Дар бораи дастовардҳои кишвар дар давоми 35-соли Истиқлол ҳар чӣ қадар нависем ҳам, кам аст. Зиёиёни ватандӯсту меҳанпарасти кишвар пешрафтҳои кишварро бо забони зебою санъатҳои бадеии дилнишин ва бо ҳазор сабку услуби наву ҷозиб ба риштаи назму наср кашида истодаанд. Барои мардуми шаҳрнишин барои огоҳии равшан бо дастовардҳои кишвар танҳо ҳамин кофист, ки саҳар аз хоб хезаду ба чаҳор тарафи худ назар андозад, ва бо чашми равшан бубинад, ки дастоварди кишвар дар тӯли 35-соли Истиқлол дар муқоиса бо 70-соли замони шуравӣ ба маротиб афзунтар аст. Албатта, бояд боиси шукргузорӣ бошад, ки дар замони пеш вазъи зиндагии мардум ва аҳволи иҷтимоии онҳо ба таври бояду шояд таъмин набуд. Имрӯз шукрона мекунем, ки қариб дар ҳар як хонадони халқи тоҷик мошину технологияи нав мавҷуд буда, шаҳрвандон аз ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ бархӯрдоранд. Албатта, мушкилиҳои иҷтимоӣ дар ҳар ҷомеаи иҷтимоӣ вуҷуд дорад, аз ҷумла дар ҷомеаи мо низ. Вале бо вуҷуди ин ҳама дастовардҳои замони Истиқлол беназиранд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки шукри ин неъматҳо кунем, шукри озодиҳо намоем.
Аммо ин ҷо мо тасмим гирифтем, ки чанд андешаи худро дар самти шинохти воқеии ислом пешкаш намоем. Бешак яке аз дастовардҳои миллат дар самти мазкур бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 таъсис додани муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аст. Агарчанде аз замони таъсиси муассиса вақти тулоние нагузаштаасту ниҳод дар омода намудани мутахассисони исломшинос бо баъзе мушкилот рӯбарӯ аст, бо вуҷуди ин, Марказ дар ҳамбастагӣ бо дигар муассисаҳои ба вазъи дину диндорӣ масъул, албатта, маҳз дар натиҷаи ба роҳбарӣ гирифтани дастуру нишондодҳои Пешвои муаззами миллат ва дар ҳаёт татбиқ намудани онҳо дар амалия дар самти шинохту муаррифӣ намудани исломи солим ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Аз ҷумла, дар заминаи омезиши фарҳанги дунявӣ ва динӣ дар кишвар пойдевори ҷомеае гузошта шуд, ки дар он ислом таҳаммулпазирӣ, созандагию ободкунандагӣ, илмҷӯию тамаддунофарӣ дошта, бар муқобили ҳар гуна андешаи динии ифротӣ, иртиҷоӣ, мутаассибона, хурофотӣ, бунёдгароёна, зиддилмию зиддимантиқӣ ва зиддиахлоқию зиддибашарӣ мубориза мебарад.
Хусусияти таҳаммулпазирии исломи ҷомеаи мо дар он ифода меёбад, ки он ба ҳама гуна дину мазҳаб, ва ҳатто афроду гурӯҳҳои бедин эҳтиром қоил буда, ба ҳамаи онҳо аз дари дӯстӣ ва меҳру муҳаббат муносибат менамояд. Дар ин самт ҳукми оятҳои “Ва Мо туро нафиристодем, магар аз рӯйи меҳрубонӣ бар оламиён” (Сураи “Анбиё”, 21:107) ва “Ва бар он чи мегӯянд, сабр кун ва онҳоро – ба тарк кардани некӯ – тарк кун” (Сураи “Музаммил”, 73:10) –ро ба роҳбарӣ мегирад, яъне бо ҳама меҳрубон будану бар ҳама гуна фикру андеша босабру ботаҳаммул будан ҷавҳари таълимоти ислом буда, калиди ҳама гуна мушкилот маҳсуб меёбад.
Исломи ҷомеаи мо исломи созанда аст, зеро вай дар самти мазкур фармудаи қуръонӣ “Ва аз он ки одамиро ҷуз он чи амал кардааст, [чизе] нарасад; ва аз он ки саъйи ӯ дида хоҳад шуд (Сураи “Наҷм”, 53:39,40) – ро ба роҳбарӣ мегирад. Ҳукми ояти мазкурро ба роҳбарӣ гирифтану онро дар амал татбиқ намудан маънои онро дорад, ки исломи ҷомеаи мо масъалаи созандагии ҷомеаро бар дӯши ҳар фард гузошта, ӯро барои кӯшишу ғайрат баҳри ободии кишвар ҳидоят менамояд ва дар пешрафту мушкилоти кишвар маҳз ӯро масъул меҳисобад.
Исломи ҷомеаи мо исломи ободкунанда аст, на харобкунанда. Дар самти мазкур вай ҳукми ояти “Ва бигӯ: Амал кунед, пас Худову расули ӯ ва муъминон амали шуморо хоҳанд дид”(Сураи “тавба”, 9:105) – ро ба роҳбарӣ мегирад. Ин маънои онро дорад, ки исломи ҷомеаи мо масъалаи ободии диёру накуаҳволии ҳар фардро бар дӯши худи ӯ мегузорад. Исломи мо ҳеҷ гоҳ ба фард “Тақдири ту ҳамин аст, дар гӯшае зикр карда шин, Худо ба ту медиҳад” намегӯяд, баръакс таълим медиҳад, ки дар зиндагӣ фаъол бош, пайваста меҳнат кун ва ин меҳнати туро ҳам Худо ва ҳам муъминон мебинанду қадрдонӣ менамоянд. Яъне, Худо меҳнат ва кӯшишу талоши фардро дида, вобаста ба сатҳу сифати меҳнаташ ба ӯ ризқ ато менамояд. Исломи кишвари мо дар ин самт ҳамзамон ҳукми ҳадиси “Шахсе, ки дар ин дунё зиндагии шоиста надорад, зиндагии охираташ низ обод нест” (Ман ло маоша лаҳу, ло маода лаҳу)-ро низ ба роҳбарӣ мегирад, яъне ободии охирати мусулмон аз ободии зиндагии дунявияш вобаста аст. Пас, исломи мо таълим медиҳад, ки мусулмон бояд аввалан ҳамин дунёяшро обод намояд.
Исломи ҷомеаи мо исломи илмҷӯю тамаддунофар аст. Илмҷӯию тамаддунофарии вай дар он ифода меёбад, ки вай дар заминаи аҳкоми ҳадисҳои “Илм бар ҳар зану марди мусулмон фарз аст” ва “Илм дар Чин бошад ҳам, онро талаб кун” муносибати худро ба илм муайян намуда, дар зери мафҳуми “илм” маҳз улуми дунявиро, на улуми диниро дар назар дорад, агар не, пас, улуми динӣ, ки манзур исломӣ аст, дар Чин чӣ гум кардааст? Дурустии андешаи мазкур ҳамчунин бо ҳукми ҳадиси “Илм зиёда аз он аст, ки баршуморӣ, ва аз ҳар як чиз беҳтарашро бигир!” низ собит мегардад, зеро рушди имрӯзаи ҷомеаи башарӣ беҳтару афзал будани улуми дунявиро чун офтоб равшан ва айён ба маъраз гузоштааст.
Исломи ҷомеаи мо чун дар қуруни вусто бунёди тамаддунеро, аммо бидуни дингароҳои мутаассиб, мақсад қарор додааст, ки барои тамоми ҷомеаи башарӣ самарабахш мебошад. Дар ин самт исломи мо ҳукми ояти “Бигӯ: “Оё онон, ки медонанд ва онон, ки намедонанд, баробар мешавад?” (Сураи “Зумар”, 39:9) – ро ба роҳбарӣ гирифта, таълим медиҳад, ки дар оят манзур аз доно будан маҳз доногӣ ба улуми дунявист, зеро дар ҷомеаи имрӯза бартарият ва авло будани шахс, гурӯҳ, миллат ва давлат маҳз дар улуми дунявӣ эътибор дорад. Дар акси ҳол оят моҳият ва таъиноташро гум мекунад.
Ҳамзамон исломи мо бар муқобили ҳар гуна андешаи ифротӣ мубориза мебарад. Дар самти пешгирифтааш вай ҳадиси “Осонгирӣ кунед, сахтгирӣ накунед. Башорат диҳед, мардумро гурезон накунед”(Саҳиҳ-ал-Бухорӣ, 69)-ро ба роҳбарӣ мегирад. Яъне, ҳадафи дини ислом мардуми ноогоҳро огоҳ сохтан аст, на ақидаҳои пурихтилофи зиддибашариро бар онҳо бор кардан. Ҳадиси дигар низ мефармояд, ки “Ман бо яккахудоии сабук(барои иҷро) фиристода шудаам. Қуръон низ мефармояд, ки “Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад” (Сураи “Бақара”, 2:185). Аз ин рӯ, зимни омӯзиш ё таълими дин сатҳи душвор ва вазнини онро ба мардум маҷбурӣ ҳамл кардан боиси гурезонидани мардум мешавад, ки албатта, ба таълимоти ислом мухолиф аст.
Исломе, ки имрӯз дар ҷомеаи мо роҳандозӣ мешавад, ба ҳар гуна андешаи иртиҷоию бунёдгароёна низ мухолиф аст. Дар самти мазкур исломи мо чунин аслро ба роҳбарӣ мегирад, ки ҷомеа пешрафт намуда тағйир меёбад, аз ин рӯ, бояд ҳама гуна ҳукму фатво низ ба вижагиҳои фарҳангии ҷомеа мувофиқат намояд. Ба инобат гирифтани шароиту имконот тавассути Қуръону ҳадис низ асоснок мегардад. Дар сураи “Анфол” ояти 65 гуфта мешавад, ки дар ҷанг бист нафари шумо бар дусад нафар ва сад нафари шумо бар ҳазор нафар ғолиб меояд. Аммо дар ояти баъдӣ Худо заъфи пайдошударо ба инобат гирифта, мегӯяд, ки сад нафари шумо бар дусад нафар ғолиб меояд. Яъне, Қуръон вобаста ба шароит ва имконият ҳукмро тағйир додааст. Ба қавли дигар, ба сабаби тағйири имконият таносуби як бар даҳ ба як бар ду иваз шудааст.
Ба ҳамин монанд тибқи ҳадисе ҳам пайғамбар дар моҳи рамазон бӯса карданро бар мӯйсафед ҷоиз мешумораду бар ҷавон не. Яъне, ҳукм вобаста ба шахсиятҳо, ки дорои вижагиҳои хос мебошанд, тағйир ёфтааст.
Бинобар ин, исломи имрӯзаи мо бар ҳама гуна андешаю таълимоти иртиҷоию бунёдгароёна ҷанг эълон намуда, паҳлӯ ба паҳлӯ бо талаботу арзишҳои нав пеш меравад.
Исломи имрӯзаи мо, ҳамзамон, аз хусусияти зиддилмию зиддимантиқӣ, чуноне, ки иддае аз пешвоёни дин дар қуруни вусто роҳандозӣ мекарданд, орӣ аст, зеро илм ва ақл, ки воқеан ҳам сарчашмаи саодати башарӣ маҳсуб меёбанд, дар Қуръон такрор ба такрор ҳамчун маншаи камоли маънавӣ зикр гардидаанд. Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ҷомеаи имрӯза маҳз ба шарофати истифодаи васеи илму ақл ба чунин сатҳи пешрафт расидааст. Ҳадиси пайғамбар низ мефармояд, ки бузургтарин чизе, ки Худованд офаридааст, ақл аст. Аз ин рӯ, ҳар гуна андешаю таълимоте, ки хусусияти зиддиақлонию зиддимантиқӣ дорад, ҳамзамон хусусияти зиддидинӣ низ дорад, зеро чунин андешаю таълимот динро ба миф (афсона) шабеҳ мегардонад.
Хусусияти умдаи исломи имрӯзаи мо мубориза бо афкору ақоид ва таълимоти зиддимиллию зиддибашарии гурӯҳҳои ифротӣ маҳсуб меёбад. Дар ин самт вай таълимоти пирони мазҳаб ва талаботи воқеияти имрӯзаро ба асос мегирад. Воқеияти имрӯза бо далоили сершумори муътамад бар он далолат мекунад, ки ҳама гуна ақида ва таълимоте, ки зидди башарият ва манофеи миллии одамон нигаронида шудаанд, ботил буда, аз ҳар гуна дастгирӣ маҳрум мебошанд. Ин гуна афкор ва таълимот аз доираи гурӯҳи худ хуруҷ накарда, нобуд мегарданд. Бинобар ин, исломи ҷомеаи мо маҳз бо ҳимоя ва пуштибонӣ аз манофеи миллӣ ва ҳамзамон, бо дарназардошти хусусияти башардӯстонаи худ метавонад пешрафт кунад.
Хулоса, мардуми кишвари мо дар тӯли 35-соли Истиқлол барои бунёди чунин як исломи созанда, фарҳангӣ ва башардӯстона даст ёфт ва наслҳои ҷавонро зарур аст, ки дар таҳкими чунин ислом, на исломи аз тарафи душманони миллату дин таҳмилшаванда, саъй намоянд.
Муовини директори Маркази исломшиносӣ Абдухалилзода К.