Рўза рукни чаҳорумин аркони панҷгонаи дини ислом ба шумор рафта (пас аз калимаи шаҳодат, намоз ва закот) рўза доштан ба мусулмонон соли дуюми ҳиҷрӣ фарз гардида аст.
Рўза дар поксозии бадани инсон нақши закотро дар мол анҷом медиҳад. Пайғамбари акрам (с), ки худ нуҳ сол рўзаи моҳи мубораки Рамазонро гирифта буд, фармудааст: «Ҳар чизе закоте дорад ва закоти бадан рўза аст». Расули акрам (с) рўзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, мефармояд: «Шахсе, ки Рамазонро аз рўи имон ва ихлос рўза бидорад, гуноҳҳои гузаштаи ў омурзида мешаванд» («Саҳеҳ»-и Бухорӣ).
Ба ривояти Имом Бухорӣ дар ҳадиси қудсӣ омадааст:
«Тамоми аъмоли фарзанди Одам моли ўст, ба ҷуз рўза ва он моли Ман аст ва мукофоташ назди Ман аст.
Бо раҳнамоии Расули акрам (с) заминаҳои иҷтимоии ибодат, аз ҷумла рӯза, дар паҳлўҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва афрод фароҳам хоҳад омад. Рӯза инсонро чун шахси уҳдадору масъулиятшинос, хештандору ба имон ва василаи беҳтарини тарбия ва тағзия (ғизо додан)-и ҷисму ҷон, тақвияи шуури динию мазҳабӣ, шукуфоии неру ва истеъдодҳои ботинӣ, дарку андешаронӣ дар неъматҳои худовандӣ мегардонад.
Рўза дорои ҳикматҳои зиёдест, он танҳо як навъи гуруснанишинӣ, риёзати бадан, худдорӣ аз хўрдану нўшидан ва ҳамбистарӣ ё сер кардани гуруснагон нест, балки худдорӣ аз тамоми рафтору кирдори бад, соҳиби ахлоқи ҳамида будан, некўгардонии хулқу атвор мебошад. Худдорӣ аз хўрдану нўшидан ва ҳамбистарӣ танҳо ҷанбаи зоҳирии рўза аст ва Худованд ҳеҷ ниёзе ҳам ба он надорад. Рўза ғизои маънавии рўҳ мебошад, мисли он ки хўрок ба тан қувват мебахшад, рўза ҳам ба рўҳ неру мебахшад.
Рўзадор ба монанди намозгузор дар ҳолати ибодат қарор дорад, танҳо фарқ дар он аст, ки агар дар намоз сухани дунёӣ гуфтан ва ҳаракати зиёдатӣ кардан раво набошад, шахси рўзадор сухан мегўяду ҳаракат мекунад, вале бояд аз тамоми аъмоли зишту ҷоҳилона, рафтори ношоиста, гуфтори беҳуда, алфози зишту носазо худдорӣ карда, аз хусумат, дурўғу туҳмату ғайбати дигарон ва амсоли ин канораҷуӣ намояд.
Аз бузургтарин фоидаҳои руҳии рӯза ин аст, ки он боиси хушнудии Худованд ва мағфирати гуноҳону дурӣ ҷустан аз маъсият мебошад. Дар ҳадиси шарифи набавӣ омадааст: “Ҳар шахси рӯзадоре, ки каломи беҳуда ва кори беҳударо тарк накунад, Худованд ниёзе ба гурусна будану ташна будани ӯ надорад” (“Саҳеҳ”-и Бухорӣ).
Худои таоло дар Қуръони карим зимни хитоб ба аҳли имон мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардед, бар шумо рўза доштан лозим карда шуд, чунон ки бар касоне лозим карда шуд, ки пеш аз шумо буданд, то бошад ки парҳезгорӣ кунед!” (сураи «Бақара», ояти 183).
Аз ин оят ба таври ошкору возеҳ аён мегардад, ки рўза ибодати қадимӣ ва бар пайравони динҳои пешин низ фарз гашта будааст.
Уламо адои закотро дар моҳи шарифи Рамазон мустаҳаб донистаанд, ба ҷиҳати қавли Усмон ибни Аффон (раз): “Агар моҳи Рамазон даромад, ин моҳи адои закоти шумост” (Изо дахала рамазон ҳозо шаҳру закотикум…).
Рамазон мактаби ҷавонмардӣ ва бахшиш, мавсими садақаву хайрот аст. Расули акрам дар саховатмандӣ, ҷавонмардӣ ва ғамхориву дилсўзӣ ба ниёзмандон намунаи ибрат буд. Дар моҳи мубораки Рамазон аз дигар моҳҳо бештар некӣ мекард, ба бахшишу эҳсон мепардохт, сахитару бахшандатар буд. Пайғамбари гиромӣ (с) фармудааст: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад» («Саҳеҳ»-и Бухорӣ).
Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа аз он иборат аст, ки арзишҳои олии фарҳангии милливу диниамон – некиву накўкорӣ, адлу инсоф, хайру саховат ва дастгирии ятимону дармондагонро дар байни мардуми шарифи Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намоем.
Дар ин маврид дар Қуръони карим омадааст: « …Ва он чи аз мол харҷ кардед, (нафъ) барои (зоти) шумо аст. Ва лоиқ нест, ки ҷуз барои талаби рўи Худо (хушнудии Худо) харҷ кунед. Ва он чи аз мол харҷ кардед, ба тамом ба (сўи) шумо расонида шавад; ва шумо ситам карда нахоҳед шуд» (сураи “Бақара”, ояти 272).
Ҷои дигар Қуръон хабар додааст: «Ҳар ки некие оварад, ўро даҳчанд (подош) аст…» (сураи «Анъом», ояти 160).
Даҳ баробар дараҷаи поёни подоши як некӣ ва ҳасана мебошад ва он то ҳафтсад баробар ва болотар аз он афзоиш меёбад. Расули Худо (с) мефармояд: «Тамоми амали фарзанди Одам (дар назди Худо) афзоиш дода мешавад. Некӣ аз даҳ то ҳафтсад баробар ва то он ҷое, ки Худо бихоҳад, афзоиш меёбад» («Саҳеҳ»-и Муслим, 2707).
Қуръон дар мавриди афзоиши аҷру подоши аъмоли хайр ва инфоқоти ҷавонмардонаи шахси накукор дар назди Худо чунин тамсил задааст:
«Масали касоне, ки амволи худро дар роҳи Худо харҷ мекунанд, монанди масали як дона аст, ки ҳафт хўшаро бирўёнад, дар ҳар хўша сад дона аст. Ва Худо ба ҳар ки хоҳад, дучанд медиҳад; ва Худо Фарохнеъмати Доно аст» (сураи «Бақара», ояти 261).
Худованд инфоқу ҷавонмардӣ дар роҳи Худоро қарз додан ба Ў таоло донистааст. Ба ин маъно, ки ҳар чизеро, ки банда дар роҳи Худо сарф менамояд, подош ва ивази он ба сурати қарзе дар назди Худованд маҳфуз нигоҳ дошта мешавад, балки онро чандин баробар барояш афзоиш медиҳад: «Кист, он ки Худоро нек вом (қарз) диҳад; пас Худо онро барои ў дучанд, ба маротиб бисёр месозад» (сураи «Бақара», ояти 245).
Боиси хурсандист, ки дар Тоҷикистони азизи мо, махсусан, дар арафаи иду ҷашнҳо соҳибкорони ватанӣ, муҳоҷирони меҳнатию дигар ҷавонмардон, ки дар хориҷи кишвар кору ифои вазифа менамоянд ятимону маъюбон, хона-интернатҳо, оилаҳои камбизоат ва дигар ашхоси эҳтиёҷмандро дастгирӣ менамоянд. Ин падида дар байни хонандагони мактабҳои миёна низ дастгирӣ шуда истодааст.
Вале, инсон набояд дар пайи садақот, некиҳо ва хайру ҷавонмардии худ миннату озор ва риёкорӣ намуда, баъзан садақагирандаро дар хонаи хеш ғуломвор кор фармояд, ки ин амали хайри эшон ботил гашта, мартабашон назди худошанд коҳиш меёбад:
«Барои онон, ки амволи худро дар роҳи Худо харҷ мекунанд, сипас, аз пайи он харҷ кардан миннат (ниҳодан) ва озор(расонидан)-ро (дар миён) намеоранд, назди Парвардигорашон муздашон ҳаст…» (сураи «Бақара», ояти 262).
Пайғамбари Худо (с) фармуданд: «Бар ҳар мусулмоне садақа додан лозим аст». Пурсиданд: «Эй Пайғамбари Худо (с) касе, ки чизе надорад, чӣ кунад?» Фармуданд: «Кори некеро анҷом бидиҳад ва барои худ ва дигарон манфиат бирасонад». Гуфтанд: «Агар натавонист?» Фармуданд: «Ба ҳоҷатманде, ки аз вай кумак мехоҳад, ҳамкорӣ намояд». Гуфтанд: «Агар натавонист?» Фармуданд: «Кори некеро (ки метавонад) анҷом бидиҳад ва аз кори бад худдорӣ намояд ва ҳамин чиз барояш садақа маҳсуб мегардад».
Инчунин Расули Худо (с) фармудаанд:
1.«Ҳамон кас ба ман имон наовардааст (яъне, имони комил наовардааст ва аз ҷумлаи накукорон нест), ки бо шиками сер мехобаду ҳамсояаш гурусна аст ва ў аз гуруснагии вай хабар дорад (ё аз ҳоли вай хабар намегирад ва парвое ҳам надорад)».
2. Худро аз оташи дўзах наҷот диҳед, агарчи бо садақа додани порае аз хурмо. Ва агар ҳатто порае аз хурморо наёфтед, пас бо сухани неку худро наҷот диҳед!
Рўзҳову шабҳои Рамазон қадру манзалати бузург доранд. Яке аз фазилатҳои ин моҳ он аст, ки савоби амалҳо дар ин шабу рўз дучанд мегарданд ва гуноҳу хатоҳо бо анҷом додани амали нек, ки сабаби наздик шудан ба Худост, бахшида мешаванд. Тамоми лаҳзаҳои ин моҳ муборак аст, аммо дар ин моҳ шабе вуҷуд дорад, ки онро «қалби моҳи Рамазон» хондаанд ва он «Шаби Қадр» аст. Дар ин шаб Қуръон ба Расули акрам (с) нозил шудааст. Ҳар амали хуб ва тоату ибодате, ки дар ин шаб анҷом дода мешавад, бо амал ва ибодати ҳазор моҳ, яъне як умри одамӣ (беш аз 83 сол) баробар аст.
Қобили тазаккур аст, ки дуои рўзадор ҳамеша мавриди иҷобат қарор дорад. Аз одоби рӯза дуо аст вақти ифтор, зеро бо ривояти Абудовуд аз Пайғамбар (с) омадааст: “Дуои рӯзадор рад нахоҳад шуд”.
Аз ҷумлаи одоби рӯзадорӣ риояи амри Худои таолост омматан ва дар мавриди рӯза хоссатан. Пас, бидуни иҷозаи шариат хурдани рӯза раво набошад. Тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ, ба нафарони зерин хўрдани рӯза иҷозат дода шудааст:
1) Мариз ба ҷиҳати қавли Худои таоло;
2) Мусофир ба ҷиҳати ояти карима;
3) Зани ҳомила ва ширдеҳ ба ҷиҳати қавли Расули акрам(с): “Ба дурустӣ, ки Худованд хўрдани рўзаро ба мусофир, зани ҳомила ё ширдеҳ иҷозат додааст”.
4) Касоне ки ба заъфи пирӣ тавоноӣ ба дошти рӯза надоранд. Мутобиқ ба таълимоти фиқҳи ҳанафӣ, танҳо ин тоифа бо адои фидя рухсати ифторро доранд. Аммо мариз ва дигар соҳибузрон бидуни фидя ифтор менамоянд.
Шариати исломӣ барои мардумон ба ҷиҳати осонӣ ва сабукӣ омад. Худои таоло дар каломи маҷидаш баён менамояд: “Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад…”(сураи “Бақара”, ояти 185).
Агар рӯзадор рӯзаи худро қасдан, шиканад ба ин тавр ки дар давоми рӯз (аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб, ки “рӯзи шаръӣ” гӯянд) таом хўрад ё шароб ошомад ё ба зани худ ҳамхоба шавад, бар ӯҳдаи вай каффора лозим меояд. Кафорат пас аз моҳи Рамазон иҷро мегардад ва таъхири он дар давоми умр ҷоиз аст.
Падидаи номатлубе, ки дар диёри мо ҳамасола аз ҷониби аксари тоҷирон ба мушоҳида мерасад, ин боло бурдани нарху навои маводи ғизоӣ, фурўши маводи ғизоии пастсифат ва фиреби харидорон махсусан дар моҳи Рамазон аст. Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят аст, ки Пайғамбари акрам (с) дар мавриди муомилоти хариду фурўш фармудааст: «Раҳмати Худо бар касе бод, ки ҳангоми харидуфурўш ва ҳангоми талаби ҳаққаш осонгир бошад». Ҳамчунин аз Абуҳурайра ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: «Касе, ки фиребкорӣ мекунад, аз мо нест». Пас, он тоҷироне, ки ба ин аъмоли зишт даст мезананд, худ рўзадору адои намози таровиҳ менамоянд, мухолиф бо фармудаҳои Худованду Расулаш (с) амал мекунанд, ҳукмашон маълум аст!
Наҷмиддин Салимов
– мутахассиси пешбари шуъбаи пажўҳиши исломи муосир