Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимаву пурғановати забонҳои дунёст. Бо ин забон дар тӯли беш аз шаш ҳазор сол осори фаровону гаронбаҳои илмиву адабӣ, бадеиву таърихӣ офарида шудааст. Ин мероси бузӯрг дар хазинаи тамаддуни умумибашарӣ мақом ва нақши муайян дорад.
Бояд гуфт, ки аз замони қадим инҷониб таъсири забони тоҷикӣ ба забонҳои дигари дунё, аз ҷумла дар забонҳои минтақа баръало эҳсос мегардад, ки ин таъсирро мо ҳам дар рушди сохти дастурӣ (грамматикӣ), луғавӣ ва савтии онҳо дида метавонем.
Метавон гуфт, ки забони форсӣ аз қадимтарин забонҳо ва аз гурӯҳи забонҳое мебошад, ки пайвандгари маҷмӯае аз чандин забонҳоро ташкил дода, бузӯргтарин ҷамъияти ҷаҳон бо ин гурӯҳ сухан мегӯяд. Ва садҳо вожаи муштарак миёни форсӣ ва онҳо вуҷуд дорад. Решаи бисъёре аз забонҳои аврупоӣ бо вожаҳои форсӣ шабоҳат дорад. Монанди: бародар, аст, падар, хоҳар, мурдан, ист. Ё садҳо калимаҳои дигари муосири форсӣ, ки аз калимаҳои байналмилалӣ мебошанд, монанди: мозор, кимиё, корвон, бонк, дарвеш, обкорӣ, булбул, шол, шукр, ҷавон, ёсуман, шоҳ, лемон, калид, орд, амр, фармон, дориюш, гов, нов, туфон, модар, падар, хуб, бад, нон, ком. гом, ланг, лаб, абрӯ, ту, ман, бадан, духтар. Инчунин дигар калимаҳоро метавон ном бурд, ки ба аксари забонҳои дунё роҳ пайдо кардаанд.
Кам нестанд орифоне аз Арабу Турк ва Ҳинд, ки китобҳои ирфонии худро бо забони форсӣ навиштаанд. Мисли мактаби тасаввуфи ҳинду форсӣ, ки ба осиёи ғарбӣ ва ҳатто шимоли Африқо интишор ёфта буд, бештари китобҳои худро бо наср ё шеъри форсӣ навиштааст ва забони тасаввуф дар шибҳи қораи ҳинд ва ҳатто миёни туркон ҳамвора форсӣ будааст.
Англисӣ ва забонҳои аврупоӣ:
Дар забонҳои аврупоӣ, аз ҷумла англисии имрӯз низ садҳо калимаҳои муштарак бо решаи форсӣ вуҷуд дорад, ки асосан тавассути адабиёт ё тиҷорат вориди он шудаанд. Инҷо ба унвони мисол якчанд калимаҳо ё худ вожаҳоеро ба унвони мисол меорем, ки барои хонанда возеҳтар ва ҷолиби диққат бошад:
Bazaar (бозор), Divan (девон), Caravan (корвон), Parade (парда), Shawl (шол),
Paradise (пардаис/фирдавс). Беҳтар (Best), Хуб, Бад Bad, Бародар, Духтар, Мард, Падар (Father), Корвон, Корвонсаро, Бозор, Рӯз. Модар (Mother),….
Star, Date, Cash, Cake, Bank, Bak, Check, Roxanne, Sugar, Cow, Divan, Tob, Orange, Magic, Rose. Ва амсоли инҳо вожагони зиёде ҳастанд, ки теъдоди онҳоро метавон то ба 700 расонид.
Аз қадимтарини ин вожаҳоро метавон дар китобҳои муқаддас мушоҳида кард. Мисол: калимаи (Пардис) – Фирдавс, дар Инҷил Таврот ва Қуръон омадааст. Инчунин бисёре аз номҳои ҷуғрофӣ ва номҳои маконҳо дар Ховари миёна ва Шимоли Африқо бо забони форсӣ аст. Монанди:
Бағдод, Анбор, Уммон, Ҳуммон, Ҷайҳон, Басра, Ҳайдаробод, Шибургон. ва…
Беш аз 350- калимаи форсӣ-тоҷикӣ дар забони индонезӣ бозшиносӣ шуда аст. Монанди: “Хуш, Хеле хуб, Савдо, Бозоргонӣ, Кор, Каду, Нон, Харид, Фуруш, Аз, Ба, Ҳам ва амсоли инҳо, ки дар забони имрӯзаи ин кишвар роиҷ ва мавриди истифода аст.
Азбаски форсӣ чандин аср забони расмии Ҳиндустон буд, ҳазорон вожа ба он ворид шудааст: девор, дарвоз, саркаш, шаҳр, лашкар, нома, деҳқон, парда, маҳал.
Инчунин дар лавҳаҳои санги мазори аксарияти бузургони ин кишвар: Нурҷаҳон, Ҷаҳонгир ва Шоҳҷаҳон дар Тоҷмаҳал, чунин порчаҳо бо забони Тоҷикӣ ҳаккокӣ шудаанд, ки то кунун боқи мондаанд.
Бар мазори мо ғарибон, не чароғе не гуле,
На пари парвона сӯзад, на сарояд булбуле.
Бар рӯи мазори Ҷаҳоноро духтари Шоҳҷаҳон ин байт навишта шудааст:
Ба ғайри сабза напӯшад касе мазори маро,
Ки қабрпуши ғарибон ҳамин гиёҳ бас аст.
Инҷо мехоҳам намунае аз вожаҳои забони тоҷикиро, ки дар дигар забонҳои дунё ворид шудаанд пешкаши хонанда гардонида бошам:
Туркӣ (Озарбойҷон, Туркия): Бисёр вожаҳои фарҳангӣ ва девонӣ аз форсӣ гирифта шудаанд: дарё, душман, баҳор, хона, лашкар, ранҷ, паҳлавон.
Русӣ: Вожаҳо бештар тавассути забонҳои туркӣ ё тамосҳои мустақим ворид шудаанд: базар (бозор), бахча (боғча), кафтан (қабо), кушак (кушк), сарай
(сарой).
Арабӣ: Гарчанде арабӣ ба форсӣ-тоҷикӣ таъсир дорад, ва то ба имрӯз вожагони зиёде ба мо вом гузоштааст, форсӣ низ вожаҳои худро ба арабӣ ворид кардааст, махсусан дар давраи Аббосиён:
бӯстон, барах, танӯр, духтур, почта, ки ба забони арабӣ (Барид) мешавад ҳамон калимаи тоҷикии (баред) аст.
Вожаҳои форсӣ-тоҷикӣ, ки ба забонҳои чинӣ, ҷопонӣ ворид гаштаанд:
無花果) – ichijiku – анҷир
Аз вожаи “анҷир” (anji:r)-и форсӣ. Ин вожаи форсӣ дар забони чинӣ бо се нигора (конҷӣ)-и чинӣ “映日果” нивишта шудааст, ки талаффузи ин вожа, яъне (ying jih kuo)-ро нишон медоданд, ки “kuo” ба маънои мева аст. Баъдҳо дар забони ҷопонӣ бо ҳифзи талаффуз нигораҳои дигаре барои ин вожа баргузиданд. Нигораҳое, ки ҷопониҳо “ӣчӣҷӣкӯ” (анҷир)-ро бо он менивисанд (無花果) ба маънои меваи бидуни гул аст. Зеро меваи анҷир бидуни гул додан ва ҳатто пеш аз сабзиши барг бар дарахт зоҳир мешавад. Зоҳиран, дарахти анҷир гиёҳи бумии минтақаи Осиёи Кӯчак будааст ва мардумони Шарқи Дур аз роҳи эрониён бо он ошно шудаанд.
(獅子) – shishi – шер
Аз вожаи “še:r”-и форсии миёна. Вожаи “шер”-и (ҳайвони даранда) форсӣ, ки дар форсии қадим бо Ё-и маҷҳул талаффуз мешудааст, пас аз вуруд ба чинӣ бо музоъафсозӣ ва ҳамгунсозӣ ба шакли “šizi” талаффуз шуда ва бо нигораҳои (獰猛) ва баъдҳо (獅子) навишта шуда ва бо вуруд ба жопонӣ ба “шӣшӣ” бадал гаштааст. Имрӯза жопониҳо барои вожаи “шер” аз вомвожаи “raion”, баргирифта аз “lion”-и инглисӣ истифода мекунанд. Вале вожаи “shishi” дар суратҳое монанди “ino shishi” ба маънои “гуроз” ё “shishi za” ба маънои “бурҷи асад (шер)” боқӣ мондааст.
(葡萄) – budou – ангур
Аз вожаи паҳлавии “buda:wa” ё “buduwa”, ки зоҳиран бо вожаи “бода”-и форсии имрӯз ҳамреша аст. Ин вожа бо вуруд ба чинӣ “putao” талаффуз шуда ва дар жопунӣ ба “буду” тадбил шудааст. Бархе низ ин вожаи чиниро аз “ba:tak”, шакли куҳани вожаи бода, медонанд.
(巴旦杏) – hatankyou – бодом
Аз вожаи форсии “бодом”. Талаффузи ин вожа дар чинӣ “badan xing” аст, ки “xing” ба маънои “дарахти мева” аст. Имрӯза “ҳотонкю” вожае куҳан дар ҷопонӣ ба шумор меояд ва ба ҷои он барои бодом аз вомвожаи “aamondo”, баргирифта аз “almond”-и инглисӣ истифода мекунанд.
(バザー) – bazaa – бозор
Бозор вожае форсӣ аст, ки дар паҳлавӣ “vacar” будааст ва дар бархе гӯишҳои Эрон, назири гелакӣ ва натанзӣ, ҳанӯз ба ҳамон шакли “вочор” талаффуз мешавад. Чуноне, ки дар боло зикр кардем, ин вожа имрӯза вориди бисёре аз забонҳои дунё шудааст. Дар туркии усмонӣ рӯзи якшанберо “pazar” мехонанд, аз он рӯй, ки ин рӯз рӯзи барпойии бозор будааст. “Бозор” вориди забони арабӣ низ шудааст ва ҷамъи мукассари “баёзара” ҳам барои он сохта шудааст. “Бозор” ба гувоҳи фарҳангҳои решашиносии Виклӣ (5) ва Клейн (3) дар соли 1588 аз роҳи забони итолиёӣ (bazarra) вориди инглисӣ (bazaar) шуда ва дар садаи нуздаҳум аз инглисӣ ба ҷопонӣ роҳ ёфтааст.
(ピスタチオ) – pisutachio – писта
Вожаи форсии “писта” (pista) вориди забони юнонӣ (pistakion) ба маънои дарахти писта шуда ва аз он ҷо ба лотин (pistacium) роҳ ёфта ва аз лотин ба итолиёӣ (pistacchio) расида ва дар соли 1598 вориди забони инглисӣ (pistachio) шуда ва ниҳоятан аз инглисӣ ба бисёре забонҳо, аз ҷумла жопонӣ, роҳ ёфтааст.
(キオスク) – kiosuku – киюск
Решаи ин вожа вожаи “кӯшк”-и форсӣ ба маънои қаср ва бинои буланд аст. Вожаи “kushk”-и форсӣ вориди туркии усмонӣ (koshk) шудааст ва аз он ҷо ба забони фаронса (kiosque) расида ва ба соли 1625 вориди забони инглисӣ (kiosk) шудааст ва дар ин забон маънои феълии худ (утоқи кӯчак)-ро ёфта ва нахустин бор барои ҳуҷраи телефон, ки дар почтаҳо утоқи майдае мавҷуд аст. (telephone kiosk) дар соли 1925 истифода шуда ва ҷопонӣ низ ин вожаро аз инглисӣ вом гирифтааст.
(キャラバン)-kyaraban-коровон, хонаи сайёр, ки ба интиҳои худрав мебанданд.
Решаи ин вожа вожаи форсии “корвон” аст, ки бо маънои дастаи мусофирон дар биёбон, дар ҷараёни ҷангҳои салибӣ аз форсӣ (karwan) вориди забони фаронсаи қадим (carouan) шуда ва аз забони фаронсаи миёна (caravane) дар соли 1588 вориди забони инглисӣ (caravan) шудааст.
(ジャスミン) – jasumin – гули ёсаман ё ёсамин.
Аз вожаи форсии “yasmin”, ки ба арабӣ (yas(a)min) роҳ ёфта ва аз онҷо вориди забони фаронсаи миёна (jessemin) шуда ва аз фаронса (jasmin) дар соли 1578 ба инглисӣ (jasmine) роҳ ёфтааст. Чиниҳо низ ин вожаро “ye xi meng” талаффуз мекунанд ва бо нигораҳои “耶悉茗” менивисанд.
(オレンジ) – orenji – пуртуқол
Аз вожаи “orange”-и инглисӣ, ки худ реша дар вожаи форсии “норанг” дорад. Вожаи “na:rang”-и форсӣ дар арабӣ ба “naranj” бадал шуда ва аз он ҷо ба лотин (narancia) роҳ ёфта ва аз лотин ба фаронсаи қадим (orenge) расидааст ва дар соли 1300-и милодӣ вориди забони инглисӣ шудааст ва ҷопониҳо ин вожаро аз инглисӣ вом гирифтаанд ва ҳам дар маънои пуртуқол ва ҳам ба шакли “orenji iro” ба маънои ранги норанҷӣ истифода мекунанд.
(ショール) – shooru – шол
Вожаи “шол”-и форсӣ аз забони урду (shal) вориди забони инглисӣ (shawl) шудааст ва аз инглисӣ ба жопонӣ ворид гаштааст. Ин вожа аз урду, ҳиндӣ ва соири забонҳои Ҳиндустон вориди забони русӣ “shal” ва бисёре забонҳои дигар низ шудааст
(パシュミナ) – pashumina – пашмина, шол ё рӯсарии пашмӣ
Ин вожа низ монанди “шол” аз вожаи форсии “pashmina” бо маънои порчаи марғуби бофти Кашмир аз забони урду вориди инглисӣ (pashmina) шуда ва ба жопунӣ низ роҳ ёфтааст.
Хулоса:
Ҳамин тавр, ҳамаи ин навиштаҳо моро ба чунин андеша водор месозад, ки забони ноби тоҷикӣ барои пурғановат гардидани таркиби луғавии худ баробари аз забонҳои дигар вом гирифтан, инчунин худ низ дар тули таърих ва ҳоло низ барои такмили забонҳои минтақа вожаҳои зиёдро чун вомвожа додааст ва медиҳад.
Дар шароити феълӣ ин таъсири тарафайни забонҳои минтақаро хуб пазируфтан мумкин аст. Халалрасонӣ ба омилҳои густариши таъсири равобити забонҳои минтақа, ба хусус ба забони форсии тоҷикӣ, ки яке аз забонҳои қадима ва нерӯманд мебошад, бар зарари баъзе забонҳои камиқтидору камнуфузи минтақа хоҳад буд.
Тавре ки Пешвои Миллат таъкид кардаанд:
“Чандин забонҳои қадимаи мутааллиқ ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ дар Бадахшон ва яғнобӣ дар болооби дарё Зарафшон ҳанӯз ҳам мавҷуданд.Ин забонҳо як лабораторияи бебаҳои таҳқиқи таърихи забон буда, онҳоро ҳифз кардан ва ҳар чи беҳтар аз лиҳози илмӣ, хосатан этнолингвистӣ, омӯхтан зарур аст” [Э. Раҳмон. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ. – Душанбе: Ирфон, 2006. – 372 с.].
Шокиров Умедҷон Усмоналиевич – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ