Масъалаи робитаи инсон ва ҷомеа яке аз мавзуъҳои меҳварии фалсафаи иҷтимоӣ ба шумор меравад. Файласуфи барҷастаи асрҳои миёна, Абунасри Форобӣ, дар осори худ бо такя ба ақлгароӣ ва таҷрибаи иҷтимоӣ масъалаи табиати иҷтимоии инсон, зарурати ҳамкорӣ ва сохтори ҷомеаи комилро мавриди таҳлил қарор додааст. Ба андешаи ӯ, «Инсон аз ҷумлаи мавҷудотест, ки барои расидан ба камолоти худ ниёз ба љомеа ва ҳамкорӣ бо дигарон дорад, зеро ҳар фард ба танҳоӣ қодир ба таъмини ҳамаи ниёзҳои худ нест».[1]
Ба назари Форобӣ, ҳар як инсон тибқи фитрати табиии худ ниёзманд офарида шудааст. Ӯ барои бақои вуҷуд ва расидан ба саодат ва камолоти олӣ ба чизҳои гуногун эҳтиёҷ дорад. Аммо таъмини ҳамаи ин ниёзҳо аз тавоноии як шахс берун аст. Аз ҳамин ҷост, ки инсон ба ҳамкорӣ ва зиндагии дастаҷамъӣ рӯ меоварад. Форобӣ таъкид мекунад, ки инсон бидуни муҷтамаъ наметавонад ба ҳадафи аслии офариниши худ, яъне камолоти маънавӣ ва ақлонӣ даст ёбад.
Яке аз муҳимтарин ташбеҳҳои Форобӣ қиёси ҷомеа ба бадани инсон аст. Ӯ шаҳри фозиларо ба бадани солим монанд мекунад, ки ҳамаи аъзояш барои ҳифзи ҳаёт ва камоли он ҳамоҳангона фаъолият мекунанд.[2] Дил дар бадан ҳамчун узви роҳбар амал мекунад ва дигар аъзо мутобиқи вазифаи худ барои таъмини ҳадафи умумӣ фаъолият менамоянд. Ҳамин тавр, дар ҷомеа низ шахси роҳбар мавқеи марказӣ дорад ва дигар табақаҳо мутобиқи қобилият ва малакаҳои худ дар такмили ҷомеа саҳм мегузоранд.
Аммо Форобӣ фарқи муҳимро миёни бадан ва ҷомеа чунин таъкид мекунад: “Аъзои бадан табиатан дорои қувваҳои муайянанд, дар ҳоле ки ҷойгоҳ ва вазифаи инсон дар ҷомеа на танҳо аз фитрати табиӣ, балки аз малакаҳои ихтиёрӣ ва касбии ӯ вобаста аст. Яъне инсон бо омӯзиш, таҷриба ва интихоби озодонаи худ соҳиби пеша ва мақоми иҷтимоӣ мегардад. Пас, сохтори ҷомеа бар пояи ҳам фитрат ва ҳам иродаи инсон бунёд мешавад”.
Дар тафаккури Форобӣ ҷомеа натиҷаи зарурати табиии инсон аст. Азбаски ҳар фард ниёзманд мебошад, пас ҳамаи инсонҳо ба якдигар вобастаанд. Ин вобастагӣ боиси ташаккули иҷтимоъҳои гуногун мегардад. Форобӣ ҷомеаҳоро ба комил ва нокомил ҷудо мекунад. Ҷомеаҳои комил се дараҷа доранд:
- Кубро (бузург) – маҷмуи тамоми инсоният дар рӯи замин;
- Вусто (миёна) – ҷомеаи як миллат;
- Суғро (хурд) – ҷомеаи як шаҳр.
Ҷомеаҳои нокомил бошанд, деҳа, маҳалла ва хонадонро дар бар мегиранд, ки худ ҷузъҳои таркибии ҷомеаи комилтар мебошанд.[3]
Аз ин рӯ, дар фалсафаи Форобӣ «Мадинаи фозила» он ҷомеаест, ки дар он ҳамоҳангӣ, адолат ва ҳамкорӣ миёни афрод вуҷуд дорад ва роҳбар бо хирад ва фазилат ҷомеаро ба сӯи саодат раҳнамоӣ мекунад.
Бар асоси таҳлили андешаҳои Форобӣ метавон хулоса кард, ки инсон аз нигоҳи ӯ мавҷуди иҷтимоӣ ва ниёзманд аст, ки танҳо дар муҳити ҷомеа ба камол мерасад. Ҷомеа барои инсон на ҳамчун як падидаи тасодуфӣ, балки зарурати фитрӣ мебошад. Ташбеҳи ҷомеа ба бадани солим нишон медиҳад, ки ҳамоҳангӣ, тақсими вазифаҳо ва роҳбарии оқилона асоси пойдории муљтамаъ аст. Ҳамзамон, фарқи миёни табиӣ будани аъзои бадан ва ихтиёрӣ будани сохтори иҷтимоӣ аҳамияти ирода, омӯзиш ва масъулияти инсонро дар ташаккули ҷомеа равшан месозад.
Ҳамин тариқ, таълимоти Форобӣ дар бораи инсон ва ҷомеа на танҳо арзиши таърихӣ, балки аҳамияти назариявӣ ва амалӣ низ дорад, зеро он зарурати ҳамкорӣ, адолат ва роҳбарии оқилонаро дар бунёди ҷомеаи солим таъкид менамояд.
АДАБИЁТ
- Алберт Насрӣ Нодир, Орои аҳли «Мадинаи фозила», Қоҳира, Дор-ул- машриқ.
- Walzer, Richard (ed. & trans.), Al‑Farabi on the Perfect State: Abū Naṣr al‑Fārābī’s Mabādiʾ Ārāʾ Ahl al‑Madīna al‑Fāḍila: A Revised Text with Introduction, Translation, and Commentary, Oxford: Clarendon Press / Oxford University Press, 1985,
- Абунаср – ал-Форобӣ, Орои аҳли «Мадинаи фозила», тарҷумаи Ҳумайд Иноят, Теҳрон, интишороти Хаворазмӣ, 1357 ҳ.
Наботов М.А. Сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломї