Забон ва маънавиёт шаҳсутуни ҳастии миллатанд
«Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад».
Эмомалӣ Раҳмон
Боиси ифтихор аст, ки барои ташаккули худшиносиву худогоҳии миллии насли наврас шароити зарурии иҷтимоӣ фароҳам оварда шудааст. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро ҳамчун неруи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф кардаанд ва бе иштироки фаъолонаи чунин неруи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатро тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба хотири таъмини шароити донишомӯзии наврасону ҷавонон ба таъмиру таҷдиди мактабҳо, сохтмони муассисаҳои таълимии наву замонавӣ, сифати чопи китобҳои дарсӣ ва дастрасии онҳо, компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ аҳаммияти зарурӣ медиҳанд.
Ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ 30-юми августи соли 2025 Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд: «Миллате, ки босавод, дорои маорифи босифат ва кадрҳои баландихтисос аст, метавонад дар арсаи ҷаҳонӣ соҳибмақом бошад.
Аз ин рӯ, дар давоми беш аз сӣ соли соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди мушкилоти зиёд, дар радифи соҳаҳои дигар соҳаи маориф низ рушд ёфт ва ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Муҳимтар аз ҳама, дар ин давра насли наве, ки муҳаббат ба Ватан, арҷгузорӣ ба ҳувияти миллӣ ва таваҷҷуҳ ба илму маърифат дар меҳвари шахсияташ қарор дорад, ба миён омад».
Халқи тоҷик дар тӯли таърихи худ ҳазорон шоирону нависандагони ҷаҳоншумул ба воя расонидааст. Бо таъкиди гузаштагони некномамон халқи тоҷик ба китоб ва сухани китобӣ бовар дошт, ҳама зиндагиашро аз рӯйи китоб тартиб медод, шинохти моҳияти худ, шинохти мавқеи худ дар дунё, ҷаҳонбинии ӯ бо ёрии китоб сурат мегирифт.
Сарвари давлат низ китобро маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа ҳисобидааст, ки қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад.
Вобаста ба ин, олимону донишмандонро ба он даъват менамояд, ки зарур аст ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ аз огаҳӣ доштан аз таърихи гузаштаи халқ ва ошноӣ бо корномаи фарзандоне, ки дар роҳи расидан ба озодиву истиқлол ва таҳкиму пойдории давлатдории миллӣ талош кардаанд, сарчашма мегирад.
Ҳамин аст, ки бо дастури Сарвари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд.
Бо фармудаи Пешвои муаззами миллат мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд.
Ҳадафи асосии Сарвари давлат аз ин тадбирҳо ошноӣ пайдо кардан ба гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва сатҳи маърифати илмии мардум аст, то ки насли ҷавон ба моҳияту маънои таъриху дину мазҳаб дуруст сарфаҳм раванд.
Инчунин, ёдовар бояд шуд, ки Сарвари давлат ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ диққати махсус дода, аз ҷумла донистани забонҳои русӣ ва англисиро ҳатмӣ мешуморанд.
Ӯ дар китоби худ «Забони миллат – ҳастии миллат» ёдрас намудааст, ки забон падидаи фарҳанги миллӣ буда, ба воситаи он ҳар як шахс ҳувияти хешро мешиносад, ҷаҳонбиниашро васеъ менамояд ва ҳофизаи маънавиашро қавӣ мегардонад. Илова бар ин, забон яке аз унсурҳои тавонбахши таъриху фарҳанг ба шумор рафта, дар он анъана ва суннатҳои халқ ифода меёбад. Маҳз тавассути забон инсон арзишҳои маънавии халқи худро ҳифз менамояд ва ба ин арзишҳо арҷи бештар мегузорад.
Бедордиливу ватанпарварии Сарвари давлат аз пос доштани арзишҳои забони тоҷикӣ низ шаҳодат медиҳад. Дунёи маърифату маънавиятро обод гардондан осон нест.
Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, чунки забон ва маънавиёт шаҳсутуни ҳастии миллатанд ва ҳифзу қадрдонӣ аз ин ду шаҳсутун вазифаи ҳар як фарди солимфикри ҷомеа аст.
Дар паси ин гуфта ҳақиқати бебаҳсе ниҳон аст. Ин ё он забонро он кас хубтар медонад ва андар мағзи ҷони хеш ҷо медиҳад, ки ба анъанаҳои соҳиби он забон аз дилу ҷон арҷ мегузорад. Чунонки мегӯянд, азбар кардани ҳар забони нав одамро боз як бори дигар одам мекунад.
Гузашта аз ин, ҳар фард ҳар боре ки як забони навро ёд бигирад ва агар тавони қиёс кардани забонро дошта бошад, бовар ҳосил мекунад, ки барои чӣ поягузори адабиёти навини олмон Иоганн Волфганг Гёте (1749-1832) бо нияти огоҳии комил ёфтан аз ғазалҳои Ҳофиз муддати ду сол забони форсӣ омӯхтааст.
Андешаи худро бо таъкиди Пешвои муаззами миллат ба итмом мерасонам, ки фармудааст: «Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ мо бояд ба иштибоҳу хатоҳое, ки дар таърихи миллатамон борҳо иттифоқ афтодаанд, роҳ надиҳем, ба ояндаи хеш назари нек дошта бошем, боз ҳам муттаҳид гардем, ба рамзҳои давлатдории миллиамон арҷ гузорем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, барои сулҳу субот талош намоем ва дар пойдориву устувории давлатдории миллии худ саҳми арзанда гузорем».
Вализода Одинашоҳ,
сардори шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва
диншиносии муқоисавии Муассисаи давлатии
«Маркази исломшиносӣ дар назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»