“Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дўст дорем, ватандўсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем ва барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем”.
Эмомалӣ Раҳмон.
Дар фарҳанги забони тоҷикӣ ватанро ҷойи таваллуд ва нашъунамо, зодгоҳ, меҳан маънидод намудаанд.
Саъдии Шерозӣ дар васфи ватан чунин мефармояд:
Саъдиё ҳубби ватан гарчи ҳадисест саҳеҳ,
Натавон мурд ба хорӣ, ки ман инҷо зодам.
Вожаи Ватан барои ҳар як шахси бонангу номус муқаддас ва арзишманд аст. Ватан маконест, ки инсон дар он ҷо худро орому осуда ва соҳиби кошона эҳсос мекунад ва ба он менозаду меболад.
Ватандорӣ арзиши муқаддаси инсонӣ ба ҳисоб меравад. Муҳаббат ба ватан эҳсоси ифтихор, масъулият ва садоқатро дар қалби кас бедор месозад. Масъулият бошад амали мушаххасест, ки дар худ эҳтироми арзишҳои миллӣ, волоияти қонун ва риояи онҳо, саҳмгузорӣ дар рушди он ва ҳифзи истиқлолиятро дар худ инъикос мекунад.
Ҳақ бар ҷониби адиби ватансаро Муҳаммад Ғоиб аст, ки мегуяд:
Манам доротарин одам, ватан дорам, ватан дорам,
Ками худро нагӯям кам, ватан дорам, ватан дорам.
Агарчи кулбаам одист, вале дил маскани шодист,
Фараҳ хезад маро аз ғам, ватан дорам, ватан дорам.
Хасисон низ мебахшанд баҳри ҳифзи меҳан ҷон,
Ватан касро кунад ҳотам, ватан дорам, ватан дорам…
Манам доротарин одам, ватан дорам, ватан дорам,
Садоям бишнавад олам, ватан дорам, ватан дорам.
Шоир бисёр самимона ва бо ифтихор ба камиву костии зиндагӣ нигоҳ накарда, бо як иродаи баланд аз таъриху фарҳанг, арзишу муқаддасот сухан мекунад, ҳотамиву бурдбории хешро аз доштани ватан медонад.
Бо ба даст омадани истиқлолияти сиёсиву давлатӣ мафҳуми ватандорӣ мазмуни нав касб намуд. Мардуми шарифи кишвар танҳо дар давраи соҳибистиқлолӣ соҳиби давлати миллӣ гардиданд.
Аммо истиқлолият танҳо ҳуқуқ ва ифтихор нест, балки масъулияти бузург дар назди наслҳои имрузаву ояндаи миллат аст. Моро зарур аст музаффариятҳои онро ҳифз кунем, ваҳдати ягонаи миллӣ ва суботи ҷомеаро мустаҳкам намоем. Шоир М.Ғоиб дар ҷойи дигар бо ҳамин маънӣ чунин мефармояд:
Ҳамон роҳе, ки поёнаш намебинам, ватандорист,
Ҳамон дарде, ки дармонаш намебинам, ватандорист.
Ба хуни ноф ҳар хоке шавад олуда, ҷон дорад,
Танеро бе ғами ҷонаш намебинам, ватандорист.
Дар шароити ҷаҳонишавии бемайлон ва бо ҳам омадани тамаддунҳои гуногун, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои фарҳангӣ мубрамияти бештар пайдо мекунад.
Ҳифзу ҳимояи ватан аз нигоҳи дини ислом низ ҷойгоҳи хос дорад ва Офаридгор мусулмононро ба ҳифзи марзу буми ватани худ амр кардааст. Ҳар яки мо вазифадорем, ки нигаҳбони сулҳу субот, тинҷиву оромӣ бошем.
Дар таълимоти дини мубини ислом иборае мављуд аст, ки дўст доштани ватанро ба њама вољиб мегардонад: «Ҳуббу-л-ватани мина-л-имон», яъне дўст доштани ватан аз имон аст. Ибораи мазкурро баъзеҳо ҳадис, гурӯҳи дигар хабар ё қавл медонанд. Аммо ҳамагон дар воҷиб будани «Ҳуббу-л-ватан» иттифоқ доранд.
Муҳаққиқ Фахриддин Насриддинов дар пешгуфтори таҳияи китоби Маҳмуд ибни Умари Замахшарӣ «Хираднома» (Ҳазору як гуфтор аз «Робеъ-ул аброр ва нусус-ул ахбор») аз ҷумла овардааст, ки ин асар аз ҷумлаи шоҳкориҳои миллати тоҷик аст, ки мақоми ҷаҳонӣ дорад ва бешак аз донишу биниши фарохи муаллиф шаҳодат медиҳад. Матлабҳои китоби мазкур фарогири мавзуъҳои муҳими ҳаёти ҷомеа буда, дар он мавзуъҳои ватану ватандорӣ мақоми хосеро дорост.
Дар боби меҳри ватан ва иштиёқу дилбастагӣ ба он чунин ривояти ҷолибро овардааст: Абон ибни Саид (асҳоби киром) аз Макка ба Мадина ба назди Расуллоҳ (с) омад. Ҳазрат аз ў пурсиданд: Эй Абон, вақте, ки аҳли Маккаро тарк намудӣ, онҳо дар чӣ ҳол буданд? Гуфт: дар ҳоле, ки борони нарму хуш бар сарашон мерехт ва изхир (гиёҳи хушбў) шоха бармекашид ва сумом (гиёҳи хордоре, ки гулҳои шабеҳи сунбул дорад) сарсабз гардида буд. Бо шунидани ин суханон аз чашмони мубораки Пайғамбар (с) ашк равон гардид.
Ин матлаб шаҳодати онро дорад, ки Расули акрам ҳамеша ба ёди зодгоҳаш будааст ва аз дурии он ранҷ мебурдааст, Дуруст ва саҳеҳ будани ҳадиси дар боло зикршударо ривояти мазкур тасдиқ намуда, дигар шубҳае дар ин боб боқӣ намемонад.
Дӯст доштани ватан, ҳифзи он, хизмат ба ватан, обод кардани он, садоқат ва ҷоннисорӣ ба он вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд аст, хоҳ мард бошад хоҳ зан.
Пас адо намудани қарзи шаҳрвандӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳ, ин на фақат ҳифзи марзу буми ватан, балки иҷро намудани фармудаи шариат ҳам мебошад. Зеро Офаридгор муҳофизони ватанро дар Қуръони карим зикр намуда, барояшон савоби ҷорияи беандоза муқаррар кардааст. Ҳифзи ватан барои онҳое, ки хизмати Ватан- модарро адо менамоянд, баҳри зиндагии осоиштаи мову шумо шабњо бедорхобӣ мекашанд, гуё фарзу суннатро иҷро карда истодаанд. Аммо баъзе ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ рўй тофта, ба ҳар роҳу васила аз хизмати Ватан – модар худдорӣ мекунанд. Чунин ашхос фармудаҳои офаридгорашро нодида мегиранд, ки чунин амалро метавон хиёнат ба ватан номид. Хушбахтона аксари ҷавонони мо ҳисси баланди ватандӯстӣ дошта, ҳамасола садҳо ҷавонони далеру шуҷоъ бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, зеро имрӯз давлати мо муқтадир гашта, барои адои хизмат барои афсарону сарбозон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.
Мо дар арафаи фарорасии яке аз идҳои муҳим, рӯзи Артиши миллӣ, ки зомини якпорчагии давлату кишвар мањсуб мешавад, қарор дорем. Таманно мекунем, ки ватани азизамон бо шарофати Артиши корозмуда ва бо силоҳи ҷангии мудерн муҷаҳҳаз, ки асоси онро ҷавонони бонангу номуси кишвар ташкил медиҳанд ва зомини фазои орому осудаи кишвар ҳастанд, ҳамеша бегазанд аз ҳама хатарҳо бошад.
Мушовири директори Марказ
А. Мирзозода