ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ ВА РУШДИ ТАФАККУРИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР

Дар ҳошияи “Паём”-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси Раиси маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ дар бораи бунёди “Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ”
Мусаллам аст, ки яке аз қисматҳои меҳварии Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро масъалаи эҳёи хотираи таърихӣ, рушди тафаккури таърихии миллат ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ташкил медиҳад. Ба ҳамагон маълум аст, ки аз рӯзҳои аввали ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб шуданашон – Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи хотираи таърихӣ ва рушди тафаккури таърихии миллат корҳои мондагореро ба анҷом расонидаанд, ки дар таърих назири худро надоранд. Яке аз аввалин иқдомҳои ӯ дар ин самт он буд, ки ҳанӯз соли 1996 шакли аввали китоби арзишманди “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”-ро нашр намуданд, ки имрӯзҳо ин асари мондагор бо забонҳои зиёди байналмилалӣ ва минтақавӣ борҳо тарҷумаву бознашр гардида, таъриху тамаддуни миллати тоҷикро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст.
Баъди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат дар андешаи он буданд, ки бо кадом роҳ таърих ва тамаддуни миллати тоҷикро метавон ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Акнун барои муаррифии миллати тоҷик роҳе ҷуз эҳёи хотираи таърихӣ ва эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ дида намешуд. Аз ин рӯ дар кӯтоҳтарин муддат ба таҷлили бузургтарин ҷашнҳои миллӣ, ки ҳадаф аз таҷлили онҳо ба ҳам овардан, муттаҳид намудан ва муаррифӣ намудани миллати тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ ва боз ҳам ободу зебо намудани кишвари азизамон маҳсуб мегардид, рӯ овард. Дар ин самт як қатор чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ ва конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ дар мавриди таҷлили 1100-солагии Давлати Сомониён, соли 2006 – Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2500-солагии шаҳри Хуҷанд, 2700-солагии китоби гаронмояи гузаштагони мо – Авесто, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 1310-солагии Абӯҳанифа Имоми Аъзам, ҷашнвораҳои шоирони оламшумулу донишмандони бузурги тоҷик ба монанди бузугдошти одамушшуарро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандиву Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Абуалии Синову Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҳаким Тирмизӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзодаву Бобоҷон Ғафуров ва боз бузургдошти садҳо донишмандони шаҳири тоҷик таҷлил гардид, ки бо кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон шӯҳрат ва нуфузи собиқаи аздастрафатаашро барқарор намуда, миллати тоҷик ҳамчун миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид.
Дар баробари муаррифии кору пайкори фарзонафарзандони миллати шарафманди тоҷик Пешвои муаазами миллат боз ба эҳё ва муаррифии арзишҳои дигари давлатдории миллӣ – эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ оғоз намуда, як қатор ёдгориҳои бузурги таърихию фарҳангии кишварро ба воситаи конфронсҳои байналмилалӣ муаррифӣ намуда, ба рӯйхати ёдгориҳои таърихию фарҳангии ташкилоти бонуфузтарини фарҳангии дунё ЮНЕСКО ворид намуданд, ки бо шунидани маданияти Саразму Ҳисор ва таҷлили Наврӯзи Аҷам, Саддаву Меҳргону Тиргон, муаррифии фарҳанги бойи либоспӯшию таомпазӣ, сокинони сайёра кишвари моро ҳамчун кишвари соҳибтамаддуну сокинони онро ҳамчун мардумони дорандаи фарҳанги қадиму ваҳдатофар мешиносанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола низ дар идомаи мантиқии ин ташаббусҳо зикр сохтанд, ки “Соли равон бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Дар ин радиф, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад”. Маҷмуан, дар солҳои охир бо заҳамоти зиёди масъулини соҳа ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҳукумати кишвар 21 адад мероси фарҳанги моддии ғайриманқул ва 13 адад унсури мероси фарҳанги ғайримоддӣ (чакан, фалак, оши палов, шашмақом, санъати таҳзиб, Наврӯз, Сада, Меҳргон, кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ, латифаҳои Хоҷа Насриддин ва суманакпазӣ) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардиданд, ки аз идомаи мантиқии сиёсати фарҳангпарворонаи Пешвои миллат дарак медиҳад.
Яке аз иқдомҳои муҳимму созанда ва падидаи нав дар Паёми имсола муаррифии “эҳёи хотираи таърихии халқ” ва масъалаи “рушди тафаккури таърихии миллати тоҷик” арзёбӣ мегардад, ки он маҳз бо ҳамин нуктаи меҳварияш аз Паёмҳои қаблӣ бо дарки воқеии мафҳумҳои хотираи таърихӣ, худшиносию худогоҳӣ тафовут дошт. Пешвои муаззами миллат ҳанӯз дар суханрониҳои қаблияшон бо дарки баланди маънои “эҳёи хотираи таърихӣ” ва “рушди тафаккури таърихӣ” баҳои сазовор дода, зикр карда буданд, ки «Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз доранд. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем».
Маҳз барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта, таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ Пешвои миллат дар назди худ ҳадаф гузоштанд, ки шоҳасари «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуровро ба ҳар хонаводаи аҳли кишвар тақсим намоянд, то мардуми шарафманди Тоҷикистон ба мазмуну муҳтавои он ошно гардида, «хотираи таърихӣ»-и худро барқарор ва худшиносию худогоҳии хешро аз достонҳои пурифтихори таърихӣ шодоб намоянд.
Воқеан, “Тоҷикон” як китоби муқаррарӣ нест, балки шоҳасарест, ки таърихи бисёрҳазорсолаи миллатро аз бомдоди таърих то замони муосир бо зикри бойтарин мазмуну масъалагузории таърихӣ ҳифз намуда, роҳи худшиносиву худогоҳиро барои наслҳои мо омӯхта истодааст. Маҳз чунин мондагорӣ ва арзиши бузурги асарро ба назари эътибор гирифта, барои эҳёи хотираи таърихии халқи тоҷик Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2019 дастур доданд, ки то таҷлили 30-солагии Истиқлолияти кишвар ин асари арзишманд бо теъдоди зиёд бознашр ва ба ҳар як оилаи кишвар ҳадя карда шавад. Вобаста ба ин Пешвои муаззами миллат ба аҳаммияти илмию таърихии ин асар баҳои ниҳоят баланд дода, зикр намуданд, ки “Ин асар барҳақ китоби рӯимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст”.
Воқеан, надонистани таърих боиси он мегардад, ки кас дар нодонию гумроҳӣ, фақру зиллат ва саргардонию ҷаҳолат умр ба сар бурда, ҳамеша дар изтиробу такрори иштибоҳу низоъу бесуботӣ бошад. Надонистани таърихи пурифтихори худ, на танҳо аз даст додани худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, балки фаротар аз он ҳамчун махлуқе бемақсаду бемаром, берангу бӯ ва бемаънӣ зиндагӣ кардан аст. Надонистани таъриху фарҳанги ниёгони хеш боиси он мегардад, ки инсон на танҳо арзишҳои инсонию фарҳангии худро, балки кӣ будани худро фаромӯш созад. Надонистани таърих ба он оварда мерасонад, ки инсон зуд фиреб мехӯрад ва ба шикаст мувоҷеҳ мегардад. Дар маҷмуъ надонистани таърих ба ҷаҳлу нодонӣ, хурофоту бегонапарастӣ ва ниҳоятан ба ифротгароӣ оварда мерасонад, ки дар ин маврид низ зикри чанд нуктаи муҳим аз Пешвои муаззами миллат ба ин масъала равшанӣ меандозад: “Надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбат ба мероси маънавию фарҳангии он, дар интиҳо шахсро ба инкори ҳақиқати воқеӣ, тамаддуни миллӣ, бегонапарастию қадр накардани қиммати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад”.
Маҳз барои решакан кардани ҷаҳлу нодонӣ, хурофоту бегонапарастӣ ва дар руҳияи ватанпарастию худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди худ ҳадафи бузургтар гузоштанд, ки “Шоҳнома”-и безаволи бузургтарин ҳаммосасарои ҷаҳонӣ – Абулқосим Фирдавсиро бо теъдоди зиёд нашр намуда, ба ҳар хонадони кишвар ҳадя намоянд. Чуноне ки дар Паёми имсола садо дод, “Дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд”.
Чунин тарзи эҳтиром ва муносибат ба таърихи гузаштаи пурифтихори миллати худ дар ягон давраи таърихӣ аз ҷониби ягон сарвари сиёсии олам дар ягон акнофи олам ба мушоҳида нарасидааст, магар он ки Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи хотираи таърихии миллаташ анҷом додааст.
Боиси тазаккури хос аст, ки маҳз бо заҳамоти шабонарӯзии Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихнигории миллии муосири тоҷик шакл гирифта, таҳқиқи таъриху фарҳанги халқи тоҷик, эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ, аркони давлатдорӣ ва донистани ҳудудҳои паҳновари ҷуғрофии ниёгонамон суръати тоза пайдо намуда, натоиҷи бадастомада барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва таҳкими пояи истиқлолият хизматҳои мондагореро анҷом дода истодаанд. Самараи ҳамаи заҳматҳои Пешвои миллат дар самти эҳёи хотираи таърихӣ ба он натиҷа расид, ки тафаккури таърихии миллати тоҷик рушд намояд, то ин кохи азими мафкуравӣ дигар ҳеҷ гоҳ газанд наёбад.
Агар ба таърихи пурифтихори аввалин давлатҳои Ориёӣ – Пешдодиёну Каёниён назар андузем, дармеёбем, ки ҳар кадоми онҳо бо бузургтарин ихтирооти худ дар тамаддуни башарӣ саҳми арзишманди хешро гузоштаанд. Каюмарс аввалин бунёдгузори шоҳаншоҳӣ, Ҳушанг аввалин ихтироъкори оташ, Таҳмурас аввалин ихтироъкори хатту гирдоварандаи донишҳо, Ҷамшед ба ҳайси як мунаҷҷим ва ихтироъкори аввалин тақвиму санагузорӣ, ойинофару додгустар ва эҷодгари ҷашнҳои ниёгон ёд шуда, ин рисолатро шоҳони баъдии ин хонадон ва шоҳони Каёнӣ идома дода, бузургтарин тамаддуни аҳди бостонии оламро бунёд гузошта, намунаи барҷастатарин арзишҳои фарҳангии зиндагиро барои инсон муҳайё сохтанд. Сулолаҳои дигари ориёии Ҳахоманишиҳо, Ашкониён, Сосониён, Кӯшониён низ барои раъияти хеш беҳтарин шароити иҷтимоиро муҳайё намуда, бо унсурҳои тозаи фарҳангӣ тамаддуни ориёиро ташаккул дода, боз ҳам мукаммалтар гардониданд. Дар ин робита Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсола зикр намуданд, ки “Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бойю рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд”.
Дар идомаи Паём Пешвои муаззами миллат баҳри эҳтиром гузоштан ба арзишҳои милливу таърихӣ ва аз нав эҳё намудану ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани ҷашну анъанаҳои миллӣ андешаҳои хешро чунин баён намуданд: “Воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд”.
Ҳамин тариқ, дар тақвияти арҷгузорӣ ба мероси таърихиву фарҳангӣ ва тамаддуни миллати тоҷик Пешвои миллат пешниҳоди мондагореро ироа намуданд, ки таърихи бесобиқа дорад. Эълон намуданд, ки: “Бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад”. Чунин пешниҳодот ва иқдоми барҷаста аз ҷониби роҳбари давлати тоҷикон, нишон аз соҳибқудратии тоҷикон, фарҳангофариву тамаддунофарии онҳо дар масири таърих мебошад.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола муждаи бузурги дигаре барои миллати куҳанбунёду тамаддунофару боазамати тоҷик додаанд, ки тибқи он дар қалби Тоҷикистони азиз, шаҳри Душанбе ба хотири арҷгузории таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо – тоҷикон ва эҳёи хотираи таърихии миллат “Конун ва ё маркази тамаддуни ориёӣ” таъсис дода мешавад. Ин иқдом аз арзишмандтарин нуктаҳои меҳварии Паёми навбатии Пешвои миллат буда, дар ояндаи наздик барои эҳёи хотираи таърихӣ, рушди тафаккури таърихӣ, худогоҳию худшиносии миллӣ хизматҳои бузургу мондагоре анҷом дода, метавонад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки тамаддуни ориёиҳо таърихи зиёда аз шашҳазорсола дошта, аз ин тамаддун фарҳангҳои зиёд шодоб гардида, халқиятҳои дигари рўи замин дар заминаи тамаддуни бузурги Ориёӣ ба вуҷуд омаданд. Аммо, имрӯз тоҷикон ягона миллате маҳсуб меёбанд, ки худро вориси ҳақиқии ин тамаддуни беназир ҳисобида, Роҳбари тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро посдоранда ва эҳёгари таъриху тамаддуни бузурги ориёӣ медонад ва арзишҳои фарҳангии ин тамаддуни бузургро дар сатҳи давлатӣ арҷ мегузорад ва таҷлил менамояд.
Маҷмуан, дар урфият овардаанд, ки “офарандаи таърих халқ аст”. Дар асл, таърихро ғолибону фотеҳони бузург, чеҳраҳои бузурги сиёсии ҷаҳонӣ ва пешвоёну доҳиҳо меофаранд. Пешвои муаззами миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари бунёди давлатдории миллӣ, бо таълифи бузургтарин осори таърихии худ “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, “Забони миллат – ҳастии миллат“, “Куруши Кабир”, “Чеҳраҳои мондагор”, “Уфуқҳои Истиқлол” ва дигар осори пурғановати хеш дар самти таърихнигории тоҷик на танҳо ҷараёни нави таърихнигориро ба вуҷуд оварданд, балки ба он тобиши нав дода, эҳёи хотираи таърихӣ ва эҳёи арзишҳои тамаддуни ориёиро ҳадафи асосии муаррихон қарор дода, ба ин восита рушди тафаккури таърихии миллати тоҷикро таъмин намуда, миллати тоҷикро ҳамчун миллати тамаддунофар ва Тоҷикистонро ҳамчун маркази тамаддуни ориёӣ эълон намуданд.
Хулосаи матлаб ин аст, ки дар таърихи мавҷудияти ориёиҳо ҳар замоне ки онҳо хотираи таърихии хешро эҳё менамуданд, бузургтарин иттиҳоду сарҷамъӣ ва паҳновартарин давлатҳову империяҳои оламро созмон дода тавонистанд. Замоне, ки ориёиҳо хотираи бостонии ниёгони хешро эҳё карданд, империяҳои бузургтари Ҳахоманишӣ, Ашконӣ, Кушонӣ ва Сосонӣ ташаккул ёфтанд. Дар давоми асрҳои миёна тоҷикон хотираи таърихии хешро эҳё карданд, давлатҳои миллии Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён зуҳур намуданд. Инак баъди муддати зиёд бо зинда намудани хотираи таърихии ниёгони хеш ва рушди тафаккури таърихӣ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боварии комил дорем, иттиҳоду сарҷамъии тоҷикони ҷаҳон таъмин ва умри давлатдории навини мо – Тоҷикистони бузург абадӣ хоҳад гашт.
Ғуломов Т.М.
доктори илмҳои таърих, профессор 
Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ,

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх