ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗ ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2026

9 январи соли 2026 ҷаласаи ҷамъбастии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026” таҳти раёсати директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим Ғафор баргузор гардид.

Дар ҷаласа сармутахассиси шуъбаи дин, танзими ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Додарзода Илҳом, муовинон ва кормандони Марказ иштирок доштанд.

Нахуст маърӯзаи котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Марамбеков М. А., доир ба натиҷаҳои фаъолияти Марказ дар соли 2025 шунида шуд.

Зикр гардид, ки дар соли 2025, 124 адад семинару конференсияҳо, 321 мақолаҳои илмию омавӣ, 101 баромад дар телевизион ва радио, 187 адад мулоқоту вохӯриҳо, 7 монография, 2 маҷмуаи мақолаҳо ва 1 китобча аз ҷониби кормандони Марказ таҳия ва нашр гардида, Марказ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Аз ҷониби маърӯзакунанда мушкилот ва пешниҳодҳо оид ба тақвияти корҳо дар самтҳои фаъолияти марказ зикр шуда, дар муҳокимаи масъалаҳо сардорони шуъбаву бахшҳо иштирок намуда, ба пурсишҳои раиси маҷлис посух доданд.

Сармутахассиси шуъбаи дин, танзими ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Додарзода Илҳом ҳисоботи Марказ дар соли 2025-ро қаноатбахш ҳисобида, барои кормандони Марказ барору комёбӣ таманно намуд.

Дар фарҷом, аз ҷониби директор Холиқзода Абдураҳим ба як қатор кормандони Марказ дар ҷамъбасти сол Сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нақшаҳо дар соли 2026 ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ба кормандони Марказ супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Инчунин, вазифаҳо барои соли 2026 муайян гардида, қарори дахлдор доир ба масъалаи баррасишуда қабул гардид.

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх