20-уми майи соли 2026 дар ноҳияи Рашт ҷаласаи сайёр вобаста татбиқи Нақшаи кори Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа раисони ноҳияҳои шаҳри Роғун, Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор, аъзоёни шуроҳои ҷамъиятӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, комиссариятҳои ҳарбӣ, бахшҳои кор бо ҷавонон, занон ва оила, маориф, тандурустӣ, танзими ҷашну маросим, фаъолони ҷомеа, хабарнигорони шабакаҳои телевизионӣ ва радиои минтақавӣ, сармуҳаррирони рӯзномаҳои шаҳрию ноҳиявӣ, ходимони дин ва раисони кӯчаю маҳаллаҳо иштирок доштанд.
Кори ҷаласа тибқи барнома бо сухани ифтитоҳии раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо оғоз гардида итирокдоронро ҷиҳати иштироки фаъолона дар кори он изҳори сипос намуданд.
Дар ҷаласа ҳамзамон, Ҳомидиён Орзу Зубайдулло мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, намояндаи минтақавии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт, Вализода Илҳомиддин Сироҷҷидин муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кабутов Тоҷиддин Абдуллоевич муовини якуми Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдураҳмон Ваҳобзода муовини директори Маркази исломшиноси дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуҳои муҳими ҷомеа аз ҷумла, “Маърифати динӣ ва ҳуқуқӣ, пешгирии ифротгароӣ ва ҳамгироии ҷомеа”, ”Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам баъд мусулмон”, “Риояи қатъии қонунҳои миллӣ” ва “Тарғиби либоси миллӣ”, чакан, атлас, адрас ва дигар либосҳои миллӣ”, “Пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ” , “Мақсад, ҳадаф ва мазмуни эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, баромад карданд.
Баргузории чунин суҳбту мулоқот дар ноҳияҳо идома дорад.