Саҳми мутафаккирони тоҷику форси ҳавзаи Хуросони Бузург дар ташаккули тамадуни исломӣ: Робиаи Балхӣ. Бахшида ба 1050-солагии Робияи Балхӣ

Асрҳои миёна барои тоҷикон, барҳақ, давраи тиллоии таърихи миллӣ маҳсуб мешавад. Пас аз суқути империяҳои бостонии аҷдодии худ – Каёниён, Ҳахоманишиниён, Кушониён, Ҳайтолиён бори дигар дар аввалҳои асрҳои миёна фарзандони фарзонаи ин миллати куҳан эҳёгарии нави миллиро оғоз ниҳоданд. Дар ибтидо, ҳамчун меросбарони давлатҳои бузурги минтақа, таҷрибаи давлатдории аҷдодиро барои ҷомеаи нави таърихӣ дар доираи васеътари халқҳову мардумони гуногун дар иҷтимои ягонаи навзуҳури густардатаре бо номи – мусулмонон пешниҳод ва амалӣ карда, хилофати исломиро дар ҷомаи фарҳанги бузурги аҷдодии хеш бо падидаҳои нав печиданд ва бад-ин восита тавонистанд аз фарҳангу тамаддуни ҷаҳонгири гузаштаи худ ҳимоят кунанд ва ҷойгоҳи арҷмандонаи онро дар сохтори ҷомеаи навини он замон пайдо намоянд (Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ. Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик (асрҳои 7-15). Душанбе: «Эр-граф», 2022, саҳ.3).
Яке аз чеҳраҳои нодир ва шоистаи таърихи адабиёти тоҷик, яке аз намояндагони давраи тиллоии ташаккули таърихи тоҷикон аввалин шоираи тоҷикзабон Робиаи Балхӣ мебошад. Вай нахустин зани шоираи тоҷикзабон ба шумор меравад, ки дар тазкираҳои адабӣ аз ӯ бо эҳтиром ёд кардаанд. Робиа дар ҳусну ҷамол, фазлу камол, зеҳни тез ва қудрати шоирӣ ба форсӣ, дарию арабӣ машҳур буд. Робиа дар муҳите ба воя расид, ки илму адаб қадр дошт. Бо таваҷҷуҳи падари хирадмандаш, ӯ таълими хуб гирифт ва дар забони форсӣ-дарӣ ва санъати шеър ба дараҷаи баланди камол расид. Табъи шоирона, ҳисси зебоӣ ва ҷаҳонбинии фарохи ӯ боиси он гардид, ки ашъораш аз садоқат, эҳсос ва покдилии занона пур бошад.
Робиаи Қуздории Балхӣ (ар. رابعة بنت کعب القزداري‎), маъруф ба Робиаи Балхӣ, нахустин шоираи тоҷикзабони ҳамдавра бо аҳди Сомониён ва Абуабдуллои Рўдакӣ мебошад. Робиа бинти Каъб Қуздорӣ дар нимаи аввали асри чаҳоруми ҳиҷрӣ / 10-и мелодӣ, яъне тақрибан ҳазор сол пеш, дар шаҳри куҳанбунёди Балх ба дунё омадааст. Балх он замон маркази бузурги илму фарҳанг, дину мазоҳиб ва мактабу андешаҳои гуногун буд. Падари Робиа Каъб Қуздорӣ марди донишманд ва обрӯманд буда, дар давраи салтанати Сомониён дар Систон, Қандаҳор ва Балх ҳукумдорӣ мекард. Бино бар фарзанди чаҳоруми оила буданаш, ўро Робиа (رابعة – Робиъа – чаҳоруми ҷинси занона) ном ниҳодаанд. Робиа бо забонҳои тоҷикию арабӣ шеър сурудааст. Таърихи дақиқи соли таваллуд ва вафоташ маълум нест, аммо бино ба маълумоти баъзе сарчашмаҳо ў дар асри 10, дар оилаи бонуфузи замони хеш ба дунё омадааст. Падараш араб буда, ба қисмати шарқии сарзамини Порс (Хуросон) муҳоҷират карда, дар ин ҷо бо яке аз бонувони маҳаллии тоҷик издивоҷ намудааст (Sinha M. K. The Persian World: Understanding People, Polity, and Life in Iran, Afghanistan, and Tajikistan. — Hope India, 2005. — P. 118- 151 p.). Маълумоти араб будани падари ў дар «Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик (асрҳои 7-15)» зикр шудааст (Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ. Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик (асрҳои 7-15). Душанбе: «Эр-граф», 2022, саҳ.5).
Падараш мансабдори ҳарбии Шоҳ Насри 2-и Сомонӣ буда, дар наздикии шаҳрҳои Балх ва Қуздор ифои вазифа мекард. Аз ҳамин сабаб Робия тахаллусҳои Балхӣ ва Қуздориро истифода бурдааст. Инчунин, Робия тахаллуси Зайну-л-араб (زين العرب‎” – Соҳибҷамоли Араб»)-ро низ доро буд (Оқобузурги Теҳронӣ. Аз-зориъа ила тасанифи аш-шиъа. Нашриёти «Дору-л-ъадва», 1986, ҷилди 9, қисми 2, саҳ. 294). Ва шояд дар ашъори арабии худ Зайнулараб тахаллус мекардааст, ки баъдтар Фаридуддини Аттор дар «Илоҳинома» ва Ризоқулихони Ҳидоят дар «Маҷмаъул фусаҳо» бо ин унвон аз ў ёд мекунанд. Ба гумони мо бо чунин тахаллус шеъри арабӣ гуфтани Робиа шояд сабаб гардида бошад, ки дар бархе аз сарчашмаҳои адабӣ ўро шоираи арабизабон ва барғалат мансуб ба миллати араб донистаанд (Анзурати Маликзод. Робиаи Балхӣ ва ашъори ў. ҶДММ «Меҳроҷ Граф», – Душанбе, 2025, саҳ.3).
Робияи Балхӣ дар шаҳри Балхи Афғонистон аз дунё даргузашта, оромгаҳи ў дар қисмати марказии шаҳри Балх, дар наздикии масҷиди Хоҷа Абунасри Порсо ҷойгир аст (Рейснер М. Л., Ардашникова А. А. Персидская литература IX–XVIII веков. Том 1. Персидская литература домонгольского времени (IX – начало XIII в.). Период формирования канона: ранняя классика. — 2019. — С. 67).
Оид ба ҳаёти Робияи Балхӣ то ба замони мо маълумоти хело каме (ба ҷуз ҷузъиёти вафоти ў) расидааст. Ин маълумот низ бо мурури замон ба қиссаи аҷибе табдил ёфтааст. Дар «Илоҳинома»-и Шайх Фаридуддин Муҳаммад бин Иброҳим Аттор (1145-1221) қиссаи ошиқии ў оварда шуда, дар «Тазкирату-л-авлиё» оиди ў навиштааст: «Хосса Робиа, ки дар муъомалот ва маърифат мисл надошт ва муътабари ҷумла бузургони аҳди хеш буд ва бар аҳли рўзгор ҳуҷҷате қотеъ буд» (Шайх Абуҳомид Муҳаммад бин Абубакр Иброҳим Фаридуддин Аттори Нишопурӣ. «Тазкирату-л-авлиё».Теҳрон, нашриёти «Беҳзод», 1377 ҳ.қ., саҳ.70) .
Зиндагии Робиа, саршор аз муҳаббат ва фоҷиа буд. Вақте падари Робия фавтид, мансаби ўро писараш Собит соҳиб шуд. Тибқи қисса, дар оилаи онҳо ғуломи зебое бо номи Бектош хидмат мекард ва Робия ба ин ғулом дил баста буд. Ин ишқ дар он замон бо урфу одатҳои ҷомеа мувофиқат надошт, зеро ғулом мақоми поин дошт ва чунин муносибат ғайриқобили қабул шумурда мешуд. Аммо Робиа ишқи худро пинҳон карда натавонист. Ӯ ба воситаи шеър дили пурдардашро холӣ мекард ва эҳсосоти поку сӯхтаи худро ба варақ месупурд.
Ин қисса ба дарбори Сомониён расида, дар байни ашроф, ҳангоме Собит низ дар он ҷо ҳузур дошт, муҳокима мешавад. Аз ин қисса бародараш огаҳӣ ёфта, асабонӣ мешавад ва Робиаро бо вуҷуди бегуноҳияш ба қатл маҳкум мекунад. Ӯро ба ҳаммом бурда, рагҳои дасташро буриданд. Дар он лаҳзаҳои дардноки охир Робиа бо хуни худ охирин дубайтаи хешро дар девори ҳаммом менависад, ки нишонаи садоқати ӯ ба муҳаббат мебошад:
Азизам, алвидоъ дар оташу хун,
Бирафтам аз ҷаҳон пурдард берун.
Маро бе ту ҳаромаст зиндагонӣ,
Ман-ат рафтам, ту ҷовидон бимонӣ.
Пас аз марги Робия Биктош аз зиндон фирор менамояд вале аз марги Робия фаҳмида, бармегардад ва Ҳорисро ба қатл мерасонад. Пас аз ин худкушӣ намуда, ресмони зиндагии худро мебурад.
Аз ин қиссаи ошиқонаи Робия бо Биктош шоири форсу тоҷики асри 19 Мирзо Ризоқулихони Ҳидоят (1802-1879) илҳом гирифта, дар ин мавзӯъ манзумае ба номи «Гулистони Ирам» навиштааст.
Моҳи ноябри соли 2025 дар ҷаласаи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО 1050-солагии Робияи Балхӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2026-2027 ворид карда шуд. Мояи ифтихори ворисони аввалин зани суханвар дар таърихи адабиёти форсу тоҷик, нахустин шоираи порсигўй – тоҷикони тамоми дунё аст, ки ҷашни солгарди шоири шинохтаи форсу тоҷик Робияи Балхӣ – ҳамзамони Рӯдакӣ ва дар даврони Сомониён умрбасарбурда, дар арсаи байналмилалӣ аз таърих ва фарҳанги бойи миллати тоҷик, шинохти дурусти сухани дилангези ин модари шеъру адаби порсии тоҷикӣ шаҳодат медиҳад.
Тавре номзади илмҳои суханшиносӣ, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷик ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ Анзурати Маликзод дар Робиаи Балхӣ дар охири асри Сомониён зиставу бо ашъори худ дар раванди эҳёии адабиёти оламгири он даврон ширкати фаъол доштааст. Дар охири давраи фаъолияти устод Рӯдакӣ зиставу сабки рӯдакивори шеъру адаби даврони Сомониёнро дар сарзамини Балх – яке аз нахустин гаҳвораҳои шеъру адаби ниёгони шарафманди мо идома додааст.
Аз ду девони мукаммали ашъори Робиаи Балхӣ (ки яке ба забони модарии ӯ – тоҷикӣ ва дигаре бо забони арабӣ будааст), 55 байт беш боқӣ намондааст. Аммо аз ин мероси андаки бонуи шеършиносу шоирдӯст, бино ба қавли Муҳаммад Афвии Бухороӣ:- «Духтари Каъб агарчи зан буд, аммо ба фазл бар мардони ҷаҳон бихандидӣ, фориси ҳар ду майдон ва волии ҳар ду баён, бар назми тозӣ қодир ва дар шеъри порсӣ бағоят моҳир ва ба ғояти закои хотир» будани Робиаи Балхӣ барҳақ аён аст (Анзурати Маликзод. Робиаи Балхӣ ва ашъори ў. ҶДММ «Меҳроҷ Граф», – Душанбе, 2025, саҳ.7).
Робиа асосан дар сурудани ашъори ошиқона устод буда, шеърҳои ишқии Рудакиро сармашқи худ қарор медодаст. Тибқи маълумоти Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ аз шеъри гирои Робиаи Балхӣ 80 байт (Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ. Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик (асрҳои 7-15). Душанбе: «Эр-граф», 2022, саҳ.64) ва маълумоти дигаре аз ў 7 ғазал, 4 дубайтӣ ва 2 фардбайт боқӣ мондааст.Шеърҳои то ба замони мо расидаи Робиа бурҳони қотеъ бар суханвари тавоно будани ӯ мебошад:
Фишонд аз савсану гул симу зар бод,
Зиҳӣ боде, ки раҳмат бод бар бод!
Бидод аз нақши Озар сад нишон об,
Намуд аз сеҳри Монӣ сад асар бод.
Мисоли чашми Одам шуд магар абр,
Далели лутфи Исо шуд магар бод.
Ки дур борид ҳар дам дар чаман абр,
Ки ҷон афзуд хуш-хуш дар шаҷар бод.
Агар девона абр омад, чаро пас
Кунад арза сабӯҳӣ ҷоми зар бод?
Гули хушбӯй, тарсам, оварад ранг
Аз ин ғаммоз субҳи пардадар бод.
Барои чашми ҳар ноаҳл гӯӣ
Арӯси боғро шуд ҷилвагар бод.
Аҷаб чун субҳ хуштар мебарад хоб,
Чаро афганд гулро дар саҳар бод?
Ишқи ӯ боз андаровардам ба банд,
Кӯшиши бисёр н-омад судманд.
Ишқ дарёе каронанопадид,
Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд.
Ишқро хоҳӣ, ки то поён барӣ,
Баски бипсандид бояд нописанд.
Зишт бояд диду ангорид хуб,
Заҳр бояд хӯрду ангорид қанд.
Тавсанӣ кардам, надонистам ҳаме,
К-аз кашидан сахттар гардад каманд.
Ҳаргиз рӯзе ба банда парво-т набуд,
В-андешаи ин бедили шайдо-т набуд.
Хурдем зи ту хуну нахӯрдӣ ғами мо,
Дар пои ту мурдему сари мо-т набуд.
Ва:
Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт,
Чаман ранги Аржанги Моно гирифт.
Магар чашми Маҷнун ба абр андар аст,
Ки гул ранги рухсори Лайло гирифт.
Ҳаме монад андар ақиқии қадаҳ,
Сиришке, ки дар лола маъво гирифт.
Сари наргиси тоза аз зарру сим,
Нишони сари тоҷи Кисро гирифт.
Чу рўҳбон шуд андар либоси кабуд,
Бунафша магар дини тарсо гирифт (Гулшани адаб. Ҷилди 1.Душанбе, нашриёти «Ирфон», 1974).
Муҳаммадбоқири Иштиҳодӣ, намояндаи сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки бо вуҷуди он, ки аз Робиаи Балхӣ мероси хеле каме боқӣ мондааст, аммо ҳамнавоӣ бо Абуабдуллои Рӯдакӣ, падари шеъри порсӣ, ба ашъори ӯ ширинӣ ва шур офаридааст ва дар боби эҷодиёти Робиаи Балхӣ чунин гуфтааст:”Робиаи Балхӣ дар замони Рӯдакӣ зиста ва ҳамнаво бо ӯ шеър сурудааст ва бо ишқу зебогии худ ширинӣ ва шӯр офаридааст.
Шайх Абуҳомид Муҳаммад бин Абубакр Иброҳим Фаридуддин Аттори Нишопурӣ (1145-1221) дар китоби «Тазкирату-л-авлиё» дар бораи шеъри Робиа мегӯяд:
«Чунон дар шеър гуфтан хушзабон буд,
Ки гӯи аз лабаш тамъе (шаҳде) дар он буд».
Абдураҳмони Ҷомӣ низ дар «Нафаҳоту-л-унс» аз ӯ бо эҳтиром ёд кардааст ва Робиаро зани соҳибзавқ, пурҳис ва покдил меномад.
Робиа духтари Каъби Қуздорӣ аввалин шоираи порсигўест, ки номи ӯ дар радифи шоирони порсигӯй зикр шудааст. Ӯ аз муосирони Рӯдакӣ буд.
Шайх Аттор дар маснавии «Илоҳинома» достоне аз зиндагии ӯ нақл карда, мазмуни ғазалҳои шӯрангезу равони Робиаро тавзеҳ додааст.
Ба гуфтаи Аттор Робиа духтари ҳокими Балх буд. Баъди марги падар, бародари бузургаш Ҳорис ӯро сарпарастӣ мекард. Робиа ба Бектош ном ғуломи бародараш ошиқ шуд ва дар ишқи ӯ шеър мегуфт. Вақте ки асрори ошиқон фош гардид, бо фармони Ҳорис Робиаро дар ҳаммоми тафсон андохта, раги хунашро буриданд ва ӯ ҳалок шуд. Ризоқулихони Ҳидоят ҳам дар ин мавзӯъ манзумае ба номи «Гулистони Ирам» навиштааст.
Наҷмиддин Салимов – мутахассиси пешбари шуъбаи пажўҳиши исломи муосир

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх