Риояи одобу русуми неки миллӣ – вазифаи ҷонии ҳар як сокини мамлакат (дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ)

«Расму ойинҳоро дар сурате ба як низоми муайян оварда метавонем, ки аслро аз бадал фарқ намоем ва ба арзишу моҳияти воқеии онҳо дуруст сарфаҳм равем».
Эмомалӣ Раҳмон
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар асоси моддаи 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури мардуми кишвар гардид, ки давоми мантиқии паёмҳои пешини Сарвари давлат ба мақоми олии қонунбарор ва тамоми шаҳрвандони кишвар мебошад.
Тавре мушоҳида мешавад, танзими ҷашну маросим ва бо ин роҳ беҳбуд бахшидан ба зиндагиву рӯзгори мардуми кишвар ҳамоно аз мавзуҳое, ки пайваста дар Паём ба он ишора мешавад, боқӣ мемонад.
Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риояи талаботи он ҳангоми гузаронидани ҷашну маросим дар паёмҳои Сарвари давлат зиёда аз ҳашт маротиба таъкид гардидааст, ки худ далели гуфтаҳои болост. Аз ҷумла, дар Паёми соли 2002 (22-юми апрел) чунин дарҷ гардида буд:«Аз нашри фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (9-уми июли соли 1999) дар бораи танзими ҷашну маъракаҳои мардумӣ қариб се сол мегузарад. Вале то ҳанӯз вазъи татбиқи фармон ва чорабиниҳои дар асоси он таҳияшуда ғайриқаноатбахш аст. Шахсоне, ки маъракаҳои пурдабдаба ва серхароҷот барпо мекунанд, чаро наметавонанд ба мактабҳо кӯмак кунанд ва барои рушди зеҳнии фарзандони худ дар мактабҳо синфҳои компютерӣ ташкил намоянд? Чунин шахсон бояд хуб донанд, ки фарзандони мо аз олам бехабар ва аз пешрафти ҷомеаи башарӣ монда истодаанд».
Президенти мамлакат дар Паёми соли 2016 хотиррасон карданд: «Мову шумо ба хотири боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардумамон бояд дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ сарфаю сариштакор бошем, зиёдаравӣ накунем ва фарзандонамонро дар ҳамин руҳия тарбия намоем».
Дар Паёми соли 2016 ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки «Омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монад».
Пешвои миллат 26-уми декабри соли 2018 аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал оварданд, ки «Дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагонии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати қадимаи мост, риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд».
Роҳбари давлат бо назардошти вазъи ҷаҳони муосир 26-уми декабри соли 2019 сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни мамлакатро уҳдадор намуданд, ки «Дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд».
Инчунин, 28-уми декабри соли 2023 бори дигар аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал оварданд: «Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд».
Президенти муҳтарами мамлакат дар Паёми навбатӣ, 28-уми декабри соли 2024, хотиррасон намуданд, ки «Соли ҷорӣ ман бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар (9-уми марти соли 2024) мулоқоти махсус доир карда, вобаста ба масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа муфассал ва кушоду равшан ибрози назар намудам. Дар мулоқоти зикршуда бори дигар андешаҳои худро оид ба мазмуну моҳият ва зарурату манфиати қабули қонунҳои миллӣ – «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» муфассал баён кардам.
Пешвои муаззами миллат 16-уми декабри соли 2025 низ эҳтироми худро нисбати бонувону занон ва модарону духтарон изҳор намуда, ёдовар шуданд, ки бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд.
Ҳақ ба ҷониби Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармудаанд: «Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад».
Бинобар ин, вазифаи ҷонии ҳар як сокини бонангу номуси мамлакат аст, ки ба қадри истиқлолияти давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ расад, риояи одобу русуми неки миллӣ ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳои миллиро дар амал татбиқ намоем.
Додарзода Илхом
сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими
Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх