Шарҳу тавзеҳи Паём дар ноҳияи Ҷайҳун

Бо мақсади иҷрои Нақшаи чирабиниҳо аз 08.01.2026, #АП – 960 оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 12.2025 ” Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд, санаи 4-уми феврали соли 2026 баъд аз нисфи рӯзӣ вохӯрии гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор бо имомхатибон, фаъолон ва кормандони ташкилоту идораҳои ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид.
Дар мулоқот директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Абдураҳим Ғафор, муовини раиси вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло, муовини раиси ноҳия Сабурзода Насим Маҳмадулло ва мушовири директори Маркази исломшиносӣ Мирзозода А.Ф. иштирок намуданд.
Нахуст Сабурзода Насим ташрифи меҳмононро ба ноҳияи Ҷайҳун хайра мақдам гуфта, Раҳмонзода Абдулло – муовини раиси вилояти Хатлон дар бораи ташкили гурӯҳҳои корӣ ва корбарӣ бо усули “хона ба хона” ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.
Сипас, директори Маркази исломшиносӣ муҳтарам Холиқзода Абдураҳим дар мавзуъҳои “Мақсад, ҳадаф ва мазмуни эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияти таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, “Муҳофизат ва тарғиби мероси таърихию фарҳангии ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои таърихии Хутали қадим ва Саразм”, ” Риояи қатъии қонунҳои миллӣ”,” Худдорӣ намудан аз таассуби сиёсӣ, миллӣ ва динӣ ва вокуниш нишон додан ба чунин амалҳо”, “Адами исрофкорӣ ва баланд набардоштани нархи маҳсулоти хӯрока дар моҳи шарифи Рамазон”, ” Анҷом додани корҳои хайру эҳсон ва дастгирии оилаҳои ниёзманд”, инчунин, дастуру супоришҳое, ки дар Паём зикр гардиданд, суханронӣ намуд.
Дар фарҷом байни иштирокчиёни мулоқот табодули афкор сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх