Пешвои муаззами миллат имсол низ дар интиҳои Паёми хеш ба Маҷлиси олӣ ба яке аз сифатҳои хеле муҳим ва зарурии аҳли ҷомеа, бахусус пешвоёни дин – шукргузорӣ аз Ватан таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сароҳатан иброз доштанд: «…Ҳар фарди тоҷике, ки аз ҳамин Ватан менолад, аз ҳамин сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ менолад, ношукру носипос ва нотавонбину кӯрнамак аст!»
Воқеан ҳам дар нисбати чунин андешаҳои ҳақбинона ва шахсиятсоз бетараф будан ғайриимкон аст. Шахсе, ки аз вожаи «шукр» бехабар аст, аз неъмати Худованд, ки ба мо чунин сарзаминро арзонӣ доштааст, аз меҳнати мардуми ин сарзамин, ки пайваста баҳри ободии Ватан сарф мегардад, аз сиёсати хирадмандона ва сулҳовари Пешвои муаззами миллат, ки барои тантанаи сулҳу осоиш ва гул-гуншукӯфоии кишвар шабу рӯз заҳмат кашида истодааст, ношукрӣ мекунад, чунин шахсро соҳибақлу равшанзамир гуфтан нашояд. Гузашта аз ин, мардуми мо қариб ҳама мусулмонанд. Барои мардуми мусулмон Қуръон, ки сарчашмаи асосии таълимоти динияш маҳсуб меёбад, мефармояд, ки агар шукргузорӣ намояд, пас, Худо неъматашро бар вай меафзояд ва агар носипосӣ кунад, вайро ҷазои сахт интизор аст. (Ниг. Сураи «Оли Имрон», ояти 145; сураи «Ибороҳим», ояти 7). Аз ин нуқтаи назар, шахсе, ки шукргузорӣ намекунад, пас, нисбати дастури Қуръон беэътиноӣ намудааст.
Қобили зикр аст, ки шоир низ мазмуни баёнгардидаи Қуръонро хеле зебо ба риштаи назм кашидааст:
Шукри неъмат, неъматат афзун кунад,
Куфри неъмат, аз кафат берун кунад.
Аз ин нуқтаи назар, шукргузорӣ намудану ба қадри неъмат расидан яке аз сифатҳои муҳим ва зарурии ҳар шахси соҳибақлу равшанзамир маҳсуб меёбад. Пурсида мешавад, ки чаро мо шукргузориро танҳо барои шахси соҳибақлу равшанзамир фарз ҳисобидем? Ба хотири он, ки танҳо маҳз ақли биною дили равшан инсонро ба шукргузорӣ ҳидоят мекунад. Зеро маҳз ақли биною замири равшан ва қалби пок ба дидани неъмату сипосгузорӣ аз он имкон медиҳанд. Шахси аз чунин сифатҳои хеле муҳим ва зарурӣ маҳрум тадриҷан мусулмонии худро низ аз даст медиҳад. Зеро шахсе, ки аз неъмати Худо носипосӣ мекунад, пас, дар ҳаёти чунин шахс на танҳо фармудаи Худо, балки худи Худо мавқею манзалае надорад.
Шахси носипос, чуноне, ки Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, курнамак аст. Бешак дар чунин шахс ҳам чашми биологияш ва ҳам чашми ақлаш кур аст. Чунин шахсро чашми биологияш нобиност, зеро вай он дигаргуниҳои азимеро, ки дар кишвари мо солҳои охир рух додаасту имрӯз беист сурат гирифта истодааст, имкони дидан надорад. Бе муболиға бояд эътироф намуд, ки шахсе, ки дар давоми 10-15 соли охир ба пойтахт наомада бошад, дар он ба сабаби дигаргуниҳои ҷиддӣ роҳгум мезанад. Тағйироти зикршуда танҳо ҳолати зоҳирии пойтахту навоҳии кишварро фаро мегиранд. Дар дигар самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ низ тағйиротҳо хеле назаррас мебошанд, ки зикр намудани онҳоро инҷо мо зарур намешуморем, зеро онҳо худ равшан айёнанд.
Дар хусуси вазъи иҷтимоии мардум танҳо бо чунин далели аҷиб ва таваҷҷуҳангез иктифо мекунем, ки давлат «Қонуни танзим..»ро баровард то мардум зимни барподории тӯю маросими хеш аз исрофкории беҳуда худдорӣ намояд. Барои таъмини риояи Қонуни мазкур ба он ислоҳот низ дароварда шуд. Аммо, мутаассифона, мутобиқи маълумоту мушоҳидаҳои зиёд мардум кӯшиш менамояд, ки ба хотири расидан ба орзую ҳадафҳои деринаи хеш бандҳои алоҳидаи Қонунро нодида гирад. Яъне, новобаста аз қабули Қонуну такмили он иддае аз мардуми ҷомеа зимни барподории тую маросими худ ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд. Пурсида мешавад: аз куҷо? Аввалан, дар мардум чунин орзуҳои баланд ва кӯшиши амалисозии онҳо аз куҷо пайдо мешавад? Агар ҳолати моддии шахс паст бошад, магар дар вай чунин орзу пайдо мешавад? Сониян, бо вуҷуди қатъӣ будани талаботи Қонуни танзим мардуми кишвар кӯшиш менамоянд, ки тӯю маросими худро ҳамон тавре гузаронанд, ки тарҳрезӣ менамоянд. Бидуни заминаи моддӣ чунин кӯшишҳо аз куҷо пайдо мешаванд? Бешак, ҳамаи ин нишонаи серию пурӣ маҳсуб меёбад.
Дар хусуси фаровонии бозору сифати хӯрок ва пӯшиши мардум ҳоҷати гап ҳам нест.Дар робита ба пешрафтҳо дар дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла миқдори нақлиёту сифати хидмати нақлиётӣ чизе намегӯем, зеро ҳатто кӯр ҳам зимни сафар аз як минтақа ба минтақаи дигар инро эҳсос менамояд.
Ба андешаи мо, шахси носипосу кӯрнамакро ақлаш низ кур аст. Худованд ақли чунин шахсро аз қобилияти муқоиса намудани ҳолати имрӯзаю дирӯзаи кишвар, қобилияти қиёс намудани тарзи зиндагии худу падару бобои худ, муайян намудани талаботу ҳавасҳои худу падару бобои худ маҳрум намудааст. Агар дар ақли шахс чунин қобилият мешуд, вай ин тафовути ҷиддиро дарёфта, ҳатман шукргузорӣ менамуд.
Дуруст аст, ки талаботи аҳли ҷомеа имрӯз пурра қонеъ гардонида нашудаанд. Аммо мунсифона бояд ҷавоб дод, ки талаботи инсон ягон вақт пурра қонеъ мегардад? Чуноне, ки таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, бо қонеъ гардонидани қисме аз талаботҳо талаботҳои нав пайдо мешаванд ва ҳамин тавр, силсилаи талаботҳо беохир идома меёбанд. Таҳқиқу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки талаботи нафси саркашро танҳо ақли биною огоҳ қонеъ гардонда метавонаду халос. Бинобар ин, беҳтарин роҳ барои таскини руҳу оромии хотир боз ҳам шукргузорӣ аз Ватану аз неъматҳои он, аз сарвару сулҳу салоҳи он боқӣ мемонад.
Хадиси паёмбар дар робита ба мавзуи матраҳшаванда хеле ба маврид мефармояд: «Шахсе, ки ба одамон ношукрӣ мекунад, ба Аллоҳ низ ношукрӣ мекунад» (Ло яшкуруллоҳа ман ло яшкурунноса). Яъне, ношукрӣ, носипосӣ, чун дар шахс ташаккул ёфт, вай дар ҳама ҳолат рӯ задан мегирад, новобаста аз он, ки объект кадом аст. Шахсе, ки дар нисбати одамон ва ё сарвар ношукрӣ намуд, вай ҳатман, тибқи ҳадиси баёншуда, дар нисбати Худо ва неъматҳои ӯ низ ношукрӣ мекунад. Аз ин рӯ, дар худ ташаккул додани сифати шукргузорию сипос беҳтарин сифати инсонӣ маҳсуб меёбад.
Ба андешаи мо яке аз шартҳои шукргузорӣ равшандилию равшанзамирист, зеро барои шукргузору сипосгузор будан сифати рашанзамирӣ низ зарур мебошад. Вобаста ба робитаи мантиқии сипосгузорию равшанзамирӣ ҳатто метавон гуфт, ки равшанзамирӣ худ маҳсули ақли биною огоҳ мебошад. Гумон мекунем, ки агар гӯем, ки ҳастии яке шарти ҳастии дигаре мебошад, муболиға нахоҳем кард, зеро имкон надорад, ки равшанзамирро ақл кур бошад, ё ақли биною огоҳро замираш сиёҳу торик. Аз ин нуқтаи назар, ҳар соҳибақл равшанзамир аст, ва ҳар равшанзамир соҳибақл.
Ҳамин тавр, чун ақли биною огоҳ дилро равшан кард, пас, дар дил барои кинаю адоват ва бадбинӣ дигар ҷой намемонад. Охируамр, ақли биною дили равшан ва аз бадбинӣ орӣ накуию бурдбориҳоро зуд дарёфта, ҳатман шукргузор хоҳад гашт.
Бинобар ин, сипосгузорию шукргузорӣ барои он фарз хоҳад буд, ки он аз сиришти шахси соҳибақлу равшанзамир чун гармӣ аз оташ ё хунукӣ аз барф аз рӯйи зарурат бармеояд.
Абдухалилзода К.А.
Муовини директори Маркази исломшиносӣ