Бешак, дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳар чӣ бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт.
Эмомалӣ Раҳмон
Зиндагии ҳар фарди ҷомеа аз меҳру муҳаббат ва сидқу вафодории Зан – Модар маъво мегирад. Зан чароғи мунаввари хонадон, ҳидоятгари ахлоқи нек ва дастгиру наҷотбахши ҳамешагии мост. Фазилати оливу рушду нумӯи ҷомеа аз талошҳои пайвастаи онҳо сарчашма мегирад!
Асоси оилаи солимро марду зан ташкил дода, зан дар тарбияи фарзандон нақши муҳимеро мебозад. Дар оилаҳое, ки мардон зиёдтар вақти хешро дар кор сарф мекунанд ва ё барои беҳтар намудани зисту зиндагонии фарзандону наздикони хеш ба муҳоҷирати меҳнатӣ, сафарҳои хидматии тўлонӣ мераванд, дар ин ҳолат нақши калидиро дар тарбияи фарзандон зан – модар мебозад. Ояндаи давлату кишвари мо аз тарбияи дурусти фарзандон вобастагии зич дорад. Таҳкурсию кордонӣ, масъулиятшиносӣ ва бо муваффақияту сарбаландӣ иҷро намудани вазифаҳои бар дўши аксари ҷавонон гузошташуда, ин натиҷаи тарбияи хуб гирифтани онҳо дар оила мебошад.
Дини мубини ислом таъкид менамояд, ки дар пешгоҳи Худованд марду зан ҳуқуқҳои баробар дошта, зану мардро дар савобу муҷозот баробар мегузорад, ҳарчанднвазифаҳояшон вобаста ба табиати фитрии онҳо гуногун мебошад.
Дар ислом ҳуқуқи ҳам зану ҳам мардро масъулияти дуҷониба ташкил менамояд. Зан дар корҳои динӣ, ҷамъиятӣ, ватанпарастӣ ва оилавӣ бо мард баробар дониста мешуд. Маҷбуран ба шавҳар додани духтарон аз тарафи падару модар, бародар ва ё парастор мумкин набуд ва ризоияти зан ҳатман гирифта мешуд. Ҳатто баъди хонадоршавӣ ў метавонист номи хонаводагии худро нигоҳ дорад. Ҳангоми тақсими мерос ба сифати меросбар, ў нисфи ҳаққи бародарашро мегирифт ва дар тарбияи фарзанд саҳми асосӣ дошт. Занон ҳақ доштанд барои ҳуқуқи худ ба Пайғамбар (с) муроҷиат намоянд.
Ислом ба зан кафолат ва ҳуқуқи иштирок дар корҳои дунявӣ, динӣ, инчунин ҳуқуқи кор кардан ва савдою тиҷоратро додааст. Ҳатто ислом ризоияти занро дар интихоби ҳамсар то дараҷае тарғиб мекунад, ки агар занро падараш маҷбуран ба шавҳар дода бошад, пас никоҳ беэътибор дониста мешавад. Мувофиқи ривояти Имом Бухорӣ ва Муслим, Пайғамбари акрам (с) никоҳи Хансоа бинти Ҳизоми Ансориро, ки падараш ўро зўран ба никоҳи марде дароварда буду писанди духтар набуд, бекор кардааст.
Занон барои шавҳарони худ сабаби оромиш ва модарон барои аъзои хонавода сарчашмаи муҳаббат ва меҳрубонӣ ҳастанд. Ин нақши калидии занон ва модарон боис мегардад, ки хонаводаҳо муҳити гарму пур аз муҳаббат дошта бошанд ва фарзандон дар рўҳияи эҳтиром ба ҳамдигар ва хайрхоҳӣ тарбият ёбанд. Агар дар хонавода чунин вазъияте ҳукмфармо бошад, ҷомеаи шаҳрвандии мо низ ҳам чунин ҳолатеро хоҳад дошт.
Нақш ва мақому ҷойгоҳи занон дар дунё лоиқ ба васфу ситоиш аст. Бисёре аз зебоиҳо ва тароватҳое, ки мо дар зиндагонӣ аз он бархўрдор мегардем, маҳз ба хотири вуҷуди пурмеҳру пурлатофати занону модарон аст. Ин ҷинси латиф неъмати бебаҳое аст, ки Парвардигор ба ҷиҳати камоли инсоният офаридааст ва дар ҳақиқат наметавон ин зиндагиро бе ҳузури онҳо ботаровату зебо тасаввур намуд.
Дуруст аст, ки зан нисбат ба мард заифтар аст. Заифии зан аз мард дар он аст, ки дар мард гармони биологӣ зиёд буда, дар фикрронӣ, қувваи ҷисмонӣ ва сабру тоқат тавонотар аст. Ин аст, ки Худованд мардро дар оиладорӣ сардор амр кардааст ва ўҳдадор сохтааст, ки оилаи худро роҳбарӣ намуда, таъминоти моддиву маънавии онро бо дурустиаш ба ҷо оварад: «Мардон – ба сабаби он ки Худо баъзе одамиёнро бар баъзе бартарӣ додаст; ва ба сабаби он ки аз амволашон харҷ карданд, бар занон корсози тасаллутёфта шудаанд…» (сураи «Нисо», ояти 34).
Бояд дуруст фаҳмид ва дарк намуд, ки заифии зан сабаби он нест, ки баробарҳуқуқ шуда натавонанд ва мардҳо бояд онҳоро мисли ғуломи худ истифода баранд. Баръакс, дар ҳоле ки мард нисбати зан дар оиладорӣ бедонишу нотавон бошад, роҳбарии оила дар ўҳдаи зан мешавад. Роҳбарӣ ва ўҳдадориҳои оила аз зан ё мард будан вобастагӣ надорад, балки ин вазифаро аъзои солимфикру дурандеши оила бояд ба ўҳда гирад.
Вазифа ва ўҳдадории ба зиммаи мардон-сардорони оила, гузошташударо бояд хуб дарк намуд. Онро набояд нодуруст фаҳмида, аз он суиистифода намуда, ба оилаи худ зулму ситам оваранд. Баъзе мардони мусулмоне ҳастанд, ки қонуни оиладориро аз назари ислом хуб дарк накарда, дини исломро бо ҷоҳилии худ бадном менамоянд. Аҳли оилаи худро бо қаҳру ғазаб мисли ғулом истифода намуда, зўроварию ситамро нисбати онҳо раво медонанд, дилхуникиву парокандагиро дар оила ба вуҷуд меоваранд. Бадбахтӣ дар он аст, ки онҳо чунин рафтори ҷоҳилонаи худро тавре маънидод мекунанд, ки гўё ин ҳуқуқҳоро ба онҳо Худованд дода бошад.
Худованди мутаол роҳбарони оиларо ўҳдадор намудааст, ки аз он неъматҳое, ки ба мо арзонӣ кардааст, тавассути ақл аз он чӣ дар осмону замин ба вуҷуд овардааст, дарёбем. Худованд ўҳдадории таъминоти ҳар оиларо ба роҳбарони оила вогузор кардааст. Роҳбарони оила, чӣ марду чӣ зан, онро бояд бо тамоми лавозимоти маънавию моддӣ аз тавоноии худ таъмин намоянд, то ки оила солим тарбия ёбад ва тавонад дар замони пешрафтаи илму техника ҳаёт ба сар барад. Худованди меҳрубон вазифаи ҳар як аъзои оиларо дар китоби муборакаш-Қуръон, баён кардааст, то ки мо аз ҳуқуқҳои якдигар огоҳ гашта, онҳоро поймол накунем ва даст ба ситаму зўроварӣ ва исрофкориҳо назанем.
«…пас, занони некўкор фармонбардоранд ва дар ғайбати (шавҳар) нигоҳдорандае чизеанд, ки Худо онро нигоҳ доштааст…».
Дар ин оят Худованд муроҷиати пандомези Худро ба занҳо кардааст ва дар он беҳтарин сифати зане оварда шудааст, ки ў аз рўйи дониш имон меоварад ва ҳамеша дар итоати Парвардигори худ мебошад. Чунин занон ҳамеша бандагиашонро бо сифатҳои беҳтарини инсонӣ, яъне меҳрубонӣ, раҳмдилӣ, некўкорӣ, дилнишинӣ, дилписандӣ, пурмеҳрӣ, поквиҷдонӣ ва вафодорӣ дар назди Аллоҳ ба ҷо меоранд. Онҳо ҳамеша оилаҳои худро бо одобу рафтори хуб, яъне эҳтирому вафодорӣ ба шавҳару фарзандон ва ростиву покизагӣ бо амри Худованд чунон нигоҳ медоранд, ки Парвардигор онро аз тамоми беҳаёгиву бешармиҳои ҳаёти ҷоҳилонаву гумроҳона тавассути панду ҳикматҳояш нигоҳ доштааст.
Худованди меҳрубон вазифаи эҳтироми шавҳарро дар назди зан гузоштааст. Ҳар қадаре зан вазифаи зану модар буданашро оқилона иҷро намояд, ҳамон қадар дар он оила бештар якдигарфаҳмиву дўстӣ ба вуҷуд меояд. Дар он ҳолат он оила пешрафтаву хушбахт гашта, аъзоёнаш сарбаландона ҳаёт ба сар мебаранд:
«…Ва он занонеро, ки аз саркашиашон тарс доред, панд диҳед; ва пас, дар хобгоҳ онҳоро тарк кунед…» (сураи «Нисо», ояти 34).
Вақте тарбияи хуби инсониро дар худ пайдо намуда, ҳаёти солимонаро месозем, дар он меҳрубониву якдигарфаҳмӣ ба вуҷуд меояд.
Наҷмиддин Салимов
– мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир