Машғулияти сиёсӣ дар ҚС КДАМ

10-уми апрели соли равон, дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти сиёсӣ бо афсарону сарбозон ва ҳайати шахсӣ баргузор гардид.
Дар машғулият сардори шуъбаи итилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ иштирок ва дар мавзуоти зерин: “Роҳу воситаҳои такмил ва таҳкими корҳои сиёсӣ – тарбиявии афсарону сарбозони Қӯшунҳои сархадӣ” ва “Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ” маърӯза намуд.
Дар фарҷом байни афсарону сарбозон табодули афкор сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх