НАҚШИ ТОҶИКОН ДАР ТАЪРИХИ ТАМАДДУНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Қисми 1. Шарҳи мафҳуми тамаддун дар адабиёти илмӣ
Дар доираи илмҳои гуногуни ҷамъиятиву гуманитарӣ як идда таърифҳои мафҳуми “тамаддун“ таҳия карда шудаанд, ки шиносоӣ ба онҳо барои дарки мазмун ва маънои истилоҳии ин мафҳум кӯмак мерасонад. Дар зер он таърифҳоро мухтасар шарҳ медиҳем.
Аз нигоҳи умумиилмӣ-фалсафӣ: тамаддун шакли иҷтимоии ҳаракати материя мебошад, ки устуворӣ ва қобилияти худро барои рушди худ тавассути худтанзимкунии мубодила бо муҳити зист таъмин мекунад (тамаддуни инсонӣ дар миқёси сохтори кайҳонӣ);
Аз нигоҳи таърихӣ ва фалсафӣ, тамаддун бо 3 навъ таъриф карда мешавад:
– а) ягонагии раванди таърихӣ ва маҷмӯи дастовардҳои моддӣ, техникӣ ва маънавии инсоният дар ин раванд мебошад (тамаддуни инсонӣ дар таърихи Замин);
б) марҳилаи раванди таърихии ҷаҳонӣ, ки бо ноил шудан ба сатҳи муайяни иҷтимоӣ (марҳилаи худтанзимкунӣ ва худистеҳсолкунӣ бо истиқлолияти нисбӣ аз табиат ва тафриқаи шуури иҷтимоӣ) алоқаманд аст;
в) ҷомеае, ки дар замони ва макони муайян ҷойгир шудааст. Тибқи таърифи охирин, тамаддунҳо низомҳои куллӣ мебошанд, ки маҷмӯаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавиро инъикос менамоянд ва мувофиқи қонунҳои давраҳои ҳаётӣ рушд мекунанд .
Яке аз аввалин шахсоне, ки кӯшиши пайгирии пайдоиши истилоҳи “тамаддун”-ро кардааст, таърихшиноси фаронсавӣ Люсйен Форе буд. Дар асари худ “Тамаддун: таҳаввули вожа ва як гурӯҳи ғояҳо”, ӯ бори аввал пайдоиши ин истилоҳро дар асари файласуфи фаронсавӣ Н.А. Буланже “Қадимият, ки дар расму оинҳои он ошкор шудааст” (1766) сабт кардааст. Буланже дар он асари худ навишта буд: “Вақте ки як халқи ваҳшӣ мутамаддин мешавад, пас аз он ки ба вай қонунҳои равшан ва дахлнопазир дода мешаванд, он халқ ба ҳеҷ ваҷҳ набояд амали тамаддунро анҷомёфта шуморад: он халқ бояд бо он қонунҳои барояш додашуда ҳамчун бо як тамаддуне, ки идома ёфта истодааст, муносибат кунад”.
Яке аз аввалин олимоне, ки истилоҳи “тамаддун”-ро ба гардиши илмӣ ворид кард, файласуфи шотландӣ Адам Фергюсон буд. Ин олим таҳти мафҳуми “тамаддун” марҳилаеро дар рушди ҷомеаи инсонӣ мефаҳмид, ки бо мавҷудияти табақаҳои иҷтимоӣ, инчунин шаҳрҳо, навиштаҷот ва дигар падидаҳои иҷтимоӣ тавсиф мешавад. Чуноне ки ин олим дар асараш “Таҷрибаи таърихи ҷомеаи шаҳрвандӣ” ( англ. An Essay on the History of Civil Society, 1767) навишта буд: “На танҳо ҳар як фарди ҷудо, балки кулли инсоният, бо ҳаракат ва гузариш аз вуҳушу барбарият ба тарзи ҳаёти мутамаддин, масири ногузири зиндагиро аз туфулият то ба камолот мепаймояд”.
Тибқи андешаи Адам Фергюсон, тамаддун ҳамчун марҳилаи ниҳоии камолот ва рушди иҷтимоӣ фаҳмида мешавад. Равиши даврабандии таърихи ҷамъияти инсонӣ (давраҳои ваҳшоният — барбарият — тамаддун), ки аз ҷониби ин олими шотландӣ пешниҳод шуда буд, дар охири асри XVIII ва аввали асри XIX дар доираҳои илмии ¬Ғарб дастгирӣ ёфт ва онро як силсила олимони маъруфи ғарбӣ ба кор гирифтанд. Азҷумла, Люис Морган дар асари худ “Ҷамъияти қадим”; 1877) ва Фридрих Энгелс дар “Пайдоиши оила, моликияти хусусӣ ва давлат” (1884) аз ин равиши даврабандии таърихи инсоният самаранок истифода бурданд .
Тамаддун, ҳамчун як марҳилаи рушди иҷтимоӣ, бо ҷудоии ҷомеа аз табиат ва пайдоиши номувофиқатиҳо (ҳатто зиддиятҳо) байни омилҳои табиӣ ва сунъии рушди ҷомеа тавсиф мешавад. Дар ин марҳила, омилҳои иҷтимоӣ ва тафаккури ақлонӣ дар ҳаёти инсон бартарӣ доранд. Ин марҳилаи рушд бо бартарии қувваҳои истеҳсолии сунъӣ нисбат ба қувваҳои табиӣ тавсиф мешавад . Рушди кишоварзӣ ва ҳунармандӣ, мавҷудияти синфҳо ва табақаҳои иҷтимоӣ, давлат, шаҳрҳо, тиҷорат, моликияти хусусӣ ва пул, сохтмонҳои бузург, дини инкишофёфта, алифбо ва хат аломатҳо ва унсурҳои хоси тамаддун ва ҳаёти ҷомеаи мутамаддин мебошанд.
Файласуфи шарқшинос Б.С. Ерасов меъёрҳои зеринро муайян кардааст, ки тамаддунро аз марҳилаи барбарӣ фарқ мекунанд :
– бо тақсимоти меҳнат асос ёфтани низоми муносибатҳои иқтисодӣ;
– назорат шудани воситаҳои истеҳсолот (аз ҷумла меҳнат) аз ҷониби табақаи ҳукмрон, ки маҳсулоти изофиро аз истеҳсолкунандагони аввалия тавассути андозҳо, инчунин тавассути истифодаи меҳнат барои корҳои ҷамъиятӣ мутамарказ ва аз нав тақсим мекунад;
– мавҷудияти шабакаи мубодила, ки аз ҷониби тоҷирони касбӣ ё давлат назорат карда мешавад ва мубодилаи мустақими мол ва хидматҳоро иваз мекунад;
– мавҷудияти сохтори сиёсие, ки аз ҷониби табақаи ҷомеа ҳукмронӣ мешавад ва ҳокимияти иҷроия ва маъмуриро дар дасти худ мутамарказ мекунад.
Дар ҷомеае, ки ба ҳаёти мутамаддин ворид мешавад, созмони пешинаи қабилавӣ-авлодӣ, ки дар заминаи иттиҳоди оилаҳои бо ҳам хешованд асос ёфтааст, бо сохтори сиёсие иваз карда мешавад, ки дар он зимоми ҳокимияти иҷроия ва маъмуриро дар дасти табақаҳои болоӣ (синфи ҳукмрон) қарор мегирад. Давлат, ки низоми муносибатҳои синфӣ-иҷтимоӣ ва ягонагии ҳудудиро таъмин мекунад, асоси низоми сиёсии тамаддуниро ташкил медиҳад.

Қисми 2. Тамаддунҳои маҳаллӣ ва меъёрҳои муайян кардани онҳо аз нигоҳи плюрализми даврӣ ба таърих Бо афзоиши корбурди равиши плюралӣ-даврӣ дар пажӯҳиши таърих, аз охири асри XIX ва аввали асри XX, мафҳуми умумии “тамаддун” бештар ба “тамаддунҳои маҳаллӣ” ишора мекардагӣ шуд. Дар асри XIX, дар давраи авҷи мустамликадорӣ таърихшиносони аврупоӣ дар бораи ҷомеаҳои шарқӣ маълумоти фаровон ҳосил карданд ва ба хулосае омаданд, ки байни ҷомеаҳо дар марҳилаи рушди тамаддунӣ фарқиятҳои сифатӣ вуҷуд дошта метавонанд. Ин ба онҳо имкон дод, ки на дар бораи як тамаддуни ҷаҳонӣ, балки дар бораи теъдоди зиёди тамаддунҳои маҳаллӣ (локалӣ) сухан ронанд.
Истилоҳи “тамаддуни маҳаллӣ” бори аввал дар асари файласуфи фаронсавӣ Шарл Ренувйе бо номи “Дастури фалсафаи қадим” (1844) пайдо шудааст. Чанд сол пас, нависанда ва таърихшиноси фаронсавӣ Ҷозеф Гобино “Эссе дар бораи нобаробарии нажодҳои инсонӣ” (1853-1855)-ро нашр кард. Дар он муаллиф 10 тамаддунро муайян кардааст, ки ҳар кадоме бо роҳи рушди худ пеш мераванд ва дер ё зуд нобуд мешаванд. Аммо, мутафаккир ба фарқиятҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ё иқтисодии байни тамаддунҳо тамоман таваҷҷӯҳ надошт: ӯ танҳо ба риштаҳои муштараки таърихи тамаддунҳо – пайдоиш ва суқути онҳо таваҷҷӯҳ дошт. Аз ин рӯ, консепсияи таърихшиносии ӯ бо назарияи тамаддунҳои маҳаллӣ робитаи ғайримустақим ва бо идеологияи консерватизм робитаи мустақим дорад.
Муаррихи олмонӣ Генрих Рюккерт низ ақидаҳоеро баён кардааст, ки бо андешаҳои Гобино мувофиқанд. Чуноне ки ин олим хулоса кардааст, таърихи инсоният як раванди ягона нест, балки маҷмӯи равандҳои мувозӣ мебошад, ки дар организмҳои фарҳангӣ ва таърихӣ рух медиҳанд ва онҳоро дар як хат ҷойгир кардан мумкин нест. Рюккерт аввалин касе буд, ки ба мушкилоти марзҳои тамаддунҳо, таъсири мутақобилаи онҳо ва муносибатҳои сохтории дохили онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир кард. Дар айни замон, Рюккерт ба тамоми ҷаҳон ҳамчун объекти таъсири Аврупо (яъне тамаддуни аврупоӣ ҳамчун пешсаф) нигоҳ мекард, ки ин боиси мавҷудияти боқимондаҳои равиши иерархӣ ба тамаддунҳо, инкори баробарӣ ва худкифоии онҳо дар консепсияи ӯ гардид .
Аввалин касе, ки муносибатҳои тамаддуниро тавассути призмаи худшиносии ғайриаврупомарказӣ таҳқиқ кард, ҷомеашинос Николай Яковлевич Данилевский буд, ки дар китоби худ “Русия ва Аврупо” (1869) тамаддуни пиршудаи Аврупои Ғарбиро бо тамаддуни ҷавони Аврупои Шарқӣ-Славянӣ муқоиса кард. Н.Я. Данилевский изҳор дошт, ки ҳеҷ як навъи фарҳангӣ-таърихии тамаддун наметавонад иддао кунад, ки аз дигарон пешрафтатар ё афзалтар ҳисобида шавад. Аврупои Ғарбӣ дар ин маврид истисно нест. Аммо, файласуф ин идеяро пурра дастгирӣ намекунад ва баъзан ба бартарии халқҳои славянӣ нисбат ба ҳамсоягони ғарбии худ ишора мекунад.
Рӯйдоди муҳими навбатӣ дар рушди назарияи тамаддунҳои маҳаллӣ асари файласуф ва фарҳангшиноси олмонӣ Освалд Шпенглер бо номи “Ғуруби Аврупо” (1918) буд. Шпенглер мисли Данилевский, даврабандии анъанавии таърихро ба “ҷаҳони қадим – асрҳои миёна – давраи нав” рад карда, ҷамъияти инсониро ҳамчун як силсила фарҳангҳои мустақил, ки мисли организмҳои зинда давраҳои таваллуд, ташаккул ва маргро аз сар мегузаронанд, тавсиф кардааст .
Китоби Шпенглер дар муқоиса бо асарҳои қаблан нашршудаи Рюккерт ва Данилевский навовариҳои назариявии зиёде надошт, аммо услуби равшани баён доштан ва пур аз далелҳову мулоҳизаҳо будани ин аср сабаб шуд, ки дар баробари нашр шуданаш пас аз анҷоми Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ, боиси бӯҳрони аврупосентризм ва бартарият пайдо кардани равиши плюрастӣ дар пажӯҳиши фарҳанг ва тамаддуни башарӣ гардид.
Дар омӯзиши тамаддунҳои маҳаллӣ таърихшиноси англис Арнолд Тойнби саҳми хеле назаррас гузоштааст. Тойнби дар асари 12-ҷилдаи худ “Омӯзиши таърих” (1934–1961) таърихи инсониятро ба як қатор тамаддунҳои маҳаллӣ тақсим кард, ки дорои як намунаи ягонаи рушди дохилӣ буданд. Тойнби пайдоиш, рушд, шукуфоӣ ва таназзули тамаддунҳоро аз нуқтаи назари динӣ шарҳ дода, онҳоро ба хости илоҳї, “такони берунӣ” (балоҳо, офатҳои табиию осмонӣ), қазову қадар вобаста медонист.
Бисёр файласуфони муосири ғарбӣ кӯшиш ба харҷ додаанд, ки меъёрҳои муайян кардани тамаддунҳоро таҳия ва пешниҳод кунанд. Масалан, таърихшиноси рус Е. Д. Фролов дар яке аз асарҳои худ чунин меъёрҳоро номбар кардааст: шароити умумии геополитикӣ, шабоҳату қаробати забонӣ, шабоҳати низомҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ, фарҳанг (аз ҷумла дин) ва менталитет. Пас аз Тойнби, ин олим эътироф кард, ки “сифати аслии тамаддун аз рӯи хосиятҳои аслии ҳар як унсури ташаккулдиҳандаи сохтор ва ягонагии беназири онҳо муайян карда мешавад” .
Давраҳои мавҷудият ё “ҳаёт”-и тамаддунҳо. Дар айни замон, олимон давраҳои зерини ҳаёти тамаддунро муайян мекунанд: пайдоиш, рушд, шукуфоӣ ва коҳиш . Аммо, на ҳама тамаддунҳои маҳаллӣ ҳама марҳилаҳои давраи ҳаётро аз сар мегузаронанд ва бо мурури замон пурра инкишоф меёбанд. Ҳаёти баъзе тамаддунҳо дар натиҷаи офатҳои табиӣ ё бархӯрд бо дигар фарҳангҳо ва тамаддунҳо қатъ карда мешавад .
Дар марҳилаи пайдоиши тамаддуни нав, ки дар сатҳи маргиналӣ ҳамзамон бо авҷгирии бӯҳрони низоми тамаддунии қаблӣ оғоз меёбад, ҷузъҳои он – стереотипҳои рафторӣ, шаклҳои фаъолияти иқтисодӣ, меъёрҳои табақабандии иҷтимоӣ, усулҳо ва ҳадафҳои муборизаи сиёсӣ ташаккул меёбанд. Азбаски бисёр ҷомеаҳо аз остонаи тамаддунӣ нагузашта, дар ҳолати ваҳшӣ ё барбарӣ боқӣ монданд, олимон муддати тӯлонӣ ба ин савол ҷавоб меҷустанд: “Агар мо фарз кунем, ки дар ҷомеаи ибтидоӣ ҳамаи одамон тарзи зиндагии каму беш якхела доштанд, ки ба як муҳити маънавӣ ва моддӣ мувофиқат мекард, чаро ҳамаи ин ҷомеаҳо ба тамаддун табдил наёфтанд?”. Ба гуфтаи Арнолд Тойнби, тамаддунҳо дар посух ба “мушкилоти” гуногуни муҳити ҷуғрофӣ пайдо мешаванд, таҳаввул меёбанд ва мутобиқ мешаванд. Мувофиқан, он ҷомеаҳое, ки худро дар шароити устувори табиӣ ёфтанд, кӯшиш мекарданд, ки бидуни тағйир додани чизе ба онҳо мутобиқ шаванд, дар ҳоле ки баръакс, ҷомеае, ки тағйироти мунтазам ё ногаҳонии муҳити зистро аз сар гузаронидааст, ногузир бояд вобастагии худро аз муҳити табиӣ дарк намуда, барои суст кардани ин вобастагӣ кӯшиш мекард .
Дар марҳилаи рушди тамаддун, як тартиботи иҷтимоии куллӣ ташаккул меёбад, ки роҳнамои асосии низоми тамаддуниро инъикос мекунад. Тамаддун ҳамчун модели мушаххаси рафтори иҷтимоии инфиродӣ ва сохтори мувофиқи муассисаҳои иҷтимоӣ инкишоф меёбад. Шукуфоии низоми тамаддунӣ бо анҷоми сифатии рушди он, ташаккули ниҳоии муассисаҳои асосии системавӣ алоқаманд аст. Ин шукуфоӣ бо муттаҳидшавии фазои тамаддунӣ ва шиддат гирифтани сиёсати императивӣ ҳамроҳ аст, ки мутаносибан рамзи қатъ шудани худрушди сифатии низоми иҷтимоӣ дар натиҷаи татбиқи нисбатан пурраи принсипҳои асосӣ ва гузариш аз рушди динамикӣ ба рушди статикӣ ва муҳофизатӣ мебошад. Ин асоси бӯҳрони тамаддунӣ – тағйироти сифатии динамика, қувваҳои пешбаранда ва шаклҳои асосии рушдро ташкил медиҳад . Дар марҳилаи коҳиш, тамаддун ба марҳилаи рушди бӯҳронӣ, шадидтар шудани низоъҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ва шикофи маънавӣ ворид мешавад. Заиф шудани ниҳодҳои дохилӣ ҷомеаро дар баробари таҷовузи беруна осебпазир мегардонад. Дар ниҳоят, тамаддун ё тавассути нооромиҳои дохилӣ ё дар натиҷаи забт таназзул меёбад ва аз байн меравад.
Қисми 3. Тоҷикон – эҷодгарони тамаддуни Осиёи Марказӣ. Чуноне, ки аз ин сайри мухтасар дар таърихи пайдоиши мафҳуми “тамаддун” ва таҳаввули маънои истилоҳии он дар адабиёти илмии муосир равшан мешавад, тамаддун марҳилае аз рушди инсоният аст, ки бо мавҷудияти давлат, шаҳрҳо, хат, фарҳанги рушдёфта ва табақоти иҷтимоӣ тавсиф мешавад. Он дастовардҳои моддӣ, иҷтимоӣ ва маънавиро муттаҳид мекунад ва субот ва қобилияти ҷомеаро барои рушди мустақилона таъмин менамояд. Тибқи чунин фаҳмиши мафҳуми тамаддун, мо бо эътимод ва ифтихори комил гуфта метавонем, ки аввалин бунёдгузорони ҳаёти мутамаддин дар минтақаи Осиёи Марказӣ аҷдодони миллати шарифи тоҷик – суғдиҳо, бохтариҳо, хоразмиҳо, тохариҳо, сакоиҳо ва дигар халқҳову қабилаҳои қадимаи ориёии муқими ин минтақа мебошанд.
Барои асоснок кардани хулосаи боло, метавон гуфт, ки тамоми хусусиятҳо ё нишонаҳои асосии ҷомеаи мутамаддин – давлат, шаҳрҳо, фарҳанги рушдёфта ва табақоти иҷтимоӣ ва амсоли инҳоро мо ҳанӯз дар давраи қадим дар минтақаи Осиёи Марказӣ мушоҳида карда метавонем: Нақши аҷдодони тоҷик дар таъсиси давлатҳои қадими минтақаи Осиёи Марказӣ. Аввалин давлатҳое, ки дар Осиёи Марказӣ дар асрҳои 7-6 пеш аз милод ба вуҷуд омадаанд, Бохтар, Суғдиён, Хоразм ва Парфия (Ашкониён) ба ҳисоб мераванд. Ин тамаддунҳои аввалия ба шарофати рушди кишоварзӣ ва ҳунармандӣ ташаккул ёфта буданд ва дар байни онҳо Парфия, ки дар асри 3 пеш аз милод таъсис ёфтааст, яке аз пуриқтидортарин давлатҳои минтақа ба шумор мерафт. Аз ин дидгоҳ, тоҷикон дар Осиёи Марказӣ ҳамчун қадимтарин халқи муқимӣ нақши асосӣ доранд ва пояҳои рушди тамаддуни минтақавӣ, анъанаҳои созанда ва пешқадами фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқдисодиро дар Осиёи Марказӣ гузошта ва ташаккул додаанд.
Барои равшантар дарк кардани нақши тамадднофарии аҷдодони қадимаи тоҷик, мухтасар ба таърихи Суғди қадим назар мекунем.
Фарҳанги қадимии суғдӣ (асрҳои 5-9-уми мелодӣ) як тамаддуни беназир дар минтақаи байни дарёҳои Амударё ва Сирдарё буд, ки ҳамчун пули фарҳангӣ байни Шарқ ва Ғарб хидмат мекард. Он бо шаҳрнишинӣ дар сатҳи баланд, тиҷорати фаъол дар Роҳи Абрешим ва рушди санъат, аз ҷумла расмкашии деворӣ (Панҷакент) фарқ мекард. Дар Суғди цадим дар баробари дини зардуштӣ, динщои буддоӣ ва монӣ низ ривоы доштанд. Суғдиён тоҷирони асосии Осиёи Марказӣ буданд ва тиҷорати байни Чин бо Византияро тавассути Роҳи бузурги абрешимро ташкил карданд . Онҳо дар санъат ва расмкашӣ маҳорати комил доштанд ва бо расмҳои девории худ дар қасрҳо ва маъбадҳо (Варахша, Панҷакент ва ғ.), ки саҳнаҳои зиёфатҳо, шикор ва мавзӯъҳои афсонавиро тасвир мекунанд, машҳуранд. Дини асосии онҳо зардуштӣ буд, ки аксар вақт бо анъанаҳои маҳаллӣ (ҷашнвораҳои кишоварзӣ) омехта мешуд. Суғдиён ба фарҳанги Чин таъсири фаъол расонида, шаробсозӣ, асбобҳои нави мусиқӣ ва рақсҳоеро, ба монанди “гирдбоди суғдӣ” дар қаламрави Чини қадим ҷорӣ кардаанд. Давраи рушди фарҳанги суғдӣ асрҳои 5 то 8-и мелодӣ шуморида мешавад. Шаҳрҳои бузургтарини Суғди қадим Мароқанд (Самарқанд), Бухоро, Кеш (Шаҳрисабз), Панҷакент, Ерқӯрғон ва Афросиёб буданд, ки ҳамчун марказҳои тиҷорат, ҳунармандӣ ва фарҳанг хизмат мекарданд. Чуноне ки зикр гардид, вучуди хат яке аз нишонаҳои ҳаёти мутамаддин мебошад. Аҷдодни тоҷик аз ин унсури тамаддун низ бархӯрдор буданд ва ҳар яки онҳо (сухдиҳо, бохтариҳо, тохариҳо, хоразмиҳо) хатти худро доштанд. Барои ин танҳо хатти суғдиро мисол овардан кофист. Хатти суғдӣ (алифбои суғдӣ) яке аз хатҳои қадима аст, ки дар Суғд пайдо шудааст. Он аз хатти суриёнӣ ва хатти оромӣ сарчашма гирифтааст, таҳаввул ёфтааст. Он дар аввал барои навиштани забони суғдӣ, ки ба гурӯҳи забонҳои эронӣ тааллуқ дорад, истифода мешуд ва баъдтар барои забонҳои қадимии уйғурӣ ва дигар забонҳои туркии шарқӣ мутобиқ карда шуд. Пас аз дини исломро қабули мардуме, ки онро истифода мебурданд, онро вариантҳои гуногуни алифбои арабӣ иваз карданд. Хати суғдӣ барои навиштани матнҳои динӣ (буддоӣ, монавия, насронӣ ва зардуштӣ) ва матнҳои дунявӣ – номаҳо, қонунгузорӣ, навиштаҷоти рӯйи сиккаҳо, шартномаи никоҳ ва ғайра истифода мешуд. Матнҳо дар забони суғдӣ аз рост ба чап навишта мешуданд. Хатти суғдӣ дар паҳншавии саводнокӣ дар Осиё нақши муҳим бозидааст. Он аз ҷониби туркҳои уйғур, ки аз асри 8 сар карда дар вилояти Синзян-Уйғур (ҶМЧ) маскан гирифтанд ва фарҳанги сокинони муқими кишварро қабул карданд, қабул ва баъдтар ислоҳ карда шуд. Хатти уйғурӣ дар асри 13 аз ҷониби муғулҳо қабул карда шуд ва тадриҷан ба забони муғулӣ мутобиқ карда шуд (нусхаи муғулӣ аксар вақт ҳамчун хатти қадимии муғулӣ ва “уйғурӣ” номида мешавад). Дар навбати худ, хатти муғулӣ дар охири асри 16 аз ҷониби манҷурҳо қабул ва ба забони манҷурӣ беҳтар мутобиқ карда шуда буд. Хатти қадимии муғулӣ имрӯз ҳам ҳамчун хатти асосӣ барои муғулҳои Муғулистони дохилӣ, ҳамчун илова ба алифбои кириллӣ дар Муғулистон ва барои маросимҳои тантанавӣ дар Вилояти Мухтори Бурятияи Федератсияи Россия истифода мешавад. Дар баробари хатти манҷурӣ, мутобиқсозии ғарбии хатти қадимии муғулӣ бо номи Тодо Бичиг таҳия карда шудааст, ки дар асрҳои 17 ва 18 дар байни халқҳои муғул дар баробари хати қадимаи муғулӣ васеъ паҳн шуд ва ҳоло нақши рамзиро дар худшиносии ойратҳои Вилояти Мухтори Синзян-Уйғур (ҶМЧ) ва қалмоқҳои Ҷумҳурии Қалмиқистони Федератсияии Россия мебозад.
Ин маълумоти мухтасар роҷеъ ба таърихи Суғди қадим нишон медиҳад, ки аҷдодони мо воқеан нахустин бунёдгузорон ва паҳнкунандагони ҳаёти мутамаддин дар минтақаи Осиёи Марказӣ буданд.
Дар ин мақолаи хурд, мо он нақши бузургеро ки тоҷикон ва аҷдодони бостонии онҳо дар таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ дар тӯли беш аз панҷ ҳазор соли таърих то имрӯз иҷро кардаанд, наметавонем ба пуррагӣ шарҳу тавзеҳ диҳем. Ин мисли “ғунҷонидани баҳр дар пиёла” аз имкон берун аст. Бинобар ин, дар ин идомаи баҳс, дар бораи баъзе ғояҳои созандаи иҷтимоӣ, ки аз қадимтарин сарчашмаи фарҳанги миллии тоҷикон – “Авесто” аз забони Зардушт ва аз номи Худованди хираду ростӣ зуҳур карда, боиси тавлид ва рушди ҳаёти мутамаддин, пайдоиши давлат, рушди кишоварзӣ, чорводорӣ, санъату ҳунар, илму маориф, танзими муноибатҳои гуногуни иҷтимоӣ ва дигар хусусиятҳои ҷомеаи мутамаддин дар Ориёнвиҷ – сарзамини паҳновари ориёиҳо шудаанд, мухтасар сухан меронем.
Пиндор, гуфтор ва кирдори нек. Ин принсипи сегонаи ахлоқӣ нахустҷавҳар ва заминаи ғоявие мебошад, ки кулли фарҳанги миллии панҷҳазорсолаи тоҷикон бар он асос ёфта ва аз он маншаъ гирифтааст.
Тибқи таълимоти Авесто ва дигар маъхазҳои дини зардуштӣ, ки то давраи исломӣ дар тамоми Эрон ва Осиёи Марказӣ интишор ёфта буд, некӣ, рӯшноӣ ва хирад рамзи ҳақиқат ва ҳаёт мебошанд ва бо арзишҳои инсонӣ, аз қабили масъулият ва муҳаббат ба офариниш алоқаманданд. Аз ин дидгоҳ, ҳадафи ниҳоии фарҳанг миллии бостонии тоҷикон паҳн кардани некиву меҳрубонӣ, маърифату огоҳӣ ва рӯшноӣ ва мубориза бар зидди торикӣ, ҷаҳолат ва ва бадӣ буд.
Ва мисраҳои машҳури Одамушшуаро Рӯдакӣ “Ҳеҷ ганҷе нест, аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ!…” маҳз ба ҳамин фарҳанги волои бостонии ниёгони мардуми шарифи тоҷик ишора мекунанд.
Принсипҳо ва ҷузъҳои фарҳанги бостонии тоҷикон, ки дар ташаккул ва рушди ҳаёти мутамаддин дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун сарчашмаи ғоявӣ дар тӯли садсолаҳои хизмат кардаанд:
Пиндор, гуфтор ва кирдори нек: пояи асосии ахлоқ дар ин фарҳанг, ки ҳар як инсонро ҷиҳати мубориза ва талош баҳри тантанаи сулҳу якдигарфаҳми, адолати иҷтимоӣ, шукуфоии ҳаёти ҷомеа ҳидоят мекунад.
Гиромидошти нур ва оташ: дар фарҳанги миллии бостонии мардуми ориёитабор рӯшноӣ ва оташ рамзи ҳаёт, умед ва инъикоси ҳикмати илоҳӣ мебошанд . Эътиқод ба пирӯзии некӣ бар бадӣ: эътиқод ба он ки тавассути кӯшиш ва масъулияти инсонӣ (меҳрубонӣ) торикӣ (бадӣ) метавонад мағлуб шавад.
Ҷашни байналмилалии Наврӯз аслан ҷашни қадимии мардуми ориёитабори маскуни Осиёи Марказӣ ва Эрон мебошад ки ҳамчун оғози соли нави табиӣ, рамзи бозгашти рӯшноӣ, гармӣ ва умед ба ҳаёт таҷлил карда мешуд.
Инҳо ва дигар ғояҳо, принсипҳо ва унсурҳои фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони бостонии тоҷикон дар тӯли садсолаҳо ҳамчун унсурҳои созанда дар рушди фарҳангу тамаддуни минтақаи Осиёи Марказӣ гоҳе камтар ва гоҳе бештар нақш бозида, ҳамчун донишҳо ва таҷрибаҳои мусбат то замони муосир омада расиданд. Дар замони Истиқлол бо ташаббуси наҷиби Пешвои миллат ин анъанаҳо ва ҷашнҳои бостонӣ аз нав эҳё карда шуданд ва ба иҷрои функсияҳои аслии худ – таъмини шукуфоӣ ва рушди ҳаёти мутамаддин, тантанаи некӣ, адолат, ростӣ, сулҳу ваҳдат дар ҷомеа, ҳидояти одамон ба корҳои ободониву созандагӣ ва муқовимат бар зидди нерӯҳои тахрибкори аҳриманӣ ҳам дар Тоҷикистон, ҳам дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ оғоз карданд. Хулоса, фарҳанги миллии тоҷикон, ки давраҳои гуногуни инкишофро аз сар гузаронидааст, яке аз унсурҳои калидии ташаккули рамзи фарҳангӣ ва ҳувияти иҷтимоии тамоми минтақа боқӣ мемонад.
Дар шароити муосир, донишу таҷрибаи тамаддунофари фарҳангии миллии мо барои нигоҳ доштани суботи минтақавӣ, шукуфои ҳаёти осоиштаву мутамаддин ва тақвияти муколамаи байнифарҳангӣ саҳм бузург гузошта истодааст.
Адабиёт
1.Ерасов Б. С. Сравнительное изучение цивилизаций: хрестоматия : учебное пособие для студентов вузов / сост., ред. и авт. вступ. ст. Б. С. Ерасов. – Москва , 1999. -555 с.
2.Кузык Б. Н., Яковец Ю. В. Цивилизации: теория, история, диалог, будущее. — Т. 1. Москва, Институт экономических стратегий, 2008. – 576 с.
3.. Пономарёв М.В., Смирнова С. Ю. Новая и новейшая история стран Европы и Америки: Учеб. пособие для высш. учеб. заведений: В 3 ч. — М.: Гуманит. изд. центр ВЛАДОС, 2000. — Т. 1.— 288 с.
4.Прокофьева Г. П. Становление категории «Цивилизация» как универсальной единицы анализа исторического процесса: Дис. … канд. филос. наук : 09.00.11. — Хабаровск, 2001. –С. 72. — 141 с.
5.Семёнов Ю.И. Философия истории (Общая история, основные проблемы, идеи и концепции от древности и до наших дней). — М.: Современные тетради, 2003. –С. 114-115. — 776 с.
6.Фролов Э.Д. Проблема цивилизаций в историческом процессе // Вестник Санкт-Петербургского университета. Серия 2: История. — 2006. — № 2. -С. 96-100. 7.Ионов И. Н. Рождение теории локальных цивилизаций и смена научных парадигм // Образы историографии : Сб.. — М.: РГГУ, 2001. — С. 59—84. 8.Сорокин П. . О концепциях основоположников цивилизационных теорий // Сравнительное изучение цивилизаций : Хрестоматия / Б. С. Ерасов. — М.: Аспект Пресс, 1999. — 556 с.

Шоев Зиёвиддин, Шарифова Санавбар – кормандони шуъбаи пажўҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх