Ба мо шарафи бузург насибу рӯзӣ гардид, ки баъди беш аз ҳазор сол соҳиби давлати миллӣ шавем ва имсол 35 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана таҷлил намоем. Мо бояд ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ намуда, ба қадри он бирасем ва шукронаи онро ба ҷо орем.
Кишвари мо марҳилаи ташаккул ва такомули давлати миллиро тай карда истодааст ва ин низомро бидуни арзишҳои волои исломӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Расму оин ва анъанаҳои неку писандидаи тӯли ҳазорсолаҳо рушднамудаи аҷдодонамон, имрӯз ба як ҷузъи ҷудонопизири фарҳанги миллии мо табдил ёфтааст. Қонунияти бунёди давлати миллии муосир тақозои он дорад, ки ҳам арзишҳои исломӣ ва ҳам расму оини аҷдодӣ бояд дар хизмати саодатмандии мардуми Тоҷикистон қарор дошта бошанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ манфиати мардуми Тоҷикистонро аз мадди назар дур намонем.
Махсусан, дуруст ба роҳ мондани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимон, бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ, танзими хирадмандонаи маъракаю маросимҳо, тарбияи насли наврас, тарғиби омӯзиши илм ва омода кардани мутахассисони созанда ва эҷодкор дар паҳнои бунёди давлати милии сохибистиқоли мо пайванди ногусастании арзишҳои миллӣ, динӣ ва фарҳангии мо хоҳад буд.
Иди Фитр дар баробари дигар санаҳои муҳими таърихии кишвар ба ҳайси ҷашни расмии давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мегардад. Ин худ нишони эҳтирому қадршиносӣ нисбат ба таърих ва фарҳанги мардуми худ ва ҳамзамон арҷгузорӣ ба дини мубини ислом ва арзишҳои волои умумибашарии он мебошад.
Моҳи шарифи рамазон – моҳи зиёфати худовандӣ ва нузули раҳмату мағфират, моҳи файзу баракат, моҳи риёзати баданиву равонӣ, ки меҳмони хонадони ҳар як фарди мусулмон буд, инак рахти сафар мебандад. Мусулмонони рӯзадор баҳри гуселонидани ин моҳи муборак тараддуд доранд ва омодагӣ мебинанд. Дастурхони идона ороста, бо тиловати оятҳои каломи раббонӣ ва дуову фотиҳа ба арвоҳи гузаштагон бо ин моҳи хайру баракат ва раҳмату мағфират хайрухуш мекунанд.
Рӯзҳои ид рӯзҳои покизагиву озодагӣ, шодмониву фароғат ва анҷоми амалҳои башардӯстона мебошанд. Бинобар ин, шахси мусулмон дар он рӯз бояд баландтарин одоби муошират ва меъёрҳои ахлоқиро риоя намояд.
Фардо иди сайиди Фитр фаро мерасад. Ин иди фархундаро аз соли аввали ҳиҷрӣ то ба имрӯз мусулмонон бо шодиву хурсандӣ пешвоз ва ҷашн мегиранд.
Аз ҷумлаи анъанаи неке, ки барои истиқболи иди сайиди Фитр аз Паёмбари гиромиқадр ба умматонаш мерос мондааст, яке дар ин рӯз манзилу маҳалли зисти худро тозаву озода кардан, беҳтарин либоси худро пӯшида бо шодиву нишот ба идгоҳ рафтан ва ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, табрик кардан аст.
Анъана ва суннати неки дигар, ки дар рӯзҳои ид анҷом дода мешавад, ба ниёзмандон хайру саховат кардан мебошад.
Дар Қуръони карим инфоқ, яъне хайру садақа кардан, дар тамоми ҳолатҳо – дар шабу дар рӯз, пинҳону ошкоро ва ҳини тавонгариву аснои тангдастӣ таъкид шудааст. Аз ин рӯ, ҳар кас ба қадри тавону дороии худ дар садақа кардан кӯшиш ва ҷидду ҷаҳд ба кор мебарад: садақаи фитр ва закоти молашро медиҳад, хайрот мекунад, дар анҷом додани амалҳои хайр ва некӯкорӣ мекӯшад.
Дар ин китоби илоҳӣ инсони садақадиҳанда ба донае монанд карда шудааст, ки аз он ҳафт хуша мебарояд ва ҳар хушаи он сад дона дорад. Маълум мешавад, Худованд барои ҳар садақа ҳафтсад баробар подош медиҳад. Ҳикмати садақа додан дар он аст, ки Офаридгор мо инсонҳоро таълим медиҳад: танҳо пайи нафси хеш набуда, дар фикри якдигар бошем, зеро инсоният танҳо дар ҳамбастагию дастгирии ҳамдигар саодатманд хоҳад шуд. Аз ин ҷост, ки садақаро омили рушду тараққии моддӣ ва маънавии худи садақадиҳанда гардонидааст.
Ҳама рӯз рӯза будан, ҳама шаб намоз хондан,
Шаби ҷумъаҳо нахуфтан, ба Худой роз гуфтан,
Зи Мадина то ба Каъба сару по бараҳна рафтан,
Ду лаб аз барои лаббайк ба вазифа боз кардан,
Ба Худо, ки ҳеҷ якеро самар он қадар набошад,
Ки ба рӯи ноумеде дари баста боз кардан.
Ҳаким Саноӣ
Дар рӯзи ид шодиву хурсандӣ кардан хуб аст. Аз Оиша ривоят аст, ки рӯзи иди Фитр ё Қурбон падараш Абӯбакри сиддиқ ба хонаи ӯ даромад ва Пайғамбар (с) дар назди ӯ буданд ва дар ҳузури Оиша ду мутриба ҳамон сурудҳоеро, ки ансориён рӯзи Буъос хонда буданд, месуруданд. Пас Абӯбакр ду бор гуфт: »Созу навои шайтонӣ«! Аммо Пайғамбар (с) гуфтанд:
«Эй Абӯбакр, онҳоро ба ҳолашон бигузор, дар воқеъ ҳар қавмеро иде ҳаст ва ба дурустӣ ки иди мо ҳамин рӯз аст».
Қабл аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» қисме аз маросиму маъракаҳо бо сабаби серхарҷ буданашон боиси ба вуҷуд омадани зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа гардида, ба оилаҳои камбизоат зарари зиёд мерасониданд ва боиси исрофкорӣ мешуданд. Имрӯз бошад мардум моҳияти қонунро дуруст дарк намудаанд. Дар натиҷа маблағҳои сарфашудаи шаҳрвандон барои беҳтар намудани шароити зисту зиндагӣ, бунёду обод гардонидани манзилҳои истиқоматӣ, харидории воситаҳои нақлиёт ва асбобу таҷҳизоти рӯзгор, инчунин, барои таълиму тарбияи фарзандон равона шуда истодаанд. Ин ҳама аз дастовардҳои истиқлолият аст.
Маҳз ба шарофати истиқлолият мо дар фазои озоди динӣ зиндагӣ намуда, эътиқодоти мазҳабии худро қонеъ мекунем, озодона намоз мехонем, рӯза медорем, идҳои Рамазону Қурбонро ҷашн мегирем. Бинобар ин, бояд ба қадри сулҳу субот, ба қадри истиқлоли Ватан бирасем ва шукронаи онро ба ҷо орем.
Худованд дар ҳадиси қудсӣ фармудааст: «Ҳар амали бандаи мӯъмин барои худи вай аст, магар рӯза, ки он барои Ман аст ва Ман худ подоши онро медиҳам». Умедворам ки Парвардигор бо фазлу карам ва лутфу инояти бениҳояти Худ тоату ибодати мардуми мусулмони моро ба даргоҳи бениёзаш қабул мефармояд ва аҷри ваъдакардаашро ба онҳо насибу рӯзӣ мегардонад.
Пешвои миллат дар тарғиби некиву накӯкорӣ, дастгирии ятимону барҷомондагон чунин башорат додаанд:
Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як роҳбар ва шахси масъул, фаъолони ҷомеаи кишвар, пеш аз ҳама, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаҳои маҳаллаҳо, падару модарон устодону омӯзгорон, олимону адибон ва умуман аҳли зиё, инчунин ходимони дин ва ҳар як фарди бонангу номус аз он иборат аст, ки арзишҳои олии фарҳанги милливу диниамон – некиву накӯкорӣ, адлу инсоф, хайру саховат ва дастгирии ятимону дармондагонро дар байни мардум, хусусан ҷавонон мунтазам тарғиб намоянд;
Аз ин рӯ, ҳамаи моро зарур аст, ки хислатҳои неки инсониро натанҳо дар моҳи Рамазон, балки шиори доимии худ қарор дода, барои фарзандони худ намунаи ибрат бошем.
Бо чунин нияти нек, моҳи шарифи Рамазонро хайрбод гуфта, хурду бузург – ҳамаи шуморо бо фарорасии иди сайиди Фитр аз самими қалб муборакбод менамоям.
Ба ҳамагон имону эътиқоди комил, иҷобати дуоҳо, бахту иқболи баланд ва саодати дуҷаҳонӣ, хушбахтиву некрӯзӣ, барору пешравиҳо дар кору зиндагӣ, ризқу рӯзии ҳалол, сериву пурӣ, дили шоду хонаи обод, ҳамдиливу якдигарфаҳмӣ, тамоми хушиҳои зиндагӣ ва муҳимтар аз ҳама – неъмати бузурги тинҷиву осоиштагиро таманно дорам.
Абдураҳмон Ваҳобзода
Муовини директори Маркази исломшиносӣ