Идомаи мақола…
Одату русуми оилавии мардуми тоҷик аз таваллуд то давраи оиладоршавӣ бисёр ғанӣ ва дорои маъноҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Анъанаҳои ҳар халқу миллат марбут ба ҳаёти фардӣ-иҷтимоӣ ва рӯзгори оилавии онҳо мебошанд. Ҳаёти оилавию фардии миллати тоҷикро низ ба монанди дигар халқу миллатҳо аз рӯзи таваллуд то охири умр урфу одатҳо ва маросимҳои зиёде дарбар мегиранд. Барои халқи тоҷик аз қадим то имрӯз фараҳбахштарин ҳодиса дар ҳаёти оилавию фардияшон ин таваллуди фарзанд мебошад, ки бархе аз урфу одатҳо ва маросимҳо дар муносибат бо таваллуди фарзанд ба миён омада, аз давраи таваллуд то чилрӯза шудани кӯдак татбиқ мегарданд.
Албатта, соли аввали ҳаёти кӯдак дар фарҳанги миллӣ ва мардумии халқи тоҷик аҳамияти калон дорад, зеро дар ин марҳала гузариши кӯдак аз як ҳолат ба ҳолати дигар пайваста тағйир меёбад. Бархе аз модарону бибиҳо гумон мекунанд, ки дар ин вақт кӯдак бештар ба хатар дучор мешавад ва гӯё кӯдакро шарри қувваҳои зиёнкор таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ин рӯ, барои ҳифзи кӯдак ва модараш расму одатҳои қадимаро ба кор мебаранд. Дар ин маврид, муҳаққиқ Шоев Зиёвиддин бисёр ба маврид қайд кардааст, ки назари ӯро дар ҳар хонадони тоҷик ҳангоми доштани тифли навзод ба таври возеҳ дидан мумкин аст. Муҳаққиқ мегӯяд: «Халқи тоҷик тибқи анъанаҳо модар ва тифли навтаваллудро то чил рӯз шабонгоҳ ва дар хонаи торик танҳо намегузоранд. Ҳуҷраи хоби модару кӯдак гарм ва равшан нигоҳ дошта мешавад ва шомгоҳон дар он испанд ва дигар гиёҳҳоеро месӯзонданд, ки тибқи бовариҳо бӯйи он қувваи зиёнкорро дур мекунад. Бо ҳамин мақсад, яъне барои ҳифзи кӯдаки навзод аз шарри қувваҳои зиёнкор дар зери болин ё гаҳвораи тифл сирпиёз, занҷабили хушк, корд ё дигар ашёҳои тезро мегузоштанд. Чилладории модару кӯдаки навзод бо маъракаи чиллагурезон, вақте ки модар аввалин бор ҳамроҳи тифли навзод аз чиллахона берун мебарояд ба анҷом мерасад. Ин анъана дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон дар хонаи бобову бибии модарӣ ба анҷом мерасад ва вақти ба охир расидани чилла аввалин қадамҳои тифли навзод ба хонаи падараш ҳамчун қадами баракат ва давомдиҳандаи насл ҷашн гирифта мешавад» [1].
Чунин урфу одатҳои халқӣ дар миёни ҳама халқҳои форсу тоҷик дида мешавад, аз ҷумла, миллати афғон дар бештари ҳолатҳо бо миллати тоҷик дар анҷоми суннатҳои мардумӣ якзайланд. Додоҷон Обидов дар таълифоти худ «Одоб, ойинҳо ва боварҳои мардуми Афғонистон» вобаста ба нигоҳубини навзод ва модараш қайд мекунад, ки «Замоне ки кӯдаки навзод чилрӯза мешавад, кӯдак ва модарашро чиллагурез мекунанд. Нахуст, модар бо тифлаш ва яке аз хешовандони зан ба наздиктарин зиёратгоҳ меравад ва барои саломатии тифлаш, худаш ва дигар аъзои оилааш дуо мекунад ва ба табъи хушу болида ба хонааш бармегардад. Сипас, вай бо дастурхони нозу неъмат, аз қабили нон ва кулчаҳои ширину равғанӣ, меваҷот ва соири туҳфаҳо ба хонаи яке аз дӯстонаш (модараш ё хоҳараш) меравад. Пас аз салом ва аҳволпурсӣ, ончиро ки модари навзод бо худ овардааст, байни худ ва дигарон, ки ба истиқболаш омадаанд, нону чой мехӯранд, тифли навзод ва модарашро муборакбодӣ мегӯянд ва барояшон туҳфаҳо медиҳанд. Баъд аз 3-4 соати меҳмондорӣ ва хондани дуо аз ҷониби яке аз занони калонсол, модари навзод бо кӯдакаш ба хонаи худаш бармегардад. Бо ҳамин маросими чиллагурез ба охир мерасад». Ҳамчунин, муҳаққиқ қайд мекунад, ки «чиллагурезӣ расми анъанавӣ аст ва маншаи қадимӣ дорад» [2].
Бояд зикр дошт, ки ҳарчанд маросими чиллагурез аз суннатҳои мардумии мо маҳсуб мегардад, вале тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон баргузор карда мешавад, зеро урфу одатҳои мардумӣ то рафт ба хароҷоти зиёдатӣ ва исрофкорӣ рафта расид ва зарурати қабули қонуни танзим низ дар ҳамин аст. Тавре ки Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи умумиҷумҳуриявӣ оид ба танзими расму ойинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳои динӣ 24 майи соли 2007 таъкид доштанд, “Ҳаёти аксарияти мардуми мо бо гузаронидани силсилаи маросиму маъракаҳои пайдарпай сипарӣ мегардаду онҳо доир ба мазмуну моҳияти аслии зиндагӣ ва рисолати инсонии хеш кам фикр мекунанд. Масалан, аз ваќти таваллуд то ҳафтсолагии фарзанди худ падару модарон як силсила чорабиниҳои хурсандиро, ба монанди гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирон ва хатнатӯй мегузаронанд, ки дар асл мазмуни хонаводагӣ доранд, вале солҳои охир онҳо аз доираи оила берун баромада, вусъати торафт бештар касб кардаанд ва ба исрофкории маҳз табдил ёфтаанд [3].
Албатта, расму ойинҳои мардумӣ зиёд ба назар расида, дар бештар вақт занон бо доир кардани маросиму маъракаҳо ба исрофкориву зиёдаравӣ ва дар натиҷа ба хурофот бурда мерасонанд. То соли 2007, яъне то қабули Қонуни танзим баргузории маъракаи чиллагурезон бо иштироки хешовандони наздик ба мушоҳида мерасид. Занон кӯдаки навзодро то 40 рӯз бо навбат ба хонаи хешу табор мебурданд, то ки аз бемориву аҷали ногаҳонӣ бехавф гардонанд.
Дар бораи боварҳои тоҷикони асри XIX олими рус Н.В. Ханыков (1819-1878) менависад, ки пас аз таваллуди кӯдак дар давоми 40 шабонарӯз дар болои гаҳвораи навзод шамъро фурӯзон мекунанд, то аз зарари ҷинҳо эмин бошад [4].
Кӯдак ба маросимҳое дохил карда мешуд, ки рамзи ҷудошавии ӯ аз модар ва шомил шудан ба ҷомеа буданд.
Маросими аввалин ҳангоми таваллуди кӯдак буридани нофи ӯст. Нофро ҳамчун узве, ки қувваи асосии ҳаёт дар он ҷамъ шудааст, меҳисобиданд. Бештари занони тоҷик пӯсти буридаи нофро хушк карда, дар зери гаҳвораи кӯдак то дусолагӣ нигоҳ дошта, баъдан зери дарахти мевадиҳанда мегузоранд, то тансиҳату ояндаи нек насибаш гардад. Ин ҳолатро дар дигар халқу миллатҳо низ дидан мумкин аст.
Нанайҳо (халқе, ки асосан дар кишвари Хабаровск зиндагӣ мекунанд) пӯсти нофи буридаро бо мақсади солим будани кӯдак то 5-солагӣ нигоҳ медоштанд. Дар Олмон ин масъулият ба зиммаи падари кӯдак вогузор карда мешуд. Дар Сербия ва Косово пӯсти нофи буридаро дар дарахти мевадиҳанда хушк карда, дар алоҳидагӣ нигоҳ медоштанд. Дар Мексикаи қадим пӯсти нофи буридаи писарро дар майдони ҷанг зери хок мекарданд, то писарак ҷанговар шавад. Ва аз духтарро дар назди ҳавлӣ, то ки кадбонуи хуб шавад [5].
Дар шимолу ғарбии Меланезия пӯсти нофи буридаро то роҳрав шудани кӯдак нигоҳ медоштанд. Баъдан дар назди ҳавлӣ зери хок карда, ба болои он дарахти нахли норҷил (кокосовая пальма) мешинонданд ва кӯдак соҳиби комилҳуқуқи ҳамин дарахт ҳисобида мешуд [6].
Дигар аз суннати мардумие, ки марбут ба кӯдаки навзод аст, шӯстани кӯдак аст, ки дар халқи тоҷик аз қадим то имрӯз модаркалону занони фарзанддор бо нияту орзуҳои нек мешӯстанд. Дар баъзе миллату халқиятҳо навзодро баъди таваллуд ё баъди чанд рӯз оббозӣ медоронанд.
Ба таъкиди фарҳаншиноси англис Э.Тайлор (1832-1917) дар Чин дар серӯзагӣ навзодро оббозӣ медоронанд. Дар мардуми ҷопон, тибет ва муғул поксозии навзод пас аз чанд рӯзи таваллуд анҷом дода шуда, ба ӯ ном мегузоранд.
Дар Мексикаи қадим бошад, баъди таваллуд ва дар қисмати мардуми африқо баъди се рӯз ин амалро иҷро мекарданд [7].
Дар чехҳо пеш аз шӯстани навзод ба рӯйи ӯ аз хуни ноф мемолиданд, то ки дар оянда ӯ гармчеҳра шавад, инчунин ба дасти духтарча калид, сузану найча, қошуқ ва ба дасти писар бошад болғача, мех, қамчин мегузоштанд [8].
Дар Чин баъди се рӯзи таваллуд кӯдакро бо иштироки хешу табори наздики волидайн шӯста, ба ӯ туҳфаҳо пешниҳод мекунанд. Инчунин, ба дасти кӯдак дастпонаи аз ресмони пахтагини ранги сурхдошта бо тангаҳои қадима ва бозичаҳои нуқрагин меовезанд [9].
Дар аксарияти миллату халқиятҳо оберо, ки ба он навзодро мешӯянд, ба зери дарахтони ҳосилдиҳанда мерезанд. Масалан, дар Булғория ва Сербия ин обро то баромадани офтоб зери дарахти мевадиҳанда мерехтанд [5].
Албатта, ин ҳолат дар мардуми тоҷик низ бисёр возеҳу равшан ба чашм мерасад. Баъди шӯстани навзод, оби онро ба зери дарахти сабз мерезанд, то умраш ҳамеша сабзу хуррам бошад.
Дигар аз расму ойинҳои маъмул ин бори аввал гирифтани муйи сари навзод аст. Миллати тоҷик дар чиллаи кӯдак мӯйи сари ӯро бо дасти мард ё зани рӯзгордидае гирифта, ба қадри он садақа медиҳанд.
Ба назари бархе аз муҳаққиқон сартарошии навзод рамзи ба парастории кӯдак ҷалб гардидани падарро дорад, зеро тахминан баъди яксолагӣ падар низ ба тарбияи кӯдак ҷиддитар масъул мегардад.
Дар фарҳанги анъанавии мо тоҷикон дар тарбияи кӯдак нақши модар хеле калон аст. Модарон барои тарбияи фарзанд усули тарсро тавассути нақлу ривоятҳои бофта истифода мебаранд, ки хеле таъсири манфӣ мерасонад. Қариб ҳар як фарзанди тоҷик аз калонсолон ривоятҳо, ба монанди дар торикӣ танҳо нагаштан, дар зери дарахти чинор наистодан, хокистарро зери по накардан ва ғайра шунидааст, ки ин вазъ албатта аз ҷиҳати равонӣ ба инсон таъсири манфӣ мерасонад.
Ин ҳолат дар дигар халқу миллатҳо низ дида мешавад. Масалан, дар байни халқҳои Индонезия одатест, ки ҳангоми кӯдак дар торикӣ дар кӯча бозӣ кардан, модараш ба ӯ бо ҷаҳл муроҷиат мекунад, ки «дев ё аҷина» ба ӯ беморӣ меорад [10].
Дар Россия бошад, кӯдаконро аз ҷалоҷилкампир (баба-яга) ё милитсия тарс медиҳанд.
Дар қабилаи каока (ҷазираи Адмиралтейства) кӯдаконро аз ҳайвони «одамхӯр» метарсонанд [6].
Эҳтиром гузоштани кӯдак, наврас ва ҷавон ба калонсолон, хешу ақрабо ва нон дар фарҳанги тоҷик аз рукнҳои асосии тарбия аст, зеро тибқи боварҳо беэҳтиромӣ нисбати калонсолон беарзишии ҳамон фардро дар оянда дар пай дорад ва беэҳтиромӣ нисбати нон хушксолиро дар пай хоҳад дошт.
Агар фарзанди турк нон ё ордро зери пой кунанд, ӯро танбеҳ дода, таъкид мекунанд, ки агар ин ҳолат такрор шавад, Худо ин шахсро ба санг табдил медиҳад [11].
Гурҷиҳо низ ба нон эҳтиром гузошта, фарзандонро таъкид менамоянд, ки пораи нони дар роҳ пайдокардаро гирифта ба баландӣ гузоранд [5].
Дар умум, метавон гуфт, ки таъриху тамаддуни чандинҳазорсолаи халқи тоҷик бо суннату анъаноти таърихии худ дар шаклгирии сифатҳои ахлоқии ҷомеа нақш гузоштаанд. Анъанаҳои миллӣ ва суннатҳои мардумии халқи тоҷик ҳарчанд бо падидаҳои гуногуни таърихӣ рӯ ба рӯ шудаанд, вале то имрӯз моҳияти худро гум накарда, дар ташаккули фаъолияти инсон ва раванди таълимгирию тарбиятёбии насли наврасу ҷавон нақши худро гузошта истодаанд.
Адабиёт:
2. Обидов Додоҷон. Одоб, ойинҳо ва боварҳои мардуми Афғонистон. // Баргардони дуктур Баҳром Амир Аҳмадиён. – Кобул, 1393, с.179
3. Эмомалӣ Раҳмон. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди 8. – Душанбе, 2009, с.8
4. Шишков А. Таджики. (Этнографическое исследование). – Алмааты, 2006, с.320. (Ханыков Н.В. Примечание VI. Иран. К.Риттера. СПБ. 1874, с.519)
5. Хухлаева О.В. Этнопедагогика: социализация детей и подростков в традиционной культуре. – Москва, 2008, с.60, 68, 122
6. Этнография детства. Традиционные методы воспитания детей у народов Австралии, Океании и Индонезии. – Москва, 1992, с.93, 82
7. Тайлор Э.Б. «Первобытные культуры», 2003, с.405
8. Дети в обычаях и обрядах народов зарубежной Европы. – Москва, 1995, с.295
9. Ван Геннеп Арнольд. Обряды перехода: систематическое изучение обрядов. – Москва, 2002, с.46
10. Символика культов и ритуалов народов зарубежной Азии. – Москва, 1980, 201
11. Хлеб в народной культуре: этнографические очерки. – Москва, 2004, 373
О.Вализода, Ш.Одинаева – кормандони Маркази исломшиносӣ