Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қабодиён вохӯрии гурӯҳи кории Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон ва масъулони ноҳия баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ, ки бо иштироки раиси ноҳия Сабурзода Мирзодавлат, Холиқзода Абдураҳим Ғафор, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳрамбеков Маҳрам котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин корманди шуъбаи дин ва танзими ҷашну маросими мақомоти иҷриояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сафаров Умар доир гардид, вобаста ба амалӣ гардидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мақсад, ҳадаф ва мазмуни эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, риояи қатъии қонунҳои миллӣ, худдорӣ намудан аз таассуби сиёсӣ, миллӣ ва динӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои номатлуб ва вокуниш нишон додан ба чунин амалҳо суҳбат доир гардид.
Ҳамчунин аз ҷониби масъулони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Азизулло, муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳобзода Абдураҳмон дар деҳаи Парчами Ковиёни Ҷамоати деҳоти Вобканди ноҳия бо сокинон доир ба масъалаҳои болозикр мулоқот баргузор карда шуд.
Аз саҳифаи МИҲД -и Қабодиён