Сулҳу ваҳдати миллӣ барои ҳар давлат ва ҷомеа аз арзишҳои бебаҳо ва муқаддас ба ҳисоб меравад. Ин неъмат аст, ки ба шарофати он халқҳо метавонанд дар фазои орому осоишта зиндагӣ кунанд, тараққӣ ёбанд ва ба фардои дурахшон нигаранд.
Имрӯз дар шароити ҷаҳони муосир, ки хатарҳои глобалӣ ва низоъҳои миллӣ торафт авҷ мегиранд, аҳамияти сулҳу ваҳдат боз ҳам бештар мегардад.
Ба туфайли сулҳу ваҳдат мардум метавонанд зиндагии осоишта дошта бошанд, ба таълиму тарбияи фарзандон машғул шаванд, дар пешрифти Ватан саҳм гузоранд.
Заминаҳои таърихии расидан ба Ваҳдат
Тоҷикистон, ки дар як марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ ҷанги шаҳрвандиро паси сар кард, арзиши сулҳу ваҳдатро хуб дарк мекунад. Пас аз Истиқлоли давлатӣ, ки соли 1991 ба даст омад, кишвари мо дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор гирифт. Ин фоҷиа боиси талафоти зиёди ҷонӣ, хисороти иқтисодӣ ва парокандагии миллат гардид.
Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ: ин иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз заминаи аввалини барқарорсозии сохти конститутсиониро гузошт. Суханони таърихии Пешвои муаззами миллат «Ман ба шумо сулҳ морам!» ва «То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, осуда нахоҳам буд» шиори асосии раванди сулҳ гардиданд. 27-уми июни соли 1997 дар Маскав Созишномаи умумии истиқорори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки нуқтаи гардиш дар таърихи муосири мо шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомўзад ва барои насли имрўз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.
Сулҳу ваҳдат имкон дод, ки кишвар аз вартаи ҷанг халос ёбад, миллионҳо нафар ба Ватан баргарданд, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо ҳамкориро ба роҳ монад, иқтисодиёт тараққӣ кунад, корхонаҳо барқарор шаванд, ҷойҳои корӣ зиёд шаванд, маориф ва фарҳанг рушд ёбанд.
Ваҳдати миллӣ бошад, ин ҳамбастагии миллатҳо, динҳо ва дигар табақаҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Дар Тоҷикистон миллатҳои гуногун ва пайравони динҳои мухталиф зиндагӣ мекунанд ва ҳама якҷоя, бо ҳам барои ободии кишвар кӯшиш мекунанд.
Ба шарофати ваҳдати миллӣ ба мо имкон медиҳад, ки масъалаҳои мураккаби давлатӣ ҳал карда шаванд, ташаббусҳои созанда амалӣ гарданд, барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзанда фароҳам оварда шавад.
Имрӯз мо натиҷаҳои ваҳдати миллӣ ва иттиҳоди мардумро ба чашми сар мебинем: Пешвои миллат баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳоро ба роҳ монданд. Сохтмони шоҳроҳи «Роҳи абрешим», бунёди нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Шар-шар» ва «Чормағзак», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, Душанбе – Хуҷанд – Чанак, Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Қўрғонтеппа–Кўлоб иқдомҳои Пешвои миллат буданд, ки боиси пешрафту тараққиёт гашта, мардум аз азияти ағбаҳои хатарнок растанд ва имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир бошад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар гардад.
Душвортарин муаммои мо масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерўгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.
Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо кард. Аз ҷумла, сохмони нерўгоҳҳои барқи обии «Сангтўда-1», «Сангтўда-2», як қатор нерўгоҳҳои хурд, хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтўда-1 ба истифода дода шуданд. Хусусан ба кор даромадани хатти 500 киловаттаи Ҷануб–Шимол ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм – ин ғамхории бузурги Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад.
Шумо боре ба гулгашту хиёбонҳои пойтахти азизамон назар кунед, ки чи гуна ободу зебо гаштаанд. Бунёди ҳайкали аввалин давлатдори тоҷикон Исмоили Сомонӣ, барафрохтани Парчами миллӣ, ки назираш дар олам нест, китобхонаи миллӣ, осорхона, театр, сохтмони садҳо биноҳои баландошёна давлати моро дар қатори кишварҳои пешрафта қарор дода, аз дастовардҳои истиқлолият маҳсуб меёбанд. Сокинону меҳмонон бо завқ дар пойтахти мамлакатамон сайру гашт намуда, сайёҳони хориҷӣ шаҳри Душанберо «Шаҳри сабз» ном гузоштаанд. Пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти шаҳрвандон боис гашт, ки ҳамасола ба Тоҷикистон ҳазорон сайёҳони хориҷӣ ташриф меоранд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди фарҳанг диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуд. Таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни Ориёӣ, Бузургдошти 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс маликушшуаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, 2500- солагии шаҳри Истаравшани бостонӣ, 2500- солагии Хуҷанд, 2700- солагии шаҳри Кўлоб, 700- солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 3000-солагии Ҳисор, бузургдошти Пешвои бузургтарин мазҳаби ростини ислом – Имом Аъзам, Ҷомиву Туғрал, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар бузургону азизони миллат мутантан ҷашн гирифта шуд.
Мақоми давлатӣ гирифтани ансамблҳои «Шашмақом», «Фалак» ва таҷлили ҳамасолаи «Наврўз», «Меҳргон», Рўзи «Шашмақом», «Рўзи фалак», «Рўзи китоб», «Рўзи Парчами миллӣ», «Рўзи Президент», дастгирии чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмиллалӣ, ширкати бевоситаи Роҳбари давлат дар чорабиниҳои фарҳангӣ аз таваҷҷуҳи беандозаи Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад.
Дар даврони истиқлолият Наврўз ҷаҳонӣ шуд. Ин ҷашни бостонии мардуми тоҷикро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз нав эҳё намуданд ва ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки ин сарзамини аҷдодӣ, сарзамини муқаддас аст. Анъана ва суннатҳои неки Наврўз-ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод – аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати динии мардум бо супориши Роҳбари давлат нахустин маротиба китоби Қурони карим бо забони тоҷикӣ дар се давра бо теъдоди умумии беш аз 200 ҳазор нусха аз чоп бароварда шуда, ройгон ба мардум тақсим гардид. Инчунин «Саҳеҳ»-и Бухорӣ, «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Эҳёи улуми улуми дин», «Кимиёи саодат»-и Имом Ғаззолӣ ва дигар осори пурқиммат чоп ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуданд.
Аммо бузургтарин хизмати Пешвои миллат ба дини ислом ин пок намудани номи дин ва мусулмонон аз тамғаи терроризм мебошад. Пешвои миллат аз минбари баланди СММ таъкид намуданд, ки террорист, ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин андешаҳои Роҳбари давлати тоҷикон писанди ҷомеаи ҷаҳонӣ шуда, имрўз дар баромадҳои сарони дигар давлатҳо ва пешвоёни дини ислом ин нукта пайваста садо медиҳад.
Нақшаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардиданашон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масълаҳои глобалии олам ниҳоят бузург ва саривақтӣ буданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат муаллифи чор ташаббуси бузурганд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид амалӣ шудаанд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028».
Дар ин раванд қабули Қатъномаи Маҷмааи умумии СММ дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018 – 2028), ки аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, аз боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳад.
Ба хотири баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар, ки дар роҳи он маъракаву маросимҳои серхароҷот монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекарданд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» уфуқҳои тозаро дурахшон кард. Бо ин иқдом мо барои то андозае сабук гардонидани бори зиндагии халқамон шароити мусоид фароҳам овардем.
Бо зикри дастовардҳои бунёдии даврони истиқлолият мехостам бори дигар ин нуктаро таъкид намоям, ки ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир, пеш аз ҳама, ба ҳамин арзишҳои усулӣ ва ҳаётӣ таҳдид менамоянд. Яъне, онҳо пеш аз ҳама, ба истиқлолияти давлатӣ, ба мавҷудияти худи давлати мустақил, ба сохтори давлатии демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ба суботу амният ва ҳаёти осоишта, ба хонаву оилаи ободи ҳар як фард ва ба арзишҳои неки миллии мардуми тамаддунсози мо таҳдид мекунанд.
Пас, муборизаи мо ба муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад.
Дар дунё чандин миллатҳое арзи вуҷуд доранд, ки шумораашон миллионҳо буда, дар орзуи давлату давлатдорӣ мебошанд, барои расидан ба ин омол азму талош мекунанд, ҳазорон нафарашон фидо шудаанд, аммо ватану давлат надоранд. Аз ин рў, мо бояд шукр кунем, ки Худованд ба мо чунин ватани азизу маҳбуб, ободу зебо ато намудааст, ки биҳишти рўи замин мебошад. Бояд ба қадри Пешвои миллат, ватану давлати худ бирасем ва ҳама чун як тан дар ободонии он заҳмат кашем.
Ваҳдат арзишест, ки на танҳо бояд ба даст оварда шавад, балки онро ҳифз кардан лозим аст. Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои геополитикӣ, ҳушёрии сиёсии ҳар як шаҳрванд муҳим аст. Пас, чи тавр мо бояд сулҳу ваҳдатро ҳифз кунем? Бояд ба муқаддаасоти миллӣ арҷ гузорем, қонунҳои кишварро риоя кунем, ба ҳамдигар эҳтиром гузорем, фарҳанги давлатдорӣ ва миллии худро пос дорем, барои пешрафти кишвар саҳм гузорем, ҷавононро ба хондан ва дониш андӯхтан ва обод кардани Ватан ҳидоят намоем бо ифротгароӣ муборизаи беамон барем ва муҳимтар аз ҳама дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид бошем ва дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлатро бо тамоми ҳастиамоон амалӣ намоем!
Мо бояд ҳамеша дар хотир дорем, ки сулҳу ваҳдат омили асосии пешрафти кишвар аст, ваҳдати миллӣ ин ҳамбастагии тамоми халқ аст ва ҳифзи сулҳу ваҳдат вазифаи ҳар як шаҳрванд аст.
Сулҳу ваҳдати миллӣ гаронбаҳотарин дастоварди мо дар замони Истиқлол аст. Ин разиш барои ҳар як шаҳрванд бояд ҳамчуцн гавҳараки чашм азиз бошад. Танҳо дар фазои иттиҳод мо метавонем нақшаҳои бузурги созандагиро амалӣ намуда, Тоҷикистонро ба як кишвари пешрафта ва муқтадир табдил диҳем.
Ҳифзи ваҳдат ин ҳифзи хонадон, ҳифзи ояндаи фарзандон ва ҳифзи номи неки миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ аст!
Дар дунё чандин миллатҳое арзи вуҷуд доранд, ки шумораашон миллионҳо буда, дар орзуи давлату давлатдорӣ мебошанд, барои расидан ба ин омол азму талош мекунанд, ҳазорон нафарашон фидо шудаанд, аммо ватану давлат надоранд. Аз ин рў, мо бояд шукр кунем, ки Худованд ба мо чунин ватани азизу маҳбуб, ободу зебо ато намудааст, ки биҳишти рўи замин мебошад. Бояд ба қадри Пешвои миллат, ватану давлати худ бирасем ва ҳама чун як тан дар ободонии он заҳмат кашем!
Ваҳобзода Абдураҳмон,
муовини директори Маркази исломшиносӣ