ТАСВИРИ ФУРӮПОШИИ СОСОНИЁН ДАР “ШОҲНОМА”

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ниёкони мо ҳанӯз аз бомдоди таърих ба эҷоду ҷамъоварии осори гузаштагону донишҳои таърихӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, муҳимтарин ҳаводиси рӯзгорашонро дар шакли хаттию нақлӣ ба воситаи достонҳо, корномаҳо, размномаҳо ва андарзномаҳо ҳифз намуда, ба наслҳои оянда мерос мегузоштанд. Истеъдод ва қобилияти баланди таърихнигорӣ ва достонофарии ниёкони мо дар сарчашмаҳои таърихӣ ба таври возеҳу шоиста инъикос ёфта, шоҳкориҳои онҳо дар шакли достоннигорӣ ҳанӯз аз замони Таҳмураси пешдодӣ шуруъ гардида, бузургтарин дастовардҳо ва шоҳкориҳои офаридаи худро дар шакли достонҳову корномаҳо, сина ба сина, насл ба насл интиқол дода, то замони мо онҳоро на танҳо ҳамчун ганҷи бебаҳои таърихи миллати бузург ҳифз намуданд, балки ба меросбарони худ ҳамчун армуғони бузурги худшиносию худогоҳӣ ва намунаи волои андешаи меҳанпарастию ватандӯстӣ ба ёдгор монданд. Мутаассифона, Искандари Мақдунӣ бар асари рашку ҳасуду кинаи деринаи таърихӣ ва бартариятҷӯии қавмияш дар баробари шикасти шоҳаншоҳии овозадори Ҳахоманишиҳо осори мактуби таърихию фарҳангӣ ва адабии форсии қадими ниёкони моро ғолибан аз байн бурд ба ҷуз сангнавиштаҳо, ки ҳамакнун шоҳиди феълии бузургию ҳашамати давлатдории миллии мо ҳастанд. Дар ин бора муаррихи бузурги араб Ал-Ҷоҳиз (775-868) чунин менависад: «Эрониён ба воситаи майлу рағбати фаровоне, ки ба ҳифзи осор ва ахбор доштанд, вақоеи бузург ва корҳои азими худ ва ҳамчунин андарзҳои судманд ва умуреро, ки муҷиби шараф ва сарафрозии эшон мебуд, дар дили кӯҳ менигоштанд ва ё дар биноҳои баланд ва устувор ба ёдгор мегузоштанд. Ва бад-ин сон онҳоро аз хатари завол маҳфуз дошта, барои ҳамеша пойдор месохтанд». Ин осори гаронмоя аз катибаҳои “Ариярамна”, “Аршома”, “Маншури Куруши Кабир” “Багстан”, катибаи “Доро дар мавриди кандани Суетс”, катибаҳои “Нақши Рустам”, катибаи “Тахти Ҷамшед” ва дигарон иборат аст.
Бо созмон ёфтани давлатҳои Юнонии Бохтар ва Кушониён ва хоссатан таъсис ёфтани шоҳаншоҳиҳои Ашкониёну Сосониён марҳилаи дигари давлатдорӣ ва худшиносии ниёгони мо оғоз гардид, ки ин марҳилаи таърихиро марҳилаи тақдирсоз дар таърихи аҳди бостони ниёкони тоҷикон шуморидан ба маврид аст. Маҳз дар ин марҳила Ашкониён бо эҷод намудани хатти паҳлавӣ тавонистанд бузургтарин осори таърихии паҳлавонию қаҳрамонӣ, осори гаронбаҳои фарҳангию мазҳабӣ, бинокорию меъмории миллӣ ва осори адабию ойини рӯзгордории миллати тоҷикро бунёд гузоранд. Дар ин марҳилаи таърихӣ ҳофизаи таърихии ниёкони мо ҳифз гардида, бузургтарин осори хусусияти таърихию адабидоштаи “Бундаҳишн”, “Ривоёти паҳлавӣ”, “Ардавирознома”, “Аййоткории Ҷомосп”, “Аййоткории Зарирон”, “Дарахти Асурик”, “Достони Минуи хирад” ва осори зиёди дигар таълиф гардиданд. Сосониён ба иқдоми фарҳангии Ашкониён дар мавриди ҳифзи донишҳои таърихӣ ҳиммати бештар гумошта, асарҳои гаронбаҳои таърихӣ аз қибили “Худойнома”, «Корномаи Ардашери Бобакон», «Корномаи Анӯшервон», «Тоҷнома», «Ойиннома», «Баҳори Чӯбиннома» асари ҷуғрофию омории «Шаҳристонҳои Эрон», асари тақвимию гоҳшумории «Гоҳнома» асарҳои фалсафии «Кеҳнома», «Ёдгори Зарирон», «Ихтиёрнома», «Калилак ва Димнак», «Динкард», асари ҳуқуқии «Модигони ҳазордастон», асарҳои адабию тарбиявии «Андарзи Хисрав», «Андарзи Озорбади Меҳроспандон», «Ёдгориҳои Ҷомосп», “Андарзи Хусрави Каводон”, “Андарзи пешиниён”, “Андарзи дастурон ва беҳдинон”, “Модигони Чатранҷ”, “Доруи хурсандӣ” ва осори зиёди дигареро тадвин ва таълиф намуданд, ки заминаи воқеӣ ва сарчашмаҳои асосии таълифи асарҳои безаволу мондагори “Таърих”-и Табарӣ ва “Шоҳнома”-и Фирдвасӣ гардиданд.
Хулосаи матлаб ин аст, ки дар таҳқиқоти арзишманди Маликушшуарро Баҳор «Сабкшиносӣ» 93 адад китоби маълуму машҳур ва то ба имрӯз расидаи осори паҳлавӣ нишон дода шудааст, ки ин асарҳо аз тарафи мутарҷимон ба монанди Ибни Муқаффаъ, Навбахт, Мӯсо ва Юсуф, Алӣ ибни Зайд, Ҳасан ибни Саҳл, Қосими Исфаҳонӣ, Исои Курдӣ ва дигарон бо забони арабӣ тарҷума шуданд. Номи иддае аз асарҳои паҳлавие, ки ба арабӣ тарҷума шуданд дар асари Ибни Надим «Ал-Феҳрист» ёд мешавад, ки шумораи онҳо ба 305 адад мерасад. Пас, маълум мегардад, ки вазъи пуршукуҳи донишҳои таърихии ниёгони тоҷикон ҳанӯз аз дуртарин замонҳо ҷилвагар шуда, дар ибтидои асрҳои миёна, дар замони оғози марҳилаи нави таърихӣ ва кашмакашиҳои аҷнабиён, барои таълифи таърихномаҳои бузург заминаи бунёдӣ гузошта тавонистанд.
Бо фӯрупошии шоҳаншоҳии Сосониён марҳилаи дигари давлатдорию ифтихороти миллии ниёгони мо аз байн рафт. Аъроби фотеҳ низ чун дигар аҷнабиён барои нобуд кардани гузаштаи пурифтихори мо камари ҳиммат баста, муҳимтарин осори таърихию фарҳангии ниёкони моро аз байн бурда, мехост барои гузаштагони мо дарси шуҷоату ҷавонмардӣ биёмӯзад.
Маҳз дар ҳамин марҳилаи таърихӣ сабаби ба зудӣ эҳё шудани таърихнигории миллиро дар ин давраи ҳассоси таърихӣ, муаррихи шаҳири тоҷик Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ чунин шарҳ додааст: “Чун баъзе аз қабоили арабӣ ба ифтихороти мутаассибонаи худ оғоз ниҳоданд ва худро бар дигар мардумони тобеаи худ бартар донистанд, донишмандони эронӣ бад-он шуданд, ки агар сухан аз ифтихороти гузаштаву бартарияти қавмист, пас онро дар гузаштаи эрониён бояд ҷуст ва ба ҳамин сабаб дар пайи ошкор ва мунташир намудани гузаштаи пурифтихори худ шуданд”.
Чун хонадони Сомониён ба қудрат расида, давлатдории миллии моро эҳё намуданд, аввалин амали худро дар раванди давлатсозӣ аз ташаккули тафаккури таърихии мардумони бумии Хуросони Бузург оғоз намуданд. Заҳамоти зиёди донишмандон ва муаррихони аҳди Сомониён чун Абулқосим Абдуллоҳ ибни Аҳмади Каъбии Балхӣ муаллифи «Мафохири Хуросон», Абузайд Аҳмад ибни Саҳли Балхӣ (850-934) муаллифи «Сувару-л-ақолим», Абуабдуллоҳ Аҳмад ибни Фақеҳи Ҳамадонӣ (869-942) муаллифи «Ал-булдон», Абуисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммад ал-Форисӣ маъруф ба Истахрӣ (849-957) муаллифи «Ал-масолику-л-мамолик», Абуабдуллоҳ Ҳамза ибни Ҳасани Исфаҳонӣ маъруф ба Ҳамзаи Исфаҳонӣ (883-960-70) муаллифи «Девони Абунувос», «Китобу-л-амсол», «Китобу-т-танбеҳ», «Китобу-л-умам», Абдуллоҳи Хоразмӣ муаллифи «Мифтоҳу-л-улум», Абулмуайяди Балхӣ муаллифи «Аҷоибу-л-булдон» Абуабдуллои Ҷайҳонӣ муаллифи «Китоб-ул-мамолик в-алмасолик», Абуисҳоқи Собӣ муаллифи «Таърихи Оли Бувайҳ, Абубакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари Наршахӣ (899-959) муаллифи “Таърихи Бухоро”, Абуабдуллоҳ ибни Муҳаммад маъруф ба Ибни Мискавейҳ (932- 1030) муаллифи «Таҷорибу-л-умам ва авоқибу-л-ҳимам» (дар таърих), «Таҳзибу-л-ахлоқ», «Татҳиру-л-аъроқ» (дар дину фалсафа), «Ҳикмату-л-холида», Ҳаким Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ (934-1020) муаллифи асари безаволи “Шоҳнома” тавонистанд, ин миллати бузургро дар раванди ҳаводиси фалокатбори тираву тори асримиёнагӣ аз вартаи нестшавӣ наҷот бидиҳанд ва барои муаррихони муосир намунаи ибрат бошанд.
Яке аз муаррихони бузурги замони растохези тоҷикон – Сомониён Абулқосим Фирдавсӣ мебошад, ки осори безаволаш – “Шоҳнома” дар рушди тафаккури таърихии миллати тоҷик нақши муҳим бозидааст. Ҳаким Абулқосим Мансур ибни Ҳасан ибни Исҳоқ Шарафшоҳи Тӯсӣ маъруф ба Фирдавсии Тӯсӣ (934 ё 940 – 1020-25) аз зумраи достонсароёни машҳури олам аст, ки дарозтарин достонҳои назмии қаҳрамонию паҳлавонӣ ва таърихии дунёро офаридааст. Дар аксар сарчашмаҳои таърихӣ аз Фирдавсӣ ҳамчун саромадони муаррихони порсигӯ ёд кардаанд, аз ҷумла Мирхонд дар «Равзату-с-сафо»-и хеш зикр менамояд, ки Фирдавсӣ бо «Шоҳнома»-и худ ҳуввияти азбайнрафтаи эрониёнро пас аз футуҳоти араб дубора зинда кард.
Аҳаммияти таърихии “Шоҳнома” дар он аст, ки аз муҳиммтарин сарчашмаҳои таърихии ниёкони худ ба мисли сарчашмаҳои форсии қадиму катибаҳои ҳахоманишӣ ва паҳлавии форсии миёна, ки қаблан зикрашон рафт ба хубӣ истифода намуда, бузургтарин таърихи аздастрафтаи аҷдоди моро дар асоси матни сарчашмаҳои хаттӣ ва мазмуни ҳаммосаҳои мардумӣ ба риштаи назму таҳқиқ кашидааст.
Дар адабиёти таҳқиқотии замони шуравӣ мастур аст, ки мазмунан “Шоҳнома” аз се қисмат: ҳаммосӣ, паҳлавонӣ ва таърихӣ таркиб ёфтааст. Феълан, бо ба даст омадани истиқлоли давлатӣ, рушди таърихнигории миллӣ, бедор намудани ҳофизаи таърихии мардум ва хизматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ин андеша ботил гардида, қисматҳои “ҳаммосӣ”-и Шоҳнома низ таҳқиқи худро ёфта истодаанд.
Ҷойи тааҷҷуб аст, ки чаро Фирдавсӣ бо доштани маълумотҳои фаровон аз оғози муносибатҳои сиёсию дипломатии эрониёну арабҳо дар мавриди даъват ва ҳамкории аввалини арабҳо сухан намеронад. Танҳо воқеаҳои таърихии баъди 14 соли дигари ҳуҷумҳои аввалини арабҳо ба ҳудудҳои шоҳаншоҳии Сосонӣ шурӯъ гардида шарҳ дода мешаванд. Муносибатҳои сиёсӣ ва ҷангҳои иттилоотии арабу аҷамро Абулқосим Фирдавсӣ дар асари безаволаш “Шоҳнома” зиёд шарҳ додааст, ки чунин тарзи нигориш дар сарчашмаҳои дигари таърихӣ мушоҳида намешавад.
Омадем сари матлаб. Фирдавсӣ дар қисмати 9-уми “Шоҳнома” дар мавриди таназзули шоҳаншоҳии Сосониён маълумоти фаровон оварда, аз фурӯпошии ин шоҳаншоҳии миллии эрониён шикваҳои зиёд намудааст. Фирдавсӣ баъди сурудани достони “Подшоҳии Яздгирд” ба баёни воқеаи нодири таърихӣ “Тохтани Саъди Ваққос ба Эрон ва фиристодани Яздгирд Рустамро ба ҷанги ӯ” мепардозад, ки оғозаш чунин аст:
Умар Саъди Ваққосро бо сипоҳ,
Фиристод, то ҷанг ҷӯяд зи шоҳ.
Чу огоҳ шуд з-он сухан Яздгирд,
Зи ҳар сӯ сипоҳ андар овард гирд…
Ки Рустам будаш ному бедор буд,
Хирадманду гурду ҷаҳондор буд.
Фирдавсӣ зикр менамояд, ки Рустами Фаррухзоди Хуросонӣ дар баробари сипаҳсолори Эронзамин буданаш, марди донишманду боҳушу рой низ буда, аз илми ситорашиносӣ комилан огоҳ буд.
Ситорашумар буду бисёрҳуш,
Ба гуфтори муъбад ниҳода ду гӯш.
Бар ин гуна то моҳ бигзашт сӣ,
Ҳаме разм ҷустанд дар Қодисӣ.
Маълум аст, ки сипоҳи Эрониён барои ҷанг бо арабҳо тибқи фармудаи Фирдавсӣ сӣ моҳ омодагӣ гирифтанд. Дар ин муддат миёни ду сипоҳ ҷангҳои лафзию иттилоотӣ ҷараён дошт, ки сарчашмаҳои таърихӣ анвоъи гуногуни онҳоро барои мо мерос мондаанд.
Дар мавриди ҷангҳои иттилоотӣ ва ё баҳсҳову мунозираҳои лафзии Рустам ва Муғира (яке аз сарварони сипоҳи араб – Т.Ғ) низ дар “Таъриху-р-Русули ва-л-мулук”-и Табарӣ ва “Таҷорибу-л-умам”-и Мискавайҳ маълумоти ҷолибе ба мушоҳада мерасад, ки мазмунан баёнгари ҳикояти аҷиб аст. Рустам ба Муғира гуфт: “Ҳикояти шумо чун он рӯбоҳ аст, ки аз сӯрохи танг ба ангургоҳе рафт, ки дар он ҳангом бағоят лоғар ва заиф буд. Моҳе чанд дар он бӯстон бимонд ва аз он ангурҳо тановул кард. Соҳиби боғ бидид ва заъфи ӯро маълум карда андешид, ки он миқдор ба хӯрдани вай эътибор надорад ва мутаъарризи вай нашуд. Рӯзе чанд бигузашту он фарбеҳу хушҳол шуда, лоҷарам ба он ангурҳо бозӣ кардан оғоз кард ва зиёда аз он чӣ мехӯрд, талаф мекард. Соҳиби боғ ғуломонро фармуд чубӣ шуданд ва аз паси рӯбоҳ шуданд дар сурохие ки ворид шуда буд ҳалокаш карданд. Шумо низ лоғар дар билоди мо даромадед ва ин замон фарбеҳ чандон шудаед, ки натавонед боз гардидан”.
“Шоҳнома”-и Фирдавсӣ аз фиристода шудани номаи Рустами Фаррухзод ба Саъд ибни Ваққос ва баръакси он аз номаи Саъд ба Рустам низ хабар дода, аз вазъи ногувори мазҳабию парокандагии сиёсии шоҳаншоҳии Сосониён бо таассуфи зиёд хабар додааст. Фирдавсӣ ин ҳолатро дар достони “Номаи Рустам ба Саъди Ваққос” чунин баён мекунад:
Фиристодае низ чун барқу раъд,
Фиристод тозон ба наздики Саъд.
Баъд аз иҷрои русумоти ташрифотию дипломатӣ ва таърифу тавсифи шоҳаншоҳи Сосонӣ фиристода аз Саъд мепурсад?
Ба ман бозгӯй ин, ки шоҳи ту кист?
Чӣ мардиву ойину роҳи ту чист?
Ба назди кӣ ҷӯйӣ ҳаме дастгоҳ,
Бараҳна сипаҳбад, бараҳна сипоҳ?
Ба ноне ту сериву ҳам гурусна,
На пилу на тахту на бору буна.
Ва ӯро барои зиндагӣ ба Эрон даъват карда, аз бузургию ободиҳои он сухан меронад.
Ба Эрон туро зиндагонӣ бас аст,
Ки тоҷи нигин баҳри дигар кас аст?
Ки бо пилу ганҷ асту бо фарру гоҳ,
Падар бар падар номбардор шоҳ.
Бубахшад баҳое сари тозиён,
Ки бар ганҷи ӯ з-ин ниёяд зиён.
Сагу юзу бозаш даҳу ду ҳазор,
Ки бо занги зарранду бо гӯшвор.
Бад-он чеҳру он зоду он меҳру хӯй,
Чунин тоҷу тахт омадат орзӯй?
Зи шири шутур хӯрдану сусмор,
Арабро ба ҷое расидаст кор.
Ки тахти аҷамро кунад орзу,
Тфу бод, бар чархи гардон тфу!
Фирдавсӣ дар асари безаволаш бо баҳрагирӣ аз осори таърихии дақиқу дасти аввали ин мавзуъ “Посухи номаи Рустам аз Саъди Ваққос”-ро бисёр ҷолиб таҳия намудааст.
Чу бишнид Саъд он гаронмоя мард,
Пазира шудаш бо сипоҳе чу гард.
Ба тозӣ яке нома посух навишт,
Падидор кард андар ӯ хубу зишт.
Сари нома бинвишт номи Худой,
Муҳаммад расулаш ба ҳақ раҳнамой.
Дар идомаи сухан Саъди Ваққос аз мазмуну муҳтавои дини ҷадид ва имон овардану ваъдаи растагорӣ, аз сифоти дӯзаху биҳишт ва аз ҳама муҳимаш аз гуноҳи онҳо гузаштан ҳангоми имон овардан ва дар мансаби худ боқӣ мондани шоҳаншоҳи сосонӣ андешаронӣ мекунад ба ин мазмун.
Зи тавҳиду Қуръону ваъду ваъид,
Зи тобиду аз расмҳои ҷадид.
Зи қатрону оташ ва аз замҳарир,
Зи фирдавсу ҷӯи маю ҷӯи шир.
Ки гар шоҳ бипзирад ин дини рост,
Ду олам ба шоҳиву шодӣ варост.
Шафеъ аз гуноҳаш Муҳаммад бувад,
Танаш чун гулоби мусаад бувад.
Ва дар охири мактуб Саъди Ваққос хитоб ба эрониён иброз менамояд, ки;
Ҳар он кас, ки пеши ман ояд ба ҷанг,
Набинад ба ҷуз дӯзаху гӯри танг.
Биҳиштаст агар бигравӣ ҷои ту,
Нигар то чӣ бошад кунун рои ту.
Рустами Фаррухзод бо шунидани ин суханон ва дидани рафтори дағали Муғира ибни Шуъба ба ғазаб омада, баъд аз тафаккури зиёд ва дидани фоли ситорагон ба Саъди Ваққос мактуб таҳия карда ба Муғира дод ба ин мазмун:
Чунин дод посух, ки “ӯро бигӯй,
Ки на шаҳриёрӣ, на дайҳимҷӯй.
Бидидӣ сари тирабахти маро,
Дилат орзӯ кард тахти маро?!….
Маро гар Муҳаммад бувад пешрав,
Зи дини куҳан гирам ин дини нав.
Ҳамон каж бувад кори ин кӯзпушт,
Бихоҳад, ҳаме буд бо мо дурушт.
Бигӯяш, ки дар ҷанг мурдан ба ном
Беҳ аз зинда, душман бад-ӯ шодком”.
Фирдавсӣ дар идомаи достон мефармояд, ки бо шунидани ин посух Саъди Ваққос бо ваъдаю ваъиди зиёд бо лашкараш ба сари эрониён тохт ва ҷанги Қодисия оғоз шуд.
Чу Шуъба биёмад ба наздики Саъд,
Або он суханҳо чу дарранда раъд.
Сипаҳро бифармуд Саъди далер,
Биёростанд размро ҳамчу шер.
Биёмехтанд он ду лашкар ба ҳам,
Абар ҷойгаҳ – бар фишурда қадам.
Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ муҳорибаи Қодисия калонтарин ҷанг дар раванди забткориҳои араб буда, чор шабонрӯз давом кардааст. Дар рӯзи сеюми ҷанг “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ аз мактуби дигари Рустами Фаррухзод хабар медиҳад, ки дар он вазъи ногувору парокандагии сиёсӣ, шикасти пешакии Сосониён ва дар ҳудудҳои фаррохи эрониён ҳукумат кардани аъробро бо таассуфи зиёд ба бародари худ баён карда, ӯро ҳушдор менамояд, ки ба Хуросон равад ва дар он ҷо аз родмардон сипоҳу силоҳи фаровон ҷамъ намуда, қасоси бародари худро аз арабҳо бигирад. Бояд тазаккур сохт, ки ин қисмати достон маҳз аз шикваҳои худи Фирдавсӣ иборат буда, бо ифода намудани чунин андешаҳо ба наслҳои ояндаи фазилатпешаи эрониён ҳушдор медиҳад, ки дар раванди ҳамгироиҳои фарҳангии асримиёнагӣ барои ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва давлатдории миллӣ бояд ҳиммати бештар гуморанд.
Яке нома сӯи бародар ба дард,
Нибишту суханҳо ҳама ёд кард.
Ҳанӯз дар оғози достони хеш Фирдавсӣ аз вазъи ногувори сиёсии шоҳаншоҳии Сосониён, парокандагию марказгурезии ҳокимони маҳаллӣ, истиқлолхоҳии волиёни вилоятҳо, аз шоҳаншоҳи арзандаву сазовор тиҳӣ будани хонадони Сосониён, баъди Хусрави Парвиз дар муддати чор сол иваз шудани зиёда аз даҳ шоҳаншоҳ ва ба сари тахти шоҳӣ омадани духтарони ин хонадон шикоят мекунад.
Дигар гуфт к-аз гардиши осмон,
Пажӯҳанда мардум шавад бадгумон.
Ки ин хона аз подшоҳӣ тиҳист,
На ҳангоми фирӯзиву фарраҳист.
Бар эрониён зор гирён шудам,
Зи Сосониён низ бирён шудам…
Дареғ он сари тоҷу он тахту дод,
Дареғ он бузургиву фарру нажод.
Шавад бандаи беҳунар шаҳриёр,
Нажоду бузургӣ наёяд ба кор,
Зи Эрону аз Турку ва-з тозиён,
Нажоде падид ояд андар миён,
На деҳқон, на турку тозӣ бувад,
Суханҳош ба кирдори бозӣ бувад.
Чу бо тахт минбар баробар шавад,
Ҳама ном Бубакру Умар шавад…
Зиёни касон аз паси суди хеш,
Биҷӯянду дин андароранд пеш…
Фирдавсӣ бо таассуфи гарон аз табоҳ гардидани фарҳанги ташаккулёфтаи паҳлавии эрониён, ки дар он рӯзгорон намунаи ибрати ҷаҳониён буд андешаронӣ намуда, аз бевафоиву хиёнат, паймоншиканиҳои арабҳо, ҷойгузин шудани кажжиҳои араб ҷойи ростиҳои эрониён ояндагонро ҳушдор месозад, ки гӯйӣ имрӯз гуфтааст.
Табаҳ гардад ин ранҷҳои дароз,
Шавад носазо шоҳи гарданфароз.
Зи паймон бигарданду аз ростӣ,
Гиромӣ шавад кажживу костӣ.
Ба гетӣ касеро намонад вафо,
Равону забонҳо шавад пурҷафо.
Туро эй бародар тан обод бод!
Дили шоҳи Эрон ба ту шод бод!
Ки Қодисӣ гургоҳи ман аст,
Кафан ҷавшану хун кулоҳи ман аст…
Дар рӯзи чоруми ҷанг, вазъият барои ҳарду ҷониб сангин шуд. Ба қавли Фирдавсӣ:
Чунон танг шуд рӯзгори набард,
Гили тар ба хӯрдан гирифт аспу мард.
Хурӯше баровард бар сони раъд,
Аз ин рӯй Рустам, аз он рӯй Саъд.
Бирафтанд ҳарду зи қалби сипоҳ,
Ба як сӯ кашиданд аз овардгоҳ.
Дар идомаи ҷанги тан ба тани ду сипаҳсолор Фирдавсӣ зикр менамояд, ки Рустам бо зарбаи шадиде аспи Саъдро аз по афканда, бар синаи Саъд нишаст ва аз ришу мӯйи расидаи ӯ гирифта, ӯро ба ҷониби майдон кашид. Аммо дар чунин лаҳзаҳои ҳалкунанда “Раҳо шуд ба ҷон Саъд аз дасти ӯй” ва канора гирифту бегумон дар тирагии чангу ғубор бар Рустам ҳамла кард.
Бипӯшид дидори Рустам зи гард,
Бишуд Саъд пӯён ба дашти набард.
Яке теғ зад бар сари тарки ӯй,
Ки хун андар омад зи торак ба рӯй.
Ҳазимат гирифтанд Эрониён,
Басе номвар кушта шуд дар миён.
Баъд аз ба вуқуъ пайвастани чунин набард дар рӯзи чаҳоруми он бо талафоти 4000-нафараи лашкари арабҳо ва талафоти 10 000-нафараи сипоҳи эрониён, арабҳо дар муҳорибаи Қодисия пирӯзӣ ба даст оварданд. Табарӣ нақл менамояд, ки Саъд ибни Ваққос бо чунин паҳлавонӣ натавонист Рустами Фаррухзодро бикушад. Балки Рустамро дар миёни чангу бод ба муҳосара гирифтанд ва ба дасти Ҳилол ибни Улфа ва парчамбардорони сипоҳи Эрон –Баҳман ва Ҷолинус аз дасти Зуҳра кушта шуданд ва «Дирафши Ковиён» – байрақи пирӯзмандии эрониён, ки чанд қарн дар бисёр майдонҳои ҷанг бо ғурур сар бар осмон меафрошт ҳамчун ғанимати ҷангӣ ба дасти арабҳо гузашт. Яздигурд маҷбур шуд пойтахтро тарк намуда, ба ҷониби Хуросон роҳи фирорро пеш гирад.
Масъудӣ дар “Муруҷу-з-заҳаб” овардааст, ки “вақте, ки Рустам кушта шуд, бим дар дили эрониён афтод, ҳазимат шуданд ва шамшер дар онҳо ба кор афтод ва баъзе ғарқ ва баъзеи дигар кушта шуданд. 3000 мард аз онҳо ба василаи занҷирҳо ва ресмонҳо ба ҳамдигар баста шуда буданд ва бо нуру оташкадаҳо қасам хӯрда буданд, ки аз он ҷо нараванд, то зафар ёбанд ё кушта шаванд.
Мутаассифона, шикасти эрониён дар набардҳои Қодисия ва Наҳованд ғалабаи минбаъдаи арабҳоро дар қисматҳои ғарбию марказии Эрон таъмин кард. Мардумони бумии қисматҳои ғарбию марказии шоҳаншоҳии Сосониён, ки аз қавму халқиятҳои мухталиф аз арабҳову эрониёну суриёниёни гуногункешу гуногунмазҳаб иборат буданд, бар ивази задухурдҳои мусаллаҳонаву талафоти зиёд, ки тибқи иттилои сарчашмаҳои таърихӣ аз талафоти зиёди худ “ҷӯйҳои хун” равон карданд (Холид ибни Валид аз хуни мардуми Ал-лайс ва Абдуллоҳ ибни Омир аз хуни бошандагони Истахр ҷӯи хун равон карда, осиёб гардон карданд) натавонистанд пеши забткориҳои арабҳоро бигиранд. Забткориҳои арабҳо дар қисмати ғарбию марказӣ серталафот бошад ҳам, давомдор набуд. Чунки сарҳангҳои эронӣ ҳанӯз чанд даҳсола пештар аз буҳрони сиёсии шоҳаншоҳӣ огоҳӣ доштанд ва аз ҷиҳати равонӣ шикаст хӯрда, дигар наметавонистанд дар муқовиматҳо пирӯз шаванд. Аммо дар қисмати шарқии Сосониён – Хуросону Тахористон ва Мовароуннаҳру Суғд забткориҳо давомдор, серталафот ва руҳи ин мардумон шикастнопазир боқӣ монда, орзуҳои ниёкону фарзонагони меҳан (алалхусус Фирдавсӣ)-ро дар мавриди ҳифзи арзишҳои миллӣ таъмин намуданд.
Дар интиҳо метавон хулоса кард, ки “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ кохи азимест, ки аз боду борону офтоби сӯзон вайрон нагаштааст, уқёнуси бурзургест, бо паҳнои васеу умқи зиёд, ки дар қаъри худ дурру гавҳари фаровоне дорад. Дар воқеъ, ҳадафи аслии Фирдавсӣ аз иншои чунин шоҳасар на қиссапардозиву ҷангноманависӣ, балки нишон додани сабақи таърих ва ҳақиқати объективии он дар мисоли сарзамини паҳновари Ориёни Бузург ва панду андарз додан ба инсон аст. Ватандӯстӣ, ифтихор ба тамаддуни ғаниву бостонии Эрон, ҳифзи Ватан аз аҷнабиёну забткорон ва амсоли инҳо аз ҳадафҳо ва мавзуъҳои асосии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ маҳсуб мешавад. Таназзул ва фурӯпошии шоҳаншоҳии Сосониён дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба таври воқеъбинона ва объктивона таҷассум ёфта, устоди сухан шикваҳои бешуморе аз фурӯпошии чунин давлатдории миллии эрониён намудааст. Чуноне ки дар боло зикрашон рафт, таназзул ва шикасти шоҳаншоҳии Сосониён ва шикваҳои Фирдавсӣ баҳри азбайнравии давлати миллии Эрониён дар истинод ба далелҳои “Шоҳнома” ва сарчашмаҳои дигари асрҳои VII-X мавриди қиёс ва баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Дар асри Фирдавсӣ ҳам, Эрон аз як сӯ мавриди ситаму тороҷи тозиён қарор дошт ва аз сӯйи дигар ақвоми биёбонгарди тозанафасе аз Шимолу Шарқ ба Эрон метохтанд ва “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ паёме ба мардуми Эрон барои барангехтани руҳи пойдорӣ ва бедории миллӣ дар баробари ин хатарҳо буд. Ин паём дар саросари “Шоҳнома” аз оғоз то ба анҷоми он ба гӯш мерасад. Фирдавсӣ, ки худ шоҳиди фурӯпошии дигарбораи Эронзамин аз ҷониби ақвоми турк гардида буд, бо таассуфи зиёд чунин менигорад:
Дареғ аст, ки Эрон вайрон шавад,
Куноми палангону шерон шавад.
Ҳама ҷой ҷанги саворон будӣ,
Нишастангаҳи шаҳриёрон будӣ.
Кунун ҷойи сахтиву ҷойи балост,
Нишаста тезтак аждаҳост.
Касе, к-аз палангон бихӯрдааст шир,
Дар ин ранҷ бувад моро дастгир.
Ин чаҳор байтро, ки моломоли шиква ва дарду ҳасрати беинтиҳои шоири ватандӯст аст, аксари донишмандон ва пажӯҳишгарони Шоҳнома “марсияи Эрон” номида, то ҳатто дарк намудан мушкил аст, ки ӯ чӣ гуна тавонистааст, дар чанд мисраъ ин қадар дарду ҳузн ва ғаму яъсро дар як ҷо ҷамъ кунад.
Воқеан дар замоне, арабҳои бадавӣ аз қисмати ғарбию ҷанубӣ ва туркони бодиянишин аз қисмати шимолу шарқи ватани таърихии мо ба фарҳангу давлатдории миллии мо таҳдид мекарданд, Фирдавсӣ бо таълифи “Шоҳнома”-аш миллатро аз вартаи фаношавӣ наҷот дод. Ҳамчуноне ки аз муаррихи бузурги мисрӣ Муҳаммад ибни Ҳусайни Ҳайкал пурсиданд, барои чӣ Миср бо доштани чунин фарҳангу таърихи бостонӣ дар муддати на камтар аз 15 сол аз ҷониби аъроб затб шуда, фарҳангу арзишҳои миллии қибтиён ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт, вале дар Хуросонзамин забткориҳо анқариб 150 мудовимат дошту онҳо тавонистанд забон ва арзишҳои фарҳангию таърихияшонро ҳифз намоянд?! Ӯ дар ҷавоб гуфт: Мо қибтиён таъриху фарҳанги бостонӣ ва Фиръавнҳои бузургу қасрҳои осмонхарош доштем, аммо монанди хуросониён “Табарӣ” ва “Фирдавсӣ” надоштем.
Ғуломов Тоҷиддин Мирзоалиевич, доктори илмҳои таърих, сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
САРЧАШМА ВА АДАБИЁТ
1. Абуисҳоқ ибни Надим. “Ал-Феҳрист”. Тарҷумаи Ризои Таҷаддуд. Теҳрон, “Амири Кабир”, 1346 ҳ.\қ. 791 с.
2. Алӣ ибни Ҳусайни Масъудӣ. Муруҷу-з-заҳаб.Теҳрон, “Амири Кабир” – Ҷ.1.-С.675
3. ابو علی موسکویه راضی. تجارب الامم. تهیۀ ابو القاسم امامی. تهران 1369، ص544
4. Ғуломов Т.М., Ёрмуҳаммадов А., Неъмонов Б.З. Таърихнигорӣ. – Душанбе: “Хирадмандон” 2022. 400 с.
5. Иззуддин Ибни Асир. Таърихи Комил. – Теҳрон. «Асотир», 1370 ҳ.ш. -Ҷ II. – С. 558
6. Ибни Қурбон. Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим. – Душанбе, “Эр-граф”, 2007, 479 с.
7. Маликушшуаро Баҳор. Сабкшиносӣ. – Душанбе, “Бухоро”, 2012. 569с.
8. Муҳаммадризо Ноҷӣ. Таърих ва тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. – Теҳрон, “Бунёди фарҳангӣ” . 540 с.
9. Раҳмонов Э.Ш. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби сеюм… – С.171-172
10. Расулиён Қаҳҳор. Осори Мунтахаб. Ҷ.1 – Душанбе, 2014, Ҷ.2 “Бухоро”, 2017. –С.42
11. تأریخ الرسل والملوک. ترجمۀ ابوالقاسم پاینده. ج.٢. –تهران، «اساطیر»، ١٣٧٥ش._ ص. ٣٤ طبری.
12. تأریخ الرسل والملوک. ترجمۀ ابوالقاسم پاینده. ج. ٧. –تهران، «اساطیر»، ١٣٧٥ش._ ص. ٣٤ طبری.
13. Фирдавсӣ. Шоҳнома. Таҳияи К. Айнӣ, З. Аҳрорӣ. Ҷ.9. – Душанбе, “Адиб”, 1991, 495 с.
Акс аз АМИТ “Ховар”

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх