Идомаи мақола…
Аз ибтидои зуҳури мазҳаби ҳанафӣ се мактаби бузург – ироқӣ, мовароуннаҳрӣ ва мисрӣ ташаккул ёфтанд. Минбаъд суннатҳои мактаби мовароуннаҳрии ҳанафӣ дар Ҳинд ва қаламрави империяи Усмонӣ густариш ёфтанд. Ин густариш ба фаъолияти фақеҳони донишманде, чун Абумутеи Балхӣ, Абулайси Самарқандӣ, Абумуқотили Самарқандӣ, Абуҳафси Кабири Бухорӣ, Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ ва садҳо уламову фақеҳони дигар марбут мебошад.
Ба андешаи аксарияти муҳаққиқон, фақеҳони пайрави мазҳаби ҳанафӣ, махсусан дар тадвин ва тарвиҷи усулҳо ва қоидаҳои фиқҳӣ, ки барои ҳалли масоили ҳаётии мусулмонон ҳамчун меъёр хизмат мекарданд, нақши барҷаста доранд.
Аз ҷумлаи нахустин муаллифони усулҳо ва меъёрҳои фиқҳӣ метавон Абутоҳири Даббос, Абулҳасани Кархӣ, Абуалӣ Аҳмад ибни Муҳаммади Шошӣ, Убайдуллоҳ ибни Умар ибни Исо, Абузайди Дабусӣ ва Наҷмиддин Умари Кархиро номбар намуд. Абутоҳири Даббос аввалин фақеҳе мебошад, ки зарурати коркард ва танзими усулҳои фиқҳиро дарк намуда, шахсан 17 усули фиқҳи ҳанафиро таълиф ва ироа кардааст. Минбаъд шумораи усулҳо ва қоидаҳои фиқҳи ҳанафӣ тадриҷан афзоиш ёфтааст. Масалан, якчанд аср пас аз Даббос, фақеҳи дигари ҳанафимазҳаб Наҷмиддин Умари Кархӣ дар яке аз асарҳояш 99 усул ва қоидаи фиқҳиро баён намудааст, ки ин далели равшани рушди муттасили низоми фиқҳи исломӣ ва саҳми фақеҳони ҳанафӣ дар шаклгирии он мебошад.
Дар давраи Сомониён мазҳаби ҳанафӣ ҳамчун мазҳаби расмии давлатӣ пазируфта шуд. Дар ин бора дар китоби «Савод-ул-аъзам»-и Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ чунин омадааст: «Бидон, ки сабаби таснифи ин китоб он буд, ки бероҳону мубтадеону (бидъаткорон) ҳаводорон ба Самарқанду Бухорову Мовароуннаҳр бисёр шуданд. Пас аиммаву (имомон), фуқаҳову (фақеҳон) уламои Самарқанду Бухорову Мовароуннаҳр гирд омаданд ва гуфтанд: падарон ва аҷдод то буданд, бар тариқи суннат ва ҷамоат буданд. Акнун ҳавоҳои мухталиф пайдо шуд ва моро ҷойи тарс аст».
Ин андеша ба амири Хуросон расонида шуд. Амири одил Исмоил ба Абдуллоҳ ибни Абуҷаъфар ва дигар фақеҳон фармуд, ки «мазҳаби рост ва тариқи суннату ҷамоат, он ки падарони мо бар он буданд, баён кунед». Аимма ба Хоҷа Абулқосими Самарқандӣ ишора карданд ва фармуданд: «Пайдо кун моро роҳи рости суннату ҷамоат, он ки Пайғамбар, алайҳи-с-салом, бар он буд».
Хоҷа Абулқосим китобро ба забони арабӣ тасниф намуд ва онро ба амири Хуросон пешниҳод кард, ҳамаро писанд омад ва гуфтанд: «Роҳи рости суннату ҷамоат ҳамин аст». Баъдан амир фармуд: «Китоб ба забони порсӣ низ гардонида шавад, то ҳам мардум фаҳманд ва ҳам манфиат бубаранд ва мазҳаб шинохта шавад ва аз ҳаво ва бидъат дур бошанд».
Чунончи аз ин порча бармеояд амирони сомонӣ барои густариш ва интишори мазҳаби ҳанафӣ, ки ба сабаби таҳаммулпазирӣ ва васеии андешаи худ бо фарҳанг ва олами маънавии мардумони минтақа созгор буд ва барои таъмини манфиат ва амнияти кишвар мусоидат мекард, тадбирҳои мушаххас андешиданд. Ин равандро минбаъд сулолаҳои ҳоким дар Мовароуннаҳр, Ҳинд ва империяи Усмонӣ идома доданд, ки мазҳаби ҳанафӣ ҳамчун унсури тавонои пайванди ҳувияти миллӣ ва динии мардумони гуногун ҷойгоҳи муҳим пайдо кард.
Сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти миллат ва диёнат намунаи беҳтарини эҳёи муносибатҳои байни давлати миллии тоҷикон ва мазҳаби суннатии ҳанафӣ мебошад, ки ҳамчун рукни меҳварии ташаккули худшиносӣ бо таърихи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ дар замони Сомониён пайвастагии ҷиддӣ дорад.
Мазҳаби ҳанафӣ на танҳо маъмултарин мазҳаби исломӣ мебошад, балки ҷузъи хотираи таърихӣ ва хамирмояи худшиносии миллӣ ва худошиносии тоҷикон ва дигар халқҳои мусулмон ҳам ба шумор меравад. Ин мазҳаб дар миёни дигар мазоҳиби исломӣ бо гароишҳои ақлонии худ маъруф аст ва аз ин сабаб онро «мазҳаби аҳли раъй» низ меноманд.
Дар асри Имом Абуҳанифа мактаби ироқии фиқҳ ё «мазҳаби ироқии ақл», ки маркази он шаҳри Кӯфа буд, шуҳрати азиме ба даст овард. Решаи ин мактаб то замони Алӣ ибни Абутолиб ва Ибни Масъуд мерасид. Устоди Имом Абуҳанифа, Имом Ҳаммод ибни Сулаймон (ваф. 120 ҳ./737 м.), шогирди барҷастаи худ Нуъмон ибни Собитро дар давоми ҳаждаҳ сол, то дами маргаш, дар ҳавзаи бобаракати ҳамин мактаб бо нозукиҳои илми фиқҳ ошно сохт.
Ба ғайр аз ҳавзаи фиқҳии Кӯфа, дар он давр дар сарзаминҳои исломӣ чанд мактаби дигар бо гароишҳои хос вуҷуд доштанд, ки онҳоро метавон чунин тақсимбандӣ кард:
– Мактаби аҳли тафсир дар Макка бо роҳбарии саҳобии донишманд Абдуллоҳ ибни Аббос;
– Мактаби аҳли ҳадис дар Мадина, ки поягузори он ҳазрати Оиша, Умар ибни Хаттоб, Абдуллоҳ ибни Умар ва Зайд ибни Собит буданд;
– Мактаби аҳли раъй (ақлгароён) дар маркази шаҳри Кӯфаи Ироқ, роҳбарии онро Абдуллоҳ ибни Масъуд ва Алӣ ибни Абутолиб ба уҳда доштанд.
Мактаби Ироқ ва махсусан бахши он дар Кӯфа, тартибу низоми хоси худро дошт ва байни олимон бо номи мактаби аҳли раъй (ақлгароён) машҳур буд. Аввалин поягузори мактаби фиқҳии Кӯфа Абдуллоҳ ибни Масъуд, саҳобии паёмбари Ислом (с), эътироф мешавад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, теъдоди шогирдони ба мартабаи устодӣ расидаи ин мактаб тақрибан 4000 нафарро ташкил медод.
Абдуллоҳ ибни Масъуд шахсияте буд дорои донишу фазилат ва андешаи озод, ки дар ҳалли масъалаҳои фиқҳӣ дидгоҳи барҷастаи динӣ ва мазҳабӣ дошт. Вай дар мактаби худ шогирдони бузургеро тарбия намуд, ки машҳуртарини онҳо Алқама ибни Қайси Нахаӣ мебошад. Дар мактаби Алқама Иброҳим ибни Язиди Нахаӣ таълим гирифт, сипас Ҳаммод ибни Сулаймон ва ниҳоят Имом Абуҳанифа дар он ҷо таҳсил намуда, ба камоли илмӣ ва мартабаҳои баланди маърифатӣ ноил шуданд.
Ҳар кадом аз ин нобиғагон дар ташаккул, танзим ва шукуфоии мактаби Ироқ заҳмат ва талоши зиёдеро ба харҷ доданд ва аз нигоҳи нақлӣ ва ақлӣ ин мактабро пурзӯр карданд. Устоди Имом Абуҳанифа, Имом Ҳаммод, ки вориси ҳақиқии мактаби мазкур маҳсуб мешуд, тамоми таҷриба, андеша ва дониши пешиниёнро гирд оварда, ба ихтиёри шогирди бузургаш, Имом Абуҳанифа, гузошт. Имом Абуҳанифа низ дар навбати худ ҳамаи ин илму таҷрибаро дар қолаби мазҳаби алоҳидаи худ устодона рехта тавонист, ки бо шиносномаи мустақил ва гароиши барҷаста дар ҷаҳон машҳур гардид.
Ба андешаи Имом Абуҳанифа, қонунгузор бояд дар он масъалаҳое аз қиёс ва раъй истифода кунад, ки дар дигар сарчашмаҳо дастур ё ҳукм баён нагашта бошад. Имом Абуҳанифа қавли саҳобаро дар қиёс авлавият медод, зеро саҳобагон аз ҳукми Паёмбари Ислом (с) оид ба мавзуи мавриди баҳс огоҳ ва шоҳиди ҳол буданд. Имом Абуҳанифа ҳамеша таъкид мекард, ки «дар ҳолати пайдо кардани ҳадисе аз Паёмбар (с), ҳарчанд он ҳадис заиф бошад ҳам, қиёсро тарк карда, бо он ҳадиси заиф амал мекунад ва аз зиддият кардан бар муқобили суннат, ҳатто саҳвона ҳам бошад, худро дур медорад. Дар ниҳояти кор, қувваи худро дар қиёс ва раъй истифода мебарад, то ҳукме пайдо кунад, ки аз ҳама бештар бо суннат мутобиқат дошта бошад».
Дар аҳди Имом Абуҳанифа қиёс дар миёни фақеҳони асҳоби ҳадис низ абзори маъқул ва қабулшуда буд ва амал намудан ба он дар фиқҳи ҳадисгароёни ироқӣ, чун Суфёни Саврӣ ва ҳиҷозӣ, чун Молик ибни Анас, хеле маъмул буд. Фарқияти асосии Имом Абуҳанифа дар масъалаи қиёс дар он буд, ки ӯ роҳҳои истифода ва чигунагии бархӯрди қиёсро бо далелҳои васеътар ва мушаххас пешниҳод намуд. Ин ҷанба боис шуд, ки бархе аз муосирони ҳадисгарои Имом Абуҳанифа, мисли Молик ибни Анас, бар қиёси ӯ эрод оварданд. Тафовути асосии истифодаи қиёс дар мазҳаби ҳанафӣ ва дигар мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоат дар он аст, ки агар дар мазҳабҳои дигар қиёс асосан бо муқоисаи аҳкоми фиқҳӣ истифодашаванда буд, пас дар мазҳаби ҳанафӣ қиёс ба иллат, яъне сабабҳои аҳком низ равона мешуд. Ба ибораи дигар, қиёс дар корбурди Имом Абуҳанифа масъалаи робитаҳои иллат ва маълул (сабаб ва натиҷа)-ро дар бар мегирифт.
Корбурди раъй ҳамчун усули фиқҳӣ дар мазҳабҳои дигар камтар ба назар мерасад. Масалан, дар мазҳаби шофеӣ асосан қиёси зоҳирӣ истифода мешуд ва дар мазҳабҳои моликӣ ва ҳанбалӣ асосан «Масолеҳи мурсала» эътироф гардидаанд, вале «Истеҳсон» ва «Қиёси мантиқӣ» мавҷуд нестанд. Истилоҳи фиқҳии «Масолеҳи мурсала»: «Он манфиатест, ки шариат онро ба таври мустақим на таъйид ва на рад кардааст, аммо он бо мақсадҳои умумии шариат (ҳифзи дин, ҷони инсон, ақл, мол ва насл) мувофиқат дорад ва барои ҷомеа судманд аст».
«Истеҳсон» усули дигарест, ки маънояш: «Тарки қиёс ва гузаштан ба амре беҳтар аз он» мебошад. Маҳз истифодаи васеи истинботи ақлӣ ва усулҳои мантиқӣ боиси инкишоф ва густариши васеи мазҳаби ҳанафӣ гардид ва аҳкоми он барои ҳар давру замон ва минтақа созгор шуд.
Масъалаи итоат ба ҳоким ва бархостан бар зидди ҳукумати ӯ аз масъалаҳои бисёр ҳассос ва ихтилофангези таърихи ислом ба шумор меравад, ки дар асрҳои аввали он бо зуҳури гурӯҳи “Хавориҷ” шакл гирифта, сабаби пайдоиши ихтилофҳо, фитнаҳо ва хунрезиҳои зиёд гардидааст; аз ҷумла, амалҳои ифротии ин гурӯҳ, ки ба қатли ду халифаи мусулмонон, монанди ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) ва ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб (р), анҷомид, намунаи равшани паёмадҳои хатарноки чунин тафаккур маҳсуб меёбад.
Дар сарчашмаҳои муътабари таълимоти мазҳаби ҳанафӣ барои воҷиб будани итоат ва пайравӣ аз ҳоким ва ҷоиз набудани саркашӣ ва хуруҷ бар зидди сарвари давлат (ҳоким, султон, валиюламр) таъкид шудааст. Имом Абуҷаъфари Таҳовӣ дар китоби «Ақидаи Таҳовӣ», ки онро «Баён ва тавзеҳи ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат, ки эшон бар мазҳаби Имом Абуҳанифаи Кӯфӣ ва Абуюсуфи Ансорӣ ва Абуабдуллоҳи Шайбонӣ мебошанд» номидааст, мефармояд:
«Мо бар пешвоён ва сарварони давлат туғён карданро ҷоиз намедонем, ҳатто агар онҳо зулм ва ситам кунанд ва бар эшон дуои бад нахоҳем кард. Аз итоат ва фармонбардории онҳо даст барнамедорем ва модоме, ки ба маъсияту гуноҳ фармон надиҳанд, итоати эшонро аз тарафи Худои бузург барои худ фарз медонем ва ҳамеша барояшон ба хайру салоҳ ва беҳбудиву камол дар дин дуо менамоем».
Далел барои чунин шеваи рафтор аз Қуръон ва суннат гирифта шудааст. Дар Қуръони карим омадааст: «Эй мӯъминон, Худоро фармонбардорӣ кунед ва пайғамбару фармонравоёнро аз ҷинси хеш фармонбардорӣ кунед» [Нисо, 4:59]. Ҳамчунин, дар “Саҳеҳи Бухорӣ” дар хусуси итоат ва фармонбардорӣ аз ҳоким омадааст, ки Пайғамбари Ислом (с) чунин мефармояд: «Ҳар кас аз ман итоат намояд, Худоро итоат кардааст ва ҳар кас аз ман нофармонӣ кунад, Худоро нофармонӣ кардааст; ва ҳар кас аз амир ва фармондеҳ итоат кунад, дар ҳақиқат маро итоат кардааст ва ҳар кас аз амир ва фармондеҳ нофармонӣ кунад, маро нофармонӣ кардааст» [рақами ҳадис: 7137]. Ҳамчунин дар боби итоат аз пешво омадааст: «Агар ҳабашие, ки сараш мисли мавиз аст, ба шумо пешво таъйин шавад, ба суханони ӯ гӯш диҳед ва ба ӯ итоат намоед» [рақами ҳадис: 693].
Мувофиқи таълимоти фиқҳии мазҳаби ҳанафӣ, итоати пешвоён ва сарварони давлат воҷиб аст ва ҳатто дар сурати зулму ситами зиёд низ мардум бояд аз шӯриш ва туғён дурӣ ҷуста иҷтиноб варзанд, чунки туғёну исён оқибат ва натиҷаҳои бади хунрезӣ, нооромӣ ва харобиро ба дунбол дорад. Дар чунин ҳолатҳо фиқҳи ҳанафӣ бо роҳи мусолиматомез ҳал намудани мушкилотро маслиҳат медиҳад. Ба қавли имомони ҳанафӣ, итоату фармонбардорӣ аз сарварон то вақте воҷиб аст, ки онҳо аз Ислом рӯй нагардонда ва ба куфр майл накарда бошанд. Ҳамчунин аҳли суннату ҷамоат бар сарварони ҳокими худ дуои бад накарда, бар онҳо дуои хайру салоҳ мекунанд. Ин шеваи рафтор кафолат медиҳад, ки тавассути накӯкории сарварон уммати ислом ба саломат хоҳад расид ва табаҳкории онҳо уммати мусулмонро низ ба фасод хоҳанд бурд.
Дидгоҳи мазҳаби ҳанафӣ дар ин масъала мухолифи ақидаҳои хавориҷ, муътазила ва шиаи ғулот (зиёдрав) буда, ин равияҳо исён ва эътирози мусаллаҳонаро бар зидди ҳукумати қонунӣ бо баҳонаи таҳкими адолат ҷоиз мешуморанд, дар ҳоле ки дар асл чунин амалҳо бештар барои таъмини ғараз ва манфиатҳои сиёсии худ сурат мегиранд. Мазҳаби ҳанафӣ ин амалро нодуруст мешуморад ва таъкид мекунад, ки итоат ба сарварон ва ҳокимони қонунӣ воҷиб аст, ҳамагӣ то замоне ки онҳо аз Ислом рӯй нагардонда ва ба куфр майл накарда бошанд.
Яке аз натиҷаҳои муҳими корбурди иҷтиҳоди ақлонӣ дар танзими фиқҳи исломӣ ва низоми ҳуқуқи исломӣ дар он ифода меёбад, ки тавассути истифодаи самараноки ин усул низоми ҳуқуқи исломӣ, махсусан фиқҳи ҳанафӣ, хусусияти кушодабаёнӣ касб намудааст. Маҳз ба шарофати ин вижагӣ, бо мурури замон ба фиқҳи исломӣ аз хазинаи фарҳанги тоисломии миллатҳои ғайриараб, хусусан аз мероси бостонии халқҳои тоҷиктабор, унсурҳои мусбати урфу одат ва анъанаҳои созандаи ҳуқуқӣ ворид гардидаанд. Минбаъд, дар натиҷаи корбурди муттасилонаи ин усули наҷиб, фиқҳи исломӣ пайваста такмил ёфта, мутобиқ ба талаботи замон ва ниёзҳои нав ба нави ҷомеаи исломӣ аз тариқи таҳия ва рушди усулҳо ва қоидаҳои нав ба нави шаръӣ ба ҳалли мушкилоти ҳаётии мусулмонон равона шудааст. Аз ҳамин ҷост, ки ба андешаи аксарияти муҳаққиқони таърих ва назарияи ҳуқуқ, низоми ҳуқуқи исломӣ яке аз мукаммалтарин низомҳои ҳуқуқии динӣ ба шумор рафта, тамоми соҳаҳои асосии муносибат ва фаъолияти инсон ва ҷомеаро фаро мегирад. Дар раванди тӯлонии тадвин ва такмили ин низоми ҳуқуқӣ пайравони мазҳаби Имоми Аъзам нақши бисёр муҳим ва пешсафро иҷро намудаанд. Усулҳо ва қоидаҳои фиқҳие, ки аз ҷониби фақеҳони ҳанафимазҳаб истинбот ё таҳия гардидаанд, ифодагари арзишҳои волои гуманистӣ ва умумибашарӣ мебошанд. Маҳз ҳамин хусусият боис гардидааст, ки аксарияти мутлақи мусулмонони ҷаҳон мазҳаби ҳанафиро ҳамчун мазҳаби таҳаммулгаро, ақлонӣ ва башардӯстона мавриди эътиқод ва пайравӣ қарор диҳанд.
АДАБИЁТ:
1. Ал-Боҷурӣ Муҳаммад ибн Афиф. Таъриху ташриъ-ил-исломӣ. Бейрут, 1998.
2. Буриев И.Б. История государства и права Таджикистана. Душанбе, 2000.
3. Ал-Бухорӣ Муҳаммад. Саҳеҳи Бухорӣ. Душанбе: “Эр-Граф, 2012.
4. Домодӣ Абдураҳмон ибни Муҳаммад. Маҷмуъ-ул-анҳор ли шарҳи “Мултақ-ал-абҳор”-и фиқҳи ҳанафӣ. Истанбул, 1319 ҳ.
5. Обидов Д.С. Ханафитская правовая школа и ее значение в суннитском направлении исламского права (мавераннахрское течение). Душанбе, 2008.
6. Самарқандӣ Абулқосим Ҳаким. Саводи Аъзам. Хуҷанд: “Нури Маърифат”, 2009.
7. Ас-Соис Муҳаммад Алӣ. Таъриху ташриъ-ил-исломӣ. Бейрут, 1324 ҳ.
8. Тахиров Ф. Т. История государства и права зарубежных стран. Душанбе: «Амри илм», 2004.
9. Хайдарова М. С. Формиравание и развитие мусулманского права в арабском халифате. М., 1985.
10. Холиқов А. Ғ. Ҳуқуқи исломӣ. Душанбе, 2003.
11. Ал-Ҳанафӣ Муҳаммад ибни Абдулазиз. Шарҳ-ул-ақидат-ит-Таҳовӣ. Бейрут, 1996.
12. Ҳумавӣ Аҳмад ибни Муҳаммад. Ғамз-ул-уюн-ил-басоир ли шарҳи китоб-ул-ашбоҳ ва-н-назоир. Истанбул, 1290 ҳ.
Наҷотзода М. – н.и.ф.,
сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ