Артиши миллӣ ва бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳақиқат зодаи даврони Истиқлол мебошад, ки ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите таъсис дода шуд, ки мавҷудияти давлати тоҷикон ва бақои истиқлоли он таҳти хатари нобудӣ қарор дошт.
Нахустин кушиш дар ин замина Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми декабри соли 1991 «Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ» буд. Баъдтар 04-уми январи соли 1992 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил намудани Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», 10-уми июни соли 1992 Фармон «Дар бораи таъсиси Фронти халқӣ» ва 17-уми сентябри соли 1992 Фармон дар бораи таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расида бошанд ҳам, вале вобаста ба авзои носолими сиёсӣ ва мураккаби оғози Истиқлоли давлатӣ имконият ва шароити таъсиси яке аз рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол, яъне Артиши миллӣ ба Тоҷикистон муяссар нагардид. Зеро кишвар дар шароити басо душвор ва мураккаби сиёсию иҷтимоӣ қарор дошт. Зеро дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ идома дошту нарасидани озуқаворӣ, сарулибос, техникаю муҳимоти ҷангӣ ва амсоли инҳо дар ҳар қадам эҳсос мешуд.
Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди Артиши миллӣ ба таври ҳаққонӣ амалан сурат гирифт. 18-уми декабри соли 1992 Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарор дар бораи роҳбарии фаврӣ, идоракунии мутамарказ ва сафарбаркунии нерӯҳои мусаллаҳи сохторҳои низомӣ бо мақсади ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ ва таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон қабул гардид, ки роҳбарии он ба дӯши Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шуд. Ба тасвиб расидани ин қарорҳо заминаи ҳуқуқиро барои ташкили Артиши миллӣ фароҳам овард.
23-юми феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбӣ баргузор гардид ва рӯзи баргузории парад, яъне 23-юми феврал – Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд, ки мо имрӯз 33-юмин солгарди онро таҷлил намуда истодаем.
Мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлату Ҳукумат фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷоъи Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки он ҷавонмардонеро, ки барои сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.
Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони Истиқлоли давлатӣ буда, вазифаҳои муқаддасу пуршарафи дар назди онҳо гузошташударо вобаста ба ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи кишвар сарбаландона иҷро карда истодаанд. Артиши миллии Тоҷикистон 33 сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти кишвари тозаистиқлоламон таъсис дода шуд.
Бо шарофати кушишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, хеле пурқувват низ гардидааст. Мувофиқи баҳогузории коршиносони ҷаҳониву минтақавии соҳа Артиши миллии Тоҷикистон, бинобар ҷанг дида ва кор озмуда будан, аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа шуморида мешавад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати пайвастаи худ қарор додаанд. Чунки ҳеҷ як давлату халқият бидуни Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро ин қувва таъминкунандаи сулҳу суботи кишвар буда, оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлат аст.
Садуллоев Аҳмадҷон – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон