайян намудани сарҳад ва ҳудуди давлат ба раванди давлатсозӣ дар низоми нави муносибатҳо дохил гардида, раванди миллатсозӣ ба мутаҳидсозии омма тавассути умумиятҳои забон, фарҳанг, таърих, ташаккули ҳувияти миллӣ, ҳамзамон ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, ки санаи 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуд.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ