Асри муосирро бе муболиға метавон асри иттилоот номид. Пешрафти технология ва рушди шабакаҳои иҷтимоӣ имконият фароҳам овардааст, ки ҳар шахс ба манбаи паҳнкунандаи хабар табдил ёбад. Иттилоот имрӯз қувваи бузург мебошад, он метавонад ҷомеаро муттаҳид созад, сатҳи маърифати мардумро баланд бардорад ва ба рушди давлат мусоидат кунад. Аммо дар баробари ин, агар иттилоот бо нияти бад ва ғаразнок истифода шавад, метавонад ба амну субот, ваҳдати миллӣ ва нуфузи давлат зарари ҷиддӣ расонад.
Мавриди зикр аст, ки озодии баён яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи муосир мебошад. Аммо ин озодӣ бо масъулият ҳамроҳ аст. Пеш аз паҳн кардани иттилоот ҳар шахс бояд дар бораи паёмадҳои иҷтимоии он андеша кунад. Эҳтиром ба ватан, миллат ва арзишҳои миллӣ ва ҳифзи онҳо яке аз пояҳои устувории ҷомеа буда, вазифаи муштараки ҳамаи мост.
Аммо мутаассифона дар ҳар ҷомеа афроде дида мешавад, ки ба ҷойи сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, тухми кинаву адоват мекоранд. Ингуна шахсонро фитнагар меноманд. Фитнагар касест, ки бо суханони бардурӯғ, овозаҳои беасос ва рафтори ноодилона миёни мардум низоъ меандозад ва оромии ҷомеаро халалдор месозад.
Фитнагар маъмулан худро дӯсту хайрхоҳ нишон медиҳад, аммо дар асл мақсади ӯ барҳам задани муносибатҳои нек аст. Ӯ сухани якеро ба дигаре тағйир дода мерасонад, воқеиятро таҳриф медиҳанд ва онро ба чашми мардум нодуруст муаррифӣ мекунанд. Бо ин роҳ байни як ҷомеаи ором, дӯстон, хешовандон ва ҳатто ҳамкорон кинаву нофаҳмӣ ба вуҷуд меорад.
Таъсири фитнагарӣ бисёр зараровар аст. Аввалан, эътимоди байни одамон коҳиш меёбад. Дувум, муҳити солим ба муҳити пур аз шубҳа ва нооромӣ табдил меёбад. Саввум, ҷомеа аз рушду пешрафт бозмемонад, зеро нерӯ ва вақт ба ҷанҷолҳо сарф мешавад.
Фитнаангезӣ бо истифода аз иттилоот яке аз чолишҳои ҷиддии асри муосир мебошад. Шахсе, ки бо нияти бад иттилоотро бар зидди ватан ва миллат истифода мебарад, метавонад ба субот ва ваҳдати ҷомеа таъсири манфӣ расонад. Аммо ҷомеаи дорои маърифати баланд, тафаккури интиқодӣ ва эҳтироми мутақобил метавонад ба чунин чолишҳо муқовимат намояд.
Барои пешгирӣ аз фитнагарӣ, ҳар як инсон бояд ҳушёр бошад. Пеш аз бовар кардан ба ҳар хабар, дурустии онро санҷидан зарур аст. Агар касе сухани нохубе дар бораи дигаре гӯяд, беҳтар аст мустақиман бо ҳамон шахс суҳбат намояд. Илова бар ин, тарбияи ахлоқӣ ва эҳтироми якдигар нақши муҳим дорад.
Инчунин барои ҳифзи ваҳдати миллӣ ва рушди устувор зарур аст, ки сатҳи маърифати расонаӣ баланд бардошта шавад, фарҳанги муколамаи созанда ташаккул ёбад ва ҳар як шаҳрванд масъулияти сухан ва амали худро эҳсос намояд. Танҳо дар ин сурат ҷомеа метавонад ба чолишҳои иттилоотии замони муосир посухи муносиб диҳад.
Хулоса иттилоот дар асри муосир яке аз соҳаи пурқудрат ба ҳисоб меравад. Он метавонад барои рушд ва ваҳдат хизмат кунад ё баръакс, барои барангехтани фитна ва тафриқа истифода шавад. Шахсе, ки бо нияти бад иттилоотро бар зидди ватан ва миллат истифода мебарад, ба субот ва ҳамдигарбоварии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.
Ҳамчунин, фитнагарӣ амали носолим ва хатарнок аст. Ҷомеае, ки дар он ростқавлӣ, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо бошад, барои фитнагарон ҷой намемонад. Пас, биёед бо рафтори нек ва сухани дуруст сулҳу оромиро дар ҷомеаи худ ҳифз намоем.
Сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Исоев Н.