Зимни андешаи ҷиддӣ дар бораи таъйиноти иҷтимоии рисолати Паёмбар ба чунин бардошти эҳтимолан баҳснок хоҳем расид, ки мутаассифона, мусулмонон то ҳанӯз моҳияти таъйиноти мазкурро дуруст дарк накардаанд. Ба андешаи ин ҷониб, дуруст надонистани асли таъйиноти иҷтимоии рисолати Паёмбар сабаб гардидааст, ки мардуми мусулмон ҷавҳари таълимотро монда, арзишҳои дуюмдараҷаро пайгирӣ намоянд. Воқеияти ҳоли имрӯзаи мусулмононро ба таври рамзӣ метавон чунин муаррифӣ намуд, ки ба сабаби ноогоҳӣ аз моҳияти матлаби зикршуда мардуми мусулмон дар умум калларо монда дар пайи салла афтидаанд. Яке аз намунаҳои равшани дуруст нашинохтани ҷавҳари таъйиноти иҷтимоии рисолати Паёмбар ва иштибоҳан омехта намудани “каллаю салла” дар тақлиди кӯр-кӯрона аз суннати Паёмбар ифода меёбад. Тақлиди кӯр-кӯрона ва муғризона аз суннати паёмбар дар он ифода меёбад, ки мардуми мусулмон дар самти пешгирифтаи худ собитқадам набуда, танҳо он суннатеро интихоб ва пайравӣ мекунанд, ки барояшон мушкилзо нестанд.
Ногуфта намонад, ки дар зери мафҳуми «Суннати Паёмбар (с)” дар олами ислом одатан гуфтору кирдори Паёмбари ислом Муҳаммад (с)-ро мефаҳманд. Албатта, чунин фаҳмиш, аз як нигоҳ, мушкилии ҷиддие надорад. Аммо ин ҷо мавзуи мавриди таваҷҷӯҳ ва тааммулу таҳқиқ аз он иборат аст, ки мардуми мусулмон дар кишвари мо ва берун аз он дар зери суннати Паёмбар кадом гуфтору рафтори ӯро чун рафтори зарурӣ ва барои ҷомеаи мусулмонон муҳим мепазиранд, пайравӣ менамоянд ва онҳоро аз ҷумлаи вижагиҳои фарқкунандаи дини ислом ба қалам медиҳанд.
Ҳангоме мавзуи моҳияти суннати Паёмбарро ҷиддӣ таҳқиқ менамоем, мебинем, ки мусулмонони мо, мутаассифона, масоили хеле кучак, ночиз, зоҳирӣ, дуюмдараҷа ва аз аҳамияти иҷтимоӣ ва таълимию тарбиявӣ ориро мавриди таваҷҷуҳу пайгирӣ қарор медиҳанд. Масоили номбаршуда асосан аз мондани риш, бардоштани ангушту даст дар баъзе ҳолатҳои намоз, хӯрдани хурмо зимни рӯзакушоӣ ва амсоли инҳо иборат аст. Дар ин ҳолат сарулибоси Паёмбар, хӯрду хӯроки ӯ, ҷойи хобу василаи ҳаракаташ аз маконе ба маконе аз ҷониби “суннатдӯстдорон”, албатта, ҳамчун суннат пазируфта ва пайравӣ карда намешавад. Онҳо пазируфта нашудани суннатҳои мазкурро одатан ба тағйирёбии замона рабт медиҳанд. Яъне, чун замона дигар шудааст, “суннатдӯстдорон”- ро аз ҳамқадамӣ бо замона чорае нест. Воқеан ҳам хеле тааҷҷубовар аст, ки имрӯз “суннатдӯстдорон” баъзе аз рафтори Паёмбарро чун намунаи ибрат пазируфта, пайравӣ менамоянд, аммо иддаи дигари рафтори Паёмбарро ба сабаби тағйирёбии замона на танҳо пайравӣ намекунанд, балки огоҳона ба гӯшаи фаромӯшӣ месупоранд. Пурсида мешавад, ки чунин муносибат магар қобили қабул аст?
Агар ба гуфтору рафтори Паёмбар беғаразона, бо нигоҳи системавӣ ва равиши диалектикӣ назар андозем, мо дар он амалкарду ҳадафҳои хеле муҳим ва зарурию ногузирро пайдо менамоем, ки бешак моҳияти таъйиноти иҷтимоии рисолати Паёмбарро барои мо равшану возеҳ боз мекунанд. Дар оғоз мехоҳем таъкид намоем, ки ин ҷо “нигоҳи системавӣ” гуфта, фаъолияти Паёмбарро ҳамчун як барномаи томи ахлоќї-иљтимої дар назар дорем. Дар зери “равиши диалектикӣ” бошад, мо амалкардҳои Паёмбарро дар робита ба муҳити сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳукмрону зарурати тағйирёбии онҳо мефаҳмем. Воқеан ҳам баъзе амалҳо дар рафтори Паёмбар хусусияти ҷузъӣ дошта, баъзеи дигар хусусияти куллӣ доранд, яъне пайгирӣ аз ҳадафи асосӣ ва марказие мебошанд, ки паёмбар барои расидан ба он бо иродаи матин ҳама гуна монеаҳои сунъию табииро бартараф намудааст. Ба андешаи мо бардоштани ангушту мондани ришу бо хурмо кушодани рӯза ва амсоли инҳо аз ҷумлаи аъмоли ҷузъӣ мебошанд. Онҳоро мавриди амалкарди ҳатмӣ ва нишони пайравии исломи воқеӣ муаррифӣ кардан нишони танҳо биниши маҳдуд, равиш (метод)-и ғайриилмии таҳқиқ ва нуқси илму дониш метавон донисту халос. Зеро амалҳои номбурда мазмуну ҳадафи асосии Паёмбарро муайян наменамоянд.
Қобили зикр аст, ки донишмандони ислом дар тули асрҳои зиёди сипаригардида, аз як тараф, ба сабаби пойбандӣ ба такаббуру тафохур, аз тарафи дигар, ба сабаби дур будан аз дониши фалсафию надоштани тафаккури диалектикӣ таълимоти исломро, махсусан суннати Паёмбарро ҳамчун таълимоти зидди куштору таркиш, таълимоти сулҳофару инсонпарвар, ислоҳсозандаи ҷомеаю барои рушду пешрафт таҳрикдиҳанда дарк карда натавонистанд. Қишри номбурда ба сабаби таассуби динию яхбастагии афкору ақида таълимоти мазкурро аксаран зиддиилмӣ муаррифӣ намуда, олами исломро ба ботлоқи ҷаҳолат ғӯтавар гардониданд, ки оқибати он имрӯз дар шароити пешрафти босуръати илму технологияи ҷаҳонӣ равшан эҳсос мегардад. Воқеан ҳам, ҳамин нигоҳи яктарафа, борик, сатҳӣ, орӣ аз принсипи ягона, маҳдуду танҳо ба ҷузъиёт вобастаи донишмандони исломӣ сабаб гардидааст, ки олами ислом дар давоми зиёда аз ҳазор сол ҷомеаи хоболуд, қафомонда, аксаран дур аз илму маърифат, ниёзманд, дастнигар ва шахшудамонда боқӣ монад, дар ҳолате, ки ҳам дар Қуръон ва ҳам дар аҳодиси Паёмбар оятҳою ҳадисҳои зиёде ҳастанд, ки манфиати инсонро дар маркази таълимот қарор дода, сабукии зиндагӣ ва пайгирӣ аз илму донишро, ки муҳаррики асосии пешрафти ҷомеа маҳсуб меёбанд, пайваста тарғиб менамоянд.
Агарчанде дарки асли таъйиноти иҷтимоии рисолати Паёмбар ба донишмандони исломӣ ба сабаби надоштани тафаккури диалектикӣ муяссар нагардид, лекин шинохти воқеии таъйиноти мазкур ба донишмандони ғайриисломӣ, ки воқеан ҳам нигоҳ ва биниши васеъ доштанд, муяссар шуд. Хеле тааҷҷубовар аст, ки баъзе муҳаққиқони сатҳи ҷаҳонӣ ба нақши Муҳаммад (с) дар рушди ҷомеа баҳои баланд дода, хосияти пешбарандагию таҳрикдиҳандагӣ ва мутобиқ ба рушду пешрафт будани дини исломро махсус қайд намудаанд. Аз ҷумла, шарқшиноси маъруф В.В.Бартолд менависад, ки “… ислом дар тули ҳаёти асосгузори худ раванди пешрафту рушдеро паси сар кард, ки онро дини буддоӣ аз замони Шакямуни то Ашока, ва дини масеҳӣ аз замони Исои Масеҳ то Константини Бузург паси сар карда буд”. (Ниг. (Бартольд В.В. Ислам.//Акад. Бартольд В.В. Соч. Т.6. – М. : Наука, 1966. Саҳ. 81).
Ин ҷо барои хонанда ёдовар мешавем, ки Паёмбари ислом соли 570 таваллуд шуда, соли 632 фавтидааст. Аммо давраи нубувватии ӯ, ки бевосита муассир будааст, аз соли 610 оғоз ёфта, то охири умраш тул кашидааст. Ин давра ҳамагӣ 22 солро фаро мегирад. Аз гуфтаи муҳаққиқи маъруф В.В. Бартолд бармеояд, Муҳаммад (с) дар давоми 22 сол ҷомеаро ҳамон қадаре пеш бурд, ки барои дини буддоӣ ва масеҳӣ тақрибан 400 сол лозим омад. Ба андешаи ин ҷониб, асли таъйиноти рисолати иҷтимоии Паёмбари ислом Муҳаммад (с) маҳз дар ислоҳи ҷомеа, таъмини пешрафти ҷомеаю ҳамқадами замон гардондани он ифода меёбад.
Аммо, мутаассифона, вақте зимоми ҷомеа ба дасти “уламо” ё “ворисони Паёмбар” афтод, ҷомеаи исломӣ дар давоми қариб ҳазор соли охир, манзури мо давраи баъди аҳди Сомониён, эҳтимол як қадам ҳам пеш ҳаракат накарда бошад. Аз суннатгароён ва қишри ба ном “уламо ё ворисони Паёмбар” пурсида мешавад, ки сабаби чунин шахшудамондагӣ ва беҳаракатӣ дар ҷомеаҳои исломӣ дар тули ҳазор соли охир чист? (Ин ҷо 50 соли охирро, ки дар баъзе кишварҳои исломӣ зери таъсири Ғарб пешрафт шудааст, бояд истисно кард). Ин ҷо савол ба миён меояд, сабабгори асосии қафомонӣ худи таълимоти дини ислом аст ё нафаҳмидани моҳияти таълимоти он аз тарафи “уламо ё ворисони Паёмбар”?
Чун Паёмбар қафомонии ҷомеаи худро дарк намуда, ислоҳ кард ва рушд бахшид, пас, қишри ба ном “уламо” низ бояд рисолати мазкурро дарк карда, муҳаррики ҷомеа мегардиданд. Чун дар даврони Паёмбар василаи ислоҳу таҳрик дин буд, Паёмбар бо ин мақсад динро дурусту мақсаднок истифода бурд. Чун василаи таҳрику пешрафт имрӯз илми воқеист, пас, “уламо” низ бояд ба илми мазкур даст зада, ҷомеаро ба сӯйи он тарғиб намоянд. Қуръон дар ин бора таълим медиҳад: “Ба дурустӣ, ки барои шумо – барои касе, ки (савоби) Худо ва рӯзи охирро умед дорад ва Худоро бисёр ёд мекунад, дар [кори] Пайғамбари Худо иқтидои писандида ҳаст” (Аҳзоб, 33:21). Иқтидо бояд ба кулл карда шавад, на ба ҷузъ, зеро ҷузъ василаи расидан ба кулл мебошад. Зимни пайравӣ ба ҷузъ ва ноогоҳӣ аз кулл шахс ба олами иштибоҳ ворид шуда, ахиран гумроҳ мегардад. Дар рисолати Паёмбар таъмини пешрафти ҷомеа кулл буда, дин васила ва ҷузъ маҳсуб меёбад. Дарки ҳақиқати мазкур барои аҳли илм хеле муҳим ва зарур аст. Маҳз дар чунин ҳолат онҳо метавонанд худро ворисони Паёмбар номанд. Дар акси ҳол онҳо ба сабаби дарки нодурусти рисолати Паёмбар ҷомеаро ба вартаи ҳалокат бурда, дар бадбахтии аҳли ҷомеа гунаҳгор маҳсуб меёбанд. Танҳо илми воқеӣ, на илми сунъии сохтаи қишри мазкур имкон дорад, ки ҷомеаро ислоҳ намояд, аз ниёзмандиҳо аз абарқудратҳо раҳоӣ бахшад, ба кишварҳои исломӣ истиқлоли воқеиро ато намуда, дар таъмини накуаҳволии мардум саҳмгузор бошад.
Муовини директори Маркази исломшиносӣ Абдухалилзода К.