Адл ҳамчун мафҳуми марказии фалсафаи сиёсӣ дар тамаддуни юнонӣ ва исломӣ нақши бунёдӣ дорад. Агар дар анъанаи юнонӣ адл бештар ба ҳамоҳангии сохтори нафс ва давлат марбут бошад, дар фалсафаи исломӣ он ба низоми табиат, ақл ва саодати инсон пайванд меёбад.
Дар китоби «Орои аҳли мадинаи фозила» Форобӣ масъалаи давлат, ҷомеа, роҳбарӣ ва саодатро таҳлил намуда, ба таври мустақим ба моҳияти адл пардохта, адлро на танҳо ба маънои ахлоқӣ, балки ба маънои табиӣ ва иҷтимоӣ маънидод мекунад.
Форобӣ адлро дар сатҳи ибтидоӣ ҳамчун мутобиқат ба табиат мефаҳмад. Яъне адли табии он аст, ки агар гурӯҳе тавонотар бошад ва ғолиб ояд, ин Ғолибият бар маҒлубият аз нигоҳи табиат “одилона” аст. Адли табий аз мафҳуми ахлоқии маъмул фарқ мекунад. Дар ин ҷо адл на баробарӣ, балки мутобиқат ба қонуни табиат аст.
Ба гуфтаи Форобӣ, ки ҳар гоҳ гурӯҳҳо хоҳ қабила, хоҳ шаҳр, хоҳ иттиҳод ё уммат аз ҳамдигар ҷудо ва мутамойиз гарданд, онҳо монанди фарқияти ҳар як фард аз фарди дигар мешаванд. Зеро фарқе нест, ки ҷудоӣ миёни афрод бошад ё миёни гурӯҳҳо. Дар чунин ҳолат табиатан рақобат ва талоши ғолиб омадан ба миён меояд. Он чизҳое, ки бар сари онҳо мубориза сурат мегирад, монанди: амният, каромат ва шараф, фарохии зиндагӣ ва неъмат, лаззатҳо ва ҳар он чи инсонро ба онҳо мерасонад, ҳар гурӯҳ мекӯшад, ки ин неъматҳоро аз дигаре бигирад ва онҳоро ба худ ихтисос диҳад. Гурӯҳи ғолиб дар ин раванд комёб ва саодатманд шумурда мешавад.
Форобӣ таъкид мекунад, ки ин гуна рафтор аз табиати инсон ва табиати мавҷудоти табиӣ сарчашма мегирад. Сипас ба натиҷа мерасад: «Он чи дар табиат аст, ҳамон адл аст».[1]
Форобӣ мафҳуми «адли табиӣ» –ро ба таври равшан ва ҳатто шадид ифода мекунад. Дар ин қисмат адл ба маънои ғолибият, қаҳр ва истилои гурӯҳи тавоно бар гурӯҳи заиф тавсиф мешавад. Пас адл, мувофиқи ин назар, ҳамон ғолибият аст. Ва ҳар гоҳ неъматҳо ба гурӯҳи ғолиб бирасанд, бояд он касе, ки дар ғолибият саҳми бештар ва нақши бузургтар доштааст, аз он неъматҳо бештар бигирад; ва он ки саҳмаш камтар аст, камтар бигирад. Агар неъмат каромат бошад, ба касе, ки саҳми бештар дорад, каромати бештар дода шавад; ва агар мол бошад, бештар дода шавад; ва дар дигар чизҳо низ ҳамин гуна аст.
Қаҳр ва истибъод (банда сохтани маҒлуб) низ дар доираи адли табии қарор мегирад.[2] Ин андеша ба баҳси Фрасимахус дар «Ҷумҳурият»-и Plato монанд аст, ки адлро «манфиати қавитар» медонист.[3] Аммо фарқ дар он аст, ки Форобӣ инро ҳамчун воқеияти табиат тавсиф мекунад, на ҳамчун идеали сиёсӣ.
Яъне ҳар кас ба андозаи саҳми худ аз неъматҳо баҳра мебарад. Ин ҷо мо шакли ибтидоии адли мутаносиб (distributive justice)-ро мебинем. Дар «Ҷумҳурият» Фрасимахус мегӯяд: «Justice is nothing other than the advantage of the stronger.»³ яъне адолат ҳељ чиз нест нисбат ба натиљаи шахси қавӣ ва ин андеша ба таърифи адли табии Форобӣ наздик аст.
Аммо Афлотун ин назарияро рад мекунад ва адлро ҳамоҳангии нафс медонад. Форобӣ бошад, адли табииро эътироф мекунад, аммо онро марҳилаи поёнӣ медонад.
Дар «Ҷумҳурият» Афлотун адлро чунин таъриф мекунад: «Justice is doing one’s own work and not meddling with what is not one’s own».[4] яъне Адолат иҷро намудани кори худ ва дахолат накардан ба он чизест, ки ба шахс тааллуқ надорад. Дар ин ҷо адл ҳамоҳангии қисмҳои нафс ва табақаҳои ҷомеа аст. Форобӣ аз ин назария илҳом гирифтааст, аммо ба он мазмуни табиатшиносӣ илова мекунад. Агар барои Афлотун адл сохтори идеалии давлат бошад, барои Форобӣ адл ҳам дар табиат ва ҳам дар ҷомеаи фозила мавҷуд аст.
Адабиёт
- Абунасри Форобӣ, Орои аҳли мадинаи фозила, фасли «القول في العدل».
- Абунасри Форобӣ, Орои аҳли мадинаи фозила, фасли «القول في العدل».
- Plato, Republic, Book I, 338c.
- Plato, Republic, Book IV, c,433a.
Наботов М.А.
Сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ
[1] Абунасри Форобӣ, Орои аҳли мадинаи фозила, фасли «القول في العدل», саҳ. 80–82.
[2] Абунасри Форобӣ, Орои аҳли мадинаи фозила, фасли «القول في العدل», саҳ. 97.
[3] Plato, Republic, Book I, 338c.
[4] Plato, Republic, Book IV, c,433a.