Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба зан-модар

Модар калимаест, ки аз шунидани он ба дили кас шодию сурур ва зебогию меҳрубони ворид мешавад. Олиҳаест, ки дар ҳама давру замон аз ҳурмату эҳтиром бархӯрдор буд. Тамоми олимону донишмандон ва бузургони илму хирад модарро ҳамчун офаридгор ва давомдиҳандаи насли башар дониста, ба ҷасорату шуҷоаташ ва меҳрубонию заҳматҳояш баҳои баланд додаанд. Император ва сипаҳсолори бузурги фаронсавӣ Наполеон Бонапарт барҳақ иброз доштааст, ки “ Модар ба як даст гавҳора ва бо дасти дигар сайёраро такон медиҳад”.
Дар миёни мардуми Чин зарбулмасале ҳаст, ки дар дунё зани зишт вуҷуд надорад. Яъне онҳо дар чеҳраи зан танҳо зебогиро мебинанд. Файласуфи бузурги Юнони қадим Суқрот чунин гуфтааст: “Бо падару модари худ чунон рафтор кун, ки аз фарзандони худ таваққуъ дорӣ”.
Воқеан тамоми мавҷудоти рӯи олам назди бузургии модар сар фуруд овардаанд ва қаҳрамониашро дар зиндагӣ нотакрор донистаанд. Вақте тифл ба дунё меояд тарбияи ӯ аз модар оғоз мешавад ва ба кадом қуллаҳо мерасад аз саҳми модар вобаста мебошад. Модар қаҳрамонест, ки қаҳрамононро тарбия намудааст, олимону донишмандонро роҳнамоӣ намудааст ва бузургтар аз ҳама модарест, пайғамбаронро ба дунё овардааст.
Дини ислом низ нисбат ба эҳтироми модар ва волидайн мақоми хос гузоштааст. Қуръони Карим, ки сарчашмаи асосии дини ислом мебошад, яке аз сураҳои он ба зан бахшида шудааст. Паёмбар (с) гуфтаанд: “Ризоияти Худованд дар ризоияти падару модар ва хашми ӯ дар хашми онҳост”. Яке аз шоистатарин амале, ки инсон бояд ба он диққат диҳад ин эҳтиром ва ҳаққи падару модар мебошад.
Президенти кишвари азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи зан – модар чунин иброз доштаанд: “Модар муқаддастарин ва азизтарин шахс дар зиндагии ҳар як инсон аст. Ҳеҷ қувва ва ҳеҷ сарват наметавонад меҳрубониву муҳаббати модарро иваз намояд. Зан – модар чароғи хонадон. Пояи давлат ва офарандаи ҳаёт аст”. Пешвои миллат бузургии зан – модарро ба инобат гирифта, ӯро ҳамчун эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва посдорандаи анъанаҳои миллӣ донистааст. Имрӯзҳо фаъолияти занону модарони тоҷик дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дида мешавад ва дастгирии Ҳукумату давлат мебошад, ки ба мо занон чунин шароитҳо муҳайё шудааст.
СММ доир ба ҳуқуқҳои занон ва мавқеи онҳо дар ҷомеа 18-декабри соли 1979 Конвенсия қабул намуд ва ин Конвенсия 3-сентябри соли 1981 дар эътибор даромадааст. Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон бахшида шудааст. Ин Конвенсия аз дебоча, 6-қисмат ва 30-модда иборат буда, ҳар як қисм ба масъалаи муҳиме нисбати некӯаҳволии ҳайёти занон бахшида шуда аст. Мақсади асосии Конвенсияи СММ дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон баробарии ҳуқуқҳои занон бо мардҳо буд. Дар интихобот ва дигар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ баробар иштирок намудан аст. Масъалаи баробарҳуқуқии занон бо мардон дар дигар санадҳои муҳими байналмилалӣ инъикос гардидааст.
Имрӯзҳо мақоми зан дар ҷомеа бисёр баланд мебошад. Дар урфият гуфтаанд, ки “Зан чароғи хонадон аст”. Дар ин ҳикмат маънии бузурги фалсафӣ иниҳон буда, он мақоми занро дар оила баён месозад. Дар баробари пешрафти инсоният ва барпо гардидани форматсияҳои ҷамъиятӣ мақоми роҳбарӣ дар оила ҳамчун ҷузъи ҷомеа ба зан тааллуқ дошт, ки он марҳилаи “Модаршоҳӣ” ном дошт. Дар анъанаҳои фарҳангии халқи тоҷик зан аз ҳурмату эҳтиром бархӯрдор буд. Махсусан дар адабиёт нақши ӯ ҳамчун модар ва ҳимоятгари ободии хона тараннум карда мешавад.
Қонунгузорӣ оид ба ин масъала диққати ҷиддӣ медиҳад:
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон медорад: “Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷомеа ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оиларо дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, метавонанд оила бунёд намоянд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд”.
Давлат мақоми махсуси занро дар оила ва ҷомеа баён доштааст. Ба ин меъёри конститутсионӣ “модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд”. Давлат ба модарон имтиёзҳои зиёд додааст. Зан ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи мо дар баробари мардон бояд тамоми имкониятҳоро баҳри иштирок дар ҳаёти сиёсии мамлакат дошта бошад.
Муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат низ ба масъалаи таҳсилу донишомӯзӣ ва касбомӯзии занон ҳамеша таъқид менамоянд.
Занону модарони тоҷик дар таърихи миллати тоҷик бисёр саҳми бузург гузоштаанд. Онҳо фарзандонеро чун Саъдию Ҳофиз, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Айниву Бобоҷон Ғафуров тарбия намудаанд, ки ин чеҳраҳои мондагор ба халқу миллати тоҷик хидмат намуда, таъриху фарҳанги тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд ва номи некашон ҳаргиз фаромўш нахоҳад шуд.
Пешвои миллат дар ҳама суҳбату вохӯриҳои худ нақши занону модаронро муҳим арзёбӣ намуда, чунин гуфтаанд: “Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд”.
Аз ин суханон чунин хулоса кардан мумкин аст, ки Пешвои миллат ба нерӯи зан-модари тоҷик боварии комил доранд ва нақши онҳоро дар рушди давлатдорӣ муҳим меҳисобанд.
Агар Пешвои муаззами миллат ба зан-модари тоҷик ҳамчун неруи қудратманд ва боирода боварӣ доранд, пас месазад мо ҳар як зан ва бонуи тоҷик дар ҳифзу посдории арзишҳои милливу таърихӣ саҳмгузор бошем ва барои пойдории анъанаву суннатҳои созандаи миллатамон саъю талош варзем.
Шарифова С. – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх