Фазилат ва вижагиҳои моҳи шарифи Рамазон

Моҳи шарифи Рамазон яке аз муқаддас ва пурбаракаттарин моҳҳо дар дини мубини Ислом ба шумор меравад. Ин моҳ на танҳо замони рӯза доштан, балки мактаби тарбияи ахлоқ, поксозии рӯҳ, тақвияти ирода ва наздикшавӣ ба Худованди Мутаол аст. Дар ин моҳ мусалмонон бо ихлос ва муҳаббат ибодат мекунанд, аз гуноҳон парҳез менамоянд ва барои ислоҳи нафс талош меварзанд.
Рамазон моҳи нузули Қуръон, моҳи раҳмату мағфират ва наҷот аз оташи ҷаҳаннам мебошад. Тавре ки дар Қуръони карим омадааст, рӯза барои парҳезгорӣ фарз гардонида шудааст. Ин моҳ имконияти нодирест барои худшиносӣ, поксозии ботин ва таҳкими робитаи инсон бо Парвардигор.
Дар бораи маъно ва ҷойгоҳи моҳи Рамазон дар Ислом чунин метавон гуфт, ки моҳи Рамазон моҳи нӯҳуми тақвими ҳиҷрии қамарӣ мебошад. Номи он аз решаи «рамзо» гирифта шуда, маънои гармии сӯзонро дорад, ки ба поксозӣ ва сӯхтани гуноҳон ишора мекунад.
Рӯзаи моҳи Рамазон яке аз панҷ рукни асосии Ислом мебошад, ки дар ҳадиси машҳури Паёмбари гиромӣ Муҳаммад (с) баён шудааст. Ин рукн дар канори шаҳодатайн, намоз, закот ва ҳаҷ қарор дорад.
Рӯза дар соли дуюми ҳиҷрат фарз гардида ва аз ҳамон замон то имрӯз барои тамоми мусалмонони болиғу оқил фарз аст. Мақсади аслии рӯза, тибқи ояти маъруфи сураи «Бақара», расидан ба тақво (парҳезгорӣ) мебошад.Тақво ҳолати худназоратии ботинӣ ва эҳсоси ҳузури доимии Худованд аст. Рӯза инсонро водор месозад, ки ҳатто дар танҳоӣ аз хӯрдану нӯшидан худдорӣ намояд. Ин таҷриба эҳсоси масъулияти ахлоқиро тақвият мебахшад ва инсонро ба худназоратӣ одат медиҳад. Аз нигоҳи илмҳои ахлоқ, худназоратӣ яке аз асосҳои ташаккули шахсияти комил мебошад. Рӯза ҳамчун як тартибу қоидаи амалӣ ин қобилиятро тақвият медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки яке аз бузургтарин фазилатҳои ин моҳ нузули китоби муқаддаси мусалмонон Қуръон мебошад. Худованд мефармояд, ки Қуръон дар моҳи Рамазон нозил гардидааст, то ҳидоятгари мардум бошад.
Дар ин моҳ тиловати Қуръон савоби чандинкарата дорад. Бисёре аз мусалмонон кӯшиш мекунанд, ки дар давоми моҳ ҳадди ақал як маротиба хатми Қуръон намоянд. Ин амал рӯҳро равшан ва дилро ором мегардонад.
Дар мавриди фарзияти рӯза ва ҳикмати он инро метавон баён дошт, ки рӯза худдорӣ аз хӯрдан, нӯшидан ва дигар амалҳои ботилкунанда аз тулӯи субҳ то ғуруби офтоб мебошад. Дар баробари ин яке аз муҳимтарин ҳикматҳои Рамазон поксозии рӯҳ аз олудагиҳои ахлоқӣ мебошад. Рӯза инсонро аз ғазаб, ҳасад, кина, такаббур, дурӯғ ғайбат, сухани бад, ва дигар амалҳои ношоиста дур месозад.
Дар илми тасаввуф, нафс манбаи асосии майлҳои манфӣ дониста мешавад. Маҳдуд сохтани ниёзҳои ҷисмонӣ боиси суст гардидани ҳукмронии нафс мегардад. Аз ин рӯ, Рамазон як марҳилаи амалии «тазкияи нафс» (поксозии ботин) мебошад.
Ҳамчунин рӯза дорои як қатор ҳикматҳо мебошад. Аз ҷумла тарбияи тақво, қавӣ гардидани ирода, эҳсоси ҳолати камбизоатон, покшавии ҷисм ва рӯҳ, таҳкими сабру таҳаммул
Дар умум метавон гуфт, ки Рамазон инсонро ба ростқавлӣ, покдоманӣ ва хоксорӣ даъват мекунад. Худдорӣ аз ғазаб, кина ва сухани носазо яке аз шартҳои қабул шудани рӯза мебошад.
Ин моҳ муҳити ахлоқиро дар ҷомеа беҳтар намуда, равобити байни инсонҳоро устувор месозад.
Дар баробари ин фазилатҳо, Рамазон моҳи раҳмат ва мағфират мебошад. Дар ҳадисҳо омадааст, ки моҳи Рамазон ба се қисм ҷудо мешавад, даҳ рӯзи аввал раҳмат, даҳ рӯзи дувум – мағфират, даҳ рӯзи сеюм наҷот аз оташи ҷаҳаннам мебошад. Дар ин моҳ дарҳои биҳишт кушода ва дарҳои ҷаҳаннам баста мешаванд,, то инсон имкони бештар барои ибодат ва хайру садақа дорад.
Исоев Н, сармутахассиси шуъбаи иттиллоот ва ташхиси диншиносӣ.

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх