ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ

Субҳи имрӯз, 17 майи соли 2026 дар саросари ҷумҳурӣ бо иштироки васеи сокинони мамлакат, намояндагони касбу кори гуногун, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон баргузор гардид.
Дар ин чорабинии оммавии варзишӣ роҳбарият ва кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуданд.
Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май доир гардида, ҳадафи он таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш ва баланд бардоштани оммавияти варзиш миёни аҳолӣ мебошад.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх