Воқеан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ «Имоми Аъзам ва ахлоқи умумиинсонӣ» чунин гуфтаанд: ҷомеаи инсонӣ ба ҷуз қонун ва сохторҳои марбутаи идоракунии худ боз дорои маҷмуи меъёрҳо ва принсипҳои ахлоқӣ мебошад, ки рафтору муносибати аъзоёни онро ба низом медарорад».
Риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар Рамазон бевосита таъкид шудаанд, яъне рӯза доштан дар моҳи Рамазон қишрҳои гуногуни ҷомеаро ба сӯи худсозиву, худшиносӣ, отифаи нек ва эҳсоси дардҳои ҷомеа ҳидоят менамояд. Гуруснагиву ташнагӣ аҳли ҷомеаро дар навбати аввал ба сабру пойдорӣ дар хештан ва дар навбати дуюм ёди ранҷҳои нодорону дармондагон меоварад. Ва ҳамин ёдоварӣ оғози ҳамкориву ҳамдастӣ буда, муҳабати якдигариро дар миёни қишри ҷомеа ба вуҷуд меорад.
Ба ибораи дигар шахси рӯзадор бори дигар тавоноҳои руҳӣ, неруи ирода ва зарфияти инсонии худро дар зарфи як моҳ таҷдид менамояд ва бо руҳияи тоза ва неруи нав ба эъмори зиндагӣ мепардозад.
Худдорӣ аз беҳудагӣ, бадзабонӣ ва бадрафторӣ аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки мактаби рӯзадорӣ ин шеваро асоси тарбияи ахлоқӣ маънидод кардааст. Зеро худдорӣ аз хостаҳои нафс камтарин ва ё маҷмуи зоҳирии рӯзаро ташкил медиҳад, дар ҳоле, ки ҳадафи асосии рӯза доштан худсозии шахси рӯзадор аст ва ин маҷмуа вақте барои рӯзадор ҳосил мешавад, ки қадамҳои барҷастае дар раванди худсозӣ ва такомули ҷанбаҳои инсонии худ бипардозад.
Касе (дар моҳи Рамазон) суханони дурӯғ, амал кардан ба он ва ҷаҳолатро тарк накунад, Худо ҳеҷ ниёзе ба тарки хӯрдан ва нӯшидан- рӯзаи вай надорад. ( Саҳеҳи Бухорӣ, 1903, 6057).
Ва яке аз он барномаҳо дар моҳи Рамазон анҷом додани садақаи фитр аз ҷониби шахсони сарватманд барои муҳтоҷон ва мустамандон мебошад. Воқеан ин барномаи тарҳрезишуда, дар тинати худ ҳикматҳоеро доро мебошад. ки баъзеи онҳоро руйи коғаз меорем;
1.Тарбияи руҳии инсон ҷиҳати накукорӣ, саховатмандӣ ва дурӣ ҷустан аз ҳирс ва ангезаҳои бухл, як тарафагӣ, дархуд печидагӣ.
2.Муҳимтарин ҳикмати он, шакли иҷтимоипазирӣ ва дар ҷамъият амалӣ гаштани дастгирии молӣ аст, ки ин эҳсоси масъулият дар мавриди мустамандон, бенавоён мебошад.
3.Эҷоди ҳад ва ҳудуд барои сарватҳое, ки дар ихтиёри сарватмандҳо ва бозаргонон ва санъатгарон, то амвол ва сармоя танҳо дар ихтиёри гурӯҳи хосе набошад ва дар миёни сарватмандон даст ба даст нагардад.
Ин амали хайр шахсиятҳои такомулёфтаи иҷтимоиро ба бор меоварад, ки фидокорию эҳсонро барои пешрафти ҷомеа ҷомаи амал мепушонанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷомеа дар бораи шахсони муҳтоҷ суханронӣ намуда, доир ба фазилати садақаи ҷория чунин зикр карда буданд: «Ашхоси доро ва сарватманд бояд саъй кунанд, ки садақаашонро аввал ба бародару хоҳари камбизоат, хешу табори наздик, ҳамсоягон ва одамони камбизоат, ятимону маъюбон ва ашхоси ба инҳо монанд диҳанд.
Ё маблағҳои худро ҳамчун садақаи ҷория барои обод кардани деҳаву манзил, маҳалли зист, об овардан, пул сохтан, роҳ бунёд кардан, сохтмони мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар корҳои нек сарф кунанд, ки он хайри солеҳ мебошад».
Доир ба фазилати садақаи ҷория Пайғамбар (с) фармудаанд: «Чун инсон бимирад, амали ӯ қатъ мегардад, магар се чиз: садақаи ҷория, илме ки аз он истифода шавад ё фарзанде солеҳе, ки барои падару модараш дуо кунад» (Ҳадиси саҳеҳ, м.1631).
«Ва некиҳои пояндаи шоиста назди Парвардигори ту аз рӯйи савоб беҳтаранд ва аз рӯйи умед доштан хубтаранд» (Сураи Каҳф, ояти 46).
«Ва некиҳои пояндаи шоиста назди Парвардигори ту аз рӯйи подош беҳтар ва ба оқибат некутаранд» (Сураи Марям, ояти 76).
Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки ба хайру эҳсон даст кушода, сабаби ободтар гаштани диёр, бароварандани ниёзҳои мардум гардем, то ба ин васила ҳам дунё ва ҳам охиратамон обод гардад.
Наботов М
Сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломи