Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фаҳмонидани нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, имрӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ёвон бо ҳузури роҳбарияти ноҳия, директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳқрии Тоҷикистон” Холиқзода Абдураҳим Ғафор, сардори Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ Абдуллоҳи Қодирӣ, мушовири директори Маркази исломшиносӣ Мирзозода Азизулло бо иштироки сохтори КИ ҲХДТ дар ноҳия, маорифу тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, танзими ҷашну маросим, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, ходимони дин баргузор гардид.
Дар ибтидо раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода меҳмононро хайрамақдам ва муаррифӣ намуда, моҳияти вохӯриро ба аҳли толор ошно намуданд.
Зикр карда шуд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади муҳимми сиёсӣ, барномавӣ ва сарнавиштсоз буда, самтҳои асосии рушди устувори давлат ва ҷомеаро барои марҳилаи нави таърихӣ муайян намуд.
Ин Паём на танҳо ҷамъбасти воқеии дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои охир, балки барномаи дақиқи амал барои ояндаи наздик ва дур буда, бори дигар собит сохт, ки сиёсати давлатдории Пешвои миллат ба манфиати мардум ва халқи шарифи кишвар, таъмини субот, пешрафти иқтисодӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ равона гардидааст.
Паёми навбатии Сарвари давлат бозгӯи вазъияти воқеии кишвар, таҳлили амиқи равандҳои ҷаҳони муосир ва ҳамзамон самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар оғоз Президенти кишвар дар Паёми худ бо таҳлили амиқи вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон таъкид намуданд, ки имрӯз инсоният дар шароити ниҳоят мураккаб қарор дорад. Бӯҳронҳои геополитикӣ, тағйирёбии иқлим, камобию хушксолӣ, болоравии нархи маводи ғизоӣ ва таҳдидҳои нави амниятӣ талаб мекунанд, ки ҳар як давлат сиёсати хирадмандона, мустақилона ва дурбинонаро пеш барад. Вобаста ба вазъи мураккаби ҷаҳон, афзоиши таҳдидҳо ба амният, тағйирёбии иқлим, камобӣ, хатарҳои геополитикӣ ва иқтисодӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид карданд, ки дар чунин шароит таҳкими давлатдории миллӣ, ваҳдати ҷомеа ва худшиносии шаҳрвандон, махсусан ҷавонону наврасон аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Сипас директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор муҳтарам Холиқзода Абдураҳим ба сухан баромада нуктаҳои муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат»-ро ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода, нақши калидии он дар рушди устувори давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва худшиносии миллӣ таъкид гардид.
Дар идомаи вохӯрӣ мавзуъҳои муҳими рӯзмарра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, аз ҷумла андешаи муҳими Пешвои миллат таҳти шиори «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон», ки ба таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба давлатдории миллӣ ва ҳамзамон риояи арзишҳои волои дини мубини ислом равона шудааст. Зикр гардид, ки ислом бо фарҳангу тамаддуни миллӣ дар ҳамбастагӣ қарор дошта, ҳеҷ гоҳ муқобили манфиатҳои давлату миллат набудааст.
Ҳамчунин, мақсад, ҳадаф ва мазмуни эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додан ба корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» шарҳ дода шуда, саҳми ходимони дин дар тарбияи маънавии ҷомеа, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва ҷалби мардум ба корҳои ободонию созандагӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Дар вохӯрӣ ба масъалаи муҳофизат ва тарғиби ёдгориҳои таърихии Хутали қадим ва Саразм низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, таъкид шуд, ки ин ёдгориҳо шоҳиди тамаддуни бостонии тоҷикон буда, ҳифзу муаррифии онҳо вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Зимнан, риояи қатъии қонунҳои миллӣ, эҳтиром ба Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҳар гуна қонуншиканӣ ва таассуби сиёсӣ, миллӣ ва динӣ аз мавзуъҳои меҳварии вохӯрӣ ба ҳисоб рафт.
Таъкид гардид, ки худдорӣ намудан аз ҳама гуна шаклҳои ифротгароӣ ва вокуниши саривақтӣ ба чунин амалҳо омили муҳими ҳифзи суботи ҷомеа мебошад.
Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокчиён аз муҳтавои баланди мулоқот изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар фаъолияти рӯзмарра ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ баён карданд.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ