Гузаштаро бояд омӯхт, то ояндаро сохт! (дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ)

“Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем” (Иқтибос аз Паём, 16.12.2025).
Дар тӯли таърихи инсоният, намунаи қонунҳо, эъломияҳо, меъёру барномаҳои ахлоқӣ эҷод шудаанд ва ин раванд вобаста ба талаботи ҷомеа бо фаро гирифтани масъалаҳои нави ҳаётӣ идома дорад. Мазмуну моҳияти онҳо таъмини вазъи иҷтимоест, ки як фард тавонад бо риояи онҳо аз неъматҳои ҳаёти инсонӣ бархӯрдор шавад. Барои бунёди як давлати идеалӣ, дар ҷомеа ғояҳо ва идеологияҳои гуногуни устуравӣ, динӣ, тахаюлӣ, фалсафӣ ва сиёсӣ тарҳрезӣ шуданд. Аммо дар амал, танҳо чанде аз онҳо маънои бунёдӣ доштанд, ба пешрафт ва беҳдошти ҳаётии афрод, ҷомеа ва давлат мувофиқат мекарданд. Албатта, бояд таъкид намуд, ки инсони муосир, аз арзишҳои иҷтимоӣ ва категорияҳои ҳуқуқӣ, меъёрҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, ки ҳазорсолаи пеш эълон шуда буданд, хеле дур рафтааст, зеро пешрафти ҷомеа зарурати таҳавулоти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавиро пеш меорад, ки метавонад ҷанбаҳои мусбат ва манфӣ дошта бошанд.
Чаро баъзе тамаддунҳои пешрафта натавонистанд дар муқобили гардишҳои таърихӣ истодагарӣ кунанд? Зеро бақои тамаддун ба муносибати мардум бо арзишҳои миллӣ, ки худ барандаи онҳо ҳастанд ва вазъи сиёсие, ки дар фароянди таърихӣ ба он рӯ ба рӯ шуданд, вобастагӣ дорад. Масалан, фарҳанги қибтиҳо фарогири тамоми кишварҳои Африқои шимолӣ буд, вале дар натиҷаи чанд бархӯрдҳои таърихӣ аз байн рафт. Чаро?!!! Пас аз забти сарзамини атрофи Нил аз ҷониби юнониҳо ва баъдан забт шудани ҳудуди Миср аз ҷониби арабҳо, ва ба таври иҷборӣ, бо фармони халифа Абдулмалик ибни Марвон, ки “забони арабӣ забони расмии Миср ва манотиқи гирду атрофи он хоҳад шуд”, (1) дар тӯли 400 соли оянда, барои ҷорӣ кардани забони арабӣ ва аз байн бурдани фарҳанги ин мардум дар ҳаёти ҳаррӯза фишори иҷтимоӣ ва динӣ шиддат гирифт, аз манотиқи дигар мардуми бегона вориди шаҳрҳо шуд, мардуми зиёди қибтию юнонизабон ба манотиқи зери ҳокимияти Рум кӯчид, мардум барои пешбурди зиндагӣ ба марказҳои тиҷорӣ ва шаҳрҳо кӯчиданд, ки дар он ҷо бо забони арабӣ муошират мекарданд. Ҳатто элитаи фарҳангӣ барои ишғоли мавқеъ дар маъмурияти давлатдорӣ фарзандони худро забони арабӣ-юнонӣ таълим медоданд (Коттон, Ханна. От эллинизма к исламу: культурные и языковые изменения в римском Ближнем Востоке. Издательство Кембриджского университета, 2012, 426).
Ин боиси он шуд, ки забони қибтӣ аввал ҳамчун забони адабӣ ва сипас ҳамчун забони гуфтугӯ мақоми худро аз даст дод ва дар ниҳоят забон, фарҳанг ва миллат аз байн рафтанд. Гузаштаи ин, тамаддун танҳо дар таърихномаҳо боқӣ мондаасту халос.
Муҳаққиқ ва таърихнигори мисрӣ Аҳмад Амин бо алам ёд мекунад: “Ҳамчун миллат вақте ки мо забони қибтиро аз даст додем, мо воқеан куллан ҳувияти фарҳангӣ ва этникии худро аз даст додем. Имрӯз диаспораҳои бисёри қибтиҳо берун аз Миср зиндагӣ мекунанд, орзӯи пайванд бо Мисри дорои фарҳанги таърихӣ ва миллӣ доранд”. Аҳмад Амин, книга «Словарь египетского фольклора» (Париж 1956. Стр. 178).
Воқеан суханони Пешвои миллат, ки душманон аввал забон, баъд фарҳангатро мебаранд ва дар охир миллат нест мешавад, ишораи дақиқи таърихӣ барои бақои миллат аст.
Кӯшиши эҳёи миллат, дар давраҳои таърихӣ гуногунранг буда, намояндагони гурӯҳи этникӣ, ки нисбатан ташаккулёфта буданд, афкори ҷамъиятиро сохта, раванди сиёсиро бо манфиати ҳамаи гурӯҳҳои дигар тарҳрезӣ мекарданд. Ташаккули арзишҳои умумимиллӣ гурӯҳҳои этникиро муттаҳид мекарданд, вале дар ин раванд нақши ҳама якхела набуд. Новобаста аз ин, гурӯҳҳои гуногуни этникӣ бо назардошти манфиатҳои умумӣ ва арзишҳои ягона ба ҳам пайванд шуда, барои ташаккули миллатҳо замина гузоштанд ва ин таҷрибаи таърихии бунёди миллатҳои гуногун дар ҷаҳон аст. Намунаи ташаккул ёфтани миллати рум аз қавмҳои парокандаи латиниҳо, сабиниҳо, аз гурӯҳҳои этиникии хуася, янди, хуанди, ман, жун. юэ сохтани миллати чин, аз қавмҳои минг, юз, кият, манғит, кипчоқ, найман, уйғур, оғуз ва ғайра сохтани миллати турк, аз қавмҳои мунда, бирманиҳо, скифҳо, кушаниҳо, гуннҳо, дравидиҳо, ҳиндуориёиҳо, кшатриҳо, раджпутҳо сохтани миллати ҳинду нишонгари ин раванди таърихии ташаккули миллатҳоро собит мекунанд. Дар фароянди таърихӣ пайванди ин гурӯҳҳо ифодакунандаи манфиатҳои умуммиллӣ мегардад (Elst K. Ayodhyaand after. Issuesbefore Hindusociety. NewDelhi, 1991.P.V).
Дар ин маврид, назарияи дигар низ вуҷуд дорад. Дар аксар вақт муҳаққиқон ва таърихнигорон равандҳои мураккаби соҳибихтиёрӣ ва ташаккули миллатро ҳамчун омили низоъҳои дохилӣ муаррифӣ мекунанд ва ин ҳолатро бо мафҳуми “ниқобпӯшии миллӣ-этникӣ” ифода мекунанд (Jaffrelot Ch.The idea of Hindu racein the writings of Hindu nationalist ideologues in the 1920 sand 1930s: acon cept between two cultures// Thecon ceptof race in South Asia/Ed.P.Robb. Delhi: OxfordUniv. Press, 1997. P.327–354).
Хулосаи ниҳоии ин гурӯҳ аз он иборат аст, ки дар ҳар давлате, ки гурӯҳҳои этникӣ зиёд бошанд, омили низоъ дар он бештар аст. Аммо таҷриба собит намудааст, ки “гуногунии қавмӣ ва этникӣ худ сабаби низои мусаллаҳона нестанд, балки усули сохтани ҳувияти қавмӣ-этникӣ ё миллӣ, ки хусусияти сиёсӣ касб мекунад ва омили ҷалби қувваҳои бегона дар ин раванд мешаванд, аксар вақт ҷонибҳои низоъро муайян мекунанд” (Grant W.J.Thespace of thenation:anexamination of thes pecial production of Hindu nationalism // Nationalism andethnic politics,2005. Vol.11.P.338–339).
Сиёсикунонии идеяи миллатмеҳварро дар сохтани давлати миллӣ Гитлер дар Олмон таҷриба карда буд, ки заминаи пайдоиши миллатгароии олмонӣ гардид. Зеро чунин модели миллатсозӣ тоқати мавҷудияти миллатҳои дигарро надорад ва роҳи ягонаи сохтани ҷомеаи мутамаддинро дар нест кардани миллатҳои дигар мебинанд.
Низоъҳои муосири хусусияти миллӣ касбкарда, решаҳои таърихии садсола доранд, баъзан аз майдони баҳсҳо берун мешаванд ва бо рӯйи кор омадани ягон ҳодиса бо қувваи нав авҷ мегиранд. Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки сабабҳои низоъҳо реша дар ҳолати кунунии сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии ҷомеаҳо доранд, аммо идеологияи низоъ воқеан метавонад ба хотираи таърихӣ муроҷиат кунад ва онро мувофиқ ба манфиати ин ё он гурӯҳҳои сиёсӣ ташкил кунад. Дар ҳолати аввал, ҳифзи арзишҳо бораи ташаккули ҳувият (забон, фарҳанг ва то андозае дин), ки ҳамчун асли асосии он эътироф шудаанд, қарор медиҳанд. Дар ҳолати дуюм, мубориза таҳти шиори барҳам додани табъиз нисбати миллатҳои дигар, ихтилофи гурӯҳҳои гуногун нисбати ҳамдигар дар дохили як миллат сурат мегирад. Гурӯҳҳои гуногун аз ҷиҳати сиёсӣ, иҷтимоӣ ё дигар хусусиятҳо ҳувияти этникӣ ва қавмиро ҳамчун унсури мустақили иҷтимоӣ қарор дода, дар атрофи онҳо идеяҳои нав зуҳур мекунанд. Чунин таҷрибаи ҳувиятсозӣ дар Қафқоз ва Сурия таҷриба карда шуд. Ҷалби бегонагон аз ҷониби як тарафи низоъ ба ҷуз ҷанги дохилӣ ва харобӣ чизе наовард. Дар сурати набудани низоми устувори танзимкунандаи муносибатҳои дохилӣ чунин муноқишаҳо метавонанд солҳо идома ёбанд. Чуноне, ки ҳувиятсозӣ ва бархӯрди ҳувиятҳои мухталиф дар шакли нав дар кишварҳои Югославия, Қавқоз, Тоҷикистон омили низоъ ба авҷ гирифтан ҷанги дохилӣ гардид.
Имрӯз миллатгароии аврупоӣ кӯшиш мекунад, ки нақши монандро бозӣ кунад, аммо то ҳол он ба таври кофӣ қодир нест, ки бо ин падидаҳои раванди ҷаҳонишавӣ мубориза барад. Ҳамчунин бояд изҳор дошт, ки мафҳуми ҳувияти шаҳрвандӣ дар аксарияти адабиёти илмӣ бо фарогирии қишрҳои гуногуни ҷомеа тавсиф мешавад, дар ҳоле ки этно-миллатгароӣ баръакс истисноӣ будани ҳувиятисозиро нишон медиҳад. Чунин низоъсозӣ хоси давраи ҷаҳонишавӣ мебошад.
Идома дорад…
Маҳрамбеков М.А
Котиби илмии Марказ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх