Пешгирӣ аз даъвати гурӯҳҳои ифротгаро (дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 16.12.2025)

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид намуданд: “Асри 21 – асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад…”. Дар ҷойи дигар қайд намуданд, ки “Мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаи ҷонии онҳо дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир мебошад”.
Ҳамчунин Призиденти мамлакат дар паёми қаблии худ санаи 23-юми декабри соли 2022 чунин таъкид кардабудаанд, ки
“Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстримистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд”.
Инчунин бояд ёдовар шуд, ки санаи 9-уми марти соли 2024 дар Кохи Ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ба таъкид баён доштанд, ки “Имрӯз мехоҳам доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, “сиёсати дугона” нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва даъвати мо ибрози андеша намоям.
Баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки мо бояд имрӯз доир ба онҳо кушоду равшан назари худро гӯем, равандҳои номатлубро баррасӣ намоем ва пеши роҳи онҳоро гирем, ки мисли ҳодисаҳои солҳои 90-уми боз ягон фоҷиаи дигар сар назанад.”
Оре, воқеан ҳам чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Призиденти мамлакат зимни ироаи Паёми солҳои гузашта ва имсола баён доштанд имрӯзҳо идеологҳои ифротгароён ва мутахассисони созмонҳои ифротӣ дар ҷодаи талошҳои иттилоотӣ дастовардҳои охирини назариявӣ ва амалии муборизаи иттилоотиро самаранок аз худ менамоянд. Онҳо воситаҳои бештар муассир, роҳҳо ва усулҳои таъсиррасониро ба тафаккури фардӣ ва ҷамъиятӣ, махсусан ҷавонони гумроҳ истифода мебаранд.
Ташкилот ва дастгоҳҳои ифротгарои динӣ- мазҳабӣ барои расидан ба мақсадҳои ғаразнок ва нопоки хеш дар муборизаҳои шадиди иттилоотӣ аз технологияҳои муосири иттилоотӣ, махсусан интернет фаровон ва самаранок истифода мебаранд. Онҳо ба воситаи тарғибу ташвиқ ва паҳн намудани иттилооти бардурӯғ ҷавонони ноогоҳ ва гумроҳро дар рӯҳияи ақидаҳои барғалати таасубӣ, ифротӣ, такфирӣ ва амалҳои марбут ба қатлу куштор, гаравгонгирӣ ва терроризм ҷалб менамоянд.
Яке аз ҷараёнҳои хатарзо ва ифротие, ки дар замони муосир фаъолияти густурдаро дар самти гумроҳ намудани ҷавонони ноогоҳ амалӣ намуда истодааст, ин ҷараёни тундрави салафӣ ба шумор меравад.
Чун ин ҷараёнҳо дар фазои мавҷудаи фарҳангии кишварҳои гуногун ба василаи гурӯҳҳои радикалӣ ва ифротгаро мавқеъ ва ҷаҳонбинии тундгароёнаи ваҳҳобияро дар либоси навин тарғиб намуда, ҳадафҳои шуми фитнаангезро дар ботини ҷавонони ноогоҳ мепарваранд. Барои амалӣ сохтани ин ҳадафҳо ташкилотҳои хосе аз ҳисоби донишҷуён, муҳоҷирони меҳнатӣ ва ашхоси бетаҷрибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Урдун, Афғонистон, Покистон, Туркия, Ироқ, Сурия, Қафқоз тариқи иттилоот фаъолона истифода мебаранд….
Бояд гуфт, ки раванди ҷаҳонишавӣ, аз ҷумла рушди технологияи иттилоотӣ, ҷанбаҳои мусбату манфӣ дорад ва интернет низ аз ин истисно нест. Шабакаи байналмилалии интернет айни замон як махзани бузургест, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷавононро дар бар гирифтааст. Дар асри гузашта ҳар шахсе, ки мехост маълумотеро пайдо намояд, муддати дуру дароз дар китобхонаҳо барои дарёфти ин ё он маълумот ранҷ мекашид, ҳоло бошад дар фосилаи ками вақт аз интернет дарёфт менамояд.
Дар ин замина бояд қайд намуд, ки экстремизми иттилоотӣ ин шакли таъсиррасонии номатлуб ба шахсият, ҷомеа ва давлат тавассути тамоми намудҳои иттилоот мебошад. Ҳадафи асосии он тағйир додани мафкураи инсонҳо ва талқини андешаҳои барангезандаи бадбинӣ байни инсонҳо ва бо ин васила халалдор намудани сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат мебошад. Ба ин мақсад он нерӯҳо тавассути воситаҳои гуногун- аз агентҳои хадамоти махсуси хориҷӣ то ВАО – и ватанӣ ва хориҷиро ҷалб мекунанд.
Таҷрибаи мутахассисони соҳа солҳои охир нишон медиҳад, ки ташкилотҳои ифротгароии динӣ- мазҳабӣ ва террористӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо ҷавононро ба ин гурӯҳҳо моил месозанд, балки онҳо аз хориҷи кишвар нишаста, ҷавонони камтаҷриба ва ноогоҳро ба воситаи шабакаҳои иҷтимоии интернет пайдо менамоянд, ба онҳо барои амалҳои экстремистӣ- террористӣ дар дохили кишвар ва содир кардани ҷиноят маблағ равон карда, нақшаҳои мушаххас (ҷой содир кардани ҷиноят, тарзи он ва ғ.) равон месозанд ва барои дастрас намудани воситаҳои тарканда (компонентҳои омода сохтани воситаҳои таркиш) ба онҳо маслиҳат медиҳанд. Маълумоти заруриро вобаста ба омода сохтани воситаи таркиш ба онҳо равон месозанд ё сайтҳои экстремистӣ- террористӣ, ки тарзи омода сохтани чунин мавод дар он ҷо маҳфуз аст, ба моилшудагон ошно месозанд.
Имрӯз проблемаи экстремизми иттилоотӣ ба арзишҳои ҷомеа ҳассос аст. Ин ба он хотир аст, ки марҳилаи кунунии рушди муносибатҳои иттилоотӣ бо имкониятҳои таъсироти иттилоотӣ, ки ҳам ба шуури инфиродӣ ва ҳам ба тафаккури иҷтимоию иқтисодӣ муайян карда мешавад, ки метавонад таҳдиди барангехтани ҷанги иттилоотиро ба вуҷуд оварад.
Бояд зикр намуд, ки олами маҷозӣ сарҳади беинтиҳо дошта, рӯз то рӯз бо тавлиди зуҳуроти нав ба нав ва ба вуҷуд овардани проблемаҳои маргбор ва харобиовараш дар муқобили олами воқеӣ ва насли башарият қарор гирифтааст.
Айни замон дар ҷомеаи муосир амнияти иттилоотӣ яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб рафта, пешбиниҳои гуногуниҳам мусбат ва ҳам манфиро дар байни олимон ба вуҷуд овардааст.
Аз ин хотир, бинобар бо суръати хеле баланд паҳн гардидани афкори экстремистӣ дар олами маҷозӣ ба воситаи технологияҳои муосири коммуникатсионӣ, аз ҷумла интернет ва имконнопазир будани бо таври пурра маҳдуд кардани дастрасии шаҳрвандон ба сомонаҳои экстремистӣ, ягона роҳи манфиатпазир бо ҷалби олимони соҳаи ҷомеашиносиву ҳуқуқшиносӣ, фақеҳону олимони соҳаи дин, равоншиносону блогерҳо, рӯзноманигорону ровиёни варзида ва дигар намояндагони аҳли зиё мунтазам омода сохтан ва пахш намудани филмҳои мустанад, тасвирӣ, видеороликҳо, аудиороликҳо, барномаҳои таҳлилӣ сиёсӣ, маданӣ ва ғайра дар васоити ахбори омма ва Интернет маҳсуб меёбад.
Ҳамин тариқ, фарҳанги истифода намудани шабакаҳои иҷтимоӣ барои мардум дар ҷомеаи демократӣ бояд омӯзонида шавад. Инчунин таҳдидҳои он бояд муайян карда шаванд. Ин ҳолат боиси он мегардад, ки таъмини амнияти иттилоотӣ самаранок гардад. Ҳама гуна ахбор дар ҷомеаи иттилоотӣ амиқ мавриди таҳлил қарор дода шавад, зеро ин дар самти таъмини амнияти миллӣ мусоидат менамояд.
Бояд таъкид намуд, ки ҳамаи ин гуфтаҳои боло моро бар он водор мекунад, ки ҳеҷ гоҳ дар ғафлат набошем, фирефтаи гурӯҳҳои муғризу манфиатҷӯ ва ифротӣ набошем. Баҳри ҳифзи ин сарзамину ин давлати худ ҳамаи кӯшишу ғайрати худро истифода намуда, ин сарзамину ин миллатро аз ҳар гуна андешаҳои ифротӣ ҳифз намоем.
Исоев Н.,сармутахассиси шуъбаи иттиллоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх