6 – уми апрели соли равон мулоқоти Наҷотзода Мутеъулло – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ бо ҳайати шахсии наваскарони қисми ҳарбии 6593 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар мулоқот Наҷотзода Мутеъулло – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ, номзади филология иштирок намуда, ҷиҳати пешгирии қонуншиканӣ ва ҷиноят дар байни ҳайати шахсӣ дар мавзӯи “Хизмат ба Ватан шараф аст” ва “Манъи худкушӣ аз нигоҳи дини мубини ислом” маърӯза намуд.
Дар фарҷом байни афсарону сарбозон вобаста ба мавзуоти баррасишуда табодули афкор сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ