ТАЪМИНИ ОЗОДИИ ВИҶДОН ВА ЭЪТИҚОДИ ДИНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд масъалаи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар мадди аввал гузоштааст. Яке аз ҳадафҳои асосии ин раванд, ҳуқуқ ба озодии андеша, виҷдон, дин ва эътиқод аст.
Татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи озодии виҷдон ва дин бо риояи қатъии принсипҳои конститутсионии ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар асоси гуногунандешии сиёсӣ ва идеологӣ дар муносибатҳои байни ташкилотҳои динӣ ва мақомоти давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Ин принсипҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории ҷумҳурӣ инъикос ёфтаанд, ки ҷудоии ташкилотҳои диниро аз давлат ва дахолат накардани давлат ба фаъолияти ташкилотҳои диниро таъмин намуда, ба ин васила характери дунявии таълим дар системаи маориф ва таҳаммулпазириро дар муносибатҳои ташкилотҳои динӣ кафолат медиҳад.
Мутобиқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз миллат, нажод ва забон, озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, аз ҷумла ҳуқуқи ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳи дигарон пайравӣ кардан ба ҳар гуна дин ё пайравӣ накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб, паҳн намудан ва дигар кардани ҳама гуна эътиқоди динӣ ва эътиқодҳои дигар, инчунин мутобиқи онҳо амал кардан кафолат дода мешавад. Қонун тамоми ҷанбаҳои озодии виҷдон ва озодии эътиқод, аз муайян кардани муносибати шахс ба дин то таъсиси иттиҳодияҳои диниро фаро мегирад. Муайян кардани муносибати шахс ба дин аз мазмуни моддаи 1 Конститутсияи ҷумҳурӣ бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати дунявӣ эълон кардааст.
Дар бораи мутобиқати меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста бо сохторҳои байналмилалӣ лоиҳаҳои қонунҳои худро оид ба мутобиқати онҳо ба меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон баррасӣ мекунад. Дар ҷумҳурӣ механизми татбиқи ин меъёрҳо аз ҷониби Суди конститутсионӣ ва судҳо муфассал кор карда баромада шудааст.
Тоҷикистони демократӣ эътироф мекунад, ки талаботи ҳар қонун догма (шахшуда) нест ва дар баробари тағйири вазъ ва рушди ҷомеа он метавонад тағйир ёбад.
Дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, аз ҷониби давлат эътироф, эҳтиром ва ҳифз карда мешаванд». Моддаи 10 Конститутсия бошад, ваколати олии меъёрҳои конститутсиониро дар сохти ҳуқуқии ҷумҳурӣ эътироф намуда, нисбат ба дигар сарчашмаҳои ҳуқуқӣ ба меъёрҳои Конститутсия афзалият медиҳад.
Дар қисми 1 моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд”. Ҳамин мавқеъи бартарӣ мутобиқи қисми 3 моддаи 10 Конститутсия ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дода шудааст. Ва дар сурати ихтилофи байни қонунҳои миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ татбиқ карда мешаванд.
Дар бораи расму оинҳои динӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани ибодат маҳдудият нест ва ҷойҳои муайяне ҳастанд, ки шаҳрвандон метавонанд расму оинҳои динии худро дастаҷамъона иҷро намоянд. Қисми 3 моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба шаҳрвандон ҳуқуқ медиҳад, ки ибодат, расму оин ва маросимҳои динӣ дар ибодатгоҳҳо ва замини ба онҳо мутааллиқ, дар зиёратгоҳҳо, дар қабристонҳо – вобаста аз хусусиятҳои эътиқоди динӣ, инчунин дар манзилҳо ва хонаҳои шаҳрвандон анҷом дода мешаванд. Яъне, тибқи ин меъёрҳо шаҳрвандон метавонанд вобаста ба мазҳаби худ худ ё дастаҷамъона дар ҷойҳои барои ин мақсад таъиншуда ибодат ва маросимҳои диниро анҷом диҳанд.
Меъёри қисми 3 моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» меъёри ҳуқуқӣ буда, ҷойҳои баргузории маросимҳои диниро муайян мекунад. Ҳар як дин вақт, ҷой ва тартиби баргузории маросимҳои диниро муайян кардааст. Ҷойи пок ва амн яке аз шартҳои динии ибодат аст. Ҳеҷ як кишвари демократӣ бо эҳтироми баланд ба озодиҳои шаҳрвандонаш наметавонад ҳар як созмони диниро мувофиқи эҳтиёҷоти худ бо ҷойҳои маросиму ибодати динӣ таъмин намояд. Инро ба назар гирифта, қонунгузор ҷойҳои маъмулан қабули ибодати дастаҷамъиро муайян мекунад, ки дар он шаҳрвандон метавонанд эҳтиёҷоти динӣ ва маънавии худро озодона конеъ гардонанд. Илова бар 4000 иттиҳодияҳои динӣ ва чанд ҳазор қабристону макони муқаддас, Қонун иҷозат медиҳад, ки дар хонаҳои миллионҳо шаҳрвандон маросими динӣ баргузор шавад. Аз ин бармеояд, ки дар ҷумҳурӣ барои фаъолияти осоиштаи динӣ, аз ҷумла, дар бобати анҷом додани расму оинҳои динӣ ягон маҳдудият вуҷуд надорад.
Дар бораи таълимоти динӣ
Ташкили муассисаҳои таълимии динӣ ё дунявӣ ҳамчун шаклҳои махсуси фаъолият, ки дар он кӯдакон таълим мегиранд, мутобиқи моддаи 29 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар тамоми ҷомеаҳои мутамаддин стандартҳо ва минимумҳои худро дорад. Ин як амали маъмул аст. Дар Тоҷикистон низ ба манзури ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсил ин масоилро қонун танзим мекунад. Масалан, сатҳи дониши омӯзгор, шароити таҳсил, фанҳои таҳсил бояд ба тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас ва барномаҳои тасдиқшуда мувофиқ бошад.
Ҷомеа ва давлат ба чунин масъалаҳои муҳими марбут ба ояндаи онҳо, аз қабили тарбияи насли наврас бетараф буда наметавонанд, зеро дар моддаи 29 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гуфта шудааст: «Таълими кӯдак бояд ба мақсадҳои зерин равона карда шавад: а) инкишофи шахсият, истеъдод ва қобилиятҳои рӯҳӣ ва ҷисмонии кӯдак то ҳадди пурра; таҳкими эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон…” ва дар банди 2 ҳамин модда зикр шудааст: «таҳсилот дар чунин муассисаҳои таълимӣ бояд ба меъёрҳои ҳадди ақали муқаррарнамудаи давлат мувофиқат кунад». Ин талаботро Вазорати маориф ва илм муқаррар кардааст ва ҳамаи намудҳои таълим бояд ба ин талабот ҷавобгӯ бошанд.
Дар бораи дастовардҳои Точикистони сохибихтиёр дар соҳаи дин
Дар баробари факту рақамҳои зикршуда дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар даврони Истиқлол дар соҳаи дин таъкид кардан муҳим аст. Сатҳи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар робита ба дин дар Тоҷикистон бо мавҷудияти иттиҳодияҳои динӣ, шумораи иттиҳодияҳои сабтиномшуда, фаъолиятҳои таълимӣ дар соҳаи дин ва таълими динӣ чен карда мешавад. Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии худ дар самти татбиқи озодии эътиқоди динии шаҳрвандон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар маҷмӯъ вазъи динӣ дар ҷумҳурӣ мӯътадил арзёбӣ мегардад.
Агар дар давраи шӯравӣ ҳамагӣ 7 масҷид ва дар охири ҳокимияти советӣ ҳамагӣ 34 иттиҳодияи динӣ (аз ҷумла 17 масҷид, 15 калисо ва хонаи ибодати насронӣ ва 2 синагога) мавҷуд бошад, пас ҳоло қариб 4 000 иттиҳодияи динӣ мавҷуд аст, ки 69-тои он иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ мебошанд. Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти бархе аз марказҳои пажӯҳишӣ, Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳое аст, ки аксари аҳолии он дини исломро пайравӣ мекунанд, аммо ҳамзамон ба намояндагони дину мазҳабҳои дигар ҳуқуқу озодиҳои баробар дода шудааст. Солҳои охир дар ҷумҳурӣ зиёда аз 300 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин худ аз муносибати сиёсати давлат ба дин шаҳодат медиҳад. Айни замон бақайдгирии иттиҳодияҳои динӣ идома дорад.
Муқоисаи сатҳи озодии виҷдон ва дин дар Тоҷикистон бо дигар давлатҳо гувоҳӣ медиҳад, ки нишондодҳо дар ин самт хеле баланд буда, вазъ мӯътадил аст. Ифтитоҳи як иттиҳодияи динӣ барои 1800-1900 нафар шаҳрвандон, дар ҳоле ки дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба ҳар сари аҳолӣ як иттиҳодияи динӣ ба 3000 ва 3500 нафар рост меояд, аз он шаҳодат медиҳад, ки таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ дар сатҳи баланд қарор дорад ва барои бақайдгирии иттиҳодияҳои динӣ дар ҷумҳурӣ мушкиле вуҷуд надорад. Факту рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар даврони истиқлол ба шаҳрвандон барои таъмини эътиқоди динӣ, ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва эътикод нисбат ба давраҳои пеш аз Истиқлол имкониятҳои ба маротиб бештар дода шудааст. Фақат ба онҳо дуруст ва холисона баҳо додан лозим аст.
Имрӯзҳо давлат ба таъмини эҳтиёҷоти динии шаҳрвандони ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад. Дар соли 1990 ҳамагӣ 27 ҷавон аз Тоҷикистон дар Донишкадаи исломии Тошканд ва мадрасаи Мири Араби Бухоро таҳсил мекарданд. Моҳи октябри соли 1990 дар шаҳри Душанбе як муассисаи олии маънавии Донишкадаи исломӣ кушода шуд, ки дар он 142 нафар ҷавонони дорои маълумоти миёнаи дунявӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли 2007 Муассисаи давлатии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит» таъсис ёфт. Имрӯз дар ин донишкадаи олӣ беш аз 1500 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд.
Дар чанд соли ахир мақомоти ваколатдори давлатӣ иод ба дин дар якҷоягӣ бо намояндагони созмонҳои сохтории СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ барои имомхатибон ва ходимони динӣ давраҳои махсуси омӯзишӣ ташкил кардаанд. Ҳамзамон, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин дар якҷоягӣ бо Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони ва Маркази исломии Тоҷикистон барои имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва имомхатибони масҷидҳои панҷвақта курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос ташкил намуд.
Танҳо дар соли 2024 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати динии аҳолӣ ва фаҳмонидани муҳтавои меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон аз ҷониби кормандони мақомоти ваколатдор оид ба дин бо ҷалби мутахассисону олимони варзидаи ҷумҳурӣ теъдоди зиёди курсҳои бозомӯзӣ, семинарҳо, мизҳои мудаввар, мулоқоту вохӯриҳо, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ гузаронида шуданд. Корҳои анҷомдодашуда худ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки давлат ба татбиқи ҳуқуқи озодии эътиқод то чӣ андоза таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.
Ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидани тадбирҳои зарурӣ дар соҳаи дин барои фароҳам овардани фазои мусоиди иҷтимоӣ барои насли наврас, ки рушди ояндаи давлатдории тоҷикон аз он вобастагӣ дорад ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо мебошад.
Тоҷикистон ба уҳдадориҳои байналмилалии худ содиқ буда, ба ҳуқуқҳои шаҳрвандонаш ба озодии виҷдон ва дин эҳтироми хоса зоҳир мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои ҳар як инсон дар мамлакати мо ва беҳтар гардидани зиндагонии тамоми мардум саъю кӯшиш мекунад.
Бояд тазаккур дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити озодии баён, эътиқод ва дин муътадил арзёбӣ мегардад. Истиқлоли давлатӣ барои дарк ва решадор гардидани худшиносиии милливу динӣ ва озодиву ифтихори миллӣ шароит ба вуҷуд овард. Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи мо ба таъриху фарҳанг ва ойину суннатҳои милли худ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад. Маҳз Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки мо арзишҳои милливу динии худро эҳё намуда, ҳуқуқу озодиҳои шахсии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба озодии виҷдонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф кунем ва кафолат диҳем.
Ваҳобзода Абдураҳмон,
муовини директори Маркази исломшиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх