Аҳамияти ҷаҳонии ибтикороти ҷониби Тоҷикистон (Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар таърихи 16.12.2025)

Дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 16.12.2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аллакай дар оғози суханронии хеш ба сиёсати хориҷии кишвар баҳогузорӣ намуда, онро муваффақ номиданд.
Президенти кишвар, аз ҷумла, таъкид намуданд, ки дар соли сипаришуда доир ба ду ташаббуси ҷониби ҶумҳурииТоҷикистон дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, ба хусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» дар таърихи 12.12.2-25 ва дигаре дар санаи 25.07.2025 зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қатъномаҳо қабул гардиданд. Пазируфта шудани ташаббусҳо ва қабул гардидани қатъномаҳо дар робита ба ташаббусҳои мазкур нишони боз ҳам боло рафтани обрую эътибори кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Агар ба моҳияти қатъномаҳои мазкур ҷиддӣ таваҷҷуҳ намоем, ба зудӣ дармеёбем, ки ҳар дуи онҳо на танҳо аз аҳамияти минтақавӣ, балки аз аҳамияти бузурги ҷаҳонӣ низ бархурдор мебошанд. Пеш аз ҳама, дар робита ба ташаббуси Пешвои муаззами миллат доир ба ҳифзи пиряхҳо бояд таъкид намуд, ки ҳам ҷомеаи башарӣ ва ҳам мардуми минтақа зарурати ҳифзи пиряхҳоро дар соли 2025 амалан дарк намуданд. Маҳз дар натиҷаи гармшавии иқлим дар саросари дунё дар манотиқи мухталифи олам обхезиҳои зиёди фалокатбор сурат гирифтанд, ки дар натиҷа онҳо барои мардуми навоҳии баҳрӣ хисороти зиёди молию ҷонӣ ба бор оварданд.
Чуноне, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, дар сурати дида нашудани чораҳои таъҷилӣ барои ҳифзи пиряхҳо ва ҳамзамон, идома ёфтани раванди гармшавии иқлим чунин имконияти воқеие метавонад пайдо шавад, ки иддае аз кишварҳои калони назди соҳилӣ пурра зери об монанд. Аз ин нуқтаи назар, ташаббуси ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии миллионҳо мардуми сайёра нигаронида шудааст.
Ҳамзамон, бояд эътироф намуд, ки ташаббуси аз ҷониби Пешвои муззами миллат зикршуда, пеш аз ҳама, ҳифзи манофеи мардуми минтақаи Осиёи Марказиро дар назар дорад. Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки минтақаи мазкур асосан табиати кишоварзӣ дорад ва барои пешрафти соҳаи аграрӣ ниёзмандӣ ба об ва захираҳои обӣ сахт эҳсос карда мешавад. Дар робита ба мавзуи матраҳшаванда бояд ёдрас намуд, ки тамоми минтақа аксаран аз ду дарёи бузурги Амударё ва Сирдарё, ки аз кӯҳсорҳои Тоҷикистон бо об таъмин мешаванд, ва қисман аз дарёҳое, ки аз кӯҳсорҳои Ҷумҳурии Қирғизистон ҷорӣ мешаванд, обёрӣ мегардад.
Дар натиҷаи гармшавии иқлиму обшавии бенизом ва номуътадили пиряхҳо имкон дорад, ки на танҳо хоҷагии аграрии минтақа пурра аз фаъолият монад, балки худи мардуми тамоми минтақа дар таъмин бо оби ошомиданӣ ба танқисӣ дучор оянд. Зеро дар наздикии кишварҳои Осиёи Марказӣ баҳру уқёнусе вуҷуд надорад, ки мардумро дар ҳолати зарурӣ ҳадди ақал бо оби софкардашуда таъмин намояд. Аз ин нуқтаи назар низ, ташаббуси Пешвои миллат ҷанбаи башардӯстона дошта, аз аҳамияти ҳаётан муҳим бархӯрдор мебошад.
Илова ба ҳамаи ниёзмандиҳои зикршуда ба обу захираҳои обӣ, зиёд шудани шумораи аҳолии минтақа, босамар истифода шудани замин, бунёди обанборҳои сунъӣ, аллакай оби мавҷударо нокифоя сохтааст. Дар заминаи маҳз омилҳои фавқуззикр тадриҷан хушк шудани баҳри Арал нишони равшани зарурати ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ маҳсуб меёбад. Аз ин нуқтаи назар, ҳифзи пиряхҳо ҳамчун кафили қавӣ ва боэътимоди таъмини аҳолии минтақа ҳам бо оби нӯшиданию ҳам барои обчакорӣ муҳим аз масоили умдаи ҳам экологию ҳам иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
Омили дигаре, ки ҳифзи пиряхҳоро барои минтақа ҳаётан муҳим мешуморад, дар поёноби кӯҳсорҳои ҳам Тоҷикистону ҳам Қирғизистон ҷойгир шудани нерӯгоҳҳои барқии обӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обии иловагист.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳеҷ як неругоҳи барқии обӣ обро талаф намесозад. Баъд аз гардиш додани агрегат об маҷрои худро идома дода, боз дар хидмати мардум хоҳад буд. Аммо маҳз мавҷуд будани оби зарурӣ ва гардиш додани агрегат имрӯз аҳамияти фавқулодда касб намудааст. Зеро тавлиди неруи барқ на танҳо хонадони мардумро равшану гарм нигоҳ медорад, балки кафили асосии бунёди коргоҳҳои саноатӣ ва бо кор таъмин намудани мардум мебошад. Дар сурати нокифоя будани неруи барқ на саноат пешрафт мекунад, на хонаи мардум равшан мегардад ва на мардум бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Яъне, беҳии вазъи иҷтимоии мардум аз бунёди нерӯгоҳҳои барқию тавлиди неруи барқ, ки бо ду чашми чор пайваста ба сӯйи пиряхҳо нигаронида шудаанд, сахт вобастагӣ дорад.
Ҳамин тариқ, ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар хусуси «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» аҳамияти ҳам минтақавию ҳам ҷаҳонӣ дошта, ба хотири ифодаи манфиатҳои мардуми ҳам минтақа ва ҳам сайёра пешниҳод гардидааст ва аз дурандешии Пешвои муаззами миллат, ки зарурат ва ногузирии ҳифзи пиряхҳоро бо дарназардошти тағйироти иқлим дарк намудааст, дарак медиҳад.
Ибтикори дигари ҷониби Тоҷикистон, ки дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба он қатънома қабул гардид, «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» ном дорад. Ташаббуси мазкур низ хеле саривақтӣ буда, аҳамияти зеҳни сунъиро барои пешрафти кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид менамояд.
Имрӯз ба касе пӯшида нест, ки рушди илм ба сатҳе расидааст, ки дастгоҳи сунъие дар заминаи маълумоти ҷамъовардашуда хулоса мебарорад, маълумотҳоро таҳлил менамояд, муқоиса менамояд ва нигоҳи худро пеш меронад. Яъне, ҳамон вазоиферо, ки ақли инсонӣ иҷро мекард, зеҳни сунъӣ пайгирӣ карда истодааст. Чуноне, ки мебинем, чунин дастгоҳҳо на танҳо дар саноат, балки дар ҳаёти иҷтимоии одамону идораи корхонаю муассисаҳо низ васеъ мавриди истифода қарор гирифта истодаанд. Ҳолати мазкур дар пеши ҳар ҷомеа вазифа мегузорад, ки илми худро ба чунин сатҳ рушд бахшад, яъне бо истифода аз зеҳни сунъӣ ба фаъолияти хоҷагидорӣ, рушди саноат, идораи корхонаю муассиса, кашфи асрори нокушудаи табиату ҷамъият, боз намудани асрори равонию анатомӣ-физиологии инсон, табобати нисбатан дақиқу безарар сифати нав бахшида шавад.
Ташаббуси пешниҳоднамудаи Пешвои миллат, ки дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси таъкиди нақши зеҳни сунъӣ барои фароҳам овардани имконият ба рушди Осиёи Марказӣ садо дод, аз ногузирии истифодаи васеъ ва ҳадафмандонаи зеҳни сунъӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дарак медиҳад ва ёдрас менамояд, ки ба сабаби чунин роҳро пеш гирифтани ҷомеаи ҷаҳонӣ моро низ чунин зарурат пеш омадааст.
Аслан тавсеа ёфтану истифодаи ҳамаҷонибаи зеҳни сунъиро набояд чун иқдоми субъективӣ, яъне марбут ба хоҳишу ирода ё нақшаи тарҳрезишудаи ниҳоде ё кишваре арзёбӣ намуд. Раванди мазкур, аз нигоҳи ин ҷониб, ҳолати объективиест, ки худ ба худ ҳамчун маҳсули пешрафту дастовардҳои илмӣ пайдо шуд ва маҳз ба сабаби сабукӣ бахшидани хеш ба ҳаёти хоҷагии халқ аз тарафи аҳли ҷомеа пазируфта шуд, яъне ҷанбаи мусбии зеҳни сунъӣ, ки дар манфиатбахшии он ифода меёбад, омили муҳими рушди бемайлони он гардид.
Хулоса, вижагиҳои баёншудаи зеҳни сунъӣ, аз нигоҳи ин ҷониб, омили муҳим ва асосие гардиданд, ки онҳоро Пешвои муаззами миллат аввалин шуда дарк намуданд ва боло бурдани нақши онро дар пешрафти хоҷагии халқи кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид намуданд.
Чихеле, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, пазируфта шудани ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон тасодуфӣ набуда, маҳз ба сабаби ҷанбаи инсонпарварона доштану аз аҳамияти ҷаҳонӣ бархурдор буданашон сурат гирифтааст, ки ин ҳолат бори дигар, ба баланд гардидани обрую эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ишора менамояд.
Муовини директори
Маркази исломшиносӣ Абдухалилзода К.А.

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх