Зӯроварӣ дар оила сарчашмаи асосии бадбахтиҳост

Бо дарназардошти пешравии илму фарҳанг ва тамаддун, бозҳам дар ҷаҳони имрӯз хушунату зӯроварӣ дар оилаҳо зиёд мегардад, ки яке аз амалҳои номатлуб ва доғи рӯз ба ҳисоб меравад. Зӯроварӣ дар оила нисбат ба зан падидаи нав нест. Зӯроварӣ дар оила мушкилии дар тамоми ҷаҳон паҳнгардида буда, барои ҷабрдидагон аз ҷиҳати ҷисмонӣ, эҳсосотӣ-рӯҳӣ, молиявӣ ва иҷтимоӣ оқибатҳои ҷиддӣ дошта, на танҳо ба оила, балки ба тамоми ҷомеа низ таъсиргузор мебошад.
Мутаассифона, аксарияти одамон, ҳам марду ҳам зан лату кӯб ва рафтори бадро (ба мисоли ҳақорат, масхараву мазоқ кардан, носазо гуфтанро) байни аъзоёни оила ҳамчун зӯроварӣ надида, онро чун қисми муқаррарии ҳаёти оилавӣ мешуморанд. Зӯроварӣ нисбат ба ҳамсарро одатан чун баҳс, низоъ ва ҷанҷоли оилавӣ ҳисобида, онро ба кори дохилии оилавӣ шомил мекунанд, ки ин комилан хато мебошад ва ин бардошти ғалат дар ҷомеаи имрӯзи мо низ мутаассифона баръало мушоҳида мешавад.
Ҳеҷ яке аз динҳои осмонӣ зулму хушунатро дар оила раво надида, баракс барангехтани чунин кирдорро сахт маҳкум мекунанд. Агар чунин кирдорро аз нигоҳи динӣ назар андозем, хоҳем дид, ки дини ислом, зӯроварӣ дар оиларо қатъиян манъ мекунад. Дар ҳадисҳо ва оятҳои зиёде таъкид гардидааст, ки бо занҳо бо адолат ва меҳрубонӣ муносибат карда шавад.
Худованд дар Қуръони карим мардону занонро ба рафъи ихтилофот ва оштиву таҳаммули ҳамдигар даъват намуда, чунин мефармояд: “Ва агар зане аз шавҳараш хавфи саркашӣ ё рӯгардонӣ дошта бошад, пас бар онҳо боке нест, ки дар миёни худ ба навъе сулҳ оранд; ва сулҳ кори беҳтар аст”. Сураи Нисо, ояти 128 “…Ва бо занон ба ваҷҳи писандида зиндагонӣ кунед,…” (Сураи Нисо, ояти 19). Инчунин дар ҳадисҳо омадааст: Оиша (р) гӯяд: Паёмбари Худо (с) фармудаанд: “Беҳтарини шумо онҳое ҳастанд, ки бо зан ва фарзанди худ беҳтарин рафторро дошта бошанд. Ва ман бо хонаводаам аз ҳамаи шумо рафтори беҳтарро дорам ”.
“Сунани Тирмизӣ”, китоби “Маноқиб”, ҳадиси 3830;
“Сунани Дорамӣ”, китоби “Никоҳ”, ҳадиси 2160;
“Сунани Ибни Ҳуббон”, ҷилди 9, саҳ 492, ҳадиси 4186.
Шариати ислом ҳусни муошират (рафтори накӯ)-ро бар якдигар дар оила беҳтарин амр медонад.
Дар фарҳанги оиладории миллати тоҷик низ эҳтироми ҳамсар, эҳтироми волидон, тарбияи фарзандон ва хушбахт будани онҳо меҳвари асосии оила ҳисобида мешавад ва масъулияти аввалиндараҷаи волидон дурусту баркамол ба воя расонидани фарзандон мебошад. Барои хушбахтии фарзандон заҳмати волидон дар ҷойи аввал меистад. Ногуфта намонад, ки оилаи солим дар ҳолате ба ҷамъият нафъи худро расонида метавонад, ки ҳар як узви оила бо фикру андешаҳои солими худ ба воя расида, дар ҳар қадам барои пешрафти оила ва ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Яке аз паёмадҳои нохубе, ки зӯроварӣ дар оила ба вуҷуд меорад, ин таъсири манфӣ ва ногувори он пеш аз ҳама ба кудакон мебошад, ки боиси сар задани ҳолатҳои вазнини рӯҳӣ ва равонӣ мегардад ва ҳамин таъсири равонӣ ба аъзои оила метавонад аз доираи он берун баромада, ба худкушиҳо ва ё барои содир намудани дигар қонуншиканиҳо, аз ҷумла, ҷиноятҳои махсусан вазнин мусоидат намояд.
Дар таҷрибаи мардуми мо баъзе омилҳои зӯровариро нодуруст ба дин мечаспонанд ё маънои динӣ медиҳанд. Дар ҳоле, ки баракс дар дин барои тарбияи дурусти фарзандон ва меҳрубони нисбати аҳли оила таъкидҳои зиёде шудааст.
Доир ба хислату кирдори нек Расули акрам фармудаанд: “Беҳтарин мероси падару модар барои фарзандон тарбияи неки онҳо мебошад” ( Табаронӣ “Ал-Авсат” ин ҳадисро ривоят кардааст).
“Фарзандони худро гиромӣ доред ва тарбияи хуб кунед, то гуноҳони шумо омурзида шаванд” (“Сунан”-и Ибни Моҷа, ҷ.2 саҳ.1211).
“Адолатро байни фарзандонатон риоя кунед, ҳамон гуна, ки шумо низ дӯст доред дар неки ва лутф ба худатон адолатро риоя кунанд” (“Ҷомеъ-ус-сиғар”-и Суютӣ, саҳ 74).
“Фарзанди шоиста ва хуб гуле аз гулҳои биҳишт аст” (Кофӣ, ҷ.6, ҳадиси 10).
“Касе фарзанди хурдсол дорад, бояд бо ӯ бозӣ кунад” (“Канз-ул-уммол”, ҷ.16, саҳ457).
Дар ҳузури кӯдакони ноболиғ садо баланд кардан, ба онҳо зӯроварӣ кардан, ҷанҷолу муноқиша кардани волидон, на танҳо ба ҳолати равонӣ, балки ба саломатии кудакон низ таъсири манфии худро мерасонад. Дар натиҷа ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, зарари равонӣ гирифта, худашонро одатан аз ҷомеа дур мегиранд, бо атрофиёни наздик алоқаро гум мекунанд, дар таҳсилу кор мушкилӣ мекашанд.
Хушбахтона, солҳои охир дар мамлакати мо масъалаи зӯроварӣ дар оила чун мушкилии иҷтимоӣ (на мушкилоти оилавӣ) ошкоро муҳокима ва эътироф карда мешавад ва бисёр корҳо барои бартараф кардани он ба анҷом расонида мешаванд.
Ҳамин тавр, дар сатҳи қонунгузорӣ дар мамлакат бисёр санадҳои меъёрӣ қабул шудаанд ва муҳимтаринаш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” (№954) мебошад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 марти соли 2013 ба имзо расид. Инчунин дар Тоҷикистон дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ фаъолиятҳои гуногунро доир ба мубориза нисбати зӯроварӣ дар оила амалӣ мекунанд.
Соли 1993 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занонро ба тасвиб расонид ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа тавассути ҳифзи ҳуқуқи занон ва мусоидат намудан ба ҳимояи ҳуқуқу имкониятҳои баробар ҷиҳати иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ таъсис дод.
Тасвиб ва татбиқи амалии чунин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ имконият медиҳад, ки мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа устувор гардад, аз тарафи дигар барои пешгирии зӯроварӣ ва хушунати иҷтимоӣ мусоидат хоҳад кард.
Хулоса, бунёди оилаи солим, таъмини зиндагии орому осуда ва бартараф кардани мушкилиҳо дар ҷомеаи муосир яке аз талаботҳои асосии пешрафти он буда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва пешгирии зӯроварӣ дар оила чораҳои доимӣ бояд андешида шаванд. Ҳеҷ яке аз афроди ҷомеа набояд дар ин самт бетарафиро интихоб кунад.
Шокиров Умедҷон Усмоналиевич – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх