Санаи 5-уми майи соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Моҳвораи ҷавонон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон семинари илмӣ-сиёсӣ таҳти унвони «Ҷавонон бар зидди терроризм ва ифротгароӣ» бо иштироки васеи устодону донишҷӯён ва коршиносони соҳа баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории семинар баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ҷавонон, таҳкими ҳисси масъулият ва худшиносии миллӣ, инчунин пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ арзёбӣ гардид.
Дар кори семинар як қатор олимону мутахассисони варзида иштирок намуда, вобаста ба паҳлуҳои гуногуни мавзуъ маърӯзаҳои пурмӯҳтавои худро пешниҳод намуданд.
Нахуст, Қаландарзода Гулру Сафар муовини ректори донишгоҳ оид ба тарбия, дотсент, дар сухани ифтитоҳии худ нақши ҷавононро ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа таъкид намуда, зарурати тақвияти тарбияи ватандӯстӣ ва маърифати сиёсиро муҳим арзёбӣ кард.
Ҳамзамон, Сафарзода Ҳаёт доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, корманди Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба ҷанбаҳои ҳуқуқии мубориза бар зидди терроризм ва роҳҳои пешгирии он андешаҳои муфассал баён намуд.
Сипас, Баҳромбеков Далер Амадбекович —сардори шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дотсенти кафедраи сотсиологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, баромад намуда, масъалаи ифротгароиро аз нигоҳи илмӣ таҳлил карда, таъсири онро ба суботи ҷомеа шарҳ дод.
Дар идома, Маҳрамбеки Анварзод – котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳдидҳои замони муосир ва роҳҳои муқовимат ба онҳо ибрози назар намуд.
Ҳамчунин, Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, дар баромади худ ба масъалаҳои маърифат, фарҳанг ва истифодаи дурусти технологияҳои рақамӣ ва иттилоотӣ, инчунин нақши онҳо дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки пешгирии терроризм ва ифротгароӣ пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сатҳи маърифат, тарбияи дуруст, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон вобаста мебошад.
Ҷавонон бояд бо дониши муосир, ҷаҳонбинии васеъ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар ҳифзи сулҳу субот ва амнияти кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Дар фарҷоми семинар иштирокчиён вобаста ба мавзӯъ мубодилаи афкор намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва иҷтимоии ҷавонон муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки чунин ташаббусҳо дар тарбияи насли огоҳу масъул ва муқовиматпазир нисбат ба таҳдидҳои муосир нақши муассир мегузоранд.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ