«Миллат ва халқияте, ки таърихи худро намеомўзад,
аз он сабақ намегирад, парандаи нобиноеро мемонад, ки
аз ошёни худ парвоз кардааст; касе гуфта наметавонад,
ки фурудгоҳи ў куҷост: болои об, шўълаи оташ ва ё дарахти сарсабз»
Муқаддимаи мавзуъ. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ дар қатори дигар вазифаҳои муҳимму рўзмарраи иқтисодиву иҷтимоӣ тайи чанд соли охир ба масъалаҳои муносибати дуруст намудан ба таърих, таҳкими худшиносии сиёсӣ, миллӣ ва ҳуқуқии халқи Тоҷикистон пайваста таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд.
Дар Паёми соли 2025 низ масъалаи мазкур ҳадафмандона, ҳам дар самти тавсеаи ёдгориҳои таърихии миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳам миллӣ масъалагузорӣ гашт. Бо ташаббусу дастуроти бевоситаи Президенти мамлакат, ки аксарашон дар паёмҳои солҳои қаблӣ садо дод, то ба имрўз ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим ворид шуда, қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 ва «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) ва даҳҳо дигар ёдгориҳои таърихии миллати мо дар сатҳи ҷаҳонӣ қабул шуданд.
Дар паёми имсола Пешвои миллат таъкид намуданд, ки: “мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддиву ғайримоддии миллати худ муаррифии шоистаи онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем. Аз ҷумла бо дарназардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешанд”.
Тандеми бознигарӣ ва эҳёи хотираи таърихӣ ҳамоҳанг бо омўзиш ва таҳлили мантиқии таърихи воқеии халқ дар дигар самту ҷанбаъҳои фаъолгардонии тафаккури миллат низ пайваста идома дорад. Иқдомҳои дигари Пешвои миллат ҷиҳати нашр ва дастрас намудани ду шоҳасари безаволи таърихии миллат – яке «Тоҷикон» – и Бобоҷон Ғафуров ва дигаре «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ бо теъдоди беш аз 3 миллиону 200 ҳазор нусха ва тақсими онҳо ба ҳар оилаи Тоҷикистон, инчунин даҳҳо ташаббусҳои дигари эҳёнамоии хотираи таърихӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ҳамагӣ ба устувории сипари маънавии соҳибихтиёрии миллии давлат равона шудаанд.
Мубрамияти мавзуи баррасишаванда. Саволе, масъалае, ки фаҳму тавсеаи аниқи худро дар сатҳи тафаккури оммаи мардум ва зиёиёни муҳтарами миллат бояд пайдо намояд, ин аст, ки чаро Пешвои миллат дар қатори дигар аз рисолатҳои давлатсозӣ маҳз ба масъалаи ҷанбаи таърихӣ, таърихомўзӣ ва бознигарии хотираи таърихӣ ҳамчун рисолати азими давлатдорӣ дар шароити муосир бештар таваҷҷуҳ менамояд. Дар ин ҷо чанд масъалаи ҷиддии ҳалталаби илмӣ ва мафкуравӣ пешорўи мо истодааст.
Аз зумраи масоили муҳимми илмӣ, ин нахуст коркарди консепсияи муайяни илмии муносибати мувозана бо хотироти таърихӣ ва методологияи илмии муносибат ба таърих дар сатҳи улуми академӣ ва муассисаҳои илмӣ шарт ва зарур аст. Сониян, дар баробари фаҳму дарки дурусти муносибат ба хотираи таърихӣ дар паҳнои манфиатҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ роҳҳо ва механизмҳои мувофиқи ҳамоҳангсози онро дар сатҳи тафаккури мардум ҷойгир намудан ногузир аст. Яъне бо ин мақсад дуруст ва ҳадафмандона роҳандозӣ кардани сиёсати мафкуравии ҷомеа ва таълими дурусту мақсадноки ҳақиқати таърихӣ дар низоми таҳсилоти ҳамагонӣ.
Дар назари аввал бояд дар сатҳи тафаккури миллат фаҳм шавад, ки таваҷҷуҳ ба таърих, ба эҳёи хотираи таърихӣ ва арҷгузории сатҳи миллию байналмилалии дастовардҳои ниёгон ин танҳо масъалаи зинда ва барқарор кардани хотираи таърихии миллат барои бузургманишию барқарории ҳақиқати таърихӣ ба танҳоӣ набуда ва ҳадафи он бартарият додани як қишри тамаддуни миллат ба қисмати дигари он низ нест. Ҳарчанд, ки масоили мазкур низ дар шароитҳои муайяни таърихӣ, зери фишори таҳдидҳои мухталифи мафкуравӣ аз аҳамият дар умум холӣ нестанд.
Муҳимтар аз ин ҳама, вазифаи маърифатии омўзишу ҳифзи хотираи таърихӣ ин шинос кардани халқ бо таърихаш, бо урфу одатҳояш, анъанаи нек ва дастоварду музаффариятҳояш аст, ки дар сатҳи тафаккури омма ҳувияти худшиносиро ташаккул дода, ба такмили масъулияту рисолати давлатсозии халқ мусоидат менамояд; мақсади функсионалиаш шароити илмӣ фароҳам овардан ҷиҳати сабақ бардоштан аз дастоварду таназзулҳои рўзгори гузаштаи миллат, дарку ҳазм кардани омилҳои рушду шикасти халқ дар шоҳроҳи давлатдорӣ, таҳлили сарчашмаҳои рушду манбаъҳои бемориҳои фарҳангӣ ба хотири истифодаи дурусти таҷрибаи таърихист; ва ниҳоят таъиноти ташкилии он соҳибӣ кардани фарҳанги моддӣ ва маънавии ниёгон аст, ки дар заминаи он миллати сиёсӣ унсурҳои шинохти маънавӣ ва модиашро пурра карда, барои худ сипари маънавии ҳифзи манфиатҳои соҳибихтиёрии миллатро таъмин мекунад.
Ҳувият ва худшиносии миллӣ гарави соҳибихтиёрии миллӣ ва давлатӣ. Бе соҳибихтиёрии миллӣ соҳибихтиёрии давлатии халқ номумкин аст. Яъне бе дарки худшиносии миллӣ, ваҳдати миллӣ ва тамаркузи халқ атрофи арзишҳои умдавӣ, ҳокимияти халқӣ ва истиқлолияти давлатӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ худро ҳифз карда наметавонад. Лағзиши равшани он ин дар муборизаҳои сиёсии ташкили қудрати сиёсӣ ва шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ҳамчун унсури муҳимми сиёсии соҳибихтиёрии давлатӣ, нодурст рў овардани неруҳои сиёсӣ ба арзишҳои ғайримиллӣ ва ғайрианъанавист, ки ба парокандагию шикасти ваҳдат ва якпорчагии давлат мусоидат мекунад. Намунаи манфии онро мо дар раванди ба сиёсат кашидани эътиқод, имкониятҳои молӣ, сарват ва дигар арзишҳои фарҳангию моддӣ ё нодуруст берун аз одоби сиёсат ширкат варзидани баъзе аз номзадҳо дар рақобатҳои сиёсии сатҳи давлатҳои демократии рў ба рушд ва ҳатто тараққикарда мушоҳида менамоем. Ин ҳолат, на танҳо ба сари қудратҳои олам шахсони тасодуфиро дар низомҳои демократӣ меорад, инчунин соҳибихтиёрии халқиро низ осебпазиру соҳибихтиёрии давлатиро дар умум ба номуназзамӣ мекашад.
Воқеияти сиёсӣ ва табиати низоми ҳуқуқии давлатҳои демократӣ нишон дода истодааст, ки халқу миллатҳое, ки соҳибихтиёрии халқӣ ва соҳибихтиёрии давлатиро дороанд, вале соҳибихтиёрии миллиашон ҳамчун унсури муттаҳидкунандаи ғоявӣ ва мафкуравии дар заминаи анъанаҳои нек ташаккулёфтаи халқ, устувору решабатаърих нест, пояи давлатдориашон чун патакрешаи маънавӣ бо нахустин шамолҳои ғаразноки сиёсӣ аз бехаш канда мешаванд. Дарахти давлатдории миллии демократии мо дар масири таърих бо вуҷуди решаҳои амиқи фарҳангӣ ва эътиқодӣ доштанаш чаҳор маротиба табдилу таҳаввули пайвандҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ, эътиқодӣ ва сиёсӣ-ҳуқуқиро зери фишори вазнини истисмору забткориҳо аз сар гузаронидааст.
Дар мисоли табиӣ организми зиндаи олами ҳастӣ ба чунин теъдоди бурришу васлшавиҳо ба гумон аст, ки ҳувият ва рушди худро комилан ва якмаром дифоъ карда тавонад. Аммо бо вуҷуди истилои юнониёну арабҳо ва ғасби ғоратгаронаи чодарнишинону ҳамроҳшавиҳои иҷборӣ бо тамаддуни аврупоӣ фарҳанги миллию сиёсии мо на танҳо маҳв нашуд, балки ба таври ғайричашмдошт худро бо забони ноби тоҷикӣ ва оинҳои умедбахши зиндагиофарӣ дар масири роҳи тафаккури афзалиятбахш ба неруҳои некӣ бар бадӣ ҳифз кард ва дар сатҳи зарурӣ рушд намуд.
Имрўз хотираи ҳуқуқӣ, коди генетикии муайянкунандаи арзишҳои иҷтимоӣ ва бовару анъаноти халқи тоҷик, берун аз доираи тобеияти мантиқии замону макон, ҷузъи ҳамон равандҳои дуру дарози таърихӣ ва омезишҳои фарҳангию эътиқодӣ аст, ки онҳоро якҷониба тавассути ангезаҳои ғайриақлӣ, таассубӣ ва тундравиҳо ба фоидаи кадом як тамаддун, эътиқод ва ё сиёсати абарқудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ ҳаллу фасл намудан комоли бехирадист. Роҳи ягона ва дуруст муносибати арзишманди оқилона, таҳаммулгароёна бо меросияти арзишҳои созанда бо таърих аст, ки Пешвои муаззами миллат барои мо муаррифӣ намуда, воситаю усулҳои васлшавии онҳоро дар ниҳоди миллати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар доираи манфиатҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон пайваста дар ҳидоятҳою паёмҳояшон масъалагузорӣ карда истодаанд.
Ҳеҷ як миллат, ҳеҷ як халқият дар тамаддунҳои башарӣ бидуни омезишу васлшавиҳои фарҳангӣ, эътиқодӣ ва ҷаҳонбиниҳои дигари ҳувиятсоз то ба имрўз худро ҳифз накардааст ва рушду ташаккул надодааст. Тоҷикон ва тамоми халқҳои олам чунин гуногунию умумиятҳоро бо вижагиҳои хоси худ дороанд. Дар ҷаҳон аз назари мантиқи илмӣ ва ахлоқи башарию адолатнокии боварҳо ҳеҷ як миллат ва ҳеҷ як халқият хилъати хоси интихобшударо бояд ба худ напўшад. Зеро ҳар як миллат ва ҳар як халқият, дар баробари маҳсули заҳмати фикрӣ, мубориза барои ҳаёт, саъю кўшишҳои таърихӣ ва истеъдоду вижагиҳои релятивии худ буданашон, дар маҷмуъ, то ҷое дар натиҷаи ҳамоишу рушди фарҳангу тамаддунҳои инсонӣ ва зери таъсири замону макон шакл гирифтаанд. Маҳз ба ҳамин хотир миллатдўсти асил ҳамин гуногуниҳои миллию фарҳангию эътиқодиро аз назари ахлоқ ва ҳуқуқ бояд арҷгузор бошад. Зеро вай ҳамчун намояндаи миллати муайян табиатан ва таърихан зодаи ҳамин муҳити гуногунфарҳангӣ буда, саодати комили худро дар ҳамоиши ҳамин гуногунӣ дар партави ахлоқ ва ҳуқуқ пайдо менамояд. Чунин майдони ҳамоиши фаҳми таҳаммул, тааммул ва гуногунии фарҳангиро Конститутсия ба мо дар шакли давлати демократӣ, ҳуқуқ бунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ пешниҳод кардааст.
Таърих дар масири худ бани башарро чунин пароканда ва дар васлият рўи замин паҳн намудааст, ки дар онҳо чи аз назари биологӣ, чи антропологӣ ва чи маънавӣ омезишу умумиятҳо ва гуногуниҳо мавҷуд аст. Ин гуногунию умумиятҳо ва ҳам вижагиҳои муайяни миллию этникию сиёсӣ гувоҳ аз табиати умумии иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии халқу миллатҳо аст. Бо вуҷуди ҳама вижагиҳои минтақавию этникиамон мо ҳама фарзандони одамӣ ҳастем ва табиат моро ҳамчун навъи хоси худ муайян кардааст.
Миллату халқияте дар кори давлатдорию ташкили зиндагӣ, мазҳаб ва ё дине дар кори тарбияи маънавӣ танҳо дар сурате метавонанд муваффақ шаванд, ки агар ин умумияти бани башарро дар қаринаи гуфтори Шайх Муслиҳиддини Саъдии Шерозӣ:
Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рўзгор
Дигар узвҳоро намонад қарор.
дуруст фаҳму ҳазм карда тавонанд. Вале афсус, ки имрўз дарки ин ҳолат ва ин дарди умумиятдошта дар қолаби раҳму шафқат танҳо дар заминаи эҳсоси одамӣ дар ҳолатҳои вазнини ҳаётӣ бо қурбониҳои муайяни арзишӣ ягон – ягон аз худ дарак медиҳаду халос. Ҳол он ки зарур аст, ки ин умумияти арзишӣ ва башардўстӣ то сарҳади рўй додани ҳодисаҳои мудҳиш дар зинаи ақлу хиради инсонӣ бояд коркард шавад, пеши роҳи чунин ҳодисаҳои манфии ноодилонаи башариро гирад. Ин корро дар шароити имрўз сиёсати давлатӣ, низоми ҳуқуқӣ, илму маориф, системаи ахлоқии ҳувиятсози иҷтимоӣ дар заминаи тафаккури ҳушёри миллӣ бар уҳда дорад. Рисолати инсони солеҳ ҳам ҳамин аст, ки дар зиндагии ташкилкардааш ва боварҳои доштааш “озори касе набошад”. Яке аз принсипҳои бунёди ҷомеаи адолатноку озоду “биҳиштӣ”, ки мардуми боэътиқод ба хотири он бори бандагиро касб кардаанд, маҳз дар ҳамин тантанаи эҳтироми якдигарӣ ва меҳру муҳаббати инсонӣ нуҳуфта шудааст.
Биҳишт он ҷост, к – озораш набошад,
Касеро бо касе кораш набошад.
Миллатҳои имрўз то ҷое дар умум натиҷаи ҳамин васлшавиҳои иҷборию табиӣ ва ақлию ғайриақлианд, ки донистану фаҳми онҳо ба шинохту эҳтироми якдигарӣ мусоидат хоҳад кард. Динҳои ҷаҳонӣ низ ҳамчун шакли ҷаҳонбинӣ шаҳодати гуфтаҳои болост. Бинобар он, фаҳми тезиси машҳури идеологияи коммунистӣ, ки “ҳеҷ як тамаддун дар ҷойи холӣ пайдо нашудааст” дар шароити муосири шиддат гирифтани муқовимати манфиатҳо аз ҳарвақта дида зарурати фаҳму дарки худро ҷиҳати наздикии халқу миллатҳо бештар пайдо намудааст.
Қутбҳои методологии таъсиргузории муносибати дуруст ба таърих. Аз ин назар, методологияи муносибати Президенти мамлакат ба гуногунии тамаддунҳои таърихии миллати мо ин ки кӯчиш аз як маҷро ба маҷрои дигари тафаккур ва ҷаҳонбинии дигар набуда, афзалият бахшидан ба як шакли ҷаҳонбинӣ ба ҷаҳонбинии дигари ахлоқӣ ва ё эътиқодӣ набуда, аз як ҷониб арҷгузорӣ ба воқеияти таърихӣ ва аз ҷониби дигар шинохти ҳамин гуногунӣ ва муносибати таҳаммулгароёнаю хирадмандона бо онҳост. Чунки мо тоҷикон дар умум давоми ҳамин гуногунрангиҳои фарҳангию иҷтимоӣ ҳастем. Тафккури таърихии миллат дар ҳамин гуногунрангиҳо рушду нумуъ кардааст. Ин гуногунрангии тамаддунӣ инъикоси гуногунии роҳҳо ва умумияти бебаҳси инсон ҳамчун арзиши ҳуқуқӣ аст. Моро аз ин умумиятҳо ҷудо намуда ба як маҷро, таҳти тобеияти як ҷаҳонбинӣ ва як қишри фарҳанги таърихӣ кашидан муқобил гузоштани мо бо воқеияти маънавӣ ва таърихии мост, ки аз сари нав моро ба домони “терроризми ахлоқии кантӣ”, мисли дигар кишварҳои ҳамсоя мепартояд.
Дигар ин ки чунин равиши тангу таассубгарои муносибат ба таърих миллатро на танҳо аз сарчашмаҳои ғании маънавӣ ва гуногунрангии ахлоқию ҳуқуқияш маҳрум месозад, инчунин тафаккури миллатро ба шахшавӣ, тундравӣ ва таҳаммулнопазирӣ тобиш дода, ба қавли Ф. Нитсше “таърихро ба қабристони насли имрўза табдил медиҳад”. Ҳамин тавр консепсияи эҳёи арзишҳои қабатҳои фарҳанги таърихии халқ, ки Пешвои муаззами миллат роҳандозӣ кардаанд, на танҳо ба ҳақиқати таърихи рўшноӣ меафканад, балки ба ташаккули насли таҳаммулгарою созанда, ки ба шароитҳои наву талаботҳои ҷадиди олам, ки ба манфиатҳои бунёдии он созгоранд, мулоиму ҳамовоз шуда метавонад. Яъне, яке аз ҳадафҳои марказии методологияи муносибати Пешво бо таърих – ин ислоҳи вазъи тафаккури миллат маҳсуб мегардад, ки бо ҷурми маҳдудиятҳо ва фишорҳои таърихӣ хосияти таассубӣ ва иртиҷоиро касб кардааст. Инро аҳли зиё ва мардуми кишвар бояд хуб фаҳм намоянд.
Ҳамзамон, ин навъ методогияи муносибат бо таърих, ки Пешвои миллат хирадмандона дар сатҳи ватанӣ ва байналмилалӣ масъалагузорӣ кардаанд, оқилона таърихро ба манфиат истифода бурда тавонистан, мушкилу шикастҳои таърихиро ҳамчун сабақ аз худ кардан, мушкилу омезишҳои ноҷои онро аз доираи иллатҳо берун бароварда ба имкону музаффариятҳои нав табдил додан аст. Ҳикмати таърихии ин навъи муносибат бо гузашта, аз мушкилиҳои хотиравӣ имконҳои нав пайдо кардан аст. Аз гуногуниҳои фарҳангӣ миллати нави муосири гуногунфаҳм ва арҷгузоранда ба гуногунии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии халқу миллатҳоро дар руҳияи фаҳми стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон тарбият кардан аст.
Ҷойи баҳс нест ва воқеияти охири асри гузашта низ нишон дод, ки теъдоди муайяни шаҳрвандони мо таҳти таъсири мағзшўиҳои муосир, зиёд аз масъалаҳои арзишшиносӣ, инсондўстӣ ва гуногунрангии тамаддуниро ба таассубу хурофот ва тундравии беҷои аз чодарнишинон замоне ба меросгирифтаашон ба осонӣ иваз намудаанд. Маҳз ба ҳамин хотир, тарбияи инсони нави миллатдўсту инсоншинос, ки аз ҳикмати “бани одам аъзои якдигаранд” (Саъдӣ) огоҳ аст, барои давлати нави миллии демократӣ шарт ва зарур аст. Мутаассифона, ҳамин арзиши олӣ ба мутаассибону ифротиёни тундрав намерасад. Инсони муваффақи оянда бояд таҳаммулгаро, фаҳмкунандаи гуногунии фарҳангӣ, ҳимоятгару арҷгузоранда ба ҳуқуқу озодиҳои инсон буда, эҳтиромгузоранда ба расму оин, забону фарҳанги дигарон ва дар як вақт ба фарҳанг ва забони аз таърих ба мерсогирифтааш арҷгузоранда бояд бошад.
Тассуб, хурофот, ифротгароӣ, тандравӣ (радикализм), террор аз як ҷониб дар баробари ҳама мазмуну муҳтавои воқеии равонию иҷтимоияшон фарзандони оқшудаи ақли инсонӣ, разилатҳои ахлоқӣ ва “бемориҳои фарҳангианд” (З. Фрейд), ки ба “ҷомеаи адолатпарвар” (дебочаи Конститутсияи ҶТ), “давлати фозила (А. Форобӣ) ва бомаърифат набояд роҳ дошта бошанд. Воситаҳои аслии маҳвкунандаи ин иллатҳои маънавӣ, тарзе бузургони илм гуфтаанд “риояи ҳадди эътидол” (Суқрот, Монтескё), инсоф (Анўшервони одил, Ғаззолӣ), меҳру муҳаббат (Мавлонои Балхӣ), реҷаи қонуният (И. Кант) ва дигар “фазилатҳои ахлоқӣ” (Ибни Сино) мебошанд, ки ба самти онҳо Пешвои миллат моро пайваста ҳидоят доранд.
Хислати волои миллатдўстии шаҳрванди давлати воқеан демократӣ танҳо дар сурате зери ғояи “патриотизми конститутсионӣ” ташаккулёфта маҳсуб мегардад, ки агар вай дар заминаи ҳамин гуногунфаҳмӣ, гуногунӣ ва омезиши воқеии таърихӣ ва муосири халқу миллатҳоро дар мизони арзишҳои миллӣ ва башариаш бо дарназардошти манфиати ояндаи миллати сиёсӣ дарку ҳазм карда тавонад. Сухан сари масъалаи амалан дарку фаҳм кардани муҳимтарин хислати башарӣ, ҳодисаи иҷтимоӣ будани инсон меравад, ки думболи худ мансубияти миллӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқиро ҳамчун зарурати ногузир тавлид кардааст. Маҳз ҳамин шакли муносибат моро имкон медиҳад, ки ба табиати гуногунии инсон ҳамчун арзиши хуқуқии башарӣ ва эътирофи ҳодисаи миллӣ дар тавозуни мавзуни манфиатҳо муносибати дуруст намоем. Сухан сари масъалаи ташаккули инсони нав, солеҳ, озодихоҳ, мутобиқ ба модерну арзишҳои башарӣ ва содиқ ба Ватан ва арзишҳои миллӣ меравад. Ташаккули ин навъ инсони муосирро Пешвои миллат ҳадафи меҳварии сиёсати давлатбунёдӣ ва сиёсати миллатташаккулдиҳии худ қарор додаанд.
Миллати этникӣ вобаста аз заруратҳои сиёсӣ то зинаи миллати сиёсӣ ва шаҳрвандии ягонаи давлати миллии демократӣ рушд карда, вобаста аз шароити замону макон паҳнои муттаҳидии худро бо аломатҳои миллати конструктивӣ мустаҳкам менамояд. Таҷрибаи ҷаҳонии замони нав собит сохт, ки миллати оянда низ вобаста аз заруриятҳои замонию маконӣ бояд рушд намояд. Танҳо дар чунин сурат вай метавонад бо таърихи худ, дастовардҳои башарӣ ва манфиатҳои имрўзу фардояш муносибати мавзун дар ҳадди эътидол дошта бошад.
Ҷаҳони ноором, гирифторию печидагии миллатҳои решабатаърих ба буҳронҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, ки дар заминаи муноқишаи тамаддунҳо ва манфиатҳо нолаи марговари миллионҳо модарони Заминро ба само печонидааст, дурустии ин ғояи Пешвои миллатро ҳамарўза ба мо гўшрас менамояд. Миллати ояндаи муваффақ бояд аз нуктаҳои маҳдуди худшиносии миллӣ даст кашида, рў ба ҷараёни умумият пайдонамоии фарҳангу тамаддунҳо ва эҳтироми халқу миллатҳо намуда, барои ислоҳи вазъи имрўзаи ноороми башар саҳмгузор бошад.
Давом дорад…
Холиқзода А.Ғ.
Директори Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор