Имрӯз дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти сиёсӣ оид ба қонунҳои миллӣ: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», бо ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ баргузор гардид.
Дар машғулияти сиёсӣ сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ