Форуми шаҳрӣ таҳти унвони «Муқовимат ба ифротгароӣ — омили рушди босуботи ҷомеа» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

20-уми майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Одилзода Дилбар Раҳим — муовини Раиси шаҳри Душанбе Форуми шаҳрӣ таҳти унвони «Муқовимат ба ифротгароӣ — омили рушди босуботи ҷомеа», бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Одилзода Дилбар Раҳим — муовини Раиси шаҳри Душанбе, Ерёмин Денис Андреевич — директори Муассисаи давлатии буҷетии «Маркази шаҳрии барномаҳои иҷтимоӣ ва пешгирии зуҳуроти ғайриахлоқӣ миёни ҷавонон «КОНТАКТ»-и шаҳри Санкт-Петербург, Бобохонзода Раҷабалӣ Хайрулло — сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Нурзода Маҳмаднабӣ — прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии терроризм, экстремизм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умарчони Эмомалӣ — муовини аввали сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ашуров Алиназар Ҳоҷибоевич — намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуллоҳи Қодирӣ — сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, суханронӣ карданд.
Сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Абдуллоҳи Қодирӣ дар мавзуи “Ифротгароӣ ҳамчун падидаи манфӣ дар ҷомеа: вазъ ва паёмадҳо” маърӯза намуд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки мақсади асосии баргузории форум баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, пешгирии шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин мусоидат ба ҳифзи суботу амнияти ҷомеа мебошад.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх