ФИҚҲИ ҲАНАФӢ ВА ТАТБИҚИ АРЗИШҲОИ УМУМИБАШАРӢ ДАР ҶОМЕАИ МУСУЛМОНӢ

Аҳаммияти таҳқиқи мавзуи мазкур дар он зоҳир мегардад, ки то имрӯз мазмун ва моҳияти башардӯстонаи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ, бахусус назарияи ҳуқуқии таҳаммулгарои он, ки аксарияти шаҳрвандони кишвари мо ва зиёда аз нисфи мусулмонони ҷаҳон ба он пайравӣ мекунанд, ба таври кофӣ мавриди таҳқиқу таҳлили амиқи илмӣ қарор нагирифтааст. Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳуқуқи исломӣ дар давоми беш аз сездаҳ аср ҳамчун як низоми мустақил ва мукаммали ҳуқуқӣ ба таври пайваста фаъолият намуда, имрӯз низ дар қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқии аксари кишварҳои мусулмонӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунад.
Мутаассифона, дар адабиёти илмии марбут ба таърихи ҳуқуқ бисёр паҳлуҳои вобаста ба таърих, моҳият ва мундариҷаи фиқҳи исломӣ, бахусус низоми ҳуқуқии мазҳаби ҳанафӣ, то ҳол аз мадди назари муаррихон ва муҳаққиқони таърих ва назарияи ҳуқуқ берун мондаанд. Гузориши мазкур бо ҳадафи равшан сохтани бархе аз ҳамин гуна ҷанбаҳои камомӯхташудаи масъала таҳия гардида, дар он ба таври мухтасар таърихи ташаккули фиқҳи исломӣ, нақши фақеҳони ҳанафӣ дар густариши арзишҳои умумибашарӣ, хусусан дар миёни тоҷикон ва дигар халқҳои маскуни минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Дар шароити муосир, ҳамзамон бо густариши равандҳои ҷаҳонишавӣ, аз як ҷониб, ва таҳкими муколамаи байни фарҳангҳо, динҳо ва мазоҳиб, аз ҷониби дигар, хатари бархӯрд ва ихтилоф миёни онҳо низ тадриҷан афзоиш меёбад. Ин вазъият аз муҳаққиқони соҳаи таърихи ҳуқуқ ва ҳуқуқи исломӣ тақозо мекунад, ки ба масъалаи таҳқиқ ва ошкор намудани воситаҳои ҳуқуқии имконпазири ҳамзистии мусолиматомези пайравони динҳо ва мазоҳиби гуногун таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Барои рафъи ин мушкилот, на танҳо таҳқиқи фарогир ва умумии ҳуқуқи исломӣ, балки омӯзиши амиқи низом ва таълимоти ҳуқуқии ҳар як мазҳаб ё ҷараёни алоҳидаи исломӣ низ аҳаммияти хоса дорад. Чунин таҳқиқот метавонад ҳамчун омили муҳими таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳ миёни фарҳангҳо, динҳо ва мазоҳиби мухталиф хизмат намояд. Аз ҷониби дигар, анҷом додани чунин пажӯҳишҳо ба пешгирии низоъҳо миёни пайравони динҳо ва мазоҳиби гуногун вобаста ба масоили ҳуқуқӣ мусоидат намуда, дар ташаккули руҳияи таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми мутақобил нақши муассир хоҳад бозид.
Таъкид кардан зарур аст, ки дар ҷомеаҳои мусулмонӣ равандҳои иҷтимоию сиёсӣ дар тамоми давраҳои таърихӣ бо низоъҳои шадиди ғоявию динӣ миёни пайравони мазҳабҳо ва фирқаҳои гуногун ҳамроҳ будаанд. Дар байни намояндагони ҷараёнҳо ва мазҳабҳои мухталифи исломӣ оид ба масоили динӣ, фиқҳӣ, сиёсӣ ва иҷтимоию ахлоқӣ ихтилофҳои ҷиддии назар вуҷуд доштааст. Дар чунин шароит, ҳанафия яке аз он мазҳабҳои фиқҳӣ маҳсуб меёбад, ки дар доираи аҳли суннат ва ҷамоат ташаккул ёфта, дар тӯли таърих ҳамчун мазҳаби воқеан таҳаммулпазир, адолатпарвар ва ваҳдатгаро баромад карда, тавонистааст халқҳо ва миллатҳои гуногунро дар асоси арзишҳои муштарак муттаҳид созад. Бо таваҷҷуҳ ба омилҳои ғоявии пайдоиш ва ташаккули ин мазҳаб, метавон таъкид намуд, ки аз ибтидои фаъолияти он дар дохили ҳанафия анъанаи устувори ақлгароӣ, тафаккури интиқодӣ ва тамоюл ба таҷдиди дониш ва эътиқодоти динӣ-ҳуқуқӣ шакл гирифтааст.
Мутафаккирон, фақеҳон ва мутакаллимони пайрави ин мазҳаб ҳангоми баррасӣ ва шарҳи масоили динӣ, фиқҳӣ, сиёсӣ ва иҷтимоию ахлоқӣ на танҳо ба таълимоти Қуръон ва ҳадис такя менамуданд, балки онҳоро бо дарназардошти шароити мушаххаси давру замон тафсир ва татбиқ мекарданд. Ба ибораи дигар, барои мазҳаби фиқҳии ҳанафӣ қобилияти мутобиқшавии фаъолона ба воқеиятҳои ҷаҳоне, ки пайваста дар ҳоли тағйир ва такомул қарор дорад, хос мебошад.
Мазҳаби ҳанафӣ ҳамчун яке аз мазҳабҳои асосии исломӣ ва бо такя ба таълимоти фалсафӣ ва илоҳиётшиносии худ, на танҳо маҷмуи назария ва амалияи гуногуни динӣ, балки низоми мукаммали принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқию ахлоқиро низ фаро мегирад. Ғояҳои бунёдӣ ва ҷавҳарии ин мазҳаб ба тамоми соҳаҳои фаъолияти пайравонаш ва муносибатҳои ҳуқуқии онҳо таъсири амиқ расонида, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, маънавиёт, афкору аъмол ва тарзи зиндагии онҳо нақши муҳим мебозанд. Қобили зикр аст, ки аксари сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон пайрави ҳамин мазҳаби таҳаммулгаро мебошанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравони мазҳаби ҳанафӣ дар шароити давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, дар паҳлуи пайравони мазҳаби исмоилия ва дигар ақаллиятҳои этникию динӣ, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоишта умр ба сар мебаранд. Муносибатҳои таърихӣ миёни пайравони динҳо ва мазҳабҳои гуногун дар кишвар, хусусан байни пайравони мазҳабҳои ҳанафӣ ва исмоилия, инчунин муносибати мусулмонон бо пайравони масеҳият, яҳудият, буддоият ва дигар ақаллиятҳои динӣ, бар пояи эҳтироми мутақобили арзишҳои динӣ шакл гирифта, намунаи равшани ҳамзистии мусолиматомези ҷараёнҳои гуногуни динию этникӣ маҳсуб меёбанд.
Зарурати баррасии ин масъалаҳо, пеш аз ҳама, ниёз ба ошкор намудани қонунмандиҳо ва хусусиятҳои раванди ташаккул ва рушди мактаби фиқҳи ҳанафӣ дар раванди ҳаллу фасли масоили гуногуни динию ҳуқуқӣ вобаста аст.
Ҳамзамон, дар илми муосири таърихи ҳуқуқ як қатор масъалаҳои мубрам оид ба мутобиқати фиқҳи исломӣ ва усулҳои он бо арзишҳои умумибашарӣ, талаботи замони муосир, инчунин ҳуқуқу озодиҳои асосии ҷомеаи имрӯзаи мусулмонон матраҳ мегарданд. Ин омилҳо зарурати таҳқиқи ҳамаҷониба ва пайгиронаи мавзуи мазкурро боз ҳам тақвият мебахшанд. Дар ин замина, барои дарёфти посух ба саволҳои мавҷуда, омӯзиши нақш ва мақоми фиқҳи исломӣ дар қонунгузории таърихӣ ва муосири кишварҳои мусулмонӣ аҳаммияти хос дорад.
Дар ин замина, таҳқиқи принсипҳо ва меъёрҳои фиқҳии мазҳаби ҳанафӣ аҳаммияти хос касб менамояд, зеро ин мактаби ҳуқуқӣ дар тӯли асрҳо дар раванди ҳалли масоили сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию маишии қавму миллатҳои гуногуни мусулмон, аз ҷумла тоҷикон ва дигар халқҳои муқими Осиёи Миёна, нақши барҷаста ва муассир бозидааст. Аз ин рӯ, омӯзиши фиқҳи ҳанафӣ ва ба таври умум, фиқҳи исломӣ бо дарназардошти таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи муосир ба низоми ҳуқуқи исломӣ, барои рушди назарияи муосири диншиносӣ ва исломшиносӣ аҳаммияти илмӣ дошта, метавонад онро бо ғояҳо, бардоштҳо ва равишҳои нави таҳқиқотӣ ғанӣ гардонад.
Омӯзиши илмии таърих ва назарияи фиқҳи исломӣ, аз ҷумла фиқҳи ҳанафӣ, барои таҳлили мафҳумҳо ва усулҳои асосии он, роҳҳои таълифу танзим ва татбиқи амалӣ дар қонунгузории кишварҳои мусулмонӣ ва масоили илмӣ ва амалии марбут ба мавзуъ аҳаммияти зиёд дорад.
Чанд масъалаи асосӣ, аз ҷумла мафҳуми принсипҳои ҳуқуқӣ, таснифи намудҳои принсипҳо ва таносуби онҳо, раванди таърихии таълифу танзими принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи исломӣ, манобеи ҳуқуқи исломӣ ва принсипҳои ҳуқуқи исломӣ, то як сатҳи муайян аз ҷониби олимону муҳаққиқони ватанию хориҷӣ таҳқиқ ва баррасӣ шудаанд. Аз ҷумлаи ин таҳқиқотҳо метавон ба асарҳои олимону муҳаққиқони тоҷик – Ф. Тоҳиров, А. Холиқзода, И. Бӯриев, М. Ҳайдарова, Д. Обидов ва дигарон ишора намуд. Ин олимон саҳми назаррас дар омӯзиши таърихи ҳуқуқи исломӣ ва таҳлили нақши фиқҳ дар танзими ҳаёти иҷтимоӣ ва қонунгузории кишварҳои мусулмонӣ доштаанд.
Таъкид кардан зарур аст, ки мазмун ва моҳияти илми фиқҳ ва усулҳои фиқҳи исломӣ, хусусан мафҳум ва қоидаҳои фиқҳи ҳанафӣ, ки дар тӯли садсолаҳо муносибатҳои иҷтимоӣ ва ҳаёти ҷамъиятии тоҷикону дигар халқҳои пайрави ин мазҳабро идора кардаанд ва нақши онҳо дар қонунгузории кишварҳои мусулмонӣ то андозае аз назари олимон то ҳол пурра баррасӣ нашудааст. Бидуни таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин масъалаҳо шинохти комили мазмун ва аҳаммияти фиқҳи исломӣ ва муайян намудани нақши он дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии гузашта ва имрӯзаи мусулмонон ғайриимкон аст. Албатта, баррасии ҳамаҷонибаи ин масъалаҳо дар доираи як мақолаи хурд ғайривоқеӣ аст. Аз ин рӯ, мо маҳдуд ба зикри мухтасари таърихи пайдоиши фиқҳи ҳанафӣ ва нақши он дар густариши арзишҳои умумибашарӣ дар ҷаҳони ислом иктифо мекунем.
Мазҳаби ҳанафӣ аз нуқтаи назари таърихӣ ба ҳайси яке аз аввалин мазҳабҳои исломӣ шинохта мешавад ва аз ҷиҳати густариши ҷуғрофӣ ва теъдоди пайравон яке аз бонуфузтарин мазҳаб маҳсуб мегардад. Имрӯз пайравони мазҳаби ҳанафӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Россия, Ироқ, қисмате аз Эрон, Афғонистон, Ҳинд, Покистон, Бангладеш, Индонезия, Туркия, кишварҳои Балкан ва дигар минтақаҳои ҷаҳон бештарӣ доранд.
Аз ибтидои зуҳури худ дар минтақаҳои Мовароуннаҳру Хуросон, мазҳаби ҳанафӣ нуфузи зиёд касб намудааст. Ин ҳолат беасос нест, зеро дар маҷлисҳои илмӣ ва эътиқодӣ таҳти роҳбарии нобиғаи аср, Имоми Аъзам – Абуҳанифа (р) нафарони зиёде аз Самарқанд, Бухоро, Балх ва шаҳрҳои дигари минтақа иштирок мекарданд. Сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки аз миёни шогирдони Имоми Аъзам – Абуҳанифа 18 нафар аз Балх, 16 нафар аз Марв, 9 нафар аз Самарқанду Бухоро, 6 нафар аз Ҳирот, 4 нафар аз Нисо, 3 нафар аз Тирмиз ва дигарон сазовори мансаби қозӣ гардидаанд. Абуюсуф, яке аз шогирдони Имом Абуҳанифа, аввалин шахсест, ки дар хилофати Аббосиён ба мансаби қозиюлқуззот таъин шуд ва тавассути талошҳои вай дидгоҳҳои фиқҳи ҳанафӣ дар маҳкамаҳо ва коргузории расмӣ-давлатӣ татбиқ гардиданд.
Идома дорад…
Наҷотзода М.
н.и.ф., сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх