Дар ҳошияи паёми Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Мо бояд фарзандонамонро, чи писару чи духтар, хононем, илму дониш, касбу ҳунар ва одобу ахлоқ омӯзонем, забон омӯзонем, аз истифодаи техникаву технологияҳои муосир бархурдор созем, ба зиндагии мустақилона ҳаматарафа омода намоем, онҳоро ҳамчун шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва ватанпарвару заҳматдӯст ба камол расонем.
Эмомалӣ Раҳмон
Замони муосирро рушди босуръати илму технология меҳисобанд, бинобар ин, аз худ кардан ва дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ ҷорӣ намудани навигариҳои илму техника ва технологияҳои замонавӣ барои ташаккули неруи солиму созандаи ҷомеа шарти асосии баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад.
Бо таъкиди Пешвои миллат «ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».
Маҳз илму дониш пояи устувори ҷомеа мегардад. Маърифатдӯстии ниёгон буд, ки дар ҷаҳон то имрӯз ёд мешаванду илмашон рӯи кор гирифта мешавад. Рушди инкишофи ниёгонамон маҳз аз дарёи илму маърифат об хӯрдааст.
Ба қавли шоир Анварии Абевардӣ:
Дидаи ҷони Бӯалӣ Сино,
Шуда аз нури маърифат бино.
Ё Абдулқодири Бедил таъкид менамояд, ки:
Чашм бар нусхаҳои куҳна бидӯз,
Маърифат тоза дафтар аст пирӯз.
Маҳз ин таъкиду роҳнамоиҳои ниёгонамонро имрӯз роҳбарияти олии кишвар сармашқи кори худ қарор додаанд ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд. Мо худ шоҳиди онем, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ пайванди илм бо истеҳсолот ба роҳ монда шуда, шумораи муассисаҳои таълимӣ афзуда, онҳо бо таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ таъмин карда шуданд, ки барои омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва муҳандисӣ: риёзиёт, физика ва химия ҷавобгӯ мебошанд.
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб мерафт, ки раванди бомароми таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ба он робитаи бевосита дорад.
Масалан, соли хониши 2001-2002 дар мактабҳои ҷумҳурӣ беш аз 20700 мутахассис намерасид, қариб 5000 нафар омӯзгор бо таҳсили олии нопурра, беш аз 29000 нафар омӯзгор бо таҳсили миёнаи махсус ва зиёда аз 17700 нафар бо таҳсили миёнаи умумӣ омӯзгорӣ мекарданд (Ин рақамҳо аз як мушовараи Вазорати маорифи давр гирифта шуда, дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» 7-уми июни соли 2002 чоп гардида буд).
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ соли хониши 2025 – 2026 эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар ба зиёда аз 3 ҳазор нафар омӯзгор расидааст.
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сифати таҳсилотро яке аз масъалаҳои асосӣ дар самти таълиму тарбия мешуморад, чунки танҳо саводу маърифат ва илму дониш инсонро аз ҳама бадбахтиву нокомиҳо наҷот мебахшад ва омӯхтани илму соҳибмаърифат кардани ҷомеа ҳам қарз асту ҳам фарз.
Ин пайгириҳо дар зиндагии ҳаррўзаи мардум, дар урфу одат, ахлоқу одоб тағйироти ҷиддӣ ворид намуд ва аҳли илму маърифат ҷиҳати омўзиши забонҳои хориҷӣ, истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ гардидани насли наврас пайваста кўшиш ба харҷ медиҳанд ва ҷавонон низ дарк намуданд, ки «тавонгарии хирад аз тавонгарии мол болотар аст».
Сарвари давлат дар мулоқот ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ (30-юми августи соли 2025) аҳли илм, аз ҷумла олимони соҳаи педагогикаро вазифадор намуданд, ки «Имрӯз замоне фаро расидааст, ки мо педагогикаи миллии худро бо истифода аз дастоварду навгониҳои замони муосир ташаккул диҳем».
Ҳақ ба ҷониби Пешвои ғамхори миллат аст, чунки тарбияи инсон басо душвор, ҷараёни дуру дароз буда, аз гаҳвора оғоз меёбад. Яъне, инсон тамоми умр эҳтиёҷманди ҳидоят ва роҳнамоии бузургон, қабл аз ҳама, шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ва муосир мебошад. Ба қавли Абдулқодири Бедил:
Тарбия чист? Хок зар кардан,
Қатраи обро гуҳар кардан.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар асари худ «Ахлоқи муҳсинӣ» фармудааст, ки беҳтарин сармоя ва хуштарин перояи мурод одамро таҳсили адаб аст. Адаб муҳофизати нафс буда, аз қавли нописандида ва феъли носутуда худро ва мардумро дар пояи ҳурмат нигоҳ доштан аст.
Олимону донишмандон методу тарзу воситаҳои гуногунро дар тарбияи башар истифода бурда, таъкиди онро доранд, ки инсони боақлу ҳушманд тамоми умр меомӯзад ва дар тарбияи худ аз ҳама воситаҳо истифода мебарад.
Боиси хушбахтист, ки омӯзгорон дар ҷавоб ба ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат низоми таълиму тарбияро дар заминаи сарватҳои таърихиву фарҳангӣ, анъанаҳои тарбиявии миллат ва бо дарназардошти талаботи замони муосир пеш мебаранд.
Вализода Одинашоҳ,
сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва
диншиносии муқоисавии Муассисаи давлатии
«Маркази исломшиносӣ дар назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»