Хониши идоравӣ оид ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия

Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 санаи 9-уми апрели соли 2026, бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Ваҳоб, Сафарзода Шодӣ хониши идоравиро баргузор намуд.
Ҷамъомади мазкурро директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор оғоз карда, кормандони Марказро бо рӯзномаи хониши идоравӣ шинос намуда, вобаста ба амалисозии Стратегияи мазкур дар Марказ ва корҳои анҷомдода оид ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ андешаронӣ намуда, суханро ба намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Ваҳҳоб доданд.
Мавсуф, дар бораи мазмуну мундариҷаи Стратегияи номбурда маълумоту муфассал дода, аз ҷумла қаӣд карданд, ки ҳадафи асосии он таъмини шаффофият, масъулиятнокӣ ва самаранокии фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ буда, чораҳои муассирро бобати пешгирӣ, ошкор ва коҳиш додани коррупсия роҳандозӣ менамояд.
Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад ва боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.
Аз ҷумла дар бораи бандҳои алоҳидаи ҳуҷҷати мазкур андешаронӣ карда, қаӣд карданд, ки ба ҳамаи мо зарур аст, ки ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ, риоя ва амалисозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба масъалаи мазкур, тартиботи ҳуқуқӣ, рушди фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон дар якҷоягӣ чораҳои зарурӣ андешем.
Ҳамчунин, оид ба баргузории чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ, мулоқоту вохӯриҳо, таҳия ва чопи мақолаҳо, баромаду суханронӣ дар барномаҳои воситаҳои ахбори омма, пардохти хизматрасониҳои давлатӣ тавассути низоми электронӣ, баргузор намудани таҳқиқоти сотсиологӣ вобаста ба масъалаҳои коррупсионӣ андешаронӣ намуд.
Дар фарҷом саволу ҷавоб доир гардида, кормандон ба саволҳои худ посухҳои асоснок гирифтанд.
Чорабинии мазкурро директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим ҷамъбаст намуда, ҷиҳати татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 аз ҷониби Марказ тадбирҳои судманд андешида мешавад.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх