Таҷлили идҳои динӣ дар партави сиёсати давлат

35 сол пеш дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати ҷавон ва соҳибихтиёри мо — Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард. Имрӯз мо бо ифтихор ин ҷашни муқаддасро истиқбол мегирем. Ин санаи муборак рамзи озодӣ, худогоҳӣ ва эҳёи давлатдории миллии мост. Дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ кишвари мо ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардид. Истиқлолият ба мо имкон дод, ки тақдири худро дар даст дошта бошем ва Ватани аҷдодиамонро обод созем.
Ин 35 сол барои мо мактаби бузурги давлатсозӣ, ваҳдати миллӣ ва созандагӣ буд. Бигзор хуршеди истиқлол ҳамеша бар сари миллати мо нурафшонӣ кунад ва парчами давлати мо дар фазои озоди Ватан ҳамеша парафшон бошад.
Айни ҳол кишвари мо марҳилаи ташаккул ва такомули давлати миллиро тай карда истодааст ва ин низомро бидуни арзишҳои волои исломӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Расму оин ва анъанаҳои неку писандидаи тӯли ҳазорсолаҳо рушднамудаи аҷдодонамон, имрӯз ба як ҷузъи ҷудонопизири фарҳанги миллии мо табдил ёфтааст. Қонунияти бунёди давлати миллии муосир тақозои он дорад, ки ҳам арзишҳои исломӣ ва ҳам расму оини аҷдодӣ бояд дар хизмати саодатмандии мардуми Тоҷикистон қарор дошта бошанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ манфиати мардуми Тоҷикистонро аз мадди назар дур намонем.
Махсусан, дуруст ба роҳ мондани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимон, бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ, танзими хирадмандонаи маъракаю маросимҳо, тарбияи насли наврас, тарғиби омӯзиши илм ва омода кардани мутахассисони созанда ва эҷодкор дар паҳнои бунёди давлати миллии соҳибистиқоли мо пайванди ногусастании арзишҳои миллӣ, динӣ ва фарҳангии мо хоҳад буд.
Чанд рӯз пас иди сайиди Азҳо фаро мерасад. Дар истилоҳи мо тоҷикон ин идро иди Қурбон мегӯянд, зеро дар ин рӯз тибқи суннати Иброҳим (а) ва фармудаи Худову Расул бандагони доро ва сарватманд қурбонӣ карда, онро ба камбизоатон садақа мекунанд.
Ҳамон тавре, ки иди саиди фитр, ба ифтор ва додани садақаи фитр мансуб дониста шудааст, Иди Азҳо ҳам ба ҳамон суннати қадимаи қурбон нисбат дода шудааст, ки маънояш қариб, яъне наздик шудан ба Худост.
Дар дини мубини Ислом рӯзҳои хурсандиовару кӯмак ба якдигар ва зиёрати ҳамдигар хеле зиёд аст, аммо рӯзи иди сайиди Азҳо дар байни мусулмонон хеле машҳуру маъруф аст. Дар рӯзи ид чандин корҳое аст, ки ба сабаби анҷом додани онҳо мо метавонем розигии Парвардигору бандагонашро ба даст биёрем, зеро ин рӯз иборат аз рӯзи хурсандӣ, дӯстиву бародарӣ, бахшидани якдигар, дур кардани кинаву адоват аз дилҳо ва хусусан кӯмак кардан ба оилаҳои камбизоат ва ятимон мебошад.
Иди Қурбон рӯзи меҳмонии фақирону камбизоатон ва ятимон тавассути дорандагон мебошад, бинобар ин онҳое, ки қудрати куштани як моли ҳалолро доранд, бояд аз ҳоли фақирону ятимон ва камбизоатону нодорон бохабар шаванд, зеро ин рӯз, рӯзи дӯстиву муҳаббату бародарӣ аст.
Қурбонӣ кардан савоби бисёре дорад. Паёмбари акрам (с) фармуда: «Дар рӯзи иди Қурбон ҳеҷ ибодате ба даргоҳи илоҳӣ ба андозаи қурбонӣ кардан мақбулу писандида нест…».
Қурбонӣ ба шахсони сарватманд воҷиб мебошад, ки меъёри он дар мазҳаби мо муқаррар шудааст.
Гӯшти қурбонӣ се тақсим карда шуда, қисме барои соҳиби қурбонӣ, қисме барои хешу табору ҳамсоягон ва қисми дигар ба ашхоси камбизоат, ятимону маъюбон ва ашхоси ба инҳо монанд дода мешавад. Шахсони қурбоникунанда бояд саъй кунанд, ки қурбониашонро аввал ба бародару хоҳари камбизоат, хешу табори наздик ва ҳамсоягон диҳанд.
Шахсоне, ки имконияти молӣ надоранд, барои савоб аз дигарон қарз гирифта, қурбонӣ карданашон дуруст нест. Беҳтар аст, ки онҳо ба воситаи дуову дуруд, зиёрати қабри наздикон ва риояи одобу ахлоқи ид рӯҳи гузаштагонро шод кунанд.
Қурбонӣ кардан одоби хос дорад. Забҳ кардани чорво дар назди хонаҳо ва ба ин сабаб ифлос намудани гирду атроф ва муҳити шаҳр ҷоиз нест. Барои қурбонӣ кардан дар шаҳри Душанбе ҷойҳои махсус муқаррар карда шудааст, ки дар онҳо шароит барои қурбонӣ муҳайё карда шуда, қоидаҳои беҳдошт риоя гардидаанд.
Дар рӯзҳои ид дар урфу одати мардуми мо барои изҳори таъзия ба хонаҳои азодорон рафтан ва ҳамчунин ба сари манзили гузаштагон рафтан расм аст. Чанд рӯз пеш аз ид ба оромгоҳҳо рафта, онро тоза кардан амали хайр маҳсуб меёбад.
Дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро лозим аст, ки на танҳо оромгоҳҳо, балки кӯчаву маҳалла, деҳаву зодгоҳ, дар маҷмуъ тамоми диёри азизро обод кунем, заҳмат кашем, меҳнат кунем, зеро ин Ватани мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол аст!
Солҳои охир дар баъзе минтақаҳои кишвар оростани дастурхони пурдабдаба ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳангоми оростани дастурхони идона мардум ба исрофкорӣ роҳ дода, ин амал ба як навъ мусобиқа табдил ёфтааст, ки боиси хароҷоти зиёдатӣ шуда, гоҳо сабаби қарздор шудан ва мушкилии молии хонаводаҳо мегардад. Ба ҷои ин, оростани дастурхони хоксорона, ки дар он ҳалвову шириниҳо, кулчаву чаппотӣ, ки занҳои тоҷик мепазанд ва зеби дастурхони моро доранд, беҳтар аст.
Яке аз аркони иди Қурбон анҷом додани фаризаи ҳаҷ мебошад. Имрӯзҳо ҳамватанони мо дар сарзамини ваҳй қарор дошта, тавофи Байтуллоҳро анҷом дода истодаанд. Бовар дорам, ки ҳоҷиёни мо дар он сарзамини муқаддас ба умеди иҷобат дасти инобат бардошта, дар ҳаққи Ватани азиз дуоҳои нек мекунанд. Ба ҳамаи онҳо омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳояшонро орзу менамоем.
Бояд қард кард, ки ба ҷои ҳаҷу умраи такрорӣ метавон корҳоеро анҷом дод, ки садақаи ҷория маҳсуб ёфта, дар савоб аз амали нофила афзалтар аст. Садақаи ҷория корест, ки барои осоиши мардум ва ободии ҷомеа равона мебошад, аммо агар дуруст бингарем барои бисёриҳо сабаби наҷот аст, зеро ниёзҳои мардум ва ҷомеа барои сарватмандони саховатманд, ки тавони бартараф намудани ин камбудиҳову ниёзҳоро доранд фурсати бисёр муносиб ва хубест, то ҳам дунё ва ҳам охирати худро обод кунанд ва наҷоту оқибати некӯи охиратро ба даст оваранд.
Одамони савобҷӯйи зиёданд, ки ба ҷои ҳаҷи нофила, даст ба корҳои ободонӣ зада, бунгоҳи тиббӣ, роҳу пул ва дигар иншоотҳои муҳимро бунёд карда, ба хизмати халқ вогузор мекунанд. Чунин иқдом барои ҳар як муъмини савобҷӯй намунаи ибрат буда, ба ин васила мо метавонем дилеро ба даст орем, ба ризогӣ ва хушнудии Парвардигор ноил шавем.
Бинобар ин, ба ҷои якчанд маротиба ба ҳаҷу умра рафтан, моро зарур аст, ки диёри худро обод созем, дасти бечораеро бигирем, сари ятимеро сила намоем! Ин аст фалсафаи ислом!
Ба ҳамаи шумо, бахту иқболи баланд, хушбахтиву некрӯзӣ, барору пешравиҳо дар кору зиндагӣ ва муҳимтар аз ҳама – неъмати бузурги тинҷиву осоиштагиро таманно дорам.
Абдурҳмон Ваҳобзода
Муовини директори Маркази исломшиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх