Андешаҳо дар нисбати иғвоҳои навбатии Муҳаммадиқболи Садриддин
Ҳамаи давлатҳо новобста аз шакли давлатдорӣ ва сохтори сиёсӣ ҷабҳаҳои оппозитсионие доранд, ки тавассути нишон додани камбудиҳо ва норасоиҳо дар фаъолияти институтҳои давлат ё дар умум ҳукумат норозигии худро нишон медиҳанд.
Ин яке аз аломатҳои низоми демократии давлатдорӣ мебошад.
Мавҷудияти чунин институтҳо боиси рушди низоми ҳуқуқӣ иҷтимоӣ ва иқтисоодии ҷома буда метавонад.
Аммо баъзе афрод ба мисли Муҳаммадиқболи Садриддин худро намояндаи чунин институтҳои оппозитсионӣ муаррифӣ карданӣ шуда, кушиш доранд бо ин роҳ диққати ташкилотҳои байналмилалро ҷалб намоянд.
Мутаасифона, дар баъзе мавридҳо ташкилотҳои гуногун ҳадафи пасипардагӣ ва муғризонаи онҳро дарк накарда дастгирӣ менамоянд.
Муҳаммадиқболи Садриддин аз чеҳраҳои мухолифи сиёсати ҳукумати Тоҷикистон худро муаррифӣ карда, айни замон дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекунад.
Дар бораи фаъолият ва муқовимати ӯ бар зидди ҳукумат нуктаҳои зерин маълуманд: номбурда роҳбари портали иттилоотии Isloh.net мебошад ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла YouTube, барномаҳои иғвоангезона нашр мекунад.
Вале, Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи тақдирсоз барои миллат ба майдони сиёсат ворид гардид. Маҳз тухми ҷангу низоъи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро мубаллиғону саркардагони ТЭТ ҲНИ паҳн намуданд ва миллатро ба гирдоби ҷанг кашиданд.
Расонаҳои давлатӣ дар асоси хулосаи қонунгузорӣ, саркардагони ТЭТ ҲНИ- ро ҳамчун “хоини ватан”, “ифротӣ” ва “душмани миллат” эълон карданд.
Аз ҷумла, соли 2020 Додситонии кулли Тоҷикистон эълон намуд, ки нисбати Муҳаммадиқболи Садриддин пас аз муроҷиати шаҳрвандони Тоҷикистон Кабутов Неъматулло Бадриддинович, Холов Сиёвуш Имомқулович ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Онҳо изҳор доштанд, ки Муҳаммадиқбол маблағҳои онҳоро дар ҳаҷми 430 000 доллар аз худ кардааст.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбати номбурда таҳти моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (“Қаллобӣ дар миқёси махсусан калон”) оғоз шудааст.
Муҳҳамадиқбол худро ҳамчун ҳомии дини ислом нишон дода, тамоми бадкориву аъмоли хиёнаташро зери ниқоби дин пинҳон медорад. Ҳол он ки дини Ислом – дини ростӣ ва имони пок аст, ки дар он ҳама гуна бадкориву аъмоли хиёнат дар нисбати бародари мусулмон маҳкум шудааст. Ҳизби мамнӯи террористии Наҳзати Исломӣ дар Аврупо қорогоҳ пайдо намуда, бо истифода аз принсипҳои демократӣ дар Аврупо суистифода мекунад.
Имрўз фазои иттилоотӣ имконият додаст, ки ҳар касу нокас худро ҳамчун шахсияти маъруфу олим ва сиёсатмадор муаррифӣ намояд. Вале, агар ба шахсият ва зиндагии Муҳаммадиқболи Садриддин назар андозем, ягон маълумоти дақиқ ё ягон дастварди уро дар самти илму сиёсат аз ҳеҷ куҷо дарёфт карда наметавонед. Вай кай дар кадом мактаби расмӣ хондааст, бо ки ёру дӯст буд, ҷавониашро дар куҷо ва чи тарз гузаронидааст? Ба ин саволҳои ягон маълумот нест. Пас ин афрод кист?
Ба ҷуз муроҷиати аҳмақона ва сухангӯии беадабона дар сомонаҳои иҷтимоӣ бо дигар кори ҳалолу қонунӣ машғул будани ӯ намоиш дода намешавад. Ба фикрам ӯ танҳо бо паҳнкунии маводҳои иғвоангезона ва пучу беасос машғул аст. Ба манфиати ҷамъият як зара кор накардааст, танҳо зараррасонӣ асту халос.
Ҳангоме, ки ӯ дар ягон ҷо бо кори расмӣ шуғл надошта бошаду, доимо бо чаловкорию иғвогароӣ машғул бошад, пас ӯ бо кадом маблағ зиндагӣ мекунад? Бо маблағи хоҷаҳояш ва ё даромад аз шабакаҳои иҷтимоии аз ҳисобӣ барномаҳои иғвоангезонааш?
Ҳарчанд давлат кушишҳои ҳамкорӣ бо гуруҳҳои оппозитсионир ба роҳ монда буд, теъдоди аз онҳоро ба вазифаҳои калидӣ таъйин намуд, вале боз ҳам ҳамон мақоли мардумӣ:
Неши ақраб на аз пайи кин аст,
Муқтазои табиаташ ин аст.
Таҳлилҳои фаъолияти кунунии хоиноне, мисли Муҳаммадиқбол бори дигар собит намуд, ки муборизаашон на барои ободии кишвар, балки барои нооором намудани зиндагии тинҷу ороми мардуми меҳнаткашу ватандусти Тоҷикистон мебошад.
Сардори шуъбаи пажуҳиши исломи муосир
н.и.ф. Баҳромбеков Д.А.