Таҳқиқи системавии таърихи ислом дар оғози пайдоиши худ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ислоҳу таъмини пешрафти ҷомеа аз ҷумлаи ҳадафҳои марказии Паёмбари ислом Муҳаммад (с) маҳсуб меёфтанд ва бояд дар оянда ба қутбнамои фаъолияти илмӣ-таълимии донишмандони ислом ё ворисони Паёмбар (с) табдил меёфтанд. Мутаассифона, донишмандони исломӣ аксаран ба сабаби дур будан аз равиши системавии таҳқиқ бо масоили соф динӣ маҳдуд гардида, ҷавҳарро дар таълимоти Паёмбар пайхас накарданд. Ба қавли дигар, онҳо масоили диниро ба шоҳроҳи таълимоти хеш қарор дода, масъалаи ҳаётан муҳим ва хеле нозуку муфид – таъмини таҳаввули иҷтимоиро ба гӯшаи фаромушӣ супориданд. Ҳамин ноогоҳӣ аз таъйиноти иҷтимоии рисолати Паёмбар (с) ва маҳдудшавӣ бо масоили динӣ, чуноне ки аз таърихи рушди илм дар аксари кишварҳои исломӣ бармеояд, донишмандони исломиро тадриҷан ба фишангҳои боздорандаи рушди ҷомеа мубаддал сохтанд. Дар натиҷа мардуми мусулмон ба пешвоёни динии худ ҳамчун ворисони Паёмбар (с) ва роҳбалади зиндагӣ гӯш дода, аз дарки асрори ҳастӣ қафо монданд.
Чизе, ки дар самти пешгирифтаи пешвоёни дин “болои сӯхта – намакоб” маҳсуб меёбад, хосияти яхбастагӣ ва таҳаввулнопазир доштани роҳи пешгирифтаи пешвоёни дини ҷомеаҳои мусулмоннишин мебошад, ки албатта, бесабаб нест. Сабаби асосии ин карахтию яхбастагӣ ва таҳаввулнопазирии роҳи пешгирифтаи қишри мазкур, ки бешак муғризона ҳамчун маҳсули интихоби бошуурона амалӣ мегардад, ин ҳавасмандии моддии қишри номбурда аз ин роҳ аст. Дар давоми солиёни дароз, ҳатто қарнҳо ин ҷониб, бо сӯиистифода аз дин қишри мазкур бидуни меҳнати чашмрас мақоми иҷтимоии хуберо пайдо намуда, аз зиндагии хубе баҳравар буданд.
Таҳлилҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки агар, аз як тараф, ҷаҳолат ва ноогоҳии аҳли ҷомеа ба боло рафтани мавқеъ ва нуфузи иҷтимоии онҳо мусоидат карда бошад, аз тарафи дигар, худи онҳо ҳама гуна навовариро ҳам дар ҳаёти амалӣ ва ҳам дар андеша бидъат маҳсуб дониста, бо тамоми ҳастӣ аз ҳолати қолабгирифта дифоъ мекарданд, зеро қонуни нонавиштаи “халқ сарчашмаи зиндагию худи дин василаи пешбурди ҳаёт” барои онҳо хеле мувофиқ буд. Мантиқан ҳар чӣ бештар ҷоҳилу эътиқодманд гардидани мардуму ба сарчашмаи зиндагии пурнишоту пурфараҳи қишри номбурда табдил ёфтани аҳли ҷомеа онҳоро бо муҳофизони қавии низомҳои шахшудамонда мубаддал гардонда буд. Аз ин рӯ, хурдтарин огоҳӣ ё тағйирот дар мафкураи аҳли ҷомеа боиси нигаронии эшон мегардиду онро бидъат, ширк ё куфр арзёбӣ намуда, вокуниш нишон медоданд.
Ҷойи шубҳае нест, ки ҳамин ҳавасмандии моддӣ ва манфиати дунявии пешвоёни дин аз таълимоти динии яхбаста ва ғайриқобили пешрафт тадриҷан олами исломро ба мустамликаи кишварҳои рушднамуда табдил додааст. Агарчанде дар ду садсолаи охир улуми воқеӣ ва натиҷаҳои он барои тамоми ҷомеаи башарӣ дастрас гардиданду зарурати таҳсили онро барои тамоми олами қафомондаи ислом амалан нишон доданд, бо вуҷуди ин, мутаассифона, ҳанӯз ҳам пешвоёни дини ҷомеаи мо ба хотири канда нашудан аз сарчашмаи таъминоти моддии худ пофишории худро бар зарур будану аҳамиятнокии маълумоти динӣ идома дода истодаанд. Яъне, барои қишри номбурда на дарки таъйиноти иҷтимоии рисолати Паёмбар (с) ва на рушди улуми воқеию таъмини пешрафти ҷомеа, балки ҳифзи нуфузи иҷтимоии худи эшон муҳимтару заруртар мебошад. Ҳамин тариқ, бидуни тардид на тарс аз Худою азоби қиёмат, балки маҳз ҳифзи манфиатҳои дунявии моддии худу дифоъ аз мақому нуфузи иҷтимоии қишри худ бо сӯиистифода аз дин, сабаб гардидааст, ки “уламо”-и ҷомеа пайваста дар ҳифзи дин бошанду ҳама гуна афкору ақоиди воқеан илмиро зиддидинӣ маънидод намуда, пешрафти ҷомеаро боздоранд ва дар ниёзманд гардонидани ҷомеаи мусулмоннишин ба ҷомеаи ғайримусулмоннишин саҳмгузор бошанд.
Қобили зикр аст, ки Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (1877-1938) аз ҳолати ногувори олами ислом тақрибан 100 сол пеш нороҳатӣ изҳор намуда, бо як ҷаҳон дард навишта буд: “Сарнавишти ағлаби кишварҳои исломӣ имрӯз чунин аст: Ба сурате мошинӣ арзишҳои куҳнаро такрор мекунад, дар сурате ки миллати турк дар хати он афтодааст, ки арзишҳои нав эҷод кунад…Суоле, ки имрӯз Туркия бо он рӯ ба рӯ аст ва муҳтамалан кишварҳои мусулмонии дигар низ дар ояндаи наздик ба он рӯ ба рӯ хоҳанд шуд, ин аст, ки оё фиқҳи исломӣ қобили таҳаввул ҳаст ё на ва албатта, посух гуфтан ба чунин суоле мусталзими кӯшиши ақлии азим аст ва бидуни шак ба он ҷавоби мусбат дода хоҳад шуд” (Муҳаммад Иқбол. Эҳёи фикри динӣ дар ислом, Душанбе 2010, саҳ. 211). Донишманди шаҳир дар кишварҳои ғарбӣ пешрафти ҷомеаро бо чашмони худ мушоҳида намуда, аз куҳнапарастии мусулмонон дар хиҷил афтодааст ва барҳақ қайд намудааст, ки дигар кишварҳои исломӣ низ ҳатман чун миллати турк зарурати офаридани арзишҳои навро дарк менамоянд ва дар пайи навоварӣ хоҳанд шуд. Аллома Муҳаммад Иқбол ин ҷо соҳаи хеле муҳим ва муассири ҷомеаи исломӣ, маҳз фиқҳи исломиро ба хотири он махсус таъкид намудааст, ки фиқҳ батанзимдарорандаи на танҳо муносибатҳои байниҳамдигарии мусулмонон, балки банизомдарорандаи муносибатҳои онҳо ҳам ба воқеияти моддӣ ва ҳам воқеияти маънавӣ маҳсуб меёбад. Пешрафти олами мутамаддин ва ҳамқадами замон набудани меъёрҳои танзимдарорандаи исломӣ барои муҳаққиқ омили асосии қафомонӣ арзёбӣ гардидаанд. Ба қавли дигар, фиқҳи шахшудамонда барои ӯ нақши фишанги боздорандаи рушдро бозидааст. Аз ин рӯ, ӯ дар хусуси зарурати таҳаввулот дар чунин соҳаи ҳаётан муҳим сухан ронда аст.
Қобили зикр аст, ки Аллома Муҳаммад Иқбол ҳамчун шахси ҳам соҳибилму ҳам ғамхори дин ҳамин нороҳатии худро аз ҳолати ногувори таълимоти мазҳабӣ низ баён намудааст. Ӯ бо таассуф ибрози ақида намудааст, ки “… ҳанафиёни ҷадид бар хилофи рӯҳи ин мазҳаб тафсиру таъбирҳои муассиси ин мазҳаб ва пайравони билофасли ӯро ҷанбаи абадият бахшида ва ҳамон рангу суботу абадиятеро, ки мухолифони Абӯҳанифа ба фатовии баёншудаи дар ҳолоти айнии хос медоданд, инон низ ба фатовии Абӯҳанифа ва пайравони вай додаанд”( Ҳамон ҷо, саҳ. 228-229). Андешаи мураккаб ва пурмаънои донишманди шаҳир тақозо менамояд, ки ба ибораҳои “ҳанафиёни ҷадид”, “рӯҳи ин мазҳаб”, “ҷанбаи абадият”, “ҳолоти айнии хос” таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Ибораи “ҳанафии ҷадид” мантиқан зидди мафҳуми “ҳанафии пешина, қадим, кӯҳан” буда, бо он айният надоштани худро лафзан баён намудааст. Яъне, ҳанафии ҷадид аз ҳанафии пешина аз лиҳози замону шароити зиндагӣ куллан фарқ менамояд. Ибораи “рӯҳи ин мазҳаб” дар ҷумлаи мутафаккири шаҳир чунин маъноро ифода менамояд, ки ба мазҳаби ҳанафия қолабпарастию шахшудамондагӣ хос нест. Яъне, мазҳаб мазҳаби ақлгарою таҳаввулгарост. Ибораҳои “ҷанбаи абадият” ва “рангу суботу абадият” ба он маъно ишора менамояд, ки таълимоти муассиси мазҳаб дар шароити нав ҳам мувофиқи фаҳмиши асримиёнагӣ шарҳ дода мешавад, ки мантиқан нодуруст ва мушкилзо мебошад, зеро шароити нав вижагиҳои замонии худро дорад, ки бидуни баинобатгирии онҳо андеша ноқис хоҳад буд. Ибораи “ҳолоти айнии хос” бо ибораҳои пешина робитаи қавии маъноӣ дошта, бори дигар таъкид менамояд, ки ҳар ҳолат ё шароит фатвои хоси худро тақозо менамояд. Дар ҳолат ва шароити нав фатвои пешинаро такрор намудан на танҳо зиддимантиқист, балки нишони ҷаҳолат асту халос.
Воқеан ҳам хеле таассуфовар аст, ки имрӯз мардуми мусулмон ба таълимоти дини ислом бо ҳамон нигоҳи асримиёнагӣ назар андохта, аз пешрафти ҷомеаҳои рушднамуда хурдтарин бардоште ҳам касб намекунанд. Чизе, ки ба сухтори мавҷуда ҳезум мепартояд, бетарафию хомӯшии муллоҳои ҷомеа, ба қавле “уламо” ё “ворисони Паёмбар (с)” мебошад. Қишри номбурда мардуми бекорро ёфтанд, беист ваъз мегӯянд, аммо дар бораи пешрафти ҷомеаи башарӣ, рушди илму маориф, зарурати ҳамқадамӣ бо ҷомеаҳои мутараққӣ, сабабҳои мушкилоти олами ислом, ногузирии таҳаввули афкору ақида, ногузирии нигоҳу назари нав ба талаботу арзишҳои муосир ба сабаби ғафлату ноогоҳӣ ба миқдори даҳони занбӯр лаб во намекунанд.
Бинобар ин, суханони зерини Аллома Муҳаммад Иқбол, ки дар ҳаққи пешвоёни карахт ва асримиёнагии ҳар ҷомеаи мусулмоннишин сад сол пеш гуфта буданд, имрӯз низ дуруст буда, воқеияти ҳолро хеле барҳақ ва равшан инъикос менамояд:
Воизон ҳам суфиён мансабпараст.
Эътибори миллати байзо шикаст.
Воизи мо чашм бар бутхона дӯхт.
Муфтии дини мубин фатво фурӯхт.
Мешавад ҳар муйдарозе хирқапӯш,
Оҳ аз ин савдогарони динфурӯш.
Воизи дастонзани афсонабанд,
Маънии ӯ паст, ҳарфи ӯ баланд.
Пурсида мешавад, ки ҳангоме аҳли ҷомеа ҳамагӣ мардуми эътиқодӣ буда, диният дар ҷомеа дар ҳолати нуфузу тавсеа қарор дораду пешвоёни динии ҷомеа карахту яхбаста ва таҳаввулнопазиранд, чӣ бояд кард?
Онҳо, ки имрӯз дар шароити хеле хубу гуворо зиста, аз охиртарин навъи технологияи муосир васеъ истифода мебаранд, ҳадди ақал боре меандешида бошанд, ки ҳамаи ин маҳсули чист ё кист?
Муовини директори
Маркази исломшиносӣ
Абдухалилзода К.А.