27-уми январи соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав вохӯрии гурӯҳи кории Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон ва масъулони ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ, ки бо иштироки муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳобзода Абдураҳмон ва мушовири директори Марказ Мирзозода Азизуло доир гардид, вобаста ба амалӣ гардидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, амалисозии дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 23 январи соли 2026 дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар дар соли 2025 ва вазифаҳои барои соли 2026 баён доштанд, инчунин мақсад, ҳадаф ва мазмуни эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, риояи қатъии қонунҳои миллӣ, худдорӣ намудан аз таассуби сиёсӣ, миллӣ ва динӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои номатлуб ва вокуниш нишон додан ба чунин амалҳо суҳбат доир гардид.
Чунин вохӯрӣ дар деҳаи Парчами Ковиёни ҷамоати деҳоти Вобканди ноҳияи Қубодиён (собиқ деҳаи Қизил-Нишон) низ баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносоӣ